Главная / Чамъият / БОБОИ СУЛТОНАЛИ

БОБОИ СУЛТОНАЛИ

Дар доманакуххои Панчруд хамворихое хастанд, ки он- хоро Хирманчой меноманд. Яке аз хирманчохои кухи Соя Парпод ва хирманчои кухи Офтобруя Сари Дашти ном дошт. Хар сол дар яке аз ин доманакуххо колхоз чаву гандуми лалми мекорид. Даравгарон хосилро даравида оварда, дар хамин хамворихо хирман мекарданд ва хирманкубон онро бо аспон ё барзаговон куфта, бод дода, чаву гандумро аз хасу кох чудо мекарданд ва дар чуволхо гирифта, кашонда бурда ба анбори колхоз мерехтанд.

Падари модарам бобои Султонали, солхои бачагии ман масъули хирмани колхоз буданд. Номи падари бобоям Мухам- мадрачаб будааст. Ман сари хирман рафтанро дуст медоштам. Сурудхои хирманкубон хеле форам буд ва ба аспони хирманкуб савор шудан бароям маъкул.

Хирманкубон бо як садои хазин «Хуп-хуп, майда-майда куб-куб»-ро накарот карда, ягон дубайтии халкиро месарои- данд. Масалан:

Сари сарчашма рафтам ман ба вакте, Ба оби дида бишнондам дарахте. Хуп-хуп, майда-майда куб-куб, Хуп-хуп, майда-майда куб-куб. Шамол омад, дарахтам решакан шуд, Мани мискин надорам хеч бахте. Хуп-хуп, майда-майда куб-куб, Хуп-хуп, майда-майда куб-куб…

Бобоям шеър зиёд медонистанд ва онхоро бо хамин накарот, бо як оханги хазин, ба савти хос месароиданд. Ман садои бо- боямро бисёр дуст медоштам. Гайр аз ин, худашон шоиртабъ буданд ва мо наберахоро бо шеъргунахои худашон дусти ме- карданд;

ба бародарам Абдулмачид, ки як каме сергушт ва ранги пусташ сафед буд:

Холахамири бобош, Кулчафатири бобош…

Ба бародари дигарам Абдухалим, ки газгушт буд:

Коки бобош,

Чоки бобош…

Ба ман, ки ба назарашон гуё пургушт менамудаам: Гурраи бобош, Тураи бобош…

– гуфта шеър мебофтанд, ки ба ман калимаи гурра тахкиргуна менамуд ва кахр мекардам.

Аз кавли он кас дар китоби «Фолклори диёри Рудаки» шеъ- ри Сайидои Насафи:

Дар дили мо гар намеои, ба чашми мо биё, Аз мухит андеша дори, бар лаби дарё биё! Хок дар чашмам занад наззора хамчун гирдбод, Эй насими пирахан, аз домани сахро биё. Синаро чун лола аз догат чарогон кардаам, Дар чаман бахри тамошо, эй гули раъно биё…

сабт шудааст.

Аксаран, хамрохи бобоям пирамарде бо номи Бобои Элди хирманкуби мекард. Ман баъзан ба онхо хурок мебурдам. Боре, вакте ман ба сари хирман ба хирманчои Сари Дашти рафтам, бобоям ба ман фармуданд, ки ба Бобои Элди дастёри кунам ва худашон ба деха фуромаданд. Ман бо Бобои Элди то бегох хир- ман куфта, пеш аз торикшави нону чой хурда, барои хобидан дароз кашидем. Бобои Элди ба ман кисса накл кард. Афсонаи у пур аз деву ачина ва сахнахои тарснок буд. Ин деву ачинахо ба кавли у дарёро хурт мекашиданд. Хатто метавонистанд хамин хирмани гандуми моро ба як бор хурда тамом кунанд. Дар хамин асно як садои так-так баромад, ки ба мо наздик мешуд. Бобои Элди сахт тарсида ба ман:

– Ана ачина омад, чакманро ба руят каш, мон хурад, як халта-ду халта мехурдагист, мон хурад, гум шавад, – гуфта са- рашро бо чома пушонда, руст шуд. Маро хам ки чакманро ба сар кашида будам, вахм зер кард. Садо торафт наздик ва баланд мешуд. Нихоят ба сари хирман расида катъ шуд. Мо нафасхоро дарун кашида катъ кардем. Як садои хиш-хиш баромад, ки дар зехни ман сахнаи хартумашро монда гандумро кашидани девро эчод кард.

  • Элдибой! – садои бобом баланд шуд.

Бобои Элди:

  • Э, ин сабил номи маро хам медонад, – гуфта пичиррос зад.
  • Бобои Элди, бобом омаданд, бобои Султоналиям, – гуфтам ман чакманро аз руям партофта.

Бобом хунари дуредгари доштанд. Устохонаи мучаххаз дош- танд ва аз чуб табак ва дигар ашёи зарурии рузгорро метаро- шиданд. Дар китоби мактабии мо як шеъри бачагона аз шоири бачагон Убайд Рачаб оварда шуда буд, ки ин тавр сар мешуд:

Бобои ман Усто Амон, Устои хуби дехамон. Месозад у хар гуна чиз, Сандукчаву чевону миз…

ва аз хунари Усто Амон таъриф мекард, ки гуё дар васфи бобои Султоналиям суруда шуда бошад.

Бобом ду писару се духтар доштанд. Номи тагохоям Шод- монбой ва Муртазо, номи модарам Рухия ва номи холахоям Саломат ва Рачаббиби аст, ки аз ин байн холаи азизу мехрубони ман Саломат ба рахмати хак пайвастаанд. Худо рухашонро шод ва умри дигаронашонро дароз гардонад! Худи бобои модари- ям соли 1914 таваллуд шуда, 78 сол умр дида, соли 1992 вафот кардаанд. Рухашон шод бод!

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …