Главная / Илм / БЕХОБи

БЕХОБи

bessonnicaБЕХОБи (Asomnia), бедорхоби, камхоби, хар гуна бенизомии хоби шабона (набурдани хоб, cахархези, зуд-зуд бедор шудан ва г.). Ноустувори ва вайрон шудани хоб сабабхои гуногун дорад. Хоби баъзе одамон аз кудаки ноустувор аст. Б. аз амрози системаи асаб ва лат хурдани магзи сар низ ибтидо ёфта метавонад. Б. инчунин нишонаи хатмии як катор беморихост (мас., невроз, майзадаги). Бо кору машгулияти тулонии шабона мачбуран вайрон кардани стереотипи хоб, чои нав, асабонияти давоми руз (як сабаби ночиз хам шахси хобаш ноустуворро бедорхоб мекунад) ва баъзе беморихо низ метавонанд боиси Б. шаванд. Низоми хобу бедорхобии одамони миёнсол ва солхурда тез-тез тагийр меёбад. Хоби онхо нисбат ба давраи чавони кутохмуддат ва сатхи буда, ба хусусияти физиологии организми ин синну сол вобаста аст. Азбаски Б. сабабхои гуногун дорад, тарзи муътадил гардонидани хоб низ хеле гуногун мебошад. Бо ин максад доруи хобро дар навбати охир (дар холати илочи дигар намондан) истеъмол бояд кард. Агар сабабхои Б. таассуроти нохуш, хастаги, ихтилоли стереотипи ганаб (бедорхобии вазоифи) бошанд, хоб бо мурури замон худ ба худ баркарор мешавад. Барои ин дар вакти муайян ва шароити мукаррари хоб рафтан лозим; инчунин аъзои баданро гарм, мушакхоро суст (гарм будани кафи пой хеле мухим аст) ва фикру хаёлро ба лахзахои хуши умр равона кардан хеле мухим мебошад.
Изтироби доимии «оё хобам мебурда бошад ё не» хаячони рухиро кувват дода, ба мустакилона баркарор шудани хоб монеъ мешавад. Агар тавсияхои мазкур риоя шаванд, Б.-и аз ташвишу хастаги сарзада дар 2 – 3 шаборуз бартараф мегардад. Ба одаме, ки аз ягон холати мушкил ба танг омада худро аз даст додааст, сайру гашти пеш аз хоб, истеъмоли чойи ширин (ширу асал), чушоби решаи нардсунбул ва барги дулона нафъ дорад. Пеш аз хоб 8 – 10 дакика кабул намудани обзани гарм (360 – 380) фоидабахш аст.
Ичрои ин тавсияхо Б.-и вазоифиро рафъ мекунад. Агар Б. бартараф нашавад, ба духтур мурочиат кардан зарур аст. Факат духтур метавонад аломату сабаби кадом бемори будани Б.-ро муайян намуда, табобат фармояд. Чунки барои ба низом даровардани хоб пеш аз хама бемории асосиро табобат кардан лозим аст. Худмуолича бо дорухо хеле хавфнок мебошад; истифодаи нодурусти дорухои хобовар окибати нохуш ё вазнин дошта (бехоли, хиратабъи, ихтилоли хофиза ва тафаккур, сустии мушакхо, гум кардани кобилияти характи чолоку дакик), баъзан боиси ба доруи хобовар одат кардан ва нашъаманди мегардад.
А. Исомиддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …