БАНКАХОИ ТИББи, зарфхои шишагии кузашакл, ки бо таъиноти духтур хангоми беморихои илтихобии узвхои сандуки сина (бронххо, шуш, шушпарда) истифода мекунанд. Гунчоиши Б. т. 30 – 70 мл аст. Барои гузоштани Б. т. ба чои тозаю безахми пуст вазелин мемоланд (он ба хар эхтимол сухтани пуст ва аз лаби банка даромадани хаворо пешгири мекунад). Одатан, банкахоро ба чои хамвору сергушти бадан (зери чанбара, байни шонахо ва камар) дар як вакт 5 – 10-то мегузоранд.
Барои ба пуст махкам часпидани банка хавои дохили онро бо пилтачуби оташдор гарм карда зуд ба руи пуст мегузоранд. Агар банкахо ба кадри кофи натасфанд, ба пуст намечаспанд ва агар аз хад зиёд тафсанд, пустро месузонанд. Банкахои гармшуда пустро то 3 см ба худ мекашанд, дар натича ранги пуст аргувони ё чигарранг мегардад. Б. т.-ро ба муддати 10 – 15 дак. мемонанд ва болои онхоро бо курпа мепушонанд. Барои беозор гирифтани банка онро бо як даст ба тарафе моил карда, бо панчаи дасти дигар пустро каме зер мекунанд ва банкаро мебардоранд. Изи банка сурх шуда, ба узвхои дарун таъсири рефлектори мерасонад. Зери таъсири банка гардиши хуну лимфа тез ва тагзияи бофтахо бехтар мегардад, манбаи газак бархам мехурад.
Истифодаи банкахо дар аснои хунрави аз шуш, касалии сил, омосхо ва г. норавост.
Дар мавриди гузоштани банка эхтиёт шудан лозим аст, ки катраи спирти сузон ба пуст наафтад ё лаби банка сахт натасфад. Вагарна сухтану обила кардани пуст аз эхтимол дур нест. Банкаро аз мухлати мукаррари зиёд нигох доштан манъ аст, чунки пуст сиёх гашта, обилача мекунад.
Гузоштани Б. т. тадбири камахмият нест. Бинобар ин онро бояд кормандони тиб ё шахси тачрибадор монад.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …