Главная / Илм / БЕМОРИИ ГИПЕРТОНИЯ

БЕМОРИИ ГИПЕРТОНИЯ

gipertoniyaБЕМОРИИ ГИПЕРТОНИЯ (Morbus hypertonicus), бемории галаёни хун, бемории фишорбаланди, бемории музминест, ки зимни он фишори шараён (артерия) ба таври доими, вале дар мархалахои аввал сари хар чанд вакт баланд мешавад. Дар мавриди Б. г. фишори баланди шараён окибати иллатхои дигар, мас., беморихои гурда, баъзе гадудхои тарашшухи дохили ва г. нест, хол он ки фишори хун метавонад хангоми ин беморихо низ баланд гардад. Бинобар хамин духтуре, ки аввалин бор фишори баланди шараён (хусусан дар одами чавон)-ро ошкор мекунад, одатан, тадкикоти иловаги мегузаронад, то ки саривакт бемории дигари сабабгори фишорбаландиро ошкор созад.
Сабаби Б. г. то ба охир маълум нест. Аммо омилхои асосие, ки онро ба вучуд меоранд ва фишори шараёнро мунтазам баланд нигох медоранд, нагз маълум мебошанд. Дар байни онхо омили аввалин ва асоси ночурихои марбут ба асаб аст. Зинаи ибтидои эмотсияхо ва гаму андух буда, онхо хатто ба одамони солим низ сахт таъсир мерасонанд (аз чумла фишори хунро баланд мекунанд). Дар одаме, ки гирифтори Б. г. аст, аз сабабхои ночиз хам аксуламали эхсосии амик ва пуршиддат падид меояд; дар айни хол фишори шараён хеле баланд шуда, нисбат ба одами солим бисёртар давом мекунад (ниг. Фишори хун). Хусусияти чунин аксуламали дастгохи танзими фишори шараён боз дар хамин аст, ки бо мурури такрор ёфтани он фишори баланди хун тадричан, вале якзайл ва ба мухлати бештар боки мемонад. Дар давоми моху солхо такрор ёфтани вазъиятхои хаётии номусоид дар нихояти кор ба ташаккули Б. г. оварда мерасонад.
Ба инкишофи Б. г. механизми танзими хилтии (гуморавии) фишори хун низ мусоидат мекунад. Дар танзими ин холат накши асосиро гурда мебозад. Дар натичаи тагйироте, ки дар фаъолияти гурда хангоми Б. г. ба амал меояд, механизми хилти дар мархалаи аввали пайдоиши бемори ба кор шуруъ карда, бо мурури замон сахми он дар рохи ба дарачаи баланд нигох доштани фишори шараёни меафзояд. Бар хилофи механизмхои хоси сирф асабхо таъсироти хилти дар танзими фишори шараёни тагйироти нисбатан тулониро ба вучуд меоварад ва дар натича фишорбаланди устувор мегардад.
Аксуламалхои гипертензиявии эхсоси асосан хамин тавр ба бемории музмин табдил меёбанд. Таъсири ин гуна механизмхо дар солхои минбаъда фишори баланди шараёнро устувор (яъне доими) месозад. Ин мархалаи инкишофи бемори хеле фиребанда аст: бо фаро расидани он бемор бисёр вакт эхсоси нохушро гум мекунад, дар у тасаввуроти дуругини бехбуди ба амал меояд, дар натича нисбати табобат беэътиноии хатарнок зохир карда мешавад.
Рушди Б. г.-ро бо тадбирхои саривактии муоличави боздоштан ва хатто кафо задан мумкин аст. Муайян шудааст, ки бо рохи хилти баланд шудани фишори шараён ба бозмондани хлориди натрий (яъне намаки ош) дар организм алокаманд аст. Чунки хангоми Б. г. ихрочи он таввасути гурдахо (бо пешоб) аз организм суст мешавад. Барзиёдии намак дар организм бевосита гипертензияи шараёниро ба вучуд меоварад ва агар ин барзиёди бартараф карда шавад, фишори хун ба эътидол меояд.
Дар устувории гипертензия механизми сеюм (на аз руи ахамият, балки мувофики ташрех) – кори пуршиддати дил хангоми барзиёдии хачми хуни дар гардиш буда низ ширкат меварзад. Ин намуди гардиши хунро «гардиши хуни гиперкинези» меноманд. Он дар баланд гаштани фишори шараёни бисёр маризони гипертония сахми назаррас мегузорад. Сухан дар бораи одамоне меравад, ки гипертензияи муътадили асосан систолави доранд. Дар Конгресси IX умумичахонии кардиологхо (Москва, 1982) ин шакли Б. г. «гипертензияи нарм» номида шуда буд.
Донистани механизмхои асосии инкишофи Б. г. барои дарки маслихатхои духтурон доир ба низоми мехнату истирохат ёри мерасонад. Ин тавсияхо бар он асос ёфтаанд, ки барои пешгирии инкишофи минбаъдаи Б. г. бояд шиддати таассуроти асабию рухиро паст кард. Бахри ноил гаштан ба ин бештар фаъолияти баланди чисмони мусоид аст. Бинобар ин харакати фаъол (агар аз чихати суръат ва давомат окилона бошад), хусусан сайругашти пиёда, навъхои сабуки спорт ва кори чисмони метавонанд ночурихои хаётии харрузаро иваз кунанд. Ва баръакс, истирохат дар назди телевизор ва бозихое, ки диккати зиёдро талаб мекунанд (мас., шохмот, бозихои компютери ва г.) хама вакт боиси оромии асабхо намешаванд. Онхо чун тадбири пешгирии аксуламалхои фишорбаланди ахамияти зиёд надоранд, зеро бидуни харакатхои фаъоли чисмони гормонхои гадуди болои гурда (адреналин ва норадреналин), ки шиддати эхсосотро суст мекунад, ба мубодила комилан чалб карда намешаванд. Барои чунин шиддатро паст кардан, пизишк мачбур мешавад баъзан дорухоеро тавсия кунад, ки асабхоро ором месозанд.
Харчанд таассуфовар аст, кам кардан ё тамоман ба таом наандохтани намак яке аз чорахои зарури ва дастраси мукобилат ба баланд гаштани фишори шараён дар мавриди Б. г. мебошад. Илми тиб воситахои зиёдеро дар ихтиёр дорад, ки бо ёрии онхо гурдахо намакро бо пешоб бештар ихроч мекунанд (бо ин рох ба поёнравии дарачаи фишори хун кумак расонда мешавад). Бинобар ин аксар вакт ба гирифторони Б. г. дорухои пешоброн медиханд, то ки хлориди натрий бо шоша бисёр ихроч гардад. Аммо равшан аст, ки агар хуроки бемор камнамак бошад, кори гурда барои ихрочи он осон ва дору камтар сарф мешавад.
Махдуд кардани истеъмоли намаки ош бахри пешгири (ё бархам додан)-и навъи гиперкинезии хунгардиш, ки гипертензияи шараёнро ба вучуд меоварад, мусоидат мекунад. Агар дар организм намак чамъ шавад, пас маълум, ки об хам чамъ мешавад. Дар натича хачми хунгардиш меафзояд. Тарафи дигари ин масъала низ вучуд дорад, ки он махсусан барои мавчудияти «гипертензияи нарм» мухим мебошад. Маълум, ки баъзан факат кам кардани вазни зиёдати кифоя аст то бидуни дору фишори шараёни одам муътадил гардад. Зеро бо нест шудани бофтахои равгании нодаркор шабакаи хунрагхои хурду хурдтарин, ки пештар набуд, вале бо мурури афзоиши бофтахои равгани афзудааст, бархам мехурад. Дар ин гуна шабакаи хунрагхои иловаги гардиши зарурии хун факат ба воситаи баланд бардоштани фишори хун ба рох монда мешавад. Ин холат дар навбати худ кори пурзури дилро талаб мекунад, зеро на микдор ва на кутри артерияхои калони ба бофтахо гизорасони одам наметавонад зиёд шавад. Яъне чамъ гаштани бофтахои равгани ба одам нафакат вазнини меоварад, балки дилро мачбур месозад, ки дар шароити дар силсилаи хунрагхо баланд будани фишор кор кунад.
Бинобар ин хар шахс метавонад бе истифодаи дору мустакилона Б. г.-ро пешгири кунад ё ба пайдо шудани он монеъ шавад. Ин хулоса нафакат барои пешгири кардани Б. г., балки барои табобати шаклхои «нарм»-и он, ки дар 70 – 80% беморон мушохида мешавад, хеле мухим аст. Таъсири пешгири ва муоличаи «бедору» бо мушохидоти зиёде аз болои беморони гипертония, ки тавсияхои рочеъ ба харакати фаъол, гизои камкалория ва ба хурок камтар андохтани намакро риоя мекарданд, исбот шудааст. Мушохидахои яксола нишон доданд, ки галаёни хуни аксарияти онхо муътадил шуда, вазни бадан кам гардидааст, ба истеъмоли дорухои фишорфарор хочат намондааст.
Тамоми чихатхои дигари муоличаи Б. г. пурра дар ухдаи духтур буда, худмуоличаи бемор харгиз раво нест. Ба ин муносибат бояд кайд кард, ки муоличаи Б. г. хамчун бемории музмин хатман бояд чанд сол муттасил давом кунад. Рох додан ба фосилахои байни истеъмоли дору ва муддати онхоро (вобаста ба рафти Б. г. ва таъсири муолича ба организми бемор) факат пизишк мукаррар мекунад. Одами гирифтори Б. г. бояд донад, ки дар рафти табобат бартараф гардидани эхсоси вазнин, хусусан паст шудани фишори шараён, одатан, зуд муясар мегардад. Вале ин таъсири муваккат ва гузаранда буда, барои хатми табобат асос шуда наметавонад. Илова бар ин, бе ичозати духтур катъ намудани муолича ба бухрони гипертони, яъне тезу тунд шудани зухуроти асосии бемори ва хеле баланд гаштани фишори хун сабаб мешавад.
Дар сурати ногахон бад шудани ахволи бемор духтурро чег зада, то омадани у беморро ба холати нимхез дар бистар ё курсии муносиб мешинонанд, ба кафу соки пояш гармкунак, хардалкогаз мегузоранд, ё бо курпа мепечонанд, корвалол ё валокордин (30 – 35 катра дар як бор) хуронида, вояи гайринавбатии доруеро, ки истеъмол мекард, медиханд. Агар дар пушти кафаси сина (байни шона) дард пайдо шавад, зуд ба зери забон нитроглитсерин мепартоянд. Агар дарди сахти сар пайдо шавад, як курси доруи пешобронро, ки пеш барои табобати Б. г. истифода мешуд, хурдан мумкин аст.
Хангоми муоличаи Б. г. вазифаи мухим он аст, ки фишори шараён дар дарачаи барои бемор мувофик нигох дошта, хатталимкон ба баланд ва хамчунин зуд паст шудани он пешгири карда шавад. Аз хад зиёд паст кардани фишор зарурат надорад, чунки дар ин хол магзи сар, мушакхои дил ва гурда бо хун таъмин гашта наметавонанд. Бинобар хамин, бепарвоёна истифода бурдани дорухои фишорфарор, ки бисёриашон зуд ва сахт таъсир мерасонанд, катъиян мумкин нест. Доимо бефосила ё бофосила аз руи таъиноти духтур ва ба микдори зарури истифода кардани дору, инчунин хатман риоя намудани тавсияхои у доир ба гизо ва тартиби кору истирохат мувофики максад мебошад. Бо вучуди ин хангоми чунин табобат хам гохо зери таъсири ночурихои рухи хуручи Б. г. (хатто бухронхои гипертони) аз эхтимол дур нест. Вале ба туфайли муоличаи доимии пешина ин душворихо осонтар бартараф мешаванд.
Натичаи мушохидахо нишон медихад, ки Б. г. бедаво нест. Воситахои зиёди хозиразамон ва тачрибаи амалии тиб барои дар дарачаи зарури нигох доштани фишори шараён кофи буда, бо хамин метавонанд ба авчи Б. г. монеъ шаванд. Ин гуна тадбир нафакат окибати бади маризиро пешгири мекунад, балки эхтимоли инкишофи атеросклерозро низ бозмедорад.
Олимони точик мукаррар карданд, ки авчи Б. г. ва оризахои вазнини он (сактаи дил, сактаи майна) ба обу хаво низ вобаста аст. Б. г. бештар дар фаслхои бахору тирамох авч мегирад, ки эхтимол сабаби он тагйир ёфтани фишори барометри ва боришоти зиёд бошад. Дар моххои тобистон Б. г. нисбатан кам мешавад.
Тадбирхои пешгирии Б. г. ва тавсияхое, ки барои беморони гипертони дода мешаванд, мушобехи якдигаранд. Онхоро бояд хар нафаре, ки хангоми муоина дар у фишори баланди хун ошкор карда шудааст, риоя кунад. Чорахои пешгири махсусан барои ашхосе (аксаран чавонон) зарур аст, ки ба Б. г. майли ирси доранд.
Ад.: Ланг Г.Ф., Гипертоническая болезнь, Л., 1960; Мансуров Х.Х., Портальная гипертония, Д., 1963; Хамидов Н.Х., Артериальные гипертонии в старших возрастах, Д., 1985; Хамон муаллиф, Биохимические факторы риска атеросклероза и артериальной гипертонии у лиц пожилого и старческого возраста, Д., 2000; Мансуров Х.Х., Болезни сосудов печени и портальная гипертензия, Д., 2005.

Х.Х. Мансуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …