Главная / Илм / БОЛДИРГОН дар Канзи Шифо (Китоб)

БОЛДИРГОН дар Канзи Шифо (Китоб)

boldirgon-660x330Болдиргон  (Борщевик ба русс.)ин растаниро дар баъзе махалхо точикон куруш низ меноманд. Гиёхаш баланд — баробари кадди одам ва баландтар низ, пояаш миёнхоли. Ин ду навъ аст: яке хушбуй, дигаре бадбуй. Кисмеро баргаш монанди барги карам ва аз он кучактар, гулаш чатри, монанди гули шибит, вале назар ба гули шибит хеле азим, сафед аст.

Самараш баъди расидан сафед, пахни гирдак, бисёр хушбуй мебошад. Шилми ин навъашрю хилтити таййиб, яъне хилтити хушбуй мегуянд. Ин навъаш асосан дар Эрон меруяд. Кисми дувум баргаш монанди сахифахои когази сухта пурсурох, пояаш заифтар аз кисми якум. Самари он сиёх ва бисёр бадбуй, ки инро хилтити бадбуй, гиёхи онро камох меноманд ва шилми онро, ки бисёр бадбуй аст, хилтити бадбуй мегуянд. Навъи якумаш дар чохои намнок ва низ наздики об ва чашмахо меруяд, кисми дувумаш бошад, дар мавзеъхои даштнамо хам месабзад.

Мизочи навъи хушбуйи он дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст, вале мизочи бадбуйи он дар севум гарм ва кави. Баъзехо мизочи болдиргон ва камохро дар дарачаи дувум гарм ва хушк медонанд умуман.

Хислатхои шифобахши Болдиргон: болдиргонро бихуранд, зехнро сара, хофизаро зиёда ва мустахкам мекунад; нисён (фаромушхотири), ахмакию кундфахмиро дафъ месозад; фолич, кач шудани руй ва сусту нотавон гаштани узвхоро ба ибро меоварад.

Бинобар дар меъда муддати дароз монданаш ва гаронхазм буданаш меъдаро дагал мегардонад, рутубатхоро хушк мекунад, таомро сабукхазм менамояд, буйи даханро дигар месозад, меъдаро кувват медихад, балгамро меканад, бодхоро пароканда мекунад, иштихои таомро бармеангезад; узвхои хозимаро, ки иборат аз меъда, рудахо, чигар ва сипурз мебошанд, кави мегардонад, зарари давохои бадхазм ва захрнокро дафъ мекунад, бар зидди захр тарёк мебошад, хиккакро нест мекунад; душвор шошиданро; ки сабабаш зиёд гаштани балгам бошад, ба ислох меоварад, шир ва хайзро равон мекунад, гурда ва рудахоро гарм мегардонад; бох, яъне пушти камарро ба харакат меоварад ва дарди бугумхоро, ки сабабаш сарди бошад, дафъ мекунад.

Болдиргонро дар сирко парварда карда, яъне онро як шабонаруз дар он тар карда, баъд он сиркоро истеъмол намоянд, дар хама холат, инчунин сиркоасали (сиканчабини) онро, ки асалро бо майи пухтаги пухта бошанд, барои таби дуруздармиён, табхои балгами ва табхои мураккаб, дарди узвхои даруни сина, истиско ва зардпарвин даво мешавад, инчунин хиккакро, ки аз зиёд шудани балгам дар меъда ба амал омада бошад, дафъ мекунад; иркуннасоро шифо мебахшад. Агар инро бо шароб бихуранд, бачаи занхои хомиларо аз шикам зуд меафтонад.

borschewik-06-05-2015-285x300Болдиргонро куфта гузошта банданд, моддахоро башиддат аз таг ба руйи пуст мекашад; бо мумравган сиришта бибанданд, барои ханвзер, чарохатхо ва иркуннасо даво мешавад. Агар инро бо равгани зайтун якчо куфта гузошта банданд, кабудии зери чашмро нест мекунад. Онро дар об чушонида, он обро бо сирко даромехта ва бо куфтаи пусти анор хамир сохта бимоланд, бавосирро фоида дорад.

Барги хушки болдиргон — ро куфта, ба решхои хуранда бипошанд, онхоро сихат мекунад. Агар инро бибуянд, барои хиккак даво мешавад. Бале хурдани гиёхи ин ба хичак зарар дорад, дар ин холат тухми харбузаро бихуранд, ислохи зарар мекунад; ба рудахо низ зиёнкор аст, инро бо хурдани шилми бодомхо ислох метавон кард, ба одамони гарммизоч хам зарар дорад, дар ин холат шарбати анор ва сиканчабин бояд бихуранд.

Микдори як бор хурдан аз гиёхи он дар як руз аз 7 то 9 грамм аст. Шилми болдиргон ва камох хам ду навъ аст: хушбуй ва бадбуй. Навъи хушбуяш шилми болдиргони сафед аст, вале бадбуи он шилми камох, ки сурхи сиёхтоб мебошад.

Шайх Довуди Антоки навиштааст, ки мегуянд: чун зан баъд аз хайз бефосила хар руз 3,5 грамм то як хафта бихурад, харгиз хомила нахохад шуд. Феъли решааш назар ба кисми руизаминиаш кавитар аст. Агар инро куфта гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад, зиёд гаштани ханозерро манъ мекунад ва дахани захмхоро ба хам оварда сихат менамояд.

Мизочи шилми сафеди болдиргон, ки хилтити хушбуй меноманд, гарм дар аввали дарачаи чахорум ва хушк дар охири дарачаи дувум; мизочи шилми камох, ки бадбуй аст, дар аввали дарачаи чорум гарм ва хушк дар севум аст, ки хам куввати тарёки ва хам хислати захрноки дорад.

Хислатхои шифобахши он: хурдани ин беморихои аз сарди баамаломадаи вобаста ба майна бошанд; монанди: фолич, ларзак, саръ (припадка), карахти, бехаракат мондани узвхо, саръи тифлон ва амсоли инхоро шифо мебахшад. Агар инро бо мурч ва судоб бихуранд, барои кузоз (столбняк); бо шароб бихуранд, барои беморихои асаб дору мешавад. 0,6 грамми онро бо муми занбури асал даромехта фуру баранд, фоличро сихат мекунад.

Ин шилмро бо асал даромехта, ба чашм кашанд, куввати биноиро зиёда мегардонад ва зардоберо, ки дар гавхараки чашм фуромада, ранги гавхаракро тира ва чашмро нобино мекунад, дафъ месозад, инчунин гули чашм ва нохунаки онро нест мекунад. Ин шилмро дар равгани зайтун чушонида, он равганро нимгарм дар гуш чаконанд, дарди гуш, карии кухна ва чарангхои гуногуни онро дафъ менамояд.

Агар ин шилмро бо зангор (ярь-медянка) ва зок даромехта, дар бини андозанд, гушти зиёдатиро, ки дар он пайдо шуда бошад, мехурад. Инро батанхои ба дандони кирмхурда гузоранд, дардашро таскин медихад ва кирмашро хам мерезонад, инчунин аз берун бар дандон бимоланд, дардашро сокин мекунад.

Шилми мазкурро бо асал якчо дар об хал карда, бо ин таркиб гаргара кунанд, варами забончаи халкро тахлил медихад; агар бо сирко даромехта гаргара кунанд, зулуки дар халк часпидаро берун меоварад; бо зардии тухми мург даромехта гаргара кунанд, сурфаи хушк ва дарди пахлуро дафъ мекунад. Танхо худашро дар об хал карда, бо он об гаргара кунанд, овози гирифтагиро мекушояд, дагалии халкро ислох мекунад, дард ва варами пардахои пахлуи даруни синаро, ки сабабаш чамъ шудани балгам бошад, шифо мебахшад.

Шилми боддиргонро дар об хал карда, он обро бинушанд, овозро мекушояд ва онро соф мекунад. Агар ин шилмро бихуранд, хар як моддаи дар дарун шахшуда ва сахтгаштаро мегудозад, бодхоро тахлил медихад ва пароканда мекунад; агар инро бо сиканчабин бихуранд, шири шахшударо дар хар як чойи бадан, ки бошад, ракик (суюк) мекунад; ва агар бо шохтут, мозу ва инчунин чизхои турш бихуранд, исхоли рутубиро мебандад; бо чормагз ё бо оби ачирик биёшоманд, дарди рудахоро, ки сабабаш чамъ шудани бод ва балгам бошад, шифо мебахшад ва кулинчро, ки дард ва варами рудахои гафс аст, мекушояд; бодхоро тахлил медихад ва пароканда месозад, хамаи навъхои кирми меъдаро ихроч мекунад, хуни бавосирро равон менамояд; сардии меъда, чигар ва сипурзро ба ислох меоварад, истиско ва сустии баданро шифо мебахшад.

Шилми болдиргонро ба микдори нахуд ва камтар мувофики бардошти мизоч дар миёни хамир гирифта, нон пухта, баъд фуру баранд, хамин тарик бо он мудовамат намоянд, хамаи навъхои истиско, хусусан истискои оби ва бодиро шифо мебахшад. Агар ин микдор шилми онро бо анчир тановул намоянд, зардпарвинро дафъ мекунад; бо оби барги зуф биёшоманд, римхои дар даруни бадан чамъшударо хорич мекунад ва дубайла (куряра)-хои ботиниро кафонда сихат мебахшад.

Шилми мазкурро бо мурч якчо куфта бихуранд, пешоб ва хайзи бастаро мекушояд. Инро батанхои занхо аз таг бардоранд, бачаи онхоро аз шикам меафтонад. Варамхоро чок карда, шилми болдиргонро дар миёни онхо гузоранд, хамаи чизхои мурдори даруни варамро ихроч мекунад.

Ин шилмро бо анчири хушк куфта, баъд бо сирко хамир карда, гузошта банданд, шукуфахои пустро нест мегардонад; бо мумравган даромехта гузошта банданд, хамаи намудхои озахро хушк карда мерезонад ва рудахоро тахлил медихад. Агар худашро танхо гузошта банданд, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад; бо оби хокистар ё оби бахр даромехта гузошта банданд, гушт ва мушакхои чокшудаи баданрю ба хам меоварад. Агар инро ба захми саги девона газида бимоланд, онро сихат мекунад; ба чое, ки инро молида бошанд, чонварони захрнок наздик намеоянд, инчунин молиданаш зарари тири захрнокро дафъ мекунад. Бо равгани зайтун даромехта бимоланд, азияти гунда ва каждумгазидаро дафъ мекунад.

Андакеро аз ин шилми болдиргон дар сурохи закар гузоранд, боиси кави гаштан ва тамоман дар харакат шудани он мегардад. Хурдани ин таби дуруздармиёнро шифо мебахшад. Агар инро бо таомхо бихуранд, ранги рухсораро неку мегардонад.

Вале истеъмоли ин ба дарун барои майна ва чигар зарар дорад — давояш анорхои хох ширин ва хох турш хурдан аст. Агар ба одамони гарммизоч зиён кунад, давояш бунафша, нилуфар ва оби себ ошомидан аст; инчунин ба узвхои поёни бадан хам зарар дорад, давои ин зиёнаш катиро хурдан аст. Микдори як бор хурдан аз ин шилм дар як руз аз микдори донаи наск то 2 грамм аст. Агар шилми болдиргон ёфт нашавад, ба чояш решаи ин гиёхро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Яке аз хислатхои ин чунин аст, ки агар камеро дар латта баста, ба даруни об андозанд, кирм дар он пайдо намешавад. Хамчунин дар миёни зироат гузоранд, чонварони зарарнок аз он чо мегурезанд. Ва агар инро ба хар чи бимоланд низ, чонварони зарарнок аз он чо мегурезанд. Камтареро аз он дар решаи дарахте, ки нест карданаш лозим бошад, бигузоранд, он дарахтро мепусонад.

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …