БАКТЕРИЕМИЯ (Bacteriaemia; аз бактерияхо ва haima – хун), дар хун вучуд доштани бактерияхо. Ангезандахо ба хун асосан дар мавриди беморихои сирояти рох меёбанд. Микдори онхо дар вохиди хачми хун ба дарачаи сироятангези, инчунин аз мукобилати организми мариз вобаста аст. Дар сурати Б.-и бардавом, одатан, сирояти уфунати ба вукуъ мепайвандад.
Хангоми беморихои гузаранда Б. рохи асосии интикол ёфтани ангезандахо тавассути бандпойхои хунмак ба шумор меравад. Дар мавриди баъзе беморихои вазнин (лейкоз, осебхои шуоъи, сухтаги, баъзе беморихои сирояти ва г.) бинобар заиф гаштани неруи дифоии табиии организм имкон дорад зери таъсири макроорганизмхои шартан бемориовар (микробхои руда, пуст ва луобпардахо) Б.-и гайримахсус низ рух намояд. Чунин тарзи Б. барои инкишофи сирояти дохили, аз чумла уфунат, заминаи мусоид фарохам меорад.
Барои ошкор сохтани Б. аз тадкикоти бактериологи ва гохо бактериоскопияи хун истифода мекунанд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …