Главная / Илм / БОФТА

БОФТА

boftaБОФТА (Textus), мачмуи хучайрахое, ки пайдоиш ва сохтори ба якдигар монанд дошта, вазифаи якхеларо ичро мекунанд. Сохт ва чойгирии Б.-хоро гистология меомузад. Б. эпителияви, пайванди, мушаки ва асаби мешавад. Вазифаи Б.-и эпителияви мухофизат, ихроч ва чаббиши моддахо аст. Ба Б.-хои пайванди хун, лимфа, Б.-хои турмонанд, ковок, зич, тагояки ва устухони мансубанд. Б.-хои турмонанд узвхои махсуси мухофизати ва хунофар (сипурз, лимфагуддахо, магзи устухон)-ро ташкил мекунанд. Б.-хои пайвандии ковок аз хучайраю наххои гуногун ва моддаи байни хучайрахо иборат буда, насчи зери пуст ва кабатхои ковоки байни узвхоро ба вучуд меоранд. Рагу пайхо аз Б.-хои пайвандии зич таркиб ёфтаанд. Б.-хои пайвандии тагояки, ки аз хучайрахои калон иборатанд, ба пайдоиши бандхо, кабурга, бини, гуш ва диг. узвхо замина мегузоранд. Б.-хои пайвандии устухони вазифаи такягохро ичро мекунанд. Б.-хои мушаки ду навъ – суфта ва кундаланграх мешаванд. Мушакхои суфта аз хучайрахои дарози дукшакл иборат буда, харакати узвхои дохилиро таъмин месозанд. Мушакхои кундаланграх аз торхои мушаки (мушакхои скелети) ё хучайрахо (мушаки дил) иборатанд; онхо кобилияти тез кашиш хурданро доранд. Б.-хои асаби аз хучайрахои асаб (нейронхо) ва ёрирасон иборат буда, барои дарк, тахлил ва чавоби ангезиши аз мухит ё аз узвхо омада мусоидат мекунанд. Ангезиш тавассути ретсепторхо кабул шуда, ба импулсхои асаб мубадал мегардад ва ба воситаи торхои асаб ба системаи асаби маркази мегузарад. Дар ин чо импулсхои чавоби ташаккул ёфта, ба воситаи дигар торхои асаб ба узвхо мераванд.
КЛ
Расми 1. Сохтори миофибриллаи нахи мушак: 1 – сарколемма; 2 – курси А; 3 – мезофрагма дар мобайни курси А; 4 – курси 1; 5 – телофрагма дар мобайни курси 1; 6 – митохондрия; 7 – систернаи нихои; 8 – шабакаи саркоплазмави; 9 – найчахои кундаланг.
Расми 2. Сохтори бофтаи суфтаи мушак: 1 – миосит; 2 – миофибриллахо дар саркоплазма; 3 – ядрои миосит; 4 – сарколемма; 5 – эндомизий; 6 – нах (тор)-и асаб.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …