Главная / Илм / БАРИНШТЕЙН Леон Аврамович

БАРИНШТЕЙН Леон Аврамович

barinshteyn-leon-abramovichБАРИНШТЕЙН Леон Аврамович (1893, ш. Житомир – 1976, ш. Киев), чаррох, доктори илмхои тиб (1939), профессор (1935), Донишкадаи тиббии шахри Одессаро с. 1922 ба итмом расонда, дар хамин чо ба сифати ассистент, дотсент, мудири кафедраи чаррохи кор кардааст. С. 1939 ба Точикистон даъват гардида, дар Донишкадаи навтаъсиси тиббии чумхури ба фаъолият пардохт, чун асосгузори кафедраи чаррохии факултави дар тарбияи нахустдухтурони касбии Точикистон сахм гирифт, ташкилкунандаи Стансияи чумхуриявии хунгузарони мебошад. Аз мутахассисони барчастаи бахши травматология махсуб мегардид, бобати усулхои гайричаррохи (чо ба чо кардани шикастапорахо, ба чояшон андохтани устухонхои баромада) корхои илмию амали анчом додааст. Аз с. 1946 то охири умр дар Донишкадахои тибби шахрхои Житомиру Киев фаъолият доштааст.

Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …