Главная / Чамъият / БАРНОМАИ ИСЛОХОТИ НИЗОМИ АДОЛАТИ СУДИ НИСБАТИ КУДАКОН  БАРОИ СОЛХОИ 2017-2021 

БАРНОМАИ ИСЛОХОТИ НИЗОМИ АДОЛАТИ СУДИ НИСБАТИ КУДАКОН  БАРОИ СОЛХОИ 2017-2021 

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз “29” июни соли 2017, № 322 тасдик шудааст

1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

  1. Барномаи ислохоти низоми адолати суди нисбати кудакон барои солхои 2017-2021 (минбаъд – Барномаи мазкур) дар асоси Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бахри ичрои мукаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттахид оид ба хукуки кудак, меъёрхо ва стандартхои асосии байналмилалии адолат нисбати кудакон ва тавсияхои дахлдор дар сохаи адолати суди нисбати кудакон, ки аз чониби макомоти карордодаш Созмони Милали Муттахид ва Шурои Созмони Милали Муттахид оид ба хукуки инсон барои Чумхурии Точикистон пешниход гардидаанд, равона карда шудааст.
  2. Хадафи Барномаи мазкур ба меъёрхо ва стандартхои байналмилали мутобик намудани конунгузори ва амалия дар сохаи адолати суди нисбати кудакон буда, барои таъсис додани низом барои кудакони хукуквайронкунанда, шохид ё чабрдидаи чиноят ва зуровари замима мегузорад. Барномаи мазкур муносибати муносибро нисбат ба кудакон, ки дар он хукук ва шаъну эътибори онхо эхтиром карда мешавад, таъмин сохта, нисбати эхтиёчоти хар як кудак дар алохидаги самаранок эътино намуда, барои кохиш додани сатхи хукуквайронкуни ва такроран содир намудани он дар байни кудакон мусоидат мекунад.
  3. Барномаи мазкур нисбати кудакони зерин равона шудааст:

– кудакони ба синни чавобгарии чинояти расидае, ки хукуквайронкуни содир намудаанд;

– кудакони ба синни чавобгарии чинояти нарасидае, ки кирдори чиноятиро содир намудаанд;

– кудакони шохид ё чабрдидаи чиноят ва зуровари.

2. ИТТИЛООТИ МУХТАСАР ВА ДАСТОВАРДХО

  1. Чумхурии Точикистон иштирокчии шартномахои асосии байналмилали оид ба хукуки инсон буда, меъёру принсипхои онхо кисми таркибии конунгузории чумхуриро ташкил медиханд. Дар асоси шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон оид ба хукуки инсон, инчунин тавсияхои макомоти гуногуни Созмони Милали Муттахид ва дигар созмонхои байналмилали ба конунгузории кишвар тагйирот ворид гардида, конунхои нав кабул мешаванд.
  2. Чумхурии Точикистон иштирокчии Конвенсияи Созмони Милали Муттахид оид ба хукуки кудак мебошад. Соли 2010 дар натичаи гузориши даврии Чумхурии Точикистон ба Кумитаи Созмони Милали Муттахид оид ба хукуки кудак тавсияхои нихои пешниход шуданд, ки онхо ба масъалахои адолати суди нисбати кудакон низ дахл доранд. Хамчунин дар натичаи баррасии гузоришхои миллии Чумхурии Точикистон аз чониби Шурои Созмони Милали Муттахид оид ба хукуки инсон ва дигар сохторхои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттахид тавсияхои дахлдор оид ба масъалахои адолати суди нисбати кудакон пешниход гардидаанд.
  3. Тавсияхои нихоии Шурои Созмони Милали Муттахид оид ба хукуки инсон ва Кумитаи Созмони Милали Муттахид оид ба хукуки кудак нуктаи ибтидои барои воридсозии меъёрхои стандартхои байналмилали дар конунгузории миллии Чумхурии Точикистон гардиданд.
  4. Мохи сентябри соли 2001 Комиссияи назди Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба хукуки кудак таъсис дода шуд.
  5. Бо максади амалигардонии мукаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттахид оид ба хукуки кудак, меъёрхо ва стандартхои асосии байналмилали вобаста ба адолати суди нисбати кудакон Накшаи амали милли оид ба ислохот дар самти адолат нисбати ноболигон барои солхои 2010-2015 тасдик ва амали карда шуд.
  6. Бо ташаббуси Президенти Чумхурии Точикистон бо максади таъмини эхтиром, риоя, хифз ва пешбурди хукук ва озодихои кудак соли 2016 мансаби муовини Ваколатдор оид ба хукуки инсон дар Чумхурии Точикистон – Ваколатдор оид ба хукуки кудак дар Чумхурии Точикистон таъсис дода шуд.
  7. Бо максади такмили конунгузории танзимкунандаи низоми адолати суди нисбати кудакон ба кодексхои оила, чинояти, мурофиавии чинояти, ичрои чазои чинояти ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тагйиру иловахо ворид карда шуданд. Инчунин конунхои Чумхурии Точикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар хабс нигох доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи пешгирии зуровари дар оила”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи хифзи хукукхои кудак” ва “Дар бораи муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба курбониёни савдои одамон” кабул гардида, дар онхо мукаррароти дахлдор дар сохаи адолати суди нисбати кудакон мутобики меъёрхо ва стандартхои байналмилали пешбини карда шуданд.
  8. Дар санадхои меъёрии хукукии зикргардида кафолатхои мухими зерин оид ба хифзи хукуки кудак дар низоми адолати суди нисбати кудакон пешбини карда шудаанд:

– хангоми пурсиши кудакон иштироки хатмии адвокат, намояндаи конуни, омузгор ва ё равоншинос хатми мебошад;

– пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиг наметавонад дар як руз бетанаффус зиёда аз 2 соат ва дар мачмуъ бештар аз 4 соат давом ёбад;

– хангоми кабули кудак ба хар чое, ки аз чомеа дар алохидаги нигох дошта мешавад, муоинаи тиббии кудак гузаронида мешавад;

– синну соли хадди акал барои таъкиби чинояти аз 14-солаги муайян карда шудааст;

– мухлати нихоии тафтиши парвандахои чинояти нисбати кудак то 6 мох мукаррар карда шудааст;

– мухлати нихоии аз озоди махрум намудани кудак то 12 сол мукаррар шудааст.

  1. Аз соли 2010 огоз намуда, омузонидани кормандон яке аз самтхои мухими фаъолият мебошад, ки аз чониби хамаи вазорату идорахо амали гашта, бахри баланд бардоштани сатхи маърифатноки оид ба хукук ва манфиатхои кудакон байни судяхо) кормандони макомоти хифзи хукук, хадамоти пешгирии хукуквайронкуни дар байни ноболигон ва чавонон, прокурорхо ва макомоти дахлдор равона карда шудааст.
  2. Муносибат ва гамхори дар хамаи муассисахои шакли пушида ва нимпушида дар натичаи гузаронидани мониторингхои мустакил, навсози ва баркароркуни, тайёр намудани кадрхо, омузонидани кормандони ичтимои, равоншиносон ва гузаронидани чорабинихои пешгирикунанда барои кудакон бехтар гардидааст.

3. МУШКИЛИХО

  1. Новобаста аз дастовардхо дар сохаи адолати суди нисбати кудакон баъзе аз бандхои Накшаи амали милли оид ба ислохот дар самти адолат нисбати ноболигон барои солхои 2010-2015 ба таври дахлдор ичро нагардиданд. Яке аз сабабхои ичро нагардидани бандхои алохидаи Накшаи мазкур мавчуд набудани механизми самараноки хамохангсози мебошад.
  2. Мушкилихои дигар низ чой доранд:

– кудакони хукуквайронкунанда (гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда) тибки конунгузории чумхури хукуки дастраси ба ёрии хукукии ройгонро доранд. Аммо дар амалия барои таъмини ёрии хукукии саривакти ва хизматрасонии ичтимои мушкилихо чой доранд;

– дар Чумхурии Точикистон чомеаи шахрванди барои пешниходи хизматрасони вобаста ба дастгирии ичтимои барои кудакони хукуквайронкунанда ва дар тахияи санадхои меъёрии хукуки дар сохаи адолати суди нисбати кудакон ба таври фаъол чалб карда нашудааст;

– вобаста ба ташкили таъмини химояи кудакони шохид ё чабрдидаи чиноят ва зуровари маълумоти омори вучуд надорад, дар холе ки ин гурухи кудакон ба ёри ва дастгирии дахлдор на камтар аз кудакони хукуквайронкунанда эхтиёч доранд.

4. ХАДАФХО ВА ВАЗИФАХО

  1. Дар асоси меъёрхои конунгузори ва ухдадорихои байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон хадафхои асосии Барномаи мазкур аз инхо иборат мебошад:

– тахкими хамохангсози ва мониторинг дар низоми адолати суди нисбати кудакон;

– кохиш додани шумораи содиршавии чиноятхои такрории кудакон бо рохи вокуниши самаранок ба талаботи хар як кудак дар алохидаги;

– таъсис додани низоми нисбати кудакон некхохонаи адолати суди, ки хукуки онхоро дар конунгузори ва амалия хифз намояд;

– тахияи барномахои самаранок оид ба офиятбахши ва хамгироии кудакон ба чомеа.

  1. Барномаи мазкур барои расидан ба хадафхои асоси ичрои вазифахои зерияро пешбини менамояд:

– дар сатхи вазорату идорахои дахлдор бехтар намудани хамохангсози ва мониторинги низоми адолати суди нисбати кудакон;

– ташкили низоми некхохонаи адолати суди нисбати кудакон, инчунин таъмини муносибати сазовор нисбати кудакони хукуквайронкунанда, эхтироми хукук ва шаъну эътибори онхо;

– рушди хизматрасони вобаста ба таъминоти ичтимои ва офиятбахши дар муассисахои шакли пушида ва нимпушида бо максади дастгирии самаранок ва мусоидат барои хамгироии бомуваффакияти кудакон ба чомеа баъди баромадан аз муассиса;

– рушд ва таъмини хизматрасонии ичтимои ва равонии кудаконе, ки шохид ё чабрдидаи чиноят ва зуровари мебошанд.

5. ПРИНСИПХО ВА АМАЛХО

  1. Принсипхои асосии Барномаи мазкур инхо мебошанд:

– чорахои дорои хислати пешгирикунанда хамчун усули асоси дар низоми адолати суди нисбати кудакон;

– офиятбахши ва хамгирои хамчун хадафи аввалиндарачаи хамаи чорахои чавоби нисбати кудакони хукуквайронкунанда;

– таъмини чорахои алтернативии таъсиррасони нисбати кудакони хукуквайронкунанда бо максади рахоии онхо аз низоми расмии адолати судии чинояти;

– пеш ва баъд аз мурофиаи суди аз озоди махрум намудани кудакони хукуквайронкунанда хамчун чораи истиснои ва ба мухлати кутохтарини чоиз.

  1. Барномаи мазкур раванди рушди низоми адолати суди нисбати кудаконро дар бар гирифта, ба стандартхои байналмилали чавобгу мебошад ва ба амали намудани ислохот дар асоси накшаи амалхо оид ба ичрои Барномаи ислохоти низоми адолати суди нисбати кудакон барои солхои 2017-2021 мутобики замима (минбаъд – Накшаи амалхо) равона гардидааст.
  2. Дар давраи амалигардии Накшаи амалхо Хукумати Чумхурии Точикистон, вазорату идорахо, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотхо бо созмонхои байналмилали, аз чумла бо намояндагии Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттахид (ЮНИСЕФ) дар Точикистон, инчунин чомеаи шахрванди хамкори менамоянд.

6. НАТИЧАХОИ ДАРНАЗАРДОШТАШУДА

  1. Амали гардидани Барномаи мазкур барои таъсиси низоми мачмуии адолати суди нисбати кудакон дар Чумхурии Точикистон тавассути амалхои зерин имконият медихад:

– мутобик намудани конунгузории сохаи адолати суди нисбати кудакон ба меъёрхо ва стандартхои байналмилали;

– омузонидани кормандони макомот ва муассисахои давлати вобаста ба риояи хукукхои кудакон;

– ислохоти муассиоахои махсусгардонидашудаи шакли пушида ва нимпушида бо максади ба меъёрхо ва стандартхои байналмилали мутобик намудани муносибат ва гамхори нисбати кудакон;

– бехтаргардонии иттилоотонии ахоли вобаста ба масъалахои адолати суди нисбати кудакон;

– таъсис додани низоми некхохонаи адолати суди нисбати кудакон.

  1. Амалишавии Барномаи мазкур бояд барои гузариш аз рушди низоми адлияи ноболигон ба рушди низоми адолати суди нисбати кудакон, ки такмили пешгирии хукуквайронкунии кудакон, химояи самаранок дар амали гардидани адолати суди нисбати кудакони хукуквайронкунанда, шохид ё чабрдидаи чиноят ва зуровари, офиятбахшии ичтимоии онхо, бо дарназардошти чинс, хусусиятхои инкишофи аклони, чисмони ва рухи, инчунин хамгироии кудаконро ба чомеа пас аз адои чазо дар намуди махруми аз озоди пешбини мекунад, замина гузорад.

7. ЗАМИНАХОИ МУСОИД ВА ТАВАККАЛИ АМАЛИГАРДИИ БАРНОМАИ МАЗКУР

  1. Яке аз заминахои мухими бомуваффакият амали гардидани Барномаи мазкур такмил додани конунгузори дар сохаи адолати суди нисбати кудакон, инчунин механизми самараноки хамкори ва хамохангсози байни макомоти давлати ва чомеаи шахрванди дар амалишавии минбаъдаи он мебошад. Рушди иктидори давлат, чомеаи шахрванди, истифодаи васеи амалияи байналмилали ва усулхои инноватсиони дар сохаи хифзи хукукхои кудакони хукуквайронкунанда, шохид ё чабрдидаи чиноят ва зуровари омилхои мусбат барои амалигардии Барномаи мазкур мебошанд.
  2. Дар баробари омилхои мусбат омилхое мавчуданд, ки метавонанд барои амали гардидани Барномаи мазкур монеъ шаванд, аз чумла норасоии воситахои молияви, иктидори нокифояи кадри ва гайра.
  3. Низоми мониторинг ва арзёбии амалигардии Барномаи мазкур дар мархилаи ичрои он яке аз чузъхои калиди мебошад, зеро бо ду рохи алтернативи – давлати (расми) ва гайридавлати (чомеаи шахрванди) гузаронидани мониторинг ва баходихии Барномаи мазкур ба накша гирифта шудааст.
  4. Дар асоси натичахои мониторинг мархила ба мархила самаранокии амалигардии Накшаи амалхо, бартари ва норасоихо дар фаъолияти ичрокунандагон ва хамохангсозии макомоти давлати арзёби мегардад.

 Замима

ба Барномаи ислохоти низоми адолати суди нисбати кудакон барои солхои 2017-2021

Накшаи амалхо оид ба ичрои Барномаи ислохоти низоми адолати суди нисбати кудаконбарои солхои 2017-2021

Намуди фаъолият Мухлати ичро Макомоти масьул Натича
1 2 4 3
1. Фаъолияти хамохангоози
1 Муайян намудани шахсони масъул аз чониби вазорату идорахои дахлдор барои амали гардонидани Барномаи ислохоти низоми адолати суди нисбати кудакон барои солхои 2017-2021 ва пешниходи шахсони мазкур ба гурухи кории байниидорави Июли

соли 2017

Вазоратхои адлия, корхои дохили, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, маориф ва илм, мехнат, мухочират ва шугли ахоли, Суди Оли, Прокуратураи генерали, Ваколатдор оид ба хукуки инсон, Агентии омор Гурухи кории байниидорави вобаста ба масъалахои ислохоти низоми адолати суди нисбати кудакон аз хисоби намояндагони вазорату идорахо таъсис дода шуд
2 Гузаронидани мулокоти аъзои гурухи кори оид ба масъалахои ислохоти низоми адолати суди нисбати кудакон 2 маротиба дар як сол ва хангоми зарурат Вазоратхои адлия, корхои дохили, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, маориф ва илм, мехнат, мухочират ва шугли ахоли, Суди Оли, Прокуратураи генерали, Ваколатдор оид ба хукуки инсон, Агентии омор Мулокоти аъзои гурухи кори оид ба масъалахои ислохоти низоми адолати суди нисбати кудакон гузаронида шуд
3 Ба нашр расонидани натичахои мониторинг оид ба рафти ичрои Барномаи мазкур 2017-2021

(як маротиба

дар ду сол)

Вазоратхои адлия, корхои

дохили, тандурусти ва

хифзи ичтимоии ахоли, маориф ва илм, мехнат,

мухочират ва шугли ахоли,

Суди Оли, Прокуратураи

генерали, Ваколатдор оид

ба хукуки инсон, Агентии омор

Натичахои

мониторинг оид ба

рафти ичрои

Барномаи мазкур

нашр гардиданд

4 Таъсиси механизми чамъоварии маълумоти омори оид ба кудакони хукуквайронкунанда, шохид ё чабрдидаи чиноят ва зуровари 2017-2019 Прокуратураи генерали. суди Оли, вазоратхои корхои дохили, адлия, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, маориф ва илм, мехнат, мухочират ва шугли ахоли, иттифоки адвокатхо Механизми чамъоварии маълумоти омори оид ба кудакони хукуквайронкунанда, шохид ё чабрдидаи чиноят ва зуровари ва зуровари таъсис дода шуд
2. Конунгузори дар сохаи адолати суди нисбати кудакон
5 Гузаронидани тахлили

конунгузори (аз чумла

санадхои зерконуни-дастурамалхо ва гайра)

вобаста ба ислохоти

низоми адолати суди

нисбати кудакон, аз чумла

кудакони шохид ё

чабрдидаи чиноят ва зуровари

2017-2018 Вазоратхои адлия, корхои

дохили, тандурусти ва

хифзи ичтимоии ахоли, маориф ва илм, мехнат,

мухочират ва шугли ахоли,

Суди Оли, Прокуратураи

генерали, Ваколатдор оид

ба хукуки инсон

Тахлили конунгузори

вобаста ба ислохоти

низоми адолати суди

нисбати кудакон, аз

чумла кудакони

шохид ё чабрдидаи

чиноят ва зуровари

гузаронида шуд

6. Баррасии масъалаи ворид
намудани тагйиру иловахо
ба кодексхои мурофиавии
чинояти ва хукуквайронкунии
маъмури вобаста ба танзими масъалахои зерин:
– аз чониби танхо муфаттишон ва ё прокурорхои

махсусомузонидашуда
гузаронидани тафтишоти
парвандахо нисбати

кудакон;

– кудаки дастгиршуда дар
давоми 12 соат бояд
пурсида шавад;

– кам кардани мухлати
нигох доштани кудак дар
макомоти дахлдор аз 72
соат то ба 24 соат;

– тартиби фавран огох
намудани падару модар ва
намояндагони конунии
кудак дар бораи холати
дастгиркуни;

– дар алохидаги нигох
доштани кудакон аз
калонсолон дар тамоми
мархилахои дар хабс нигох
доштан (аз чумла ба суд ва

дигар муассисахо интикол додан);

– равон намудани кудакон
ба маркази тахсилоти
иловаги ва дигар
марказхои баркарорсози,
хамчун  чораи
таъсиррасонии тарбияви;

– хучрахои хайрхохона барои пурсиши кудак дар судхо ва       макомоти тафтишоти

2017-2019

Прокуратураи генерали,

вазоратхои корхои дохили,

адлия, маориф ва илм, мехнат, мухочират ва

шугли ахоли, Суди Оли,

Ваколатдор оид ба хукуки

инсон

 

Тагйиру иловахои дахлдор ба кодексхои мурофиавии чинояти ва хукуквайронкунии маъмури ворид карда шуданд

 

7

Баррасии масъалаи ворид намудани тагйиру иловахо ба  Кодекси ичрои чазои чиноятии            Чумхурии Точикистон вобаста ба танзими масъалахои зерин:

– манъи чойгиркунии кудак дар                тавкифгоххои (изоляторхои) интизоми;

– ташхиси хатмии кудакон аз    чониби кормандони тиббии   мустакил чихати муайян                 намудани нишонахои          зуровари, татбики шиканча       ва муносибати берахмона нисбати онхо

2017-2019Вазоратхои адлия, корхои дохили, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, маориф ва илм, мехнат, мухочират ва шугли ахоли, Суди Оли, Прокуратураи генерали, Ваколатдор оид ба хукуки инсонБа Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон тагйиру иловахои дахлдор ворид карда шуданд8

Баррасии масьалаи ворид намудани тагйиру иловахо ба     Конуни Чумхурии Точикистон   “Дар бораи тартиб ва шароити дар хабс нигох доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” вобаста ба танзими масъалахои зерин:

– манъи пурраи якчоя нигох доштани кудакон бо калонсолон;

– ташхиси хатмии кудакон аз     чониби кормандони тиббии   мустакил чихати муайян              намудани нишонахои          зуровари, татбики шиканча ва муносибати берахмона нисбати онхо;

– манъи чойгиркунии кудак дар                тавкифгоххои (изоляторхои) интизоми

2017-2019Вазорати корхои дохили, адлия, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, маориф ва илм, мехнат, мухочират ва шугли ахоли, Суди Оли, Прокуратураи генерали, Ваколатдор оид ба хукуки инсонБа Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар хабс нигох доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” тагйиру иловахои дахлдор ворид карда шуданд9

Баррасии масъалаи ворид намудани тагйиру иловахо ба     Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи тахсилоти     иловаги” ва Низомномаи намунави дар бораи              муассисахои тахсилоти             иловагии Чумхурии        Точикистон вобаста ба       танзими масъалахои зерин:

– таъсиси хадамоти ичтимои       дар назди комиссияхо оид ба хукуки кудак дар шахру нохияхои чумхури;

– омузондан ва тайёр намудани         кормандони ичтимои,    омузгорон ва равоншиносон  барои кор бо   кудакон   дар   низоми адолати     суди     нисбати кудакон

2017-2020Вазорати маориф ва илм, макомоти махаллии хокимияти давлати, вазоратхои адлия, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолиБа Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи тахсилоти иловаги” ва Низомномаи намунави дар бораи муассисахои тахсилоти иловагии Чумхурии Точикистон тагйиру иловахои дахлдор ворид карда шуданд3. Такмили ихтисоси кормандони макомоти дахлдор10Тахия ва чори намудани накшахои тайёрии касбии хатми вобаста ба хукукхои кудак барои кормандони макомоти хифзи хукук ва муассисахои пенитенсиари2017Вазоратхои корхои дохили, адлия, Суди Оли, Прокуратураи генералиНакшахои дахлдор тахия ва чори карда шуданд11Омузонидани кормандони Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, аз чумла нозирони минтакави, муфаттишон ва ваколатдорони оперативии милитсия вобаста      ба адолати суди нисбати кудаконмунтазамВазорати корхои дохилиКурохои омузиши гузаронида шуданд12Такмили ихтисоси адвокатхо дар сохаи хифзи хукукхои        кудак ва омузонидану              тайёр намудани адвокатхои махсус дар заминаи машваратгоххои хукуки дар   марказхои шахр ва вилоятхои чумхури2017-2019Иттифоки адвоктхо, Вазорати адлия

1. Курсхои такмили ихтисоси адвокатхо гузаронида шуданд;

2. Адвокатхои дахлдор омузонида ва тайёр карда шуданд

13Такмили иктидори судяхо дар   сохаи адолати суди нисбати кудакон тавассути чорабинихои омузиши ва ба     барномаи Маркази таълимии   судяхои назди Суди Оли ворид намудани мавзуъ вобаста ба адолати суди нисбати кудаконмунтазамСуди ОлиБа барномаи Маркази таълимии судяхои назди Суди Оли мавзуъ вобаста ба адолати суди нисбати кудакон ворид карда шуд4. Пешгири, офиятбахши ва хамгирои14Омузиши масъалаи имконияти              таъсиси хадамоти шартан татбикнамои барои кудакони хукуквайронкунанда2017-2018Вазоратхои адлия, корхои дохили

Имконияти таъсиси хадамоти шартан татбикнамои барои кудакони

хукуквайронкунанда

15Гузаронидани тахдил оид ба накши равоншинос дар низоми      адолати суди нисбати кудакон2017-2018Вазоратхои маориф ва илм, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолиТахлил оид ба накши равонпшнос дар низоми адолати суди нисбати кудакон гузаронида шуд16Тахияи барномахои пешгирикунанда дар хамаи              муассисахои таълими бо      максади огохонии хукуквайронкуни байни кудакон2017-2019Вазоратхои маориф ва илм, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, мехнат, мухочират ва шугли ахоли, корхои дохили, адлия, Прокуратураи генералиБарномахои пешгирикунанда дар хамаи муассисахои таълими тахия карда шуданд17Баррасии масъалаи ворид намудани тагйиру иловахо ба Низомномаи намунавии муассисахои тахсилоти иловагии Чумхурии Точикистон чихати пешбини             намудани хизматрасонихои     зарури барои кудакони хукуквайронкунанда2017-2018Вазоратхои маориф ва илм, корхои дохили, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, мехнат, мухочират ва шугли ахоли, адлия, Суди Оли, Прокуратураи генералиМасъалаи тачдиди назар намудани Низомномаи намунавии муассисахои тахсилоти иловагии Чумхурии Точикистон барраси карда шуд18

Омода намудани хучрахои

нави хайрхохона барои

пурсиши кудакон дар

судхо ва макомоти

тафтишоти

2017-2019

Суди Оли, Вазорати

корхои дохили,

Прокуратураи генерали

Хучрахои нави

хайрхохона барои

пурсиши кудакон

омода карда шуданд

5. Ислохоти муассисахои шакли пушида ва нимпушида19Тахлили шароити нигохдории кудакон дар муассисахои шакли пушида ва нимпушидамунтазам

Вазоратхои адлия, корхои

дохили, маориф ва илм,

тандурусти ва хифзи

ичгимоии ахоли, мехнат,

мухочират ва шугли ахоли,

Прокуратураи генерали,

Ваколатдор оид ба хукуки

инсон

Тахлили шароити

нигохдории кудакон

дар хамаи

муассисахои шакли

пушида ва нимпупшда

гузаронида шуд

20

Такмили ихтисоси хайати

кормандони муассисахои

шакли пушида ва нимпушида, ки бо кудакон кор мекунанд

мунтазам

Вазоратхои адлия, корхои

дохили, маориф ва илм,

тандурусти ва хифзи

ичтимоии ахоли, мехнат,

мухочират ва шугли ахоли,

Прокуратураи генерали

Курсхои такмили

ихтисоси кормандони

муассисахои шакли

пушида ва нимпушида, ки бо кудакон кор

мекунанд, гузаронида

шуданд

21

Тахия, кабул ва амалигардонии барномахо вобаста ба пешгири   ва офиятбахшии кудакони

хукуквайронкунанда дар

асоси арзёбии эхтиёч ва талаботи инфиродии онхо

мунтазам

Вазоратхои адлия, корхои

дохили, маориф ва илм,

тандурусти ва хифзи

ичтимоии ахоли

Барномахои дахлдор

тахия, кабул ва амали

шуданд

22

Баррасии масъалаи ба вохиди кории кормандони хадамоти нозироти корхои ислохии     ичрои чазои чинояти ворид  намудани вохиди кории нозири кор бо кудакон аз хисоби

шумораи кормандони

мавчуда

2017-2018Вазорати адлия

Масъалаи ба вохиди

кории кормандони

хадамоти нозироти

корхои ислохии

ичрои чазои чинояти

ворид намудани

вохиди кории нозири

кор бо кудакон

барраси карда шуд

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …