Главная / Чамъият / БЕХАТАРИИ ИНШООТХОИ ГИДРОТЕХНИКИ

БЕХАТАРИИ ИНШООТХОИ ГИДРОТЕХНИКИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ тоЧикистон

ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТХОИ ГИДРОТЕХНИКИ

Конуни мазкур муносибатхоеро, ки дар вакти амали намудани фаъолият оид ба таъмини бехатари дар давраи лоихакаши, сохтмон, таъмири асоси, мавриди истифодабари карор додан, дар давоми истифодабари, тачдид, баркарорсози, мафхуз доштан ва бархам додани иншоотхои гидротехники ба миён меоянд, ба танзим дароварда, вазифахои макомоти хокимияти давлати, моликони иншоотхои гидротехники ва шахсону ташкилотхои истифодабарандаро оид ба таъмини бехатарии иншоотхои гидротехники мукаррар менамояд.

hidro

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зернн  истифода мешаванд:

– иншоотхои гидротехники – сарбандхо, бинохои неругоххои обии барки, иншоотхои обпартохо, обчамъкунию обсардихи, накбхо, каналхо, истгоххои обкаши, иншоотхои таъиноти барои хифз намудан аз обхези, вайроншавии деворбандии сохил, таги обанборхо ва дарёхо, иншоотхои хифзкунандаи анборхои нигохдории партовхои моеъдори корхонахои саноати ва хочагии кишлок, тачхизотхо барои пешгири намудани рахнашавии каналхо, инчунин дигар иншоотхое, ки барои истифодабарии захирахои оби ва пешгири намудани таъсири номатлуби об ва партовхои моеъ таъин шудаанд;

– истифодабарандагони иншоотхои гидротехники – шахсони хукукие мебошанд, ки новобаста аз шакли ташкилию хукукияшон дар тавозунашон иншоотхои гидротехники доранд;

– молики иншоотхоигидротехники – шахсони вокеи ва хукуки, новобаста аз шакли ташкилию хукуки, ки хукуки сохибмулки, истифодабари ва ихтиёрдори намудани иншоотхои гидротехникиро доранд;

– вазъияти фавкулодда – холате, ки дар худуди муайян дар натичаи садамаи иншоотхои гидротехники ба вучуд омада, метавонад боиси халокати одамон, зарар ба саломатии онхо ва ё вайроншавии мухити зист, зарари модди на вайрон шудани шароити зиндагии одамон гардад;

– бехатарии нншоотхои гидротехники – холати хоси иншоотхои гидротехники, ки имкониятхои таъмини хифзи хаёт, саломати ва манфиатхои конунии одамон, мухити зист ва субъектхои хочагидорро таъмин менамояд;

– эъломияи бехатарии нншоотхои гидротехники – хуччате, ки дар он бехатарии иншоотхои гидротехники асоснок карда шудааст ва чорабинихо оид ба таъмини бехатарии иншоотхои гидротехники бо бахисобгирии таснифи онхо муайян шудаанд;

– меъёри бехагарии иншооти гидротехники- худудхои нихоии нишондихандахои микдорию сифатии холати иншооти гидротехники ва шароитхои истифодабарии он, ки ба сатхи имконпазири хавфи садамаи иншооти гидротехники мувофиканд ва бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти хокимияти давлати, ки назорати давлатиро дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники ба амал мебароранд. тасдик шудаанд;

– баходихии бехатарии иншооти гидротехники – муайянкунии мутобикати холати иншооти гидротехники ва тахассуси коргарони ташкилотхои истифодабаранда ба меъёрхо ва коидахое, ки тибки Конуни мазкур тасдик шудаанд;

– сатхи хавфи имконпазири садамаи иншооти гидротехники-дарачаи имконпазири хавфи садамаи иншооти гидротехники, ки тибки санадхои меъёри мукаррар шудааст;

– худуди иншооти гидротехники – китъаи замин (акватория) дар сархадхое, ки тибки Кодекси замини Чумхурии Точикистон ва Кодекси оби Чумхурии Точнкнстон мукаррар шудаанд;

– таъмини бехатарии иншооти гидротехники – тахия ва баамалбарории чорабинихо оид ба пешгирии садамаи иншооти гидротехники.

Моддаи 2. Конунузории Чумхурии Точикистон дар бораи бехатарии иншоотхои гидротехники

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бехатарии иншоотхои гидротехники ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфга, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур

 

Конунн Чумхурии Точикистон «Дар бораи бехатарии иншоотхои гидротехники нисбат ба иншоотхои гидротехникие, ки дар моддаи 1 Конуни мазкур нишон дода шудаанд ва вайроншавии онхо боиси ба вучуд омадани вазъияти фавкулодда мегардад, татбик карда мешавад.

Моддаи 4. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники

Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники салохиятхои зеринро дорад:

– тахия ва амали намудани сиёсати давлати дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники;

– ташкил намудани назорати давлати дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники;

– мукаррар намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники;

– мукаррар намудаии вазифа ва ухдадорихои макомоти ваколатдори давлати, макомоти давлати оид ба амалисозии назорати давлати, сохибмулкон ва истифодабарандагони иншоотхои гидротехники дар сохаи таъмини бехатарии иншоотхои гидротехники;

– ташкил ва таъмини бехатарии иншоотхои гидротехникие, ки моликияти давлати мебошанд.

 

Моддаи 5. Салохиятхои макомоти давлати дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники

Салохиятхои макомоти давлати дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники аз инхо иборатанд:

– хал намудани масъалахон бехатарии иншоотхои гидротехники дар худуди муайяншуда, ба истиснои масъалахои бехатарии иншоотхои гидротехникии моликияти умумичумхурияви, дар асоси талаботхои умуми оид ба таъмини бехатарии иншоотхои гидротехники тибки мукаррароти моддаи 8 Конуни мазкур;

–  иштирок дар амали намудани сиёсати давлати дар сохаи таъмини бехатарии иншоотхои гидротехники;

– иштирок дар тахия ва амали намудани барномахои минтакави дар сохам бехатарии иншоотхои гидротехники;

– таъмин намудани назорати бехатарии иншоотхои гидротехники хангоми истифодабарии иншоотхои оби ва амалигардонии чорабинихои хифзи табиат;

– кабул намудани карор   оид ба махдуд намудани шартхои истифодабари дар холати вайрон шудани конунгузори  оид ба бехатарии иншоотхои гидротехники;

–   иштирок намудан дар бартарафсозии окибатхои садамахои иншоотхои гидротехники;

–   огох намудани ахоли аз тахдиди садамахои иншоотхои гидротехники, ки боиси ба вучуд омадани вазъияти фавкулодда мегарданд;

– таъмин намудани бехатарии иншоотхои гидротехники, ки моликияти давлати мебошанд:

– муайян намудани меъёрхо оид ба ташкил намудани захирахои молиявию модди барои рафъи окибатхои садама дар иншоотхои гидротехники.

Моддаи 6. Назорати давлати дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники

  1. Назорати давлатиро дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники макоми ичроияи хокимияти давлати, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст ва вазифаи назорати бехатарии иншоотхои гидротехникиро ба зиммааш гузоштааст, ба амал мебарорад.
  2. Назорати давлатиро дар давраи лоихакаши, сохтмон, тачдид ва таъмири асосии иншоотхои гидротехники макоми ваколатдори давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.

Моддаи 7. Фехристи иншоотхои гидротехники

  1. Иншоотхои гидротехники дар Фехристи давлатии иншоотхои гидротехники ба кайд гирифта мешаванд.
  2. Тартиби ташкил ва пешбурди Фехрист аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

БОБИ 2. ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ИНШООТХОИ ГИДРОТЕХНИКИ

Моддаи 8. Талаботхои умуми оид ба таъмини бехатарии иншоотхои гидротехники

Таъмини бехатарии иншоотхои гидротехники дар асоси талаботхои зерин сурат мегирад:

– таъмини дарачаи имконпазири хавфи садамаи иншоотхои гидротехники;

– пешниход намудани эъломияи бехатарии иншоотхои гидротехники;

– назорати давлатии бехатарии иншоотхон гидротехники:

– истифодабарии мунтазами иншоотхои гидротехники;

– татбики чорабинихо оид ба таъмини бехатарии иншоотхои гидротехни, аз чумла мукаррар намудани меъёрхои бехатарии онхо, инчунин мучаххаз намудани иншоотхон гидротехники бо воситахои техники бо максади назорати доимии холати онхо, бо кадрхои ихтисоснок таъмин намудани иншоотхои гидротехники;

– зарурати сари вакт гузаронидани мачмуи чорабинихо чихати то ба дарачаи нихои паст кардани хавфи ба вукуъ омадани вазъияти фавкулодда дар иншоотхои гидротехники:

– масъулият барои амале (беамалие). ки боиси пастшавии бехатарии ишноотхон гидротехники нисбат ба дарачаи имконпазири хавф мегардад.

Моддаи 9. ухдадорихои сохибмулкон ва истифодабарандагони иншоотхои гидротехники

  1. Сохибмулкон ва истифодабарандагони иншоотхои гидротехники ухдадоранд:

– меъёрхо ва коидахои таъмини бехатарии иншоотхои гидротехникиро хангоми сохтмон, баистифодасупори, истифодабари, таъмир, тачдид, махфуз доштан, аз истифодабари баровардан ва бархам додан риоя намоянд;

– мушохидаро (мониторингро) аз руи нишондихандахои холати иншоотхои гидротехники, таъсиррасонии табиию техногени таъмин кунанд ва дар асоси маълумотхои гирифташуда бехатарии иншоотхои гидротехникиро бахогузори намоянд;

– бахогузории мунтазами бехатарии иншоотхои гидротехники ва тахлили сабабхои  пастшавии онро бо назардошти кори иншоотхои гидротехники дар силсила таъмин намоянд;

– таъсиррасонии зарарноки табии ва техногениро дар натичаи фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолиятхо, аз чумла фаъолияти вобаста ба сохтмон ва истифодабарии иншоотхо дар иншоотхои оби ва дар худудхои хамчавори боло ва ё поёнии иншооти гидротехникиро тахлил намоянд;

– тахия ва тасхехи саривактии меъёрхои бехатарии иншоотхои гидротехникиро таъмин намоянд;

– системаи назорати холати иншоотхои гидротехникиро такмил диханд;

– сабабхои паст шудани бехатарии иншоотхои гидротехники, сари вакт тахия ва амали намудани чорабинихоро оид ба таъмини холати дурусти техникии иншоотхои гидротехники ва бехатарии онхо, инчунин оид ба пешгирии садамаи иншоотхои гидротехникиро мунтазам тахлил намоянд;

– гузаронидани ташхиси мунтазами иншоотхои гидротехникиро таъмин намоянд;

– захирахои моддию молиявиро барои рафъи окибатхои садамаи иншоотхои гидротехники ташкил намоянд;

– системахои огохонии махаллиро оид ба холатхои фавкулодда дар иншоотхои гидротехники дар холати омодагии доими нигох доранд;

– фаъолиятро бо макомоти идоракунии мудофиаи граждани ва холатхои фавкулодда оид ба масъалахои пешгирии саривактии садамахри иншоотхои гидротехники хамоханг созанд, ба макомоти ичроияи хокимияти давлати оид ба назорат дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники, дигар макомоти дахлдори давлати, макомоти ичроияи хокимияти давлати ва дар холати тахдиди бевоситаи рахнашавин иншоотхо – ба ахоли ва ташкилотхои дар минтакае, ки зери об монданаш имконпазир аст, фавран хабар расонанд;

– истифодабарии иншоотхои гидротехники ва таъмнни онхоро бо коргарони ихтисоснок мувофики меьёру коидахо ташкил намоянд;

– ба макомоти ичроияи хокимияти давлати доир ба махорат дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники дар ичрои вазифахояшон мусоидат намоянд;

– якчоя бо макомоти ичроияи хокимияти давлати ахолиро доир ба масъалахои бехатарии гидротехники огох намоянд;

– чорабинихоро оид ба истифодабарии иншоотхои гидротехники, таъмини бехатарии онхо, инчунин ичрои корхоро доир ба пешгири ва бартарафсозии окибатхои садамахои иншоотхои гидротехники маблаггузори намоянд.

  1. Моликони иншоотхои гидротехники ва истифодабарандагон барои бехатарии иншоотхои гидротехники чавобгар мебошанд. Аз чумла, зарари дар натичаи садамаи иншоотхои гидротехники расонидаро тибки моддахои 16,17, ва 18 Конуни мазкур то давраи гузаштани хукуки моликият ба дигар шахсони вокеию хукуки ва ё пурра ба анчом расонидани корхои бартарафсозии окибатхои садама дар иншооти гидротехники, чуброн менамоянд.

Моддаи 10. Эъломияи бехатарии иншоотхои гидротехгики

  1. Дар мархилаи лоихакаши, сохтмон, баистифодасупори, истифодабари ва аз истифодабари баровардани иншоотхои гидротехники, инчунин пас аз тачдид, таъмири асоси, баркарорсози ва ё махфуз доштани онхо, молики иншоотхои гидротехники ва истифодабарандагон зьломияи бехатарии иншоотхои гидротехникиро тартиб медиханд.
  2. Эъломияи бехатарии иншоотхои гидротехники хуччати асоси мебошад, ки дар он маълумотхо оид ба мутобикати иншоотхои гидротехники ба меъёрхои бехатари дарч мегарданд.
  3. Мундарича ва тартиби тахияи эъломияи бехатарии иншоотхои гидротехникиро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  4. Моликони иншоотхои гидротехники ва истифодабарандагон дар мухлати мукарраргардида эъломияи бехатарии иншооти гидротехникиро ба макомоти назорати давлати оид ба бехатарии иншоотхои гидротехники пешниход менамоянд.

Моддаи 11. Экспертизаи давлатии хуччатхои лоихавии иншоотхои гидротехники ва

                    экспертизаи давлатии эъломияи бехатарии иншоотхои гидротехники

  1. Экспертизаи давлатии хуччатхои лоихавии иншоотхои гидротехники дар асоси эъломияи бехатарии иншоотхои гидротехники тибки конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба фаъолияти шахрсози гузаронида мешавад. Экспертизаи давлатии эъломияи бехатарии иншоотхои гидротехники, ки дар давраи истифодабариаз истифодабари баровардани иншоотхои гидротехники, инчунин пас аз тачдид, таъмири асоси, баркарорсози ва махфуз доштани онхо тартиб дода мешавад, тибки коидахои моддаи мазкур бо тартиби мукаррариамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон суратмегирад.
  2. Барои гузаронидани экспертизаи давлатии эъломияи бехатарии иншоотхои гидротехники метавонанд пажуишгоххои илми-тадкикоти ва ташкилотхои лоихакаши чалб карда шаванд.
  3. Экспертизаи давлатии эъломияи бехатарии иншоотхои гидротехники бо ташаббуси моликони иншоотхои гидротехники ва ё истифодабарандагони онхо, аз чумла дар холати норозигии онхо бо карори макомоти назорати давлатии бехатарии иншоотхои гидротехники, гузаронида мешавад.
  4. Моликони иншоотхои гидротехники ва ё истифодабарандагони онхо, дар холати норозиги бо карори макоми назорати оид ба бехатарии иншоотхои гидротехники, метавонанд ба суд мурочиат намоянд.

БОБИ 3. НАЗОРАТИ БЕХАТАРИИ ИНШООТХОИ ГИДРОТЕХНИКИ

 

Моддаи 12. Макомоти назорати давлатии бехатарии иншоотхои гидротехники

  1. Макомоти назорати давлатии бехатарии иншоотхои гидротехники назоратро нисбати моликони иншоотхои гидротехники ва истифодабарандагон оид ба риояи меъёрхо ва коидахои бехагарии иншоотхои гидротехники амали менамоянд.
  2. Салохиятхои макомоти назорати давлатии бехатарии иншоотхои гидротехники аз инчо иборатанд:

– мувофика намудани коидахои истифодабарии иншоотхои гидротехники;

– бе монеа ворид шудан ба иншоотхои гидротехники, шинос шудан бо маводхои вобаста ба бехатарии иншоотхои гидротехники ва ташкили назорати техники;

– ташкили санчиши иншоотхои гидротехники ва мутобикати холати онхо ба эъломияи бехатарии иншоотхои гидротехники;

– пешниходи таъинот оид ба таъмини бехатарии иншоотхои гидротехники;

– хамохангсозии истифодаи худуди иншоотхои гидротехники, чараёни об ва худуди хамчавори поён ва болом сарбанд (ба истинои китъахои заминхои барои минтакахои хифзи обанбор чудошуда) барои амали намудани фаъолияти хочагидори ва ё фаъолияти дигар;

– иштирок дар тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукухи дар сохаи бехатарии иншоотхои гидротехники.

  1. Пешгири намудани таъсиррасонии номатлуби об дар шакли вайроншавии иншоотхои гидротехники ва бартарафсозии окибатхои он тибки Кодекси оби Чумхурии Точикистон сурат мегиранд.
  2. Таъинотн пешниходнамудаи  макоми назорати давлати оид ба бехатарии иншоотхои гидротехники дар бораи таъмини бехатарии иншоотхои гидротехники барои моликони иншоотхои гидротехники ва истифодабарандагон хатми буда, бояд бетаъхир ба ичро расонида шавад. Нисбати таъиноти мазкур ба суд мурочиат кардан мумкин аст.
  3. Истифодабарии иншоотхои гидротехники ва таъмини бехатарии онхо, ки ичозат барои сохтмон ва истифодабариашон бекор карда шудааст (аз чумла, иншоотхои гидротехникии дар холати садамави карордошта), инчунин иншоотхои гидротехникии махфузшаванда ва ё бархамдодашаванда ва иншоотхои гидротехникии бесохибмонда тибки коидахои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 13. Санчиши иншоотхои гидротехники

  1. Барои санчиши иншоотхои гидротехники макомоти назорати бехатарии иншоотхои гидротехники метавонанд коммисияи санчиши ташкил намоянд.
  2. Дар вакти санчиши иншоотхои гидротехники доир ба фаъолияти моликон ва истифодабарандагони иншоотхои гидротехники, инчунин оид ба кори ташкилотхои пудрати хангомн истифодабарии иншоотхои гидротехники, баркарорсози ва мафхуз доштани онхо, бо максади баходихи ба риояи меъёрхо ва коидахои бехатарни иншоотхои гидротехники назорат гузаронида мешавад.
  3. Санчиши корхои ичрошуда дар давраи сохтмон, тачдид ва таъмири асосии иншоотхои гидротехники аз чониби макоми давлати оид ба назорати сохтмон, макомоти ичроияи махаллии Хокимияти давлати тибки Конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба фаъолияти шахрсози гузаронида мешавад.

БОБИ 4. ТАЪМИНИ МОЛИЯВИИ БЕХАТАРИИ ИНШООТХОИ ГИДРОТЕХНИКИ

 

Моддаи 14. Сугуртакунонии масъулияти шахрванди барои зарари расонидашуда

  1. Хавфи масъулияти шахрванди аз руи ухдадорихои бо сабаби расонидани зарар ба хаёт ва саломатии шахсони вокеи, моликияти шахсони вокеи ва хукуки дар натичаи садамаи иншоотхои гидротехники бавучудомада, дар давраи сохтмон ва истифодабарии иншооти гидротехникии мазкур бояд хатман сугурта карда шавад.
  2. Сугуртакунандаи хавфи масъулияти шахрванди барои зарари расонидашуда моликони иншоотхои гидротехники ва ё шахсони вокеи ва хукуки мебошанд.
  3. Шартхо ва тартиби сугуртакунонии хавфи масъулияти шахрвандиро барои зарари дар натичаи садамаи иншоотхои гидротехники расонидашуда конунгузории Чумхурии Точикистон ба танзим медарорад.

Моддаи 15. Чуброни зарари расонидашуда дар натичаи вайрои кардани конунгузори оид ба

                      бехатарии иншоотхои гидротехники

Зарари ба хаёт ва саломатии шахсони вокеи, молу мулки шахсони вокеи ва хукуки дар натичаи вайрон кардани конунгузори оид ба бехатарии иншоотхои гидротехники расонидашударо шахсони вокеию хукукие, ки чунин зарарро расонидаанд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн менамоянд.

Моддаи 16. Таъмини молиявии масъулияти шахрванди барои зарари расонидашуда дар натичаи садамаи иншоотхои гидротехники

1.Моликони иншоотхои гидротехники, истифодабарандагон -шахсони вокеи ва хукуки дар сурате, ки агар иншоотхои гидротехники моликияти давлати бошанд, бояд хатман таъмини молиявии масъулияти шахрванди дошта бошанд. Таъмини молиявии масъулияти шахрванди дар сурати чуброни зарари дар натичаи садамаи иншоотхои гидротехники расонидашуда (ба истинои ходисахои пешгиринашаванда) аз хисоби моликони иншоотхои гидротехники ва ё истнфодабарандагон – шахсони вокеи ва хукуки, аз чумла, аз хисоби маблаги сугуртави, ки тибки шартномаи сугуртаи хавфи масъулияти шахрванди мукаррар шудааст, амали карда мешавад.

  1. Тартиби муайян намудани андозаи таъмини молиявии масъулияти шахрвандиро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Моддаи 17. Иштироки давлат дар чуброни зарари дар натичаи садамаи иншоотхои

гидротехники расонидашуда

Дар холати зиёд будани харочоти зарури барои чуброни зарари дар натичаи садамаи иншоотхои гидротехники расонидашуда, ки маблагаш аз таъмини молиявии масъулияти шахрвандии тибки моддаи 16 Конуни мазкур мукарраршуда зиёд аст, тартиби чуброни зарарро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

БОБИ 5. ВАЙРОН НАМУДАНИ КОНУНГУЗОРИ

ОИД БА БЕХАТАРИИ ИНШООТХОИ ГИДРОТЕХНИКИ

Моддаи 18. Вайрон намудани конунгузори оид ба бехатарии иншоотхои гидротехники

Вайрон намудани конунгузори оид ба бехатарии иншоотхои гидротехники инхо мебошанд:

– сохтмон ва истифодабарии иншоотхои гидротехники барои фаъолияти хочагидори ва ё дигар максадхо, истифодабарии чараёни об ва худуди хамчавор ба поён ва ё болои сарбанд, бе ичозати макомоти дахлдор;

– ичро накардани талаботи таъиноти эъломияи бехатарии иншооти гидротехники ва ё экспертизам давлатии хуччатхои лоихавии иншоотхои гидротехники ва ё экспертизаи давлатии бехатарии иншоотхои гидротехники;

– ичро накардани таъиноти макомоти назорати давлати оид ба бехатарии иншоотхои гидротехники;

– вайрон кардани меъёрхо ва коидахои бехатарии иншоотхои гидротехники дар давраи лоихакаши, сохтмон, кабул ва ба истифодабари супоридан, истифодабари, таъмир, тачдид, махфуз доштан ва аз истифодабари баровардан;

– амали накардани чорабинихо оид ба таъмини бехатарии иншоотхои гидротехники дар холати зиёдшавии сатхи таъсири зарари табии ва техногени, бадшавии нишондихандахои устувори ва обнагузаронии маводхое, ки аз онхо иншоотхои гидротехники сохта шудаанд ва чинсхои тахдоб, шароитхои гайриканоатбахши истифодабари, мучаччазгардонии техникии иншоотхои гидротехники ва ташкили мушохидаи (мониторинга) бехатарии онхо:

– сарфи назар кардан аз додани маълумот ба макомоти назорати давлати оид ба таъмини бехатарии иншоотхои гидротехники дар бораи тахдиди садамаи иншоотхои гидротехники ва ё пинхон доштани чунин маълумот аз ин макомот, додани маълумоти бардуруг ва дар холати тахдиди бевоситаи рахнашавии худудхои зери фишори об карордошта – аз макомоти  хокимияти  давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва аз худи коргарони иншоотхои гидротехникии дар холати садамави карордошта, ахоли ва ташкилотхои дар минтакахои имконпазири зери об мондан вокеъбуда .

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 19. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 20. Тартиби мавириди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                         Эмомали Рахмон

         ш. Душанбе

29 декабри соли 2010

                     №666

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …