Главная / Чамъият / БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКИ – КОНУНИ ЧТ

БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКИ – КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2017, № 5, к. 1, мод. 273)

Конуни мазкур асосхои ташкили, хукуки, иктисоди ва ичтимоии таъмини бехатарии сейсмикиро дар Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

scenar-quake

– заминчунби – такони зеризамини ва чунбиши сатхи замин, ки дар натичаи чойивазкунии ногахони ва кафидахо (таркиш, рогхо) бо бавучудоии равандхои тектоники дар кишр ё кисми болоии замин ба вучуд меояд ва ба масофаи зиёд (дур) харакат мекунад;

– заминчунбии шадид – заминчунбие, ки шиддатнокиаш аз руи чадвали сейсмикии 12 балла зиёда аз 5,0 балл мебошад;

– рафъи окибатхои заминчунби – мачмуи корхои бартарафсози, садамавию начотдихи ва дигар корхои баъди ба вукуъ омадани заминчунби гузаронидашуда, ки ба начоти одамон, кам намудани андозаи зарар ва талафи молу мулк равона карда шудаанд;

– пешгуии эхтимолии заминчунби – муайян ё дакик намудани чой, вакт ва магнитудаи заминчунбии эхтимоли;

– мухофизати сейсмики – мачмуи чорабинихои хукуки, ичтимои, таълими, ташкили, илми, мухандисию техники ва дигар чорабинихои махсусе, ки барои таъмин намудани бехатарии сейсмики равона карда шудаанд;

– бехатарии сейсмики – мухофизати хаёти одамон, инфрасохторхо, объектхои хочагии халк ва мухити зист аз хатархои дар натичаи заминчунби бавукуъомада;

– нохиябандии сейсмики – муайян намудани манбаъхои заминчунби бо эхтимолияти магнитудаи максимали дар асоси мачмуи маълумоти геологи, сейсмологи ва геофизики;

– хатари сейсмики – эхтимолияти таъсири заминчунби бо бузургии муайян дар нуктаи мушаххас дар чараёни фосилаи вакти мукарраршуда;

– хавфи сейсмики – эхтимолияти талафот аз заминчунби дар фосилаи вакти муайян бо назардошти хатари сейсмики ва осебпазирии объектхо (микдори эхтимолии талафоти одамон, зарари иктисоди, экологи);

– тобовари ба заминчунби – кобилияти тобоварии бинохо ва иншоот ба заминчунби, таъмини бехатарии хаёти одамон ва беосеб нигох доштани тачхизоти арзишнок хангоми ба вукуъ омадани заминчунби;

– системаи огохкунии пешаки оид ба заминчунби – муттахидсозии ташкилию техникии куввахо ва воситахои махсуси огохкуни, системаи алока, инчунин воситахои шабакахои алокаи худуди, идорахои таъминкунандаи тахвили бонги хатар ва маълумотдихи оид ба заминчунби;

– холати эхтимолии заминчунби – баходихии пешгуии окибатхои заминчунби бо тахияи накшаи амал оид ба рафъи он.

 

Моддаи 2. Асосхои таъмин намудани бехатарии сейсмики

  1. Лоихакаши, сохтмон, тачдид ва таъмири асосии объектхо бо риояи меъёрхо ва коидахои сохтмони бо истифодаи маводхои сохтмони ва конструксияхои таъминкунандаи хисобкунии ба заминчунби тобоварии объектхо гузаронда мешавад.
  2. Хангоми аз нав ба шакли муайян даровардан, тархсози ва тачдиди бинохо ва иншооти ба заминчунби ноустувори мавчудбуда, барои таъмини бехатарии сейсмики, корхо аз руи мустахкамкунии конструксияхои борбардор гузаронида мешаванд. Дар ин холат тагйирдихии конструктиви вобаста аз шароити таъмини ба заминчунби тобоварии бинохо ва иншоот, дар асоси натичахои санчиш бо тартиби мукарраргардида кабул карда мешавад. Бинохои кухнасохт, ба гайр аз ёдгорихои таърихи, фарханги, шахрсози ва меъмори, ки тачдид ва таъмири онхо гайриимкон аст, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон вайрон карда мешаванд.
  3. Таъмини бехатарии сейсмикии бинохо ва иншоот бо риояи меъёрхо ва коидахои сохтмони ба заминчунби тобовари амалкунанда, инчунин шартхои техники, накшаи рушди худуди ва накшахои генерали ичро карда мешавад.
  4. Пойгоххои мухандиси-сейсмометри дар объектхои махсусан мухим, ки руйхати онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, барои назорати рафтори ин объектхо хангоми заминчунби бояд насб карда шаванд.

 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бехатарии сейсмики

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бехатарии сейсмики ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Максад ва принсипхои бехатарии сейсмики

  1. Максади асосии бехатарии сейсмики аз инхо иборатанд:

– пешбурди сиёсати давлати доир ба бехатарии сейсмики аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба бехатарии сейсмики;

– таъмин намудани афзалияти принсипхои омодаги, огохкунии пешаки ва рафъи окибатхо дар сиёсати давлати ва байналмилали оид ба бехатарии сейсмики;

– афзалияти баробари хамаи унсурхои пасткунандаи хавфи сейсмики;

– чалб намудани макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, чомеаи шахрванди чихати амали намудани барномахои давлати ва байнидавлати оид ба паст кардани хавфи сейсмики;

– чалб намудани ташкилотхои байналмилали ба амалишавии барномахои давлати оид ба паст намудани хавфи сейсмики.

  1. Таъмини бехатарии сейсмики дар асоси принсипхои зерин ичро карда мешаванд:

– халли мачмуии вазифахо оид ба паст намудани хавф барои хаёт ва молу мулки шахрвандон аз заминчунби;

– аз чихати илми асоснок намудани хамбастагии тарз ва усулхои мухандисию техники, ташкилию иктисоди оид ба паст намудани хавф;

– чорабинихои хавасмандгардони оид ба баланд бардоштани тобоварии бинохо ва иншоот ба заминчунби ва эътимоднокии фаъолияти онхо хангоми заминчунбихо;

– таъмин намудани шароит барои сугуртакунии ихтиёрии хаёт ва молу мулки шахсони вокеи ва хукуки новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон аз заминчунби;

– танзими давлати ва назорат аз болои фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки оид ба таъмини бехатарии сейсмики;

– шиносномадихии иморатхо бо максади муайян намудани тобоварии онхо ба заминчунби, осебпазирии бинохо ва иншоот ба таъсири сейсмики ва мукаррар кардани низоми истифодабари;

– экспертизаи давлати ва мустакил, илми, хуччатгузории лоихави ва асосноккунии иктисодии фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки оид ба таъмини ба заминчунби тобоварии бинохо, иншоот ва комплексхо;

– гузаронидани чорабинихо оид ба таъмини эътимоднокии ба заминчунби тобоварии иморатхои мавчуда.

 

Моддаи 5. Вазифахои танзими давлатии бехатарии сейсмики

Вазифахои танзими давлатии бехатарии сейсмики инхоянд:

– хифзи хаёти одамон, бинохо ва иншоот, низоми таъмини хаёт хангоми заминчунби;

– аз тарафи макомоти давлати ичро кардани чорабинихо оид ба паст намудани хатар барои хаёт ва молу мулки шахрвандон аз заминчунби.

 

Моддаи 6. Пешгуии эхтимолии заминчунби, баходихии хатари сейсмики ва огохкунии пешакии ахоли оид ба заминчунби

Пешгуии эхтимолии заминчунби, баходихии хатари сейсмики, огохкунии пешакии ахоли оид ба заминчунби бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали  карда мешавад.

 

Моддаи 7. Объектхои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмики

Объектхои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмики аз нуктаи назари баходихи ва паст намудани хавфи сейсмики инхоянд:

– худуди Чумхурии Точикистон;

– вохидхои маъмурию худудии Чумхурии Точикистон;

– махалхои ахолинишини Чумхурии Точикистон;

– мачмаахои давлати, мудофиави, саноати, агросаноати, энергетики, илмию техники, иншооти гидротехники, мачмаахои тандурусти ва маориф;

– бинохо, иншоот, ёдгорихои гайриманкули таърихи ва фарханги;

– низоми роххои мухандиси-наклиёти, лулахои гази, хати обкашони ва таъминоти барки.

 

Моддаи 8. Таснифи объектхои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмики

  1. Объектхои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмики аз руи ахамият чунин таснифот мешаванд:

– ахамияти умумидошта;

– мухим;

– махсусан мухим.

  1. Фехристи объектхои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмикиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

 

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКИ

 

Моддаи 9. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба бехатарии сейсмики

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба бехатарии сейсмики мансубанд:

– пешбурди сиёсати давлати оид ба бехатарии сейсмики;

– тасдик намудани барномахои давлати оид ба паст кардани хавфи сейсмики;

– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии сейсмики;

– мукаррар намудани тартиби додани ичозатномахо барои кор чихати таъмини бехатарии сейсмики;

– амали намудани салохияти дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 10. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати оид ба бехатарии сейсмики

Макоми ваколатдори давлати оид ба бехатарии сейсмики (минбаъд – макоми ваколатдори давлати):

– самтхои асосии сиёсати давлатиро оид ба бехатарии сейсмики тахия менамояд:

– корхои гузаронидашавандаро дар худуди Чумхурии Точикистон оид ба баходихии хатари сейсмики ва хавфи сейсмики хамоханг месозад;

– харитахои баходихии хатархои сейсмикиро барои худуди Чумхурии Точикистон тасдик менамояд;

– пешгуии имконпазирии заминчунбии шадидро дар худуди Чумхурии Точикистон ва дар масофаи хатарноки аз худуди чумхури чойдошта тасдик менамояд;

– дар баходихии осебпазирии фаврии бинохо ва иншоот бо максади паст кардани хатари сейсмики дар минтакахои дорои хатари баланди сейсмики иштирок менамояд;

– барномахои давлатиро оид ба бехатарии сейсмики тахия менамояд;

– тавсияхоро барои омодасози ва омузиши ахоли оид ба рафтор дар вакти заминчунбихо тахия менамояд;

– барномахои илмию техникиро дар сохаи сохтмони ба заминчунби тобовар ва истифодаи бехатари бинохо ва иншоот тахия менамояд;

– дарачаи хавф ва зарарро аз заминчунбии эхтимоли муайян менамояд;

– корхоро оид ба гузаронидани мониторинги мухандисию сейсмометри ташкил ва назорат менамояд;

– тахкик ва баходихии тобоварии сейсмикии бино ва иншоот, махзани маълумотхо чихати  осебпазирии бино ва иншоотро зери таъсироти сейсмики ташкил менамояд;

– назорати истехсоли масолехи сохтмон, махсулот ва конструксияхоро амали менамояд;

– хамохангсозии коркарди илмиро дар сохаи сохтмони ба заминчунби тобовар амали менамояд;

– ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро амали менамояд.

 

Моддаи 11. Ваколатхои макомоти дигари давлати оид ба бехатарии сейсмики

  1. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи холатхои фавкулода:

– фаъолияти ташкилотхоро дар татбики низоми ягонаи давлати оид ба пешгири ва рафъи окибатхои заминчунби хамоханг месозад;

– накшаи чорабинихо оид ба хифзи ахоли ва худудро аз заминчунби тахия менамояд;

– чамъовари ва мубодилаи иттилоот оид ба хифзи ахоли, худуд ва иттилоотонии чомеаро дар бораи хатари сейсмики ичро менамояд;

– захирахои моддиву молияви, маблаггузориро барои пешгири ва рафъ намудани окибатхои заминчунби таъмин менамояд;

– накшаи фаврии вокунишро оид ба заминчунбихои эхтимоли тахия менамояд;

– омодагии доимии куввахои садамавию начотдихи ва тачхизот (аз чумла сохторхои вокуниши фаври), сохторхои махсус барои гузаронидани корхои начотдихи ва дигар амалиётхои фавкулодаро дар минтакахои эпимарказии заминчунби ташкил менамояд;

– бо ташкилотхои дигар оид ба муайян намудани самтхои афзалиятнок ва гузаронидани тадкикот ва корхои лоихакаши вобаста ба омодаги ба заминчунбихои эхтимоли хамкори менамояд;

– барои коркардхои нав оид ба таъмини бехатарии сейсмики мусоидат менамояд;

– корхои садамавию начотдихи ва дигар корхои таъхирнопазирро хангоми  гузаронидани чорабинихо оид ба бехатарии сейсмики ташкил ва амали менамояд;

– якчоя бо ташкилотхои манфиатдор холатхои эхтимолии заминчунбихоро дар худуди Чумхурии Точикистон тахия менамояд;

– микёс ва минтакахои пахншавии окибатхои заминчунбиро муайян менамояд.

  1. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва илм:

– дар мувофика бо муассисахои махсусгардонидашуда дар сохаи сохтмони ба заминчунби тобовар барномахои идоравиро тахия менамояд;

– корхоро чихати ташаккули барномахои максаднок оид ба тахия ва нашри дастурхои таълими барои муассисахои таълими оид ба бехатарии сейсмики, омузиш ва рафтори ахоли хангоми заминчунбии эхтимоли ташкил менамояд;

– тахияи барномаи  илмию тадкикоти оид ба бехатарии сейсмики ва татбики онро таъмин менамояд;

– фаъолияти муассисахои таълимиро, сарфи назар аз тобеияти идоравии онхо оид ба тайёр намудани мутахассисон барои барномахои таълимии касби бо максади таъмини бехатарии сейсмики хамоханг месозад;

– номгуи адабиёти таълими ва методиро барои муассисахои таълими оид ба таъмин намудани бехатарии сейсмики омода менамояд;

– китобхонахо ва муассисахои таълимиро бо иттилооти илмию техники оид ба бехатарии сейсмики таъмин менамояд;

– низоми ягонаи таълимиро оид ба бехатарии сейсмики барои муассисахои таълими ташкил менамояд;

– тайёр ва бозомузии кадрхоро оид ба сейсмологияи мухандиси ва сохтмони ба заминчунби тобовар таъмин менамояд.

 

Моддаи 12. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба бехатарии сейсмики

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба бехатарии сейсмики:

– корхоро оид ба паст кардани хавфи сейсмики ва омода намудани ахоли ба заминчунбии шадид дар худуди дахлдор ташкил менамояд;

– чихати татбики барномахои давлати оид ба бехатарии сейсмики дар худуди дахлдор мусоидат менамояд;

– ваколатхои дигари мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро амали менамояд.

 

Моддаи 13. Вазифахои муассисахои махсусгардонидашудаи давлати

  1. Муассисаи махсусгардонидашудаи давлати оид ба бехатарии сейсмики:

– тадкикотхои илми, мушохидахо, назорати вазъ, пешгуи ва огохкуни оид ба хавфи сейсмики мегузаронад;

– мониторинги сейсмикии доими, мушохидахои геофизики, гидродинамикиро дар пойгоххои статсионари ва сайёр амали менамояд;

– махзани маълумотхо оид ба мушохидахои заминчунбихои дар худуди Чумхурии Точикистон ба вучудомадаро пешгуи ва онхоро ташкил медихад;

– дар холати рух додани заминчунбии шадид бо чунбиши сатхи замин бо шиддатнокии 5 балл ва зиёда аз он мутобики чадвали сейсмикии 12 балла дар худуди Чумхурии Точикистон, тадкикотхои макросейсмикиро дар минтакахои эпимаркази бо максади баходихии деформатсияи сатхи замин, дарачаи вайроншавии биною иншоот мегузаронад;

– пешгуи ва баходихии хавфи сейсмики, харитахои хавфи сейсмикии худуди Чумхурии Точикистонро тахия намуда, барномахои давлатиро оид ба хатари сейсмики амали менамояд;

– баходихии озмоишии хавфи сейсмикии худуди Чумхурии Точикистонро мегузаронад, аз усулхои муосири пешгуии заминчунбихо, эхтимолияти окибатхои ичтимоию иктисоди ва усулхои огохкунии онхо истифода мебарад;

– низоми муосири огохкунии пешакии ахолиро оид ба хавфи заминчунбихо тахия менамояд.

  1. Муассисаи махсусгардонидашудаи давлати дар сохаи сохтмони ба заминчунби тобовар:

– барномахои давлатиро дар сохаи сохтмони ба заминчунби тобовар ва хавфи сейсмики тибки фармоиши Хукумати Чумхурии Точикистон ичро менамояд;

– дар баходихии фаврии осебпазирии биною иншоот бо максади кохиш додани хавфи сейсмики иштирок мекунад;

– баходихии экспертии сохтмони ба заминчунби тобовар ва хавфи сейсмикиро мегузаронад;

– бо тартиби мукарраргардида корхоро оид ба омузиши коидахои сохтмони ба заминчунби тобоварро ба ахоли мегузаронад;

– низоми мухофизати сейсмикии биною иншоотро чихати тобовар будани онхо ба заминчунби, инчунин санадхои меъёрии хукукиро дар сохаи сохтмони ба заминчунби тобовар тахия менамояд.

 

Моддаи 14. Ташкили хадамоти садамавию начотдихи

Ташкили хадамоти садамавию начотдихи мутобики тартиби пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 15. Ичозатномадихии фаъолият оид ба бехатарии сейсмики

Ичозатномадихии фаъолият оид ба бехатарии сейсмики бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад.

 

БОБИ 3.  БАХОДИХИИ ХАТАРИ СЕЙСМИКИ

 

Моддаи 16. Баходихии хатари сейсмики

  1. Баходихии хатари сейсмики хисобкунии шиддатнокии чунбиши сейсмикиро дар сатхи замин бо эхтимолияти зохиршавии он дар бар мегирад.
  2. Тибки натичаи баходихии хатари сейсмики харитахои хатари сейсмикии худудхо бо нишон додани шиддатнокии чунбиши сейсмики тартиб дода мешаванд.
  3. Харитахои хатари сейсмики барои тахияи меъёрхои ба лоихагирии сохтмонхои ба заминчунби тобовар, накшаи истифодабарии замин ва чойгиркунии ахолии кишвар асос мебошанд.
  4. Хангоми сохтмони шахрхо ва махалхои дигари ахолинишин, лоихабандии объектхои ахамияти умумидошта, мухим ва махсусан мухим харитахои сейсмики (харитахои сейсмикии микронохиябанди) бо назардошти нишон додани таркиби хокхои махалхо тартиб дода мешаванд.

 

Моддаи 17. Пешгуии заминчунби

  1. Бо максади пешгуии заминчунби дар худуди Чумхурии Точикистон, гузаронидани мушохидахо, чамъовари, интикол ва тахлили маълумоти сейсмики, аз тарафи макоми ваколатдори давлати шабакаи ягонаи давлати ташкил карда мешавад.
  2. Шабака аз пойгоххои мушохидавии сейсмикии милли ва байналмилали иборат буда, ба шабакаи умумичахони хамрох карда мешавад. Мушохидахои шабонарузии бисёрчанбаи (бисёрпараметрии) сейсмики бевосита дар пойгоххои сейсмики гузаронида шуда, натичахои бадастомада ба макоми ваколатдори давлати, Маркази чамъовари ва коркарди маълумоти сейсмики расонида мешаванд. Пас аз гузаронидани тахлили дакики эксперти, иттилооти мазкур, аз тарафи макоми ваколатдори давлати ба вазорату идорахои дахлдор пешниход карда мешаванд.
  3. Бо максади таъмин намудани иттилооти эътимоднок оид ба ходисахои табии ва осебнопазирии мушохидахо дар атрофи пойгоххои мушохидави тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон минтакаи мухофизати ташкил карда мешавад.

 

БОБИ 4.  БАХОДИХИ ВА ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ СЕЙСМИКИ

 

Моддаи 18. Баходихии хавфи сейсмики

  1. Пешбинии имконпазири талафоти чони, модди ва талафоти дигар, ки бар асари заминчунбии шадид рух медихад, баходихии хавфи сейсмики ба хисоб меравад.
  2. Тибки натичаи баходихии хавфи сейсмики мутобики тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати харитахои гуногунмикёси хавфи сеймики тартиб дода тасдик карда мешаванд, ки онхо хамчун асос барои барномахо оид ба паст намудани окибатхои эхтимолии заминчунби (хавфи иктисоди) истифода мешаванд.

 

Моддаи 19. Вазифахои асосии паст кардани хавфи сейсмики

  1. Вазифахои асосии паст кардани хавфи сейсмики инхоянд:

– паст кардани осебпазирии худуд ва иншоот;

– баланд бардоштани огохони ва омодагии ахоли;

– омода намудани макомоти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот барои идоракунии хавфи сейсмики;

– ташкил намудани низоми огохкунии пешакии ахоли оид ба заминчунби;

– омодагии тибби;

– таквият додани куввахои зудамал;

– баркарор намудани минтакахои аз заминчунбии шадид зарардида ва офияти ахоли.

  1. Паст намудани хавфи сейсмики мутобики барномахои комплексии давлати оид ба паст кардани хавфи сейсмики амали карда мешавад.

 

Моддаи 20. Тартиби рафъи окибатхои заминчунби

  1. Рафъи окибатхои заминчунби мархила ба мархила, мутобики барномахои давлати амали карда мешавад.
  2. Барномахои давлатии рафъи окибатхои заминчунби аз тарафи макомоти дахлдори давлати бо чалб намудани муассисахои илмию тахкикотии махсусгардонидашуда, идорахои дахлдор, мутахассисони сохаи сейсмология ва сохтмони ба заминчунби тобовар, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот тахия гардида, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.
  3. Барномахои давлатии рафъи окибатхои заминчунби дар асоси тахлили холатхои эхтимолии заминчунби, маълумот оид ба эхтимолияти зарари расонидашуда аз таъсири заминчунби тахия гардида, баркароркунии бонавбати биною иншооти осебдидаро мукаррар менамояд.
  4. Рафъи окибатхои заминчунби ба таври зерин амали гардонида мешавад:

– гузаронидани корхои начотдихи ва пешгирию садамави;

– гузаронидани муоинаи фаври ва дакики иншооти шахрхо ва махалхои дигари ахолинишине, ки аз заминчунби зарар дидаанд;

– муайян намудани зарари бевосита аз заминчунби расида;

– мутобики натичаи муоина муайян намудани биною иншооте, ки бояд вайрон, баркарор ё мустахкам карда шаванд, бо тахия намудани лоихахои баркарорсози ва мустахкамкуни;

– бунёди сохтмонхои нав, баркарор ва мустахкамкунии бино ва иншооти аз заминчунби зарардида, гузаронидани азнавсозии накшавии сохтмон, бо назардошти окибатхои заминчунби.

 

Моддаи 21. Чорабинихо оид ба баходихии зарар аз заминчунби

  1. Баходихии зарари модди аз заминчунбихо бо рохи ташкил намудани ситоди зудамал оид ба муайян намудани зарар бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад. Ситоди зудамал оид ба муайян намудани зарар аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон ташкил карда мешавад.
  2. Дар минтакахое, ки аз офати табии зарар дидаанд, бо карори якчояи ситоди зудамал ва макомоти махаллии хокимияти давлати комиссияхо оид ба муайян намудани зарари расонидашуда ташкил карда мешаванд.
  3. Ба хайати комиссияхо намояндагони макоми ваколатдори давлати оид ба меъмори ва сохтмон, оид ба холатхои фавкулода, макомоти махаллии хокимияти давлати, кормандони ташкилотхои сугурта, молия ва мутахассисони ташкилотхои лоихакаши, илмию тадкикоти оид ба сохтмони ба заминчунби тобовар шомил карда мешаванд.

 

Моддаи 22. Маблаггузории чорабинихо оид ба баркароркунии объектхои зарардида

  1. Маблаггузории чорабинихо оид ба баркароркунии объектхои зарардида аз хисоби маблагхои бучетхои давлати ва махалли, инчунин манбаъхое, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат намекунанд, таъмин карда мешавад.
  2. Чуброни зарари ба молу мулки сугурташуда расонидашуда, аз тарафи ташкилотхои сугуртави тибки шартномахои сугурта пардохт карда мешаванд.
  3. Маблаггузории чорабинихо оид ба баркароркунии бинохо ва иншоот, ки ба руйхати ёдгорихои таърихию фарханги, ворид карда шудаанд, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

БОБИ 5. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ШАХСОНИ ВОКЕИ ВА ХУКУКИ

ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКИ

 

Моддаи 23. Хукукхои шахсони вокеи ва хукуки оид ба таъмини бехатарии сейсмики

  1. Шахсони вокеи, ки дар худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунанд, хукукхои худро барои хаёт, хифзи саломати ва моликият бо роххои зерин амали менамоянд:

– дастраси иттилооти пурра ва дакик оид ба сатхи хатари сейсмики барои худуди дахлдор;

– дастрасии маълумот оид ба коида ва меъёри рафтор хангоми заминчунби ва омодаги ба он;

  1. Шахсони хукуки хукук доранд:

– мутахассисонро дар холати зарури барои ба кормандон омузонидани тарзхои химоя ва амалиёт хангоми заминчунби чалб намоянд;

– мутобики тартиби мукарраргардида оид ба тахдид ё рух додани заминчунби баъд аз гирифтани иттилои расми кормандонро сари вакт огох ва хабардор намоянд;

– дар холати зарури сохтмони иншооти мухандисии мухофизати ва нигохдории онхоро дар холати омодаги, сари вакт маблаггузори намоянд.

  1. Шахсони вокеи ва хукуки барои чуброни зарари аз заминчунби расида, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хукук доранд.

 

Моддаи 24. Ухдадорихои шахсони вокеи оид ба таъмини бехатарии сейсмики

Шахсони вокеи, ки дар худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунанд, ухдадоранд:

– талаботи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро дар бораи бехатарии сейсмики риоя намоянд;

– оид ба омодагии пешаки ба заминчунбихо бо максади хифзи хаёт, саломати ва моликият чорачуи намоянд;

– ба шахрвандони мухточ дар вакти заминчунбихо ёри расонанд;

– талаботи конунии кормандони давлатиро хангоми ичрои ухдадорихои мансабиашон дар омодаги ба заминчунбихо ва рафъи окибатхои он ичро намоянд.

 

Моддаи 25. Ухдадорихои шахсони хукуки оид ба таъмини бехатарии сейсмики

Шахсони хукукие, ки дар худуди Чумхурии Точикистон фаъолият мекунанд, ухдадоранд:

– иттилоотро ба макоми ваколатдори давлати доир ба гузаронидани чорабинихои бехатарии сейсмики пешниход намоянд;

– чорахои заруриро оид ба хифзи кормандон ва объектхои таъйиноти истехсоли ва ичтимои аз заминчунби ба накша гиранд, маблаггузори намоянд ва амали созанд;

– омузиши кормандонро оид ба усулхои хифз ва рафтор дар холатхои фавкулода хангоми таъсири сейсмики ба рох монанд;

– низоми огохкуниро дар махалхо ташкил дода, дар холати омодаги нигох доранд, кормандонро оид ба тахдиди эхтимоли ё рух додани заминчунби сари вакт огох намоянд;

– устувории фаъолияти объектхо ва кормандонро хангоми заминчунбихо таъмин намоянд;

– мутобики тартиби мукарраргардида манбаъхои модди ва захирахои молиявиро барои таъмини бехатарии сейсмики ташкил намоянд;

– барои гузаронидани корхои садамавию начотдихи дар объектхои тобеи муассиса мутобики накшахои огохкуни ва рафъи окибатхои заминчунби мусоидат намоянд;

– мутобики тартиби мукарраргардида чорабинихо оид ба тахлия ва омодагии пешакиро вобаста ба чойгиркунии одамон дар худуди корхонахо амали намоянд;

– талаботи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро дар бораи бехатарии сейсмики риоя намоянд.

 

БОБИ 6.  ХАМКОРИХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

ОИД БА БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКИ

 

Моддаи 26. Хамкорихои байналмилали оид ба бехатарии сейсмики

Чумхурии Точикистон дар хамкорихои байналмилали оид ба бехатарии сейсмики бо назардошти принсипхои зерин иштирок менамояд:

– пешниход намудани иттилоот ба давлатхои хамсархад оид ба пешгирии заминчунбихои шадид ва рафъи окибатхои онхо;

– кумаки байнихамдигарии давлатхо дар рафъи окибатхои заминчунбихо;

– халли бахсхои бамиёномада дар доираи меъёрхои хукуки байналмилали.

 

Моддаи 27. Фаъолияти ташкилотхо ва шахрвандони хоричи чихати огохкунии пешаки ва рафъи окибатхои заминчунбихо

Фаъолияти ташкилотхо ва шахрвандони хоричи чихати огохкунии пешаки ва рафъи окибатхои заминчунбихо дар худуди Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба рох монда мешавад.

 

БОБИ 7. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 28. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                   Эмомали  РАХМОН

 

ш. Душанбе

30 майи соли 2017

№ 1416

 

 

 

КАРОРИ

Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Оид ба кабул кардани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бехатарии сейсмики»

 

Мутобики моддаи 60 Конститутсияи Чумхурии Точикистон Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бехатарии сейсмики» кабул карда шавад.

 

Раиси Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                                                                 Ш. ЗУХУРОВ

 

ш. Душанбе,

22 феврали соли 2017, № 706

 

 

КАРОРИ

Мачлиси миллии

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Оид ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бехатарии сейсмики»

 

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бехатарии сейсмики»-ро барраси намуда, карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бехатарии сейсмики» чонибдори карда шавад.

 

Раиси Мачлиси миллии

Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                                                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

ш. Душанбе,

18 майи соли 2017,  № 385

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …