Главная / Илм / БАНДИ ДУРуГИН

БАНДИ ДУРуГИН

bandi-duruginБАНДИ ДУРуГИН (Pseudoarthrosis), бугуми гайрихакики, ноуствор часпидани нугхои устухони шикаста ё аз бемори табохшуда. Б. д. хангоми дар байни устухонпорахо афтодани мушак ё бофта, аз хамдигар дур будану ба кадри кофи бо хун таъмин нашудани устухонпорахо (мас., агар гарданаи рон шикаста бошад) ва нобуд гаштани кисми зиёди пуст ба амал меояд.
Б. д. бештар дар устухони шикастаи соки пой ташаккул меёбад. Баъзан он модарзод мешавад, ки ба осеби устухони чанин вобаста аст. Бинобар инкишофи тадричии тагояки нуги устухонпорахо (онхо бо халтаи хадшабастаю моеъдори банд ихота шудаанд) чои шикасти устухон шакли бугумро мегирад.
Ихтилоли кори дасту пойхо (имконнопазир будани гузоштани пой, бо даст кор кардан ва г.), дарди чои осебёфта, харакати гайриоддии соку рон ва г. нишонахои Б. д. мебошанд. Б. д.-ро духтури шикастабанд (травматолог, ортопед) муолича мекунад. Усули асосии табобати Б. д. чаррохи буда, духтур устухонпорахоро бо хам мепайвандад. Инчунин ба чаррохии пластики (тармими) низ даст мезананд. Мас., як чузъи кабургаи беморро гирифта ба устухони шикастаи худи у мепайванданд, тавассути асбобхои филизи ё пластмасси устухонпорахоро васл мекунанд. Маснуоти сунъиро дар организм доими мемонанд ё баъди часпидани устухон ва бархам хурдани Б. д. гирифта мепартоянд. Дар табобати Б. д. аз дастгоххои навтарини тибби васеъ истифода мебаранд. Онхо барои бо хам чафс шудани шикастапорахо, зудтар пайвастан ва хамзамон кутох нашудани устухон имконият фарохам меоранд. Хангоми истифодаи ин кабил дастгоххо бемор аз рузхои аввали баъди чаррохи бо пои иллати рох гашта метавонад. Азбаски муоличаи баъди чаррохи одатан тул мекашад (то як сол ва зиёдтар), дер ё зуд шифо ёфтани Б. д. ба сабру токати бемор низ вобаста аст. Дар баъзе холатхо, мас., агар Б. д. бедард бошад ё ба кори бандхо халал нарасонад (бештар дар сурати Б. д.-и дастхо), инчунин агар бо сабабе чаррохи манъ бошад, он гох ба бемор ягон асбоби шикастабандиро тавсия мекунанд. Хангоми табобати узви шикаста риояи катъии тавсияи духтур ба вучуд омадани Б. д.-ро пешгири мекунад. Худсарона ва пеш аз мухлат кушодани бандинаи гачи манъ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …