Главная / Чамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯ, ИНТИХОБ ВА ЧОБАЧОГУЗОРИИ КАДРХОИ РОХБАРИКУНАНДА

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯ, ИНТИХОБ ВА ЧОБАЧОГУЗОРИИ КАДРХОИ РОХБАРИКУНАНДА

Замимаи 1 ба карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 1 апрели соли 2017, № 158

tarbiyai-kalonsolonБАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯ, ИНТИХОБ ВА ЧОБАЧОГУЗОРИИ КАДРХОИ РОХБАРИКУНАНДАИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН АЗ ХИСОБИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ЛАЁКАТМАНД БАРОИ СОЛХОИ 2017-2022

1. Мукаддима

  1. Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва чобачогузории кадрхои рохбарикунандаи Чумхурии Точикистон аз хисоби занону духтарони лаёкатманд барои солхои 2017-2022 (минбаъд – Барнома) чихати ичрои дастуру супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон, ки рузи 6 марти соли 2015 дар мачлиси тантанави бахшида ба Рузи модар ва эълон гардидани соли 2015 “Соли оила” баён гардидаанд ва тибки мукаррароти Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон “Дар бораи Хукумати Чумхурии Точикистон”, конунхои Чумхурии Точикистон “Дар бораи кафолатхои давлатии баробархукукии мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо”, “Дар бораи пешгирии зуровари дар оила”, Стратегияи миллии фаъолгардонии накши занон дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2020, Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамухлати рушди Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020 ва дигар хуччатхои стратегии сохаи пешбурди баробарии гендери ва баланд бардоштани накш ва макоми зан дар чомеа тахия шудааст.
  2. Барнома ба татбики ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон оид ба бартараф намудани нобаробарии гендери мувофики принсипхо ва самтхои Конвенсия оид ба бархам додани хама гуна шаклхои табъиз нисбати занон, Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он, Хадафхои Рушди Устувор ва ичрои дигар максаду вазифахои дорои хусусиятхои гендери нигаронида шудааст.

2. Тахлили вазъи умуми

  1. Тайи солхои сохибистиклоли тахти рохбарии бевоситаи Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон Хукумати Чумхурии Точикистон тавонист, ки барои бехбуди вазъи занон таваччухи хосса зохир намояд.
  2. Аз рузхои аввали Истиклолияти давлати то ба имруз бо максади таъмини иштироки васеи занон дар хаёти чамъиятию сиёси, ичтимоию иктисодии чумхури Хукумати Чумхурии Точикистон як катор санадхои меъёрии хукукиро кабул намуд, ки онхо чихати баланд бардоштани макоми зан дар бунёди чомеаи демократи накши мухим мебозанд. Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 “Дар бораи тадбирхои баланд бардоштани макоми зан дар чомеа” бахри аз байн бурдани мушкилоти гендери оид ба накши зан дар чомеа заминаи мусоид фарохам овард.
  3. Тахия, кабул ва амалигардонии санадхои меъёрии хукукии дигар дар самти бехдошти вазъи занон, аз чумла Барномаи давлатии “Самтхои асосии сиёсати давлати оид ба таъмини хукуку имкониятхои баробари мардон ва занон дар Чумхурии Точикистон барои солхои 20012010”, конунхои Чумхурии Точикистон “Дар бораи кафолатхои давлатии баробархукукии мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо”, “Дар бораи пешгирии зуровари дар оила”, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва чобачогузории кадрхои рохбарикунандаи Чумхурии Точикистон аз хисоби занону духтарони лаёкатманд барои солхои 2007-2016, Стратегияи миллии фаъолгардонии накши занон дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2020 ва Барномаи давлатии пешгирии зуровари дар оила дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2014-2023 барои бехтар намудани сатхи ичтимоию иктисоди, фархангию маърифатии оилахо, пешгирии зуровари нисбати занон, баланд бардоштани макоми зан дар чомеа, иштироки фаъолонаи онхо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрхои болаёкату донишманд аз хисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати хукукии занон мусоидат намуданд.
  4. Бо максади чалб ва пешбари намудани занхо ба вазифахои рохбарикунанда бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 496 Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва чобачогузории кадрхои рохбарикунандаи Чумхурии Точикистон аз хисоби занону духтарони лаёкатманд барои солхои 2007-2016 кабул гардид, ки барои баланд гаштани обруву нуфузи зани точик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатхи рохбарикунанда замина гузошт.

3. Максад ва вазифахои Барнома

  1. Максадхои Барнома:

– амалигардонии сиёсати давлати дар самти таъмини хукукхо ва имкониятхо доир ба тарбия, интихоб ва чобачогузории кадрхои рохбарикунандаи кишвар аз хисоби занону духтарони лаёкатманд;

– таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлати;

– таъмини хукуки баробари мардон ва занон хангоми пешниход ва таъин намудан ба вазифахои рохбарикунанда;

– чалби бештари духтарон ба тахсил дар зинаи сеюми тахсилоти муассисахои тахсилоти умуми ва муассисахои тахсилоти олии касби;

– омода намудани кадрхои чавон аз хисоби донишчудухтарон.

  1. Бо дарназардошти хадафхои муайяншуда Барномаи мазкур ичрои вазифахои зеринро пешбини менамояд:

– баланд бардоштани дарачаи ракобатпазирии занхо дар сохаи хизмати давлати;

– мусоидат намудан дар болоравии махорату малакаи касби, хисси масъулият ба вазифаи ишголкарда, тарбияи ахлоки ва ватандустиву ватанпарасти;

– такмили механизмхои хамкори байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар масъалаи интихоб ва чобачогузории кадрхо аз хисоби занони лаёкатманд;

– тахкими робитаи муассисахои тахсилоти умуми бо оила дар самти фаъолият оид ба тарбияи шоистаи фарзандон ва чалби духтарбачагони синни мактаби ба тахсил;

– хавасмандгардонии донишчудухтарони лаёкатманд;

– бартараф намудани номувофикатии таносуби касби бо рохи тахия намудани механизмхои мусоидаткунанда барои гирифтани ихтисосхое, ки талабот ба онхо зиёд аст;

– рушди хамкории сохторхои давлатии сохави бо чомеаи шахрванди дар масъалаи баланд бардоштани неруи занон дар сохаи хизмати давлати;

– фаъол гардонидани накши воситахои ахбори омма дар масъалаи бартараф намудани колабхои гендерии таксими накшхои мардон ва занон дар чомеа, ташаккул додани имичи зан-рохбар.

4. Самтхои асосии амалигардонии Барнома

  1. Амалигардонии Барнома амали намудани тадбирхои зеринро пешбини менамояд:

– тахияи санадхои меъёрии хукукие, ки кафолатхои давлатии намояндагии баробари занону мардонро дар зинахои гуногуни макомоти хокимияти давлати, аз чумла дар сатхи кабули карорхо таъмин менамоянд;

– мунтазам нав ва пурра намудани махзани кадри аз хисоби занону духтарон барои хизмати давлати аз руи ихтисосхо;

– гузаронидани тахлили гендерии интихоб ва чобачогузории кадрхо дар хама сатхи макомоти хокимияти ичроия, конунгузор ва суди;

– баланд бардоштани маърифати сиёси ва хукуки, малакаи касби ва фаъолнокии худи занон;

– бештар чалб намудани духтарон ба тахсил дар синфхои болои ва муассисахои тахсилоти олии касби;

– мунтазам гузаронидани мониторинг ва арзёбии вазъи пешбарии занон ба вазифахои рохбари;

– ташкили курсхои бозомузи ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлати, кормандони вазорату идорахо, муассисахои тахсилоти олии касби, чомеаи шахрванди;

– ташкили барномахои таълими бо истифода аз технологияхои нав ва усулхои фаъоли таълим барои занон дар заминаи курсхои бозомузии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон, аз чумла тахияи модулхое, ки ба баланд бардоштани кобилияти худбаходихии занон дар раванди идоракунии давлат ва макомоти махалли равона гардидаанд;

– зиёд намудани квотахои президенти барои духтарон аз руи ихтисосхои менечмент, технологияхои коммуникатсиони, саноати кухкори, энергетика ва кишоварзи;

– амали намудани накшахои муштарак бо ташкилотхои чамъияти дар самти тарбияи кадрхои рохбарикунанда аз хисоби занону духтарон;

– таъмини иштироки занону духтарон дар курсхои такмили ихтисос ва тахсил дар хоричи кишвар бо максади бозомузи ва табодули тачрибаи онхо;

– тавсеаи барномаю лоихахои муштарак бо иттиходияхои чамъияти ва хизбхои сиёси оид ба баланд бардоштани маърифати хукукии шахрвандон, пешбарии занон ба макомоти рохбарикунандаи хизбхои сиёси;

– баргузор намудани чорабинихои иттилоотию маърифати оид ба амалисозии баробарии гендери ва бартарафсозии колабхои гендери дар хама табакахои чомеа;

– тахияи барномахо, омода ва намоиши наворхо доир ба мавзуи ичтимои дар шабакахои давлатии телевизион ва радио, чопи мавод дар рузномаву мачаллахо дар бораи зарурати бартарафсозии колабхо оид ба накши мардон ва занон дар чомеа;

– тахияи барномахои телевизиони ва гуфторхои радиои оид ба муаррифии хаёт ва фаъолияти занони муваффаки рохбар.

5. Мониторинг ва арзёбии амалигардонии Барнома

  1. Максади мониторинг ва арзёби ин таъмини иттилооти саривакти, пурра ва сахех дар бораи рафти амалигардонии Барнома ва самаранокии он, фарохам овардани замина барои кабули карорхо оид ба идоракунии рафти ичрои Барнома мебошад.
  2. Мониторинг ва арзёбии рафти амалигардонии Барномаи мазкур дар асоои нишондихандахои зерин гузаронида мешавад:

– нишондихандахои раванди ичрои чорабинихое, ки дар Накшаи чорабинихо оид ба амалигардонии он пешбини гардидаанд;

– нишондихандахои захирахои сарфшаванда, ки сиёсати чалб ва таксимоти захирахои молиявии барои амалигардонии Барнома истифодашавандаро инъикос мекунанд;

– нишондихандахои натичахои нихои, ки тагйир ёфтани вазъи амалисозии стратегияхои давлатии кабулшударо мувофики вазифахои бамиёнгузоштаи Барнома тавсиф менамоянд;

– мониторинги Барнома дар асоси татбики чорабинихо ва аз руи захирахои молиявии масрафшаванда барои хар як чорабини гузаронида мешавад.

6. Натичахои пешбинишаванда

  1. Натичахои асосии пешбинишавандаи амалигардонии Барнома инхо мебошанд:

– амалисозии мачмуи тадбирхои конунгузори ва ниходи, инчунин дигар механизмхои чалби занхо ба раванди кабули карорхо, аз чумла чори намудани принсипи квотахои безарар дар гузаронидани озмун барои ишгол намудани вазифахои маъмури;

– камшавии тафовути гендери дар масъалаи дастрасии мардону занон ба гирифтани тахсилоти касби, хусусан аз руи ихтисосхои сатхи идоракуни;

– таъмини мунтазами нав ва пурра гардонидани махзани маълумот оид ба захираи кадрхо барои хизмати давлати бо намояндагии баробари номзадхо аз хисоби мардону занон аз руи сохахо ва дарачахои мансабхои давлати;

– омодакунии хисоботхои харсола оид ба натичахои мониторинг ва арзёбии ичрои Барнома;

– чори намудани курсхои махсус оид ба масъалахои гендери дар барномахои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон;

– то соли 2022 зиёд гаштани шумораи занхо дар байни хизматчиёни давлати то 40 фоиз ва дар байни рохбарон то 30 фоиз.

7. Маблаггузории Барнома

  1. Маблаги умуми барои амали намудани Барнома барои солхои 2017-2022 486 хазор сомониро ташкил медихад:

– барои соли 2017 76 хазор сомони;

– барои соли 2018 78 хазор сомони;

– барои соли 2019 80 хазор сомони;

– барои соли 2020 82 хазор сомони;

– барои соли 2021 84 хазор сомони;

– барои соли 2022 86 хазор сомони;

  1. Маблагхои иловаги аз хисоби дигар манбаъхои гайрибучетие, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, чалб карда мешаванд.

Замимаи 2

Замимаи 2

ба карори Хукумати

Чумхурии Точикистон

аз 1 апрели соли 2017, № 158

Накшаи чорабинихо

оид ба амалигардонии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва чобачогузории кадрхои

рохбарикунандаи Чумхурии Точикистон аз хисоби занону духтарони лаёкатманд

барои солхои 2017-2022

Хадафхои стратеги

р/т

Номгуи чорабинихо Мухлати ичро Масъулин Нишондихандахо
1. Такмили заминаи меъёрии хукуки бо максади васеъ намудани имкониятхои занон дар самти дастраси ба хизмати давлати 1.1. Ташкили гурухи коршиносии муштарак дар самти ташхиси гендерии санадхои меъёрии хукуки бо максади васеъ намудани имкониятхои занон дар самти дастраси ба хизмати давлати Март-апрели соли

2017

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, Вазорати адлия, Маркази миллии конунгузори, ташкилотхои чамъияти

(дар мувофика)

Мавчудияти гурухи коршиноси
1.2. Тахияи дастуру усулхо оид ба гузаронидани ташхиси гендерии санадхои меъёрии хукуки Соли 2017 Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, Вазорати адлия, Маркази миллии конунгузори, ташкилотхои чамъияти Усулхо ва дастурхои дахлдор тасдик шудаанд
1.3. Гузаронидани мухокимахои парламенти ва чамъияти вобаста ба масъалахои таъмини баробарии вокеии занон ва мардон

(дар мувофика)

Хамасола Дасттохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, ташкилотхои чамъияти Баргузории хамасола на кам аз 2 мухокимаи чамъияти
1.4. Гузарониданит тахлили гендерии раванди ташаккул ва истифодаи захираи кадрхо ва тахияи пешниходот оид ба ворид намудани тагйирот ба санадхои меъёрии дахлдор Солхои 2017-2018 Кумитаи кор бо занон ва оила, ташкилотхои чамъияти

(дар мувофика)

1. Мавчуд будани   хисобот аз руи

натичахои ташхиси гендери

2. Мавчуд будани санадхои меъёрии   хукуки бо дарназардошти омилхои гендери

2. Такмили  механизмхои хамкории Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар интихоб ва чобачогузории кадрхо аз хисоби занон 2.1. Мунтазам гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии сиёсати сохави оид ба кохишёбии нобаробарии гендери Солхои 2017-2022 Кумитаи кор бо занон ва оила,      Агентии хизмати          давлати, вазорату        идорахо, ташкилотхои чамъияти Мавчуд будани хисоботхои пахншудаи хамасолаи вазорату идорахо
2.2. Мунтазам нав ва пурра намудани махзани кадри аз хисоби занону духтарон барои хизмати давлати аз руи ихтисосхо Солхои 2017-2022 Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, вазорату идорахо Мавчуд будани махзани кадри аз хисоби занону духтарон барои хизмати давлати аз руи ихтисосхо
2.3. Ташкили сафархои хизмати бо максади омузиши тачрибаи давлатхои пешрафта дар масъалахои пешбарии сиёсии занон Солхои 2017-2022 Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, Вазорати корхои хоричи, вазорату идорахо, ташкилотхои чамъияти,  созмонхои байналмилали

(дар мувофика)

Теъдоди сафархои хизмати бо максади омузипш тачрибаи давлатхои пешрафта дар масъалахои пешбарии сиёсии занон
3. Васеъ намудани имкониятхои духтарон оид ба дастраси ба тахсилоти касбие, ки талабот ба онхо дар сатхи кадрхои

рохбарикунанда

зиёд аст

 

 

 

3.1. Гузаронидани тахлили гендери оид ба дастрасии чавонон ва духтарон ба гарифтани тахсилоти касби бо дарназардошти ихтисосхое, ки талабот ба онхо зиёд аст Хамасола Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати рушди иктисод ва савдо, Вазорати маориф ва илм, ташкилотхои чамъияти Мавчудияти хисоботи тахлили   оид ба дастраси          ба гирифтани тахсилоти касби бо

дарназардошти ихтисосхое, ки талабот ба онхо дар сатхи рохбарикунанда зиёд аст

3.2. Омода намудани пешниходот оид ба зиёд намудани квотахои президенти барои духтарон ба ихтисосхои  менечмент, технологияхои иттилооти-коммуникатсиони, кишоварзи ва пайгирии хамасолаи холати таносуби квотахои чудогардида Июни соли 2017 Вазорати рушди иктисод ва савдо, Вазорати маориф ва илм, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, Кумитаи кор бо занон ва оила 1. Мавчудияти карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон бо дарназардошти зиёд намудани квота барои духтарон ба ихтисосхои номбаршуда

2. Таносуби квотахои президентии чудогардида барои духтарон ва   писарон ба ихтисосхои номбаршуда

3.3. Гузаронидани мониторинги вазъи ба мансабхои рохбарикунанда пешбари

шудани занону духтароне, ки тибки квотаи президенти тахсилоти олиро гирифтаанд

Соли

2018

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати,

макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ташкилотхои чамъияти

Мавчудияти хисоботи тахлили   оид ба вазъи               ба мансабхои рохбарикунанда      пешбари шудани    занону духтароне,       ки тибки       квотаи президенти тахсилоти олиро гирифтаанд
 

 

 

3.4. Гузаронидани тадкикот чихати ба тахсили ибтидои ва миёнаи умуми фаро гирифтани духтарон ва муайян намудани сабабхои аз тахсил дур мондани духтарон Мунтазам Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо занон ва оила, Маркази тадкикоти стратеги, ташкилотхои чамъияти, созмонхои байналмилали

(дар мувофика)

Мавчудияти хисоботхои омодагардида аз руи натичахои тадкикоти гузаронидашуда
3.5. Ташкили тахсили духтарон дар муассисахои пешрафтаи тахсилоти олии кишвархои Иттиходи Давлатхои Мустакил ва хоричи дур Солхои 2017-2022 Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати Мавчудияти махзани маълумот      оид ба мутахассисоне, ки                   дар муассисахои пешрафтаи тахсилоти олии

кишвархои Иттиходи Давлатхои Мустакил ва   хоричи дур тахсил намудаанд

4. Тахияи мачмуи чорахо оид ба таквияти неруи занони сарвар, хизматчиёни давлати аз захираи кадрхо дар самти баланд бардоштани малака ва донишхои рохбари

 

 

 

4.1. Тахким бахшидани фаъолияти Шурои духтарон тавассути чоннок намудани корхои тарбияви, аз кабили вохури бо занон-рохбарон, адибон ва шахсони баруманд, ташкили шабнишинихо, мизхои мудаввар  ва конференсияхо дар муассисахои тахсилоти миёнаи умуми ва муассисахои тахсилоти ибтидоии касбии чумхури Солхои 2017-2022 Вазорати маориф ва илм, Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли, Кумитаи кор бо    занон ва оила, ташкилотхои чамъияти

(дар мувофика)

Теъдоди чорабинихои гузаронидашуда
4.2. Тавсеаи тачрибаи баргузории курсхо аз руи барномаи

“Зан-сарвар”

Солхои 2017-2022 Агентии хизмати давлати, Донишкадаи идоракунии давлати, Кумитаи кор бо занон ва оила, макомоти ичроияи махаллии  хокимияти давлати, ташкилотхои чамъияти Теъдоди духтарон         ва заноне, ки дар курсхои мазкур тахсил намудаанд
4.3. Гузаронидани курсхои омузиши такмили ихтисос аз руи барномаи “Менечменти нави давлати” бо истифода аз технологияхои нав ва усулхои интерактивии омузиш барои занон аз захираи кадрхо Солхои 2017-2022 Донишкадаи идоракунии давлати, Агентии хизмати давлати, Кумитаи кор бо занон ва оила, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати Теъдоди заноне, ки дар курси “Менечменти нави     давлати” тахсил намудаанд
4.4. Гузаронидани курсхои “Мактабхои сарвари” барои занхои сарвар дар сатхи махал Солхои 2017-2022 Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ташкилотхои чамъияти

(дар мувофика)

Теъдоди духтарон         ва заноне, ки

дар курсхои “Мактабхои сарвари” дар сатхи махал тахсил намудаанд

 

 

 

4.5. Гузаронидани курсхои “Мактаби сарварони чавон” дар заминаи Шурои духтарони назди Кумитаи кор бо занон ва оила барои донишчудухтарони болаёкати муассисахои тахсилоти олии касби Солхои 2017-2022 Кумитаи кор бо занон ва оила, ташкилотхои чамъияти, созмонхои

байналмилали

(дар мувофика)

Теъдоди хатмкунандагони         “Мактаби сарварони чавон”,    ки ба руйхати захираи кадри        ворид карда    шудаанд ва ба вазифахои рохбарии

макомоти худадоракунии махалли ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати таъин гардидаанд

4.6. Хавасмандгардонии донишчудухтарони лаёкатманди муассисахои    тахсилоти олии касби,   муассисахои тахсилоти ибтидоии касби ва муассисахои тахсилоти    миёнаи умумии чумхури бо идрорпулихо Хамасола Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати маориф ва илм, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати Теъдоди духтароне, ки сохиби идрорпулихо гардидаанд
4.7. Ташкили семинархо ва тренингхои омузиши бо максади фаъолгардонии занон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву хукуки ва малакаи касбии онхо Мунтазам Кумитаи кор бо занон ва оила, вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ташкилотхои чамъияти, созмонхои байналмилали

(дар мувофика)

Теъдоди семинару тренингхои гузаронидашуда
5. Рушди хамкорихои сохторхои сохавии

давлати бо чомеаи шахрванди дар масъалаи баланд бардоштани неруи занон дар хизмати давлати

 

 

5.1. Тахия ва амали намудани накшахои муштарак  бо

ташкилоти чамъияти дар самти тарбияи кадрхои рохбарикунанда аз хисоби занону духтарон

Солхои 2017-2022 Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии

хизмати давлати, ташкилотхои чамъияти,   созмонхои байналмилали

(дар мувофика)

Мавчудияти накшахои

муштарак бо намояндагони Ташкилоти чамъияти  ва Ташкилоти байналмилали

5.2. Баргузории мухокимахои якчояи чамьияти оид ба масъалахои пешбарии занон ба макомоти хокимияти давлати ва чалб намудани онхо ба равандхои кабули карор Солхои 2017-2022 Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, ташкилотхои чамъияти

(дар мувофика)

Теъдоди мухокимахои чамъиятии гузаронидашуда     оид ба масъалахои пешбарии занон ба макомоти хокимияти давлати ва чалб намудани онхо ба равандхои кабули карор
Гузаронидани тренинг ва семинархои муштарак ва дигар барномахои омузиши оид ба баланд бардоштани неруи занон аз хисоби хизматчиёни давлати, чомеаи шахрванди ва аъзои хизбхои сиёси Солхои 2017-2022 Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, Донишкадаи идоракунии давлати, ташкилотхои чамъияти, хизбхои сиёси, созмонхои байналмилали

(дар мувофика)

1. Теъдоди тренингхо ва семинархои муштараки гузаронидашуда

2. Теъдоди занон-иштирокчиёни

тренингу семинархо        аз хисоби хизматчиёни давлати, чомеаи шахрванди, аъзои     хизбхои сиёси

 

 

5.4. Ташкил ва фаъолияти махфилхои мубохисавии муштараки “Накши занон дар идоракунии давлат” бо иштироки намояндагони макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, созмонхои чамъияти ва хизбхои сиёси Солхои 2017-2022 Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ташкилотхои чамъияти, хизбхои сиёси (дар мувофика) 1. Теъдоди

махфилхои мубохисавии ташкилшуда

2. Теъдоди иштирокчиёни чаласахои махфилхои мубохисави

3. Сахми занон дар сатхи рохбарияти хизбхои сиёси

6. Бартараф намудани колабхои гендери дар таксимоти накши мардон ва занон дар чомеа, ташаккули имичи мусбати

зан-рохбар

6.1. Баргузор намудани чорабинихои иттилоотию маърифати оид ба пешбурди баробарии гендери ва бартарафсозии колабхои гендери дар тамоми кишрхои чомеа Солхои 2017-2022 Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарханг, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, Кумитаи оид ва корхои дин, танзими анъана ва чашну маросимхои милли, Кумитаи телевизион ва   радио, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ташкилотхои чамъияти, созмонхои

байналмилали

(дар мувофика)

1. Теъдоди чорабинихои гузаронидашуда

2. Теъдоди

занони ба чорабинихои

маърифати фарогирифта шуда

6.2. Дар барномаву гуфторхои шабакахои давлатии телевизион ва радио, инчунин   тавассути воситахои        ахбори омма мунтазам тавзехот ва равшани андохтан ба мавзуи мухимияти бартарафсозии колабхо дар бораи накши мардон ва занон дар чомеа, ташаккули   имичи мусбати зан-рохбар Солхои 2017-2022 Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарханг, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи,  Кумитаи оид ба корхои дин, танзими анъана ва чашну маросимхои милли, Кумитаи телевизион ва радио, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ташкилотхои

чамъияти

Теъдоди барномахо дар шабакахои марказии телевизион ва радиои вилояти, шахриву нохияви         дар бораи пешбарии вокеии баробарии занон ва мардон, ташаккули имичи    мусбати

зан-рохбар

6.3. Тахияи барномахо, омода ва пахш намудани наворхо дар мавзуи ичтимои дар шабакахои давлатии телевизион ва радио, чопи мавод дар рузномахо ва мачаллахо дар бораи ахамияти бартарафсозии колабхо оид ба накши мардон ва занон дар чомеа Солхои 2017-2022 Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати фарханг, Кумитаи кор бо занон ва оила, ташкилотхои чамъияти, воситахои ахбори омма

(дар мувофика)

Теъдоди наворхои омодашуда ва пахшгардида, маводи чопи дар воситахои ахбори омма дар бораи бартарафсозии колабхо оид ба на мардон ва занон дар чомеа
7. Баланд бардоштани    накши воситахои       ахбори омма дар ташаккули афкори     омма дар бартарафсозии колабхои гендери. Баланд бардоштани неруи рузноманигорон бо максади таквияти таъсиррасони ба колабхои гендерии накши мардон ва занон дар чомеа 7.1. Дар воситахои ахбори омма инъикос намудани намунахои фаъолияти пурмахсули занон дар сиёсат, иктисодиёт ва хаёти чамъияги Мунтазам Кумитаи телевизион ва    радио, Вазорати фарханг, Кумитаи кор бо занон ва оила, ташкилотхои чамъияти,    воситахои ахбори омма Теъдоди мавод оид ба инъикоси фаъолияти пурмахсули занон дар сиёсат, иктисодиёт ва хаёти чамъиятии чумхури
7.2. Баргузории хамасолаи озмун байни рузноманигорони радио ва телевизион оид ба барномаи бехтарини “Накшхои гендери: колабхо ва вокеият” Хамасола Кумитахои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Иттифоки журналистон, ташкилотхои чамъияти,   созмонхои

байналмилали

(дар мувофика)

Баргузории хамасолаи озмун ва руйхати голибони озмунхо
7.3. Гузаронидани мониторинги чамъияти ва арзёбии накши воситахои ахбори омма дар бартарафсозии колабхои гендери дар чомеа Солхои 2017-2022 Кумитахои кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва ташкилотхои чамъияти

(дар мувофика)

Мавчудият ва пахн    намудани хисобот   аз руи натичахои мониторинги

чамъияти ва арзёбии накши воситахои ахбори омма дар бартарафсозии колабхои гендери         дар чомеа

7.4. Бунёд ва рушди шабакаи махфилхои иттилооти оид ба масъалахои гендери дар тамоми минтакахои чумхури ва баргузории тренингхои

мунтазам оид ба баланд бардоштани маълумотнокии гендерии рузноманигорони чумхури

Солхои 2017-2022 Вазорати фарханг, Кумитаи кор бо занон ва оила, Иттифоки журналистон,

воситахои ахбори омма, ташкилотхои чамъияти

(дар мувофика)

1. Теъдоди махфилхои иттилоотии таъсисёфта оид ба     масъалахои

гендери дар минтакахои чумхури

2. Теъдоди рузноманигороне,         ки аз тренингхои омузиши гузаштаанд

7.5. Хониши хатмии курсхои махсус оид ба сиёсати  гендерии Чумхурии Точикистон дар факултахои рузноманигории муассисахои тахсилоти олии касбии чумхури Солхои 2017-2022 Вазорати маориф ва илм Теъдоди муассисахои тахсилоти олии касби, ки ба барномахои таълимии факултетхои рузномани-гориашон      курсхои махсус   оид ба сиёсати гендерии Чумхурии Точикистон ворид        карда шудааст
8. Мунтазам гузаронидани мониторинг ва арзёбии ичрои Барнома 8.1. Ташкили тахлили гендери оид ба намояндагии занон дар макомоти ичроия, конунгузор ва суди дар тамоми сатххо, аз он Хамасола Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, Суди Оли, Агентии омор, макомоти нчроияи махаллии хокимияти давлати, ташкилотхои чамъияти Мавчуд будани хисобот оид ба натичахои тахдиди гендери бо пешниходоти тахияшуда
 

 

8.2. Омода намудани хисоботхои хамасола оид ба натичахои мониторинг ва арзёбии холати пешбарии занон ба вазифахои рохбарикунанда ва амалишавии Барнома Хамасола Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати 1. Мавчуд будани хисоботи хамасола оид ба натичахои мониторинг ва арзёбии холати пешбарии занон ба вазифахои рохбарикунанда   ва ичрои Барнома 2. Маблагхои барои ичрои Барнома сарфшаванда аз хисоби бучети давлати ва чалби дигар манбаъхои маблаггузории гайрибучети
8.3. Гузаронидани мухокимахои чамъияти ва дигар чорабинихо вобаста ба баррасии натичахои мониторинг ва арзёбии холати пешбарии занон ба вазифахои рохбарикунанда ва амалишавии Барнома Хамасола Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ташкилотхои чамъияти Микдори мухокимахои чамъияти ва дигар чорабинихои гузаронида шуда     оид ба баррасии натичахои мониторинг ва арзёби
8.4. Чойгир намудани натичахои мониторинг ва арзёбии ичрои Барнома ва холати пешбарии занон ба вазифахои рохбарикунанда дар торномахои Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва дигар манбаъхои иттилооти Хамасола Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати Чойгир намудани хисоботхои хамасола оид ба натичахои мониторинг ва арзёбии ичрои Барнома ва холати пешбарии занон ба вазифахои рохбарикунанда дар торномахо

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …