Главная / Маданият ва санъат / БЕДИЛИ ДЕХЛАВИ

БЕДИЛИ ДЕХЛАВИ

Бедил, маро харзасарои шон нест,
Мадхи миру ситоиши султон нест.
Хаёт ва э
чодиёти Бедили Дехлави

bedili-dehlaviБузургтарин шоир, мутафаккир ва нависандаи забардаст Мирзо Абдулкодири Бедил, яке аз он эчодкоронест, ки на танхо ба адабиёти давр балки ба чараёни минбаъдаи таърихи адабиёт низ хамачониба таъсир расонидааст. Бедили Дехлави соли 1644 дар шахри Азимободи вилояти Банголаи Хиндустон ба дунё омадааст. Баъдхо у дар китъае рочеъ ба санаи валодати хеш чунин ишораи судманд намудааст:

Ба соле, ки Бедил ба мулки зухур,

Зи файзи азал тофт чун офтоб.

Бузурге хабар дод аз мавлудаш,

Ки хам «файзи кудс» асту хам «интихоб».

Дар мисраи чахоруми китъаи мазкур, ки моддаи таърих омадааст, агар адади харфхо тибки хисоби абчад гузошта шавад, соли 1054 хичри хосил мешавад. Аз ин сана (1054) 32 тарх карда шавад, 1022 мемонад ва он бо 622 чамъ карда шавад, соли 1644 хосил мешавад, ки санаи володати Бедили Дехлави мебошад. Абдулкодир ном ва Бедил тахаллуси адабии шоир буда, унвони афтихории эчодиаш Абулмаъони мебошад. Бедил ба маънии дилдода, яъне ошик шарх дода шудааст. Падару бобоёни Бедил аз мардумони атрофи Самарканд буда, аз сабаби нобасомонихои авзои таърихии Мовароуннахр ба Хиндустон рафта будаанд. Ба таркиби номи хешовандон ва номи худи шоир илова гардидани вожаи мирзо гувохи он аст, ки нафаре аз ачдоди у сардори бузург гузашта будааст. Гузаштагони Бедил аз тоифаи сипохиён будаанд.

Бедил дар овони тифли аз падар ятим монда, тарбия ва таълими ибтидоиро аз модар гирифтааст. У дар 5-6 – солаги ба мактаб дода мешавад. Бедил, дар 7- солаги «Куръон»-ро хифз намуд. Баъдтар илмхои дигари замонаи хеш: сарфу нахви араби, мантику хикмат, фикху калом, тафсиру хадис, адабиёт, тасаввуфу ирфон ва гайраро комилан фаро гирифтааст. Устодони Бедил амакаш Мирзо Каландар, тагояш – Мирзо Зариф, донишмандону орифони дигар: Шохкосими Хуваллохи, Шайх Камол, устод Абулкосим, Шайх Фозил ва дигарон будаанд.

Бедил аз мусохибахои ахли илму фазл дар кошонахои – Мирзо Каландару Мирзо Зариф бахраи комил бардоштааст.

Истеъдоди шоирии Мирзо Абдулкодири Бедил дар синни 10-солагиаш ошкор шудааст. Зеро Бедил дар «Чор унсур» хотиррасон мекунад, ки солхои мактабхониаш аллакай шеър мегуфтааст. У такрибан дар 10- солаги ба яке аз хамсабакхояш рубоии зайлро бахшидааст:

Ёрам хар гох дар сухан меояд,

Буи ачабеш аз дахан меояд.

Ин буи каланфур аст, ё накхати гул,

Ё роихаи мушки Хутан меояд.

Бедил соли 1665 аз Бихор ба шахри Дехли меояд.

Аз мулки Бихор суи Дехли

Чун ашк равон шудем бекас.

Бедил дар синни 25-солаги хонадор мешавад ва барои касби маош ба хидмати писари Аврангзеб – Аъзамшох ба хайси сипохи ба фаъолият мепардозад. Нафаре аз наздикони Бедил шоир будани уро ба Аъзамшох хабар медихад. Шох Бедилро даъват намуда, аз у хохиш менамояд, ки барояш мадхияе бинависад. Ин рафтори хоким Бедилро озурда мекунад ва у аз хизмат даст мекашад. Аслан Бедил як марди сарбаланд, бовикор, бонанг, худогох будааст, ки мегуяд:

Ай басо маънии равшан, ки зи хирси шуаро

Хоки чавлонгахи аспу хари ахли чох аст.

В-ай басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ,

Русиёхи адаб аз мадхи амиру шох аст.

Марчаи маънии ин сустхаёлон дарёб,

То бидони чи кадар фитраташон кутох аст.

Силамуштоки гадотабъ зи мазмуни баланд

Гар хама пой дар афлок нихад дар чох аст.

Мирзо Абдулкодири Бедил баъд ба Акбаробод рафта дар махфилхои адаби иштирок менамояд ва бо шоирони хушзавку донишмандони замон – Иззат, Зухури ва дигарон шиносои пайдо мекунад.

Шоир баъдан ба шахрхои Панчоб, Лохур, Кашмир, Мултон, Сархинд ва гайраро сайр карда, таассуроташро оид ба шахрхои зикршуда дар асари худ «Чор унсур» хеле муфассал баён намудааст. Ин сафархо барои шоир як дарси зиндаги буд, чаро ки хоси у тавонист ба хаёти табакахои мухталифи ичтимоии чамъият шинос шавад.

Умуман, ин шоири мутафаккир аз нигохи тангии маиши басо танкисихо кашидааст. Бедил хатто то синни 41-солаги манзили истикомати надоштааст. Баъдтар бо дастгирии дустон шоир сохиби манзили шахси мешавад. Зеро ихлосмандонаш ба у аз шахри Дехли хавлии истикомати ёфта медиханд.

Хамсари аввалаи Бедил дар синни 38-солагии шоир аз олам чашм мепушад ва у бори дигар хонадор шуда, баъдхо дар синни 64-солаги писардор гардидааст. Дарего, писари шоир дар овони тифли аз олам гузаштааст.

Шоири мутафаккир поёни рузгори хешро дар шахри Дехли гузаронида, дар хамон чо, дар синни 77-солаги, яъне соли 1721 вафот кардааст.

Муаллифи тазкираи «Хизонаи омира» – Мир Гуломалихони Озод дар вафоти Бедил киъаи зеринро сурудааст:

Сару саркадаи арбоби сухан

Аз гамободи чахон хуррам рафт.

Гуфт таърихи вафоташ Озод:

«Мирзо Бедил аз олам рафт».

Дар китъаи мазкур моддаи таърих мисраъи чорум аст. Агар кимати харфхои ин мисраъ аз руи хисоби абчад дуруст гузошта шавад, соли 1133 хичри хосил мегардад ва аз он 34 тарх карда шавад, 1099 боки мемонад. 1099 бо 622 чамъ карда шавад, соли 1331 хичри хосил мегардад ва аз он 34 тарх карда шавад, 1099 боки мемонад, 1099 бо 622 чамъ карда шавад, соли 1721 хосил мегардад, ки он соли вафоти Бедил аст.

Куллиёти Бедил

Шеърам, ки ба сад забон фуруд омадааст,

Дар чандин вакт он фуруд омадааст.

«Таврот» набуд, то бигуям, ки хама

Якбора зи осмон фуруд омадааст.

Эчодиёти ин шоири мутафаккир хеле гуногунмавзуъ ва серсоха буда, дар шаклхои назму наср боки мондааст, ки «Куллиёт»-и уро фарохам меорад. Мухим он аст, ки Бедил аз овони хурдсоли ба корхои эчоди ру оварда, фузун аз 65 сол эчод кардааст.

Таркиби «Куллиёт»-и Бедил дар мачмуъ шомили 65 хазор байт буда чунин аст:

1) «Дебоча», 2) «Ирфон», 3) «Тури маърифат», 4) « Нукот», 5) «Ишорот ва хикоёт», 6) «Рукаот», 7) «Чор унсур», 8) «Мухити аъзам», 9) «Тилисми хайрат», 10) «Газалиёт», 11) «Рубоиёт», 12) «Касоид», 13) «Китьаот», 14) «Таркибот ва тарчеот», 15) «Ташбехот ва тамсилот».

Девони Мирзо Абдулкодири Бедил, ки дар дохили « Куллиёт»-и у омадааст, аз газалиёт, рубоиёт, касоид, китьаот, таркиботу тарчеот, ташбехот ва тамсилот иборат мебошад. Микдори умумии абёти таркиби девони Бедил 37500 байтро ташкил медихад.

Дар девон чои аввалро газалиёт ишгол менамояд, ки микдоран 2165 газал буда, 23 хазор байтро дарбар мегирад.

Яке аз навьхои адабии дигар, ки дар девони Бедили Дехлави мавкеи намоён дорад, рубои мебошад. Дар девони шоир 3500 рубои дарч гардидааст. Шояд сабаби асосии ба рубои нисбатан таваччух зохир намудани Бедил он бошад, ки дар ин жанр чой додани афкори фалсафи, ирфони-тасаввуфи, ишки, панду андарзи хеле мувофику созгор аст.

Мавкеи жанрхои дигари шеьри: касоид, китьот, таркиботу тарчеот, ташбехот ва тамсилот, ки дар девон омадаанд, ба мавзуьхои мухталифу масоили гуногун бахшида шудаанд. Аз чумла, ишку ирфон, ситоиши инсон, тасвири манозири олам, масоили фалсафи, хаёти – ичтимои, тарбияви-ахлоки, адаби-эстетики ва гайра.

Маснави дар эчодиёти Бедил мавкеи мухим дорад, ки номгуи онхо чунин аст:

  1. «Тилисми хайрат». Нахустин маснавии Бедил буда, соли 1669 таьлиф шудааст. Асар аз 3750 байт иборат мебошад ва дар бахри Хазачи мусаддаси максур ё махзуф навишта шудааст, ки афоьили он чунин аст:

V – – – / V – – – / V – ~

Яьне, мафоьилун, мафоьилун, фаьулон. Дар ин маснавии Бедил нуфузи таьлимоти мачзубия ба мушохида мерасад.

  1. «Мухити аьзам». Маснавии мазкур соли 1681 таьлиф шуда, аз 4500 байт иборат мебошад. Асар дар жанри сокинома навишта шудааст ва вазни он Мутакориби мусаммани максур буда, шакли афоьили он чунин аст:

V – – / V – – / V – – / V ~

Яъне, фаъулун, фаъулун, фаъулун, фаъул. Маснави дорои хашт боб буда, тасаввуфист ва тасвирхои мачозии асбоби тараб: май, хум, чом, даф, най, чанг, танбур, конун ва гайра дар он мавкеи асоси доранд. Дар асар доир ба саргузашти симохои тасаввуфу ирфон хикоятхо оварда мешавад.

  1. «Тури маърифат». Маснавии мазкур соли 1687 таълиф гардида, дорои 1500 байт мебошад. «Тури маърифат» дар бахри Хазачи мусаддаси махзуф ё максур эчод шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:

V – – – / V – – – / V – ~

Яъне, мафоъилун, мафоъилун, фаъулон. Маснавии «Тури маърифат»- ро Бедил «Мактуби манзум» низ номгузори намуда, онро ба дусти худ, шоиру донишманди муосираш – Шукруллоххон мебахшад. Дар маснавии мазкур асосан кухи Байроти Хиндустон ба тасвир гирифта мешавад. Чунончи, шоир мегуяд:

Тапиш фарсуд шавки нолатимсол,

Зи тахрики нафас вомекунад бол.

Ки хомуши навосоз аст имруз,

Губори сурмаву соз аст имруз.

Зи тури маърифат маъни сароям,

Ба чандин кух менозад садоям.

Шоир манзарахои зебои кухи Байротро дар киёс бо кухи Тур, ки Мусо дар он чо нури Илохиро дидааст, ба тасвир гирифтааст:

Кунун дар кухи Байрот обу рангест,

Ки хар сангаш ба дил бурдан фарангест.

  1. «Ишорот ва хикоёт». Ин асари Бедил аз мачмуи порахои шеъри, ки дар шакли маснави таълиф шудаанд, иборат аст. Шеърхо дар шакли маснави навишта шуда бошанд хам, дар вазнхои гуногун иншо шудаанд. Хачми умумии абёти маснави 1300 байт буда, асосан мавзуи асар тасвирхои хеле сершумори табиатро низ фаро мегирад. Масалан, намунае аз ишороти якум:

Сахар оина хампардози дил буд,

Сафое имтиёзи обу гил буд.

Нахустин, ки зи тахкик кардам огоз,

Ба рамзи обу хокам чашм шуд боз.

Тааммул сарфи кори ину он шуд,

Чароги хилвати хар як аён шуд.

Нихол аз хоки гулшан дар кафас дошт,

Хубоб аз оби худ чуши нафас дошт.

Якинам шуд, ки дар хар катра чонест,

Нихон дар хар кафи хоке чахонест.

  1. «Ирфон» дар мероси адабии Бедил калонтарин асар буда, аз 11 хазор байт иборат аст ва дар шакли маснави эчод шудааст. Санаи таълифи асар соли 1712 буда, дар ин асар шоири мутафаккир ба мухимтарин масъалахои ирфону тасаввуф, масоили мухталифи хаёт, конуниятхои рушди чомеа, макоми инсон дар хаёт, вокеияти зиндагии пурзиддиятхои инсони ру овардааст. Инчунин, дар он акидахои илми, фалсафи, ирфони, тасаввуфи, ичтимои, ахлокии мутафаккир инъикос ёфтаанд, ки басо мухиму арзишманданд. Дар асар зарару офатхои бекори баён гардида, пешаи кишоварзи, дехкони аз тамоми касбхои дигар афзалиятнок дониста мешавад. Махсусан, дар хикояти «Комде ва Мадан» адолат ва ноадолати киёсан ба тасвир гирифта шуда, бебакоии зулму истибдод нишон дода мешавад.

Маснавии «Ирфон» дорои 10 боб бошад хам, иртиботи мантикии бобхо ба мушохида мерасад. Асар асосан акоиди фалсафи – ирфони, тасаввуфи, хаёти – ичтимои, ахлоки – тарбияви ва гайраро фаро мегирад. Аз ин ру, маснавии «Ирфон» барои муайян намудани чахонбинии Бедил, макому мартабаи у дар таърихи адабиёт, хунари шоир дар эчоди маснави ва умуман пояи суханварии у арзишманду мухим ва чолибу зарурист.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …