Главная / Илм / БА ТАНЗИМОРИИ МУХИТИ КОРИИ WINDOWS

БА ТАНЗИМОРИИ МУХИТИ КОРИИ WINDOWS

Системаи оператсионии Windows дорои имкониятхои бенихоят васеи батанзимории мухити кории худ мебошад. Максад аз танзими система, ташкил намудани мухити мусоид ва самараноки кори ба хисоб меравад, ки он пеш аз хама бо рохи автоматикунонии ама-лиёт ба даст меояд. Объектхои асосии танзимшавандаи Windows – воситахои идоракуни ва ороишии он мебошанд.

Ин объектхоро бо ёрии папкаи Панели идоракуни, менюхои контекстии динамикии объектхои Windows, элементхои идоракунии равзанахои робитавии системаи оператсиони ва заммимахои он ба танзим овардан мумкин аст. Хангоми истифодабарии командаи ПускНастройка Панель управле-ния (ОгозТанзимПанели идоракуни) дар экран равзанаи папкаи Панели идоракуни (Расми 11) пайдо мешавад. Дар майдони кории ин равзана нишонахои хамаи объектхои танзимшаванда оварда шудаанд, ки равзанахои онхо бо усули пахши дукаратаи нишонахояшон бо ёрии муш кушода мешаванд. Аз ин нишонахо вакте истифода бурдан мумкин аст, ки агар ба табъи мо усули ороиши объект, намуди зохирии он, тарзи кори элементи идоракуни, микдори элементхои идоракунии равзана ва хоказо мувофик наоянд. Масалан, барои тагйирдихии таърихи руз ва вакти соати компютери мо бояд

нишонаи Дата время (Таърихи руз ва вакт)-ро ду маротиба пахш намоем. Дар натича, дар экран равзанаи робитавии Свойства: Дата/время (Хосиятхо: Таърихи руз/вакт) кушода мешавад (Расми 48). Тугмаи кабатии Дата и Время (Таърихи руз ва вакт)-ро пахш намуда, ба воситаи панели чапи равзана таърихи рузи чори ва панели рости он – вакти чориро дохил намудан мумкин аст. Информатсияи дохилкардашуда вакте аз тарафи система кабул карда мешавад, ки агар мо тугмаи командавии Ok ё Применить (Тадбик карда шавад)-ро пахш намоем.

Батанзимории таърихи руз ва вакти компютери аз он чихат муфид аст, ки хангоми сабти файли дилхох дар хотираи компютер бо хамрохии файл таърихи руз ва вакти тахрири охирони он сабт мегардад. Агар таърихи руз ва вакти компютери аз таърихи руз ва вакти асли фарк кунанд, он гох хангоми кофтукови файлу папкахо истифодабарандагон метавонанд ба душворихо ру ба ру гарданд.

Тарзхои батанзимории менюи асосии Windows ва элементхои равзанахои кории онро мо дар мавзуъхои гузашта дида баромада будем. Масалан, барои хосиятхои равзанахои папкахоро ба танзим овардан командаи менюи асосии система ПускНастройкаСвойства папки (ОгозТанзимХосиятхои папка) ё командаи менюи равза-наи чори ВидСвойства папки (НамудХосиятхои папка)

Расми 48. Равзанаи ивазкунии таърихи руз ва вакти компютери хизмат мерасонанд. Агар мо хохем, ки дар равзанаи папка нишонахои файлхои системави ва махфи нишон дода нашаванд, он гох мо бояд дар равзанаи робитавии Свойства папки (Хосиятхои папка) аз имкониятхои тугмаи кабатии Вид (Намуд) ва категорияи Файлы и папки Скрытые файлы (Файлхо ва папкахоФайлхои махфи) истифода барем. Барои аз нав инъикос намудани файлхои системави ва махфии папка, бояд пайдарпайии амалиёти болои аз нав такрор карда шаванд.

Саволхо:

  1. Ба танзим овардани мухити кори чи маъни дорад?
  2. Объектхои танзимшавандаи Windows кадомхоянд?
  3. Мухити кории Windows-ро бо ёрии равзанаи кадом папка ба танзим овардан мумкин аст?
  4. Программаи Панели идоракуниро чи тавр ба кор даровардан мумкин аст?
  5. Зарурати батанзимории таърихи руз ва вакти компютери дар чист?
  6. Хосиятхои равзанахои папкахоро чи тавр ба танзим овардан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Аз Менюи асосии Windows ва папкаи Компютери ман истифода бурда равзанаи папкаи Панели идоракуниро кушоед ва ба элементхои майдони кории он бодиккат зехн монед.
  3. Аз имкониятхои равзанаи Панели идоракуни истифода бурда вакт ва таърихи рузи компютериро ба танзим оред.
  4. Аз нишонахои Шрифты, Система, Язык и стандарты-и папкаи Панели идоракуни истифода бурда, дар дафтаратон дар бораи таъинот ва вазифахои программахои мувофики ин нишонахо маълумот биёред.
  5. Равзанахои нишонахои бокимондаи майдони кории папкаи Панели идоракуниро ба воситаи ду маротиба пахш намудани тугмаи чапи муш кушоед ва доир ба программахои ба онхо мувофик маълумот пайдо намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …