Главная / Гуногун / БАРФИ ОХИРИН (кисса)

БАРФИ ОХИРИН (кисса)

Тирамох омаду аз барги сабз нахуст зарра–зарра оби руяшро дуздид, баъд ранги чаззобиашро зард гардонд. Инак он симои дилрабо хузн меангехт; эхсос мекард, ки ба анвори офтоби оламтоб шояд охирин бор гарк мегардад… Ва ана, боди сард вазид. Барги сабз харосону кариб бечон ларзид–ларзиду аз бари шохча канда шуд. Лекин то даме ба хоки рах барнахурд, дуруст нафахмид – боло буд, поин омад, акнун мурча хам, кудакон хам, пиру барно хам бепарво пахш карда мегузаранд, касе ба зери пояш наменигарад садои чонкохи баргро намешунавад, гуё нест вай, тахтан вучуд надорад… Нихоят сари субх зане куча руфт, ба руи барг низ чоруб кашид. Чоруб кашиду ба хокруба омехт ва хамаро дар лаби чуе чамъ оварда оташ зад. Барг месухт, бо олам дуд мекард. Балки мегирист бесадо, печутоб мехурду менолид, ки хатто умри хазонаш низ ба анчом расид.

barfУ рост истода, хукмномаро сокиту ором шунид, оби хичолат ба руяш надавид, хатто мижжа назад. Хешутабори чабрдида аз чазо каноатманд будани худро зохир намуда, карсак заданд. Бо вучуди ин гунахкор устувор монд, вачохаташ тагйир нахурд, рангаш напарид. Тавре, ки пештар тасаввур дошт, хатто зонухояш наларзиданд.

Судя – зани коматбаланди махтобруй ва нигохаш чидди пас аз он ки кироати хукмномаро ба охир расонд, лахзае таваккуф карда, як–як ба суи хозирон назар афканду иловаи маъмулро ёдрас намуд.

– Даъво кардан хохед, дар давоми хафт руз ариза нависед.

Ин нукта низ пинаки шахси муттахамро вайрон накард. Вай хануз хам коматаш нашикаста, дар оинахои покизаи тирезаи толори сард ва якранги мурофиа ба дуродур, ба кухсори куллахояш барфпуш менигарист. Менигаристу фикр мекард, – уро аз хукуки мазкур хеч гох ва харгиз касе махрум сохта наметавонад; фикр мекард, ки тули умри чилсолааш боре хам ба куллаи кухи баландиаш акалан ду–се хазор метр набаромадааст, аз ин ру намедонист хавои он чойхо ба кадом хад тозаву бегубор бошад. Боз андешид, хайратовар тофт, ки баъди шунидани хукмнома низ у ба чунин икдом кодир аст; андешид на тулуи офтобро мушохида кардааст, на гурубашро. Хеч намедонист, ки тулуъ ва гуруб дар зебоиву назокат ва асрорангезиву рангорангии хеш ба хам дар як маком карор доранд. Бояд хамин тавр бошад, хулоса баровард у. Шояд хазорхо, миллионхо одамон, ки хар яке аз ин имконияти одди бархурдоранд, хавову хавсалаи кухбарои намекунанд. Пас аз кайфияти тамошои манзарахои нотакрори он бехабаранд. Вале холо у худро як тан аз хамон миллионхо ва истисно медонист. Акнун дер шуд. Аз ин чихат бепарвоии худро боиси таассуф пиндошт…

Аз тиреза чашм канда, пай бурд, ки охирин тамошогарону шавкмандони мурофиа аз толор берун мешаванд. Ва сарашро андак хам кард. Сипас ба чониби судя назар давонд. Он зани зебо дар чояш нишаста, дасти росташро ба манахаш такя монда, хаёломез ба у менигарист. Нигохаш зохиран хунсард… вале аён буд, ё ба назараш чунин намуд, ки хох–нохох дилаш ба махкум месузад. Вай табассум кард, гуё дар озоди бошад, гуё навакак хукмномаи каси дигарро мехонданд. Вокеан, табассум кардан низ хакки дахлнопазири у хисоб меёфт. Лекин… тазоди ачиби зиндагиро дарёфт, табассумаш хам аз ин хотир буд… «Худкардаро даво нест, ман бегуфтугу гунахкорам, ягон хел гузаштро чашмдор набудам. Ботинан омодаи сахттарин чазо меистодам. Вале гумон надоштам, ки чунин офаридаи дилрабо маро ба чазои оли гирифтор месозад. Мефахмам, холи хозир тавонам мерасад ба донистан, ки чомеаи инсони уро вазифадор кардааст. Бо вучуди ин ангушти хайрат мегазам».

– Баред махкумшударо! – аз чой хеста, амр дод зан ва хаёлоти марди муттахам катъ гардид.

– Ох, руям сиёх шуд, – фигон кашида, таркид модараш ва худро ба руи фарши толор партофт. – Наход ман ба хамин умед, ба хотири хамин рузи сиёх ба ту шири сафед дода, шабхо дар сари гахвораат алла мехондам… Охир, ману падарат ба касе ганда нигох кардаги одам набудем, на руз карор доштем, на шаб… Каланд мезадем, хишова мекардем, пахта мечидем, ки шикаматон сер бошаду танатон обод. Гузапоя чамъ меовардем, ки зимистон хунук нахуред, аз мазаи обу нон халоват баред… Кирмак дошта, пилла меруёндем, зардолу мехушкондем, ки чор танга пасандоз шавад… Магар он рузхоро фаромуш карди?.. Ман аз аввал ба гурсухта бизнесат рози набудам, лекин гапамро писанд накарди. Окибат хирси пулу мол хонаатро сузонд, обруямонро барбод дод, оилаат зиндачудо гашт… Э хок бар сарам, мушт барин фарзандро ба воя расонию вай одам кушад, бистари бегунохонро сузад, аз дину имонаш махрум шавад… Чаро замини сиёх намекашад, ки ман фуру равам?.. Акаллан ба номи нек мемурди, токат мекардам… Ин чи шармандаги… Бигу, Курбони гурсухта, бигу –ман ба чашми фарзандонат, ба руи одамон, шиносу бегонахо, хешу табор, ахли махалла, умуман ба руи мардуми олам чи хел нигох кунам… Эх, кош, кош кур мебудам… Ин чи номаъкули, ки ту карди… Ё бозори чони одами арзон шудааст?.. Товони ятимакхои он зани берузию марди бетолеъро ки медихад?.. Э вой, кош назоида мемурдам…

* * *

… Хатнатуи писари хурдии Саидбои ошпаз ба авчи аълояш мерасид; туйбазм буд. Ахли гузар – пиру барно дар болои кату сари мизхои дарози тахтагин нишаста, чак–чак мекарданд, нону намак мехурданд; аксар шароб менушиданд. Осмон соф буд, барфи гафси се руз кабл борида дар зери пой гарч–гарч садо мебаровард. Баъде ки мусикачиён асбобхои худро чур карданд, Кали Мансури букка, ки дар масхарабози низ устухон надошт, якчоя бо шогирдаш ба карнайкаши даромад. Одатан базми ин гуна махфилхо дер – дар торикии комил шуруъ шуда, то аз шаб як–ду пос гузаштан, идома меёфт. Садои карнай чун анъана аз огози базм дарак медод.

Хаво сард буд. Бинобар ин ходими дастархон усто Иброхимчон, ки марди миёнакади чусту чолок буд, ба ману боз ду–се нафар хамсолонам фармуд, ки аз пушти огил хезуми хушк биёрем. Мо се банд гузапояи нимпусида оварда, дар мобайни раксгохи базм сар ба сар мондем. Усто Иброхимчон аз таги гузапоя когазпорахо гузошта, чо–чо аз шиша карасин рехт ва гугирд зад. Хезум андак дуд карда, забонахои гулхан нав ба часту хез медаромаданд, ки гуфт:

– Наберахои амакаш, ин хезуматон факат пешдаргирон шуд. Мо, охир, кундабазм оростани. Хамин хел ки бошад, равед, хезуми сахт биёред.

Ин дафъа мо аз кунчи огил каллакхои коки тут ва се–чор гулаи аррадидаи зардолу оварда, ба оташгох партофтем. Усто ба хар якамон кулчаву канд ва яксари ангури тойфи дод.

– Хизмати шумоён хамин, ки базмамон то охир гарм бошад. Фахмидед?

Мо баробар сар чундондем. Чунки дахонамон пур аз канду кулча буд. Мардхо масту хушёр омехта ракс мекарданд, баъзехо аз болои гулхан мечахиданд, ба дарачае, ки кариб домани чома ё палтояшон месухт. Ман аз тамошо лаззат гирифта, низ хохишам чушид, ки аргушт равам, вале аз чи бошад, шарму истихола домангир шуданд.

Гумон доштам, ки агар ба ракс дароям, хама ба ман менигаранд ва шояд «раксашро бинед–а!» – гуён механданд. Фурсате баъд супориши усто, ки падарамро хуб мешинохт, ба ёдам омаду аз паи хезум рафтам. Як чуби дароз ва … гахвораи аз афташ солиёни зиёд тахи чангу губор хобидаро берун кашидам ва хардуро оварда, ба коми оташ андохтам. Рости гап, касе кордор нашуд, хатто эътибор хам надод. Ман аз ташаббуси худ хушнуду баифтихор меистодам, ки ду вачаб сари гахвора сухтан пас овози усторо шунидам:

– Охо–хо–о! Бачаро кор фармою аз пасаш дав! Ин гахвораро ки овард?

– Ман! – гуфтам, хануз максадашро пай набурда.

– О кадом бекалла гахвораро оташ задаст, ки ту оташ зани–а?! Якбора хонаи чанд каса сухти–ку…

Хамон шаб вокеаро ба модарам накл кардам.

– Усто рост гуфтаанд, гахвораро сузондан хосияти хуб надорад, писарам. Афсус…

* * *

Модарам сархам менишаст. Дуздида–дуздида ба чехрааш менигаристаму хориам меомад… Аз бинои сарди махкама маро берун оварданд. Гурухи одамон хануз дар сахни хавли истода, шояд чараёни мурофиаро мухокима доштанд. Онхо яке рахмомез, дигаре бо нафрат, саввуми кунчковона чашм давонда, ором гузаштани маро назора мекарданд. Ба вазъи ман, ба афту андомам бахо доданд, – намедонам. Вале медонам, ки дери дераш то бегох, чудо химмат кунанд, пас аз дар мухити оила кисса кушодан, маро мутлако фаромуш месозанд. Ва ин табиист.

– Гушти хар, дандони саг! – дод зад касе.

Ман гох ба зери по – то хангоми аз зинапоя фаромадан мабодо афтам, – гох ба суи посбонхо менигаристам. Дар миёни анбухи мардум дигар касеро аз пайвандон, хешу табор, ё худ ёру ошно надидам. Шояд аз мурофиа хабар надоранд. Балки аз кирдори ман шармашон омада бошад. То дари мошини милиса, ки маро ба хабсхона мебарад, нухуним кадам будааст. Кабл аз ворид гаштан ба посбони калон кадре илтичоомез нигаристам. Гуфт:

– Чи истодаи? Савор шав!

– Ичозат хаст ба осмон нигох кунам?

– Чи?! Аллакай девона шуди?

Сар бардоштам. Осмони нилгун пок буд, офтоб бо викор ба сари одамон, хатто ба ман хам нурафшони мекард. Э кош, сохиби болхо мебудаму тавонои парвоз медоштам… Он гох аз кулли конунхое, ки фарзанди инсон бофтааст, зуд руй тофта, мепаридам ба само, ба офтоб. Мепаридам катъи назар аз гаму андухам, тарсу вахмам, накутолеиву бори бадбахтихоям, дилсузиву берахмихоям, одамиву нокасихоям, бо хама гуноххоям… Мепаридам… На барои он ки аз чазои олии адолат рахои ёбам, балки дар гармои беамсоли офтоб… бисузам. Ва аз ман нишоне, аз хокистарам акаллан заррае боки намонад. Дар пеши офтоб, албатта, хечам. Бо вучуди ин палиду нобакор гуфта, оё вай аз ман хазар намекарда бошад?..

– Рафтем! – тела дод посбон.

Ноилоч ба амраш сар фуруд овардам. Дохили мошин андак торик тофт. Эхсос намудам, ки офтобро гум кардаам. Акнун якумри. Ман инро аник медонам. Маро гуё саропо барк зад, банд–банди устухонамро ларзонд. Дигар махтали муъчиза намешавам.

Дари оханини хучраи хабсхона аз пуштам вазнин пушида шуд. То холо бояду шояд дарк карда наметавонам, ки ба ман хафт шабу хафт руз фурсати зиндаги додаанд. Хафт шабу хафт рузи нихоят зудгузар ва багоят тулони. Кисмати дуюми умрам пас аз кироати хукмнома шуруъ ёфт. Акнун ман озодам. Интизорихо паси сар шуданд. Окибат ба манзили нихони мерасам.

* * *

Ба назари писарак сахро бехадду канор менамуд. Хар як гардиши чуйбор, канали беобу захбурхо, хар кадам аз воти заминхо, хар туткатору зардолузор… нихоят, буттахои гирду атроф ошно ва азиз метофтанд. Дар чорсуи ин хомун ба чуз у дигар касе ё мавчудоти гайре хузур надошт. Вале писарак эхсоси танхои намекард. Баръакс, аз рангу накхати зебоию поки хушнуд ва сармаст буд, ба вачд омада, дастонашро чун болхои бакуввати шохин ба ду чониб ёзонда, чарх мезад, нидои самимии шодмониаш ба атрофу акноф мавчзанон танинандоз мегардид:

– Охо–о–о–о–о…

Садояш ба души куххои дар дуродур маком густурда, ба синаи абрхои равшан бархурда, аксандоз мешуданд. Аммо вай инро намешунид. Чунки ба сараш пархои бехисоб бориданд, пархои нукрафоми сабук, мисли барфреза… Писарак кафи дастонашро ба хам оварда, тарзе, ки оби мусаффои обшорро мегирифт, онхоро доштан мехост.

Дилаш моломоли нишот буд, дар ниёзи шеър гуфтан ё тарона сароидан метапид. Ба дарачае, ки максади ба сахро омаданашро гуё бод дуздида мебурд. Хол он ки модар уро барои хезум равона кардааст…

Пиразан дар суфаи руи хавли, дар равшании нурхои пурчилои офтоб нишаста, ба либосхои кухна якта–якта дарбех мезад.

Писарак сару либосашро афшонда, аз чангу губор озод шуда, дасту руй шуст. Сипас зери лаб газалеро замзамакунон ба кулбаи деворхояш похсагин даромад. Ва аз он чо бурдаи калони фатир ва косаи оби сард дар даст берун шуда, назди бибиаш омада нишаст. Нонро ба об андохт ва гуфт:

– Бибичон, ягон кисса кунед, аз хамон киссахои хазору як шаб…

– Гур киссахои бибиат шаванд. Хамааш афсонахои бофта. Ба ту ошу нон намедиханд, – ба кампир имкони сухан надода, овоз баровард модараш, ки байни гову гусфандон чунбучул дошт. – Бехтараш нонатро хуру хезумчини рав…

– Нав як банди калон овардаму…

Писарак лаб газид.

– Бекор боши, боз рафта биё, зарар надорад, – аз гуфтаи худ намонд модар.

Пиразан айнакашро дуруст карда, ба сурохи сузан ришта мегузаронд.

– Киссахо, албатта, намехуронанд, намепушонанд – гуфт у, – аммо донед, ба гушатон халка кунед, ки рухи одамро барахна намедоранд, ба гардиш, ба парвоз меоранд. Ин аник.

Модари писарак паст омадан намехост:

– Хамин афсонахо магзашро гич карданд, ки акнун дар дил орзуи моро партофта рафтан дорад.

– Орзу дар чавони айб нест, гуфтаанд одамини кадим, – мулохиза ронд пиразан.

– Хаждах сол аст, ки ман келини хонадони шумо. Тули ин кадар вакт хурмати шумо аз хама боло буд. Ва хаст…

– Лачоми гапро ба дигар тараф набаред, духтарам. Бехтар аст ояндаи писаратонро фикр кунем. Ин як икдоми одди, шояд оддитар чизе набошад…

– Ман харгиз рози шуда наметавонам. Агар шавхарам зинда мебуданд, хочат намемонд ба ин бахсу талош…

Писарак нонашро хурда, холо андармони гуфтугузори бибиву модараш менишаст. «Ха, модарам рост мегуяд. Рахмати падарам гаштаву баргашта таъкид мекарданд: агар вокеан хам халолу басомон хондан аз дастат ояд, ман хеч чизро дарег намедорам. Охирин дороиямро мефурушаму осуда хондани туро таъмин мекунам…»

Пиразан лахзае ба хаёл рафт.

– Шавхарам дар айёми кахтию кимати аз падарашон чордахсола монда, дар хамон синну сол муттакои додари хануз кудаку модари танхо мешаванд, бори зиндагиро ба гардан мегиранд…

– Хамон вазъият бо гардиши фалак имруз ба сари набераатон омадааст. О худатон як тасаввур кунед! Ман тифли ширмак дар дастам ба кучо мерасам?.. Аз паи кадом ташвиши рузгор мешавам?

– Худоро шукр, ман холо аз мадор намондаам–ку, дасту поям бутун…

– Не гуфтам, не! Хатто хочаи Хизр омада талаб кунад хам, аз раъям намегардам…

Модар кахрашро фуру нишонда натавониста, худро ба даруни кулбаи нимторик зад. Ва аз он чо китоб дар даст берун омад.

– Бе хамин сабилмонда рузаш мегузарад, як бурда–ним бурда нонашро хам меёбад.

Ва дарронд… Китоб варак–варак дар руи хавлии пурчангу хок парешон гашт.

pdfПиразан аз духтан бозмонд, чашмони камнураш махзун шуда, аз суфа охиста ва мутахаййир фаромад. Бо сари хаму комати камон чанд вараки парешонро бардошт. Дидагонаш ашколуд гаштанд. Наберааш харфе нагуфта, ба кумакаш расид. Сахифахои китобро чиданду даме, ки пиразан рост шуд, писарак ба пушти ангушт катрае аз ашки бибиашро пок кард. Пиразан якчоя бо варакхои канда набераашро бо дастони ларзон ба огуш кашид, аз пешониаш бусид ва сарашро хомуш сила кард.

Келин дар руи хок хайрон менишаст.

Ба пурраги борбардор намудани ин кисса  PDF >>>

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …