Главная / Илм / БЕМОРИХОИ АСАБ

БЕМОРИХОИ АСАБ

bemorihoi-asabБЕМОРИХОИ АСАБ (Neuroses, neuropathia), мачмуи беморихое, ки дар системаи асаб ба мушохида мерасанд. Аломатхои зохирии Б. а. вайрон шудани функсияи тахрик (фалач, шал шудани дасту по, рагкаши, лаква) ва фаъолияти асабхо, аз кор мондани яке аз узвхои хиссиёт, ихтилоли интегратсия ва г. мебошанд. Б. а. хангоми ихтилоли таркиби моддави ва фаъолияти системаи асаб ё иллати кисмхои алохидаи он сар мезананд. Б. а. ба ду гурух таксим мешаванд: беморихои органики ва беморихои функсионали (вазоифи).
Беморихои органикии асаб дар натичаи таъсири зиёновари бактерияхою вирусхо, моддахои захрнок, обу хаво, киччахо ва кирми меъда, лат хурдани асабхо ва г. ба вучуд меоянд. Онхо метавонанд ирси низ шаванд. Беморихои органикии ирсии асаб хангоми иллати тухмаи мард ё зан рух менамоянд.
Беморихои вазоифии асаб хусусияти субъективи дошта, асосан дар натичаи таъсири манфии зиндагию рузгор пайдо мешаванд. Кисми зиёди чунин беморихо мансуби неврозхо – неврастения (хасташавии асаб), психостения (хасташавии рухи) ва истерия (гашён) мебошанд.
Системаи асаб ду навъ – маркази ва канори мешавад. Аз ин нуктаи назар беморихои онро низ ба беморихои системаи асаби маркази ва беморихои системаи асаби канори чудо мекунанд. Зиёда аз 1200 Б. а. ва такр. 3000 симптому синдроми онхо маълуманд.
Б. а.-ро аз руи сабаб ва зухурот ба гуруххои зерин таксим мекунанд: беморихои илтихоби – газаки пардаи майна (сарсом), магзи сар (энсефалитхо), хароммагз (миелит), майнача (серебелит), решачахои асаб (радикулит), асабхои канори (неврит, полиневрит); беморихои омоси – омоси пардахои майна (менингиома), омоси рагхои хуни майна (ангиома, гемангиома), омоси магзи сар ва хароммагз (глиома, эпендимома), омоси асабхои канори (невринома); беморихои хунрези – хуншории майнапарда, магзи сар ва меъдачахои он, хароммагз, ишемияи майна, аневризма; беморихои таназзуловар (миопатия, миотония ва г.). Ба гайр аз гуруххои номбаршуда, гуруххои дигари Б. а. низ мавчуданд, ки тагйироти рухиро ба амал меоранд (ниг. Беморихои рухи). Б. а.-ро невропатология меомузад.
Ад.: Пуладов А.М. (ва диг.), Пропедевтика нервных болезней, Д., 1971; Хамон муаллиф, Нервные болезни, Д., 1990; Хамон муаллиф, Асабшиноси, Д., 1998; Рачабалиев Ш.Ф., Невральная амиотрофия Шарко-Мари-Тутс, Д., 2003.
Ш.Ф. Рачабалиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …