Главная / Илм / БАНАН

БАНАН

bananБАНАН (Musa paradisiaca, M. sapientum), пизанг, растаниест бисёрсола. Пояи кутох ва баргхои нихоят калон дорад. Мевааш дарозруя (дарозиаш 15 см, кутраш 3 – 5 см), магзаш ордшакл, бетухм, таъмаш ширин. Дар як банд («хуша») то 300 адад мева хосил мекунад (вазни умумии онхо 50 – 60 кг аст). Баъди самар овардан, кисми руизаминии растани махв мегардад.
Б. зироати кадимист. Барои ахолии кишвархои тропики гизои хеле мухим махсуб меёбад. Дар таркиби Б. 14 – 22% канд, 5 – 8% охар ва то 1,5% протеин мавчуд аст. Б. накхати хос дорад, ки ба эфирхои гуногуни таркибаш вобаста мебошад. Онро тару тоза истеъмол мекунанд, мехушконанд, аз он орд ва май мекашанд, консерв, мармелад, шарбат истехсол менамоянд.
Б. растании давоист. Дар тиб хама кисмхои онро кор мефармоянд. Гули Б. барои табобати исхоли хунин, захми меъда ва бронхит нофеъ аст; бо накеъи он диабети кандро табобат менамоянд. Шираи афис (тумч)-и растани дар мавриди ихтилоли асаб, саръ (эпилепсия), махав (лепра), носомонии кори меъда, хуншори кумак мерасонад. Барги растанихои наврустаро ба чои сухта ва захми пуст гузошта мебанданд. Меваи Б. давои хеле хуб аст. Бинобар дар таркиби он мавчуд будани моддахои минерали барои муоличаи анемия (камхуни) нафъ дорад. Вай хамчунин фишори хунро мефарорад, афсурдарухи (депрессия) ва зардачушро рафъ, хазми хурокро бехтар месозад. Бо пусти Б. озахро меравонанд.
Б. (мавз) дар оятхои Куръон борхо ёдрас шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …