Главная / Илм / БАТАРТИБОРИ ВА ИНЪИКОСИ НИШОНАХОИ РАВЗАНА

БАТАРТИБОРИ ВА ИНЪИКОСИ НИШОНАХОИ РАВЗАНА

Дар Мизи кории Windows ва равзанахои папкахои система нишонахои объектхоро бо тарзхои гуногун ба танзим меоранд. Асосан чор усули батартибории нишонахои объектхои системаро дар равзанахо истифода мебаранд:

  1. аз руи ном,
  2. аз руи тип (намуд),
  3. аз руи андоза ва
  4. аз руи вакти сохта шуданашон.

tartibi-papkaho

Барои ичрои амали батартибории нишонахо аз командаи менюи равзана Вид  Упорядочить значки (Намуд  Батартибории нишонахо) истифода мебаранд. Айнан хамин амалро бо ёрии пахши тугмаи рости муш низ ичро кардан мумкин аст.

Барои ин, нишондихандаи мушро дар ягон чои холии дилхохи равзана гузошта тугмаи росташро пахш мекунем. Дар натича, дар экран равзанаи робитавие пайдо мегардад, ки дар он усулхои батартибории нишонахо пешбини карда шудаанд. Барои амали гардидани яке аз ин усулхо кифоя аст, ки нишондихандаи муш ба номи усул гузошта шавад ва тугмаи чапи муш пахш карда шавад.

Хангоми интихоби усули батартибори аз руи ном, нишонахо дар равзана аз руи алифбо (аз A то Z ё аз А то Я) чо ба чо карда мешаванд. Дар ин чо ном гуфта, аслан кисми асосии номи файлхои ба нишонахо вобастаро дар назар доранд. Агар номи файлхо бо символхои махсус ва ракамхо сар шаванд, он гох аввал чунин номхо ва баъд номхое, ки бо харфхои алифбохои лотини ва руси сохта шудаанд, ба тартиб оварда мешаванд.

Дар вакти интихоби усули батартибори аз руи тип бошад, нишонахо дар равзана аз руи алифбо мувофики кисми иловагии номашон чо ба чо гузошта мешаванд.

Хангоми чобачокунии нишонахо аз руи андозаи объектхои ба онхо мувофик, аввал объектхои хачман хурд ва баъд объектхои хачман калон дар равзана чойгир карда мешаванд. Аз ин усул асосан пеш аз гузаронидани амалиёти хидмати (масалан, холикунии кисми хачми диски винчестер ё дискетхо аз файлхои нисбатан калонхачм) истифода мебаранд.

Хангоми истифодабарии усули чоруми батартибории нишонахо, дар равзана аввал нишонахои объектхои нав сохташуда ва баъд нишонахои объектхои пеш сохташуда чо ба чо карда мешаванд. Ин усул барои кофтукови файлхои наву кухна хеле кулай аст.

Нишонахои объектхоро дар равзана бо усули кучониш низ ба тартиб овардан мумкин аст. Барои ин лозим аст, ки нишона интихоб карда шавад ва бо пахши тугмаи чапи муш ба чои дилхохи равзана гузошта шавад.

Аз банди Вид (Намуд)-и менюи равзана истифода бурда, нишонахои объектхои равзанаро дар экран бо чор усул инъикос кардан мумкин аст:

  •  дар шакли Нишонахои хачман калон (Крупные значки);
  •  дар шакли Нишонахои хачман хурд (Мелкие значки);
  •  дар шакли Руйхати нишонахо (Список);
  •  дар шакли Таблитсаи нишонахо (Таблица).

Саволхо:

  1. Чанд усули батартибории нишонахои объектхои Windows-ро медонед?
  2. Барои батартибории нишонахои равзана аз кадом команда истифода бурдан мумкин аст?
  3. Оё ба воситаи пахши тугмахои муш низ нишонахои равзанаро ба тартиб овардан мумкин аст?
  4. Фарки батартибории нишонахои равзана аз руи ном ва тип дар чист?
  5. Дар кадом холатхо истифодабарии батартибории нишонахои равзана аз руи андоза ва дар кадом холатхо аз руи вакт бештар кулай аст?
  6. Нишонахои объектхои равзанаро бо чанд усул инъикос намудан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Дар дафтаратон усулхои батартибории нишонахои объектхои равзанахо ва усулхои инъикоскунии онхоро номбар кунед.
  3. Папкаи хусусии худро, ки дарсхои гузашта сохта будед, кушоед ва дар дохили он 5-то зерпапкахои нав сохта, ба онхо номхои гуногун гузоред.
  4. Нишонахои зерпапкахои папкаи хусусии худро бо усулхои гуногун батартиб оред ва онхоро дар экран инъикос намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …