Главная / Гуногун / БАХСИ БИНОЙИВУ НОБИНОЙИ

БАХСИ БИНОЙИВУ НОБИНОЙИ

Масъалаи кури модарзод будан ва ё баъдтар, дар охирхои умраш, кур карда шудани Устод Рудаки аз масоили басе торики зиндагии уст. Баъзехо уро тирачашму  иддае кури модарзод мехонанд. Баъзе аслан ба ин масъала диккате намегуморанд. Аз ин гузашта, масъалаи кури, курии модарзоди ё тирачашмии Рудаки хануз пурра хал нашудааст. Садриддин Айни, Бадеъуззамони Фурузонфар, Абдурахмон Тохирчонов кури модарзод будани Рудакиро тарафдори мекунанд ва, хатто, комилан онро ба исбот расонидани мешаванд. Саъид Нафиси, Абдулгани Мирзоев, Холик Мирзозода, И. С. Брагинский, Аълохон Афсахзод ва дигарон мегуянд, ки Рудакиро дар охири умр кур кардаанд ва далелашон хамон ахборотест, ки «ва кад самала фи охири умри» («дар охири умр ба чашмонаш мил кашидаанд» — А. А.) мебошад. Аз уламои урупои аввалин шуда Херман Эте хануз дар соли 1873 кури модарзод будани Рудакиро дар асоси тадкик ва санадхои тасвирии корбурдаи Устод рад карда буд. Баъдхо С. Нафиси, А. Мирзоев, X. Мирзозода ва дигарон ин акидаи уро пайрави карданд. Тадкикоти колбадшиноси-мардумшиносии М.М. Герасимов аз руи чамчамаи Рудаки шаходат медихад, ки уро баъдан, дар охирхои умраш кур кардаанд.

Дакики ва Носири Хусрав аз тирачашм будани Рудаки хабар медиханд, ки онро ба тамоми анвоъи кури хамл кардан мумкин аст, вале дар бораи чи навъ кур будани шоиру аз чи сабаб тирачашм буданаш далеле намеоранд. Дакики мефармояд:

Устод Шахид зинда бойисти

В-он  шоири тирачашми рушанбин.

Носири Хусрав мегуяд:

Ашъори зухду панд басе гуфтаст

Он тирачашм шоъири рушанбин.

Гуфтори Фирдавси хам аз «Калилаву Димна»-ро назм кардани Рудаки хабар дода, муамморо намекушояд. Бадгуйии Абузироъаи Гургони низ аз хамин кабил аст, вале бештар бар он ишора мекунад, ки шоъир муддати дурударозе кур будааст:

Агар ба давлат ба Рудаки намемонам,

Ачаб макун, сухан аз Рудаки на кам донам!

Агар ба курии чашм у биёфт гетиро,

Зи бахри гети ман кур буд натвонам!

Рочеъ ба курии Рудаки Самъони, муаллифи «Таърихи Систон» ва Низомии Арузи Самарканди   чизе намегуянд. Вале Абухайёни Тавхиди (ваф. 400/1010) ва Авфи кури модарзод будани Рудакиро сарехан таъкид кардаанд. Абухайён хабар медихад: «ва кила ар-Рудаки   ва кона    акма    ва хува-л-лази    валада аъмо…» («аз Рудаки пурсиданд ва у акма буд ва ин он аст, ки кур аз модар зоида шуда бошад»). Мухаммади Авфи баробари истифодаи чумлаи «аз модар нобино   омада», боз чандин калимаи хаммаънии арабии модарзод кур, вале ботинан  рушанбин будани  Рудакиро такрор  намуда,    менависад: «Рудаки аз наводири фалаки будаасту дар зумраи аном аз ачоиби айём. Акма  (яъне кури модарзод — А. А.)  буд,    аммо хотираш   ибрати Хуршеду Мах буд; басар надошт, аммо   басират дошт, махфуфе буд асрори латиф бар вай макшуф; махчубе буд аз гояти лутфи табъ махбуб; чашми зохир баста дошт, аммо чашми ботин кушода». Боз мегуяд: «Аз модар нобино омада». «Акма»-ро Алиакбари Нафиси чун «кури модарзод», Мухаммад Муъин ба тарзи «нобинои модарзод, кури модарзод»116 шарх додаанд.

Дар осори бокимондаи худи Рудаки аз курии у дараке нест. Факат дар як чой таркиби «кури кардан» вомехурад, ки бештар маънон айш рондан ва худро ба гафлату фарогат задан ва зиндагиро нодида ангоштанро медихад. Аммо мурочиати у ба Мач, ки ровияш буд, касро мумкин аст ба шубха   барад, ки шояд кури модарзод бошад. Вале набояд фаромуш кард, ки рови доштани шоирони касби дар кадим як амри маъмул буда, аксар ашъори онхоро дар мавориди хос кироат мекардаанд. Ин аст шеъри мавриди бахс:

Ай Мач, кунун ту шеъри ман азбар куну бихон,

Аз ман дилу сиголишу аз ту тану равон!

Кури кунему бода хурему бувем хуш,

Буса дихем бар ду лабони паривашон!

Аммо, баръакси гуфтаву даъвихои мавриди назар, аз аглаби абёти Устод пай бурдан мумкин аст, ки у на   танхо марди зебову  бино,  балки   нихоят  нозукбине хам  будааст:

Хамеша чашм зи зулфакони чобук буд,

Хамеша гуш зи мардуми сухандон буд.

Ё:

Назар чи гуна бидузам зи бахри дидани руят,

Зи хоки ман хама наргис дамад ба чойи гиёх!

Дар байти аввал «зи» маънии «суй» ва «тараф»-ро дорад. Дар байти дувум таъбири «чашм духтан» маънии «дуру дароз нигох кардан»-ро дорад, ки ин ду амал хоси одамони биност. Аз ин гузашта, дар осори Рудаки абёте боки мондааст, ки бо хабари «дидам» меояд:

Пупак дидам ба хаволии Сарахс,

Бонгак барбурда бар абр – андаро!

Чодараке дидам рангин бар уй,

Ранг ба си гуна бар он чодаро!

Ё:

Дар рохи Нишопур дехе дидам бас хуб,

Ангашбаи уро на адад буду на марра!

Ё ин ки:

Истода дидам он чо дузду гул,

Руй зишту чашмхо хамчун дугул!

 

Ва ё:

Мехр, дидам, бомдодон чун битофт,

Аз Хуросон суйи Ховар мешитофт.

Дар китъаи зерин бошад, шоъир ба хамсухбати худ вокеъаи ба дидаашро бо хаячон накл карда, дидани уро талаб мекунад:

Мург диди, ки бача з-у бибаранд,

Чов-човон – дар асту чуён аст?!

Боз чун баргирифт парда зи руй,

Карвадандону пуштчавгон аст?!

Бешубха, чунин суханонеро, ки натичаи дидору мушохида хастанд, танхо одами рушанчашм ошкорову гуворо метавонист бигуяд. Айшу нушхои паёпайи Рудаки, сафархояш ба Нишопур, Хирот ва Сарахс, ришу муйро хангоми пири сиёх кардан, мачлисоро буданаш низ далелхоеанд, ки рушанчашм буданашро тасдик мекунанд. Каробати шеъри Рудаки бо табиат, барчастагии рухияи тарабу шоди дар он, даъвати хамешагии у ба муборизаву амал, саъю кушиш ва дури чустан аз хамаи он чи ки мояи андуху сусти бошад, бурхони дигарест, ки чунин ашъорро шахсе, ки модарзод бадбахт ва як умр дар азоб бошад, наметавонад бигуяд. Аммо бехтарин далели ин даъво чистону ташбехоти корфармудаи Устод Рудакист. Чахор порчаи поёнро мутолиа кунед. Магар шахси кури модарзод метавонад чунин нозукона хусни масобаи якчанд чизро бибинад?  Харгиз!

Бунафшахои тари хайл-хайл бар сари кух,

Чу оташе, ки ба гугирд бардавид кабуд!

Биёру, хон, бидех он офтоб, к-аш бихури,

Зи лаб фуру шаваду аз рухон барояд зуд!

 

Ва:

Ба зулф каж, валекин ба кадду боло рост,

Ба тан дуруст, валекин ба чашмакон бемор!

Ё:

Замоне барк пурханда, замоне раъд пурнола,

Чунон чун модар аз суги аруси сездахсола!

Ва гашта з-ин паранди сабз шохи беди бунсола,

Чунон чун ашки махчурон нишаста жола бар лола!

Устод Рудаки хангоми манзаранигори дар ашъори худ на факат аз абри сиёх яхча боридан, хандидани лола, ба кишти монанд будани абру, ба мавч шабех будани чини пешони, шоридани кафк аз дахони уштури маст, зулфакони чавгони маъшука, фохтагун шудани хавову об, рухро бо нохун шудгор кардани занони азодорро ба калам дода, рангхои сафеду сиёху кир, ёкути сурх, шароби лаъл ва амсоли инро ба тасвир оварда, дар ашёи гуногун монандихои ачиберо дармеёбад ва ба ин васила ба манзарахои табиати дилрабои кухистон ва дашту хомуни Хуросон зебу чон мебахшад. Шоъир, ки тамоми умр анису хамрози табиати зебои диёр буд, бо тарзи адои шево на танхо овози мургонро ба гуш мерасонад, балки хусну рафторашонро рассомона дар назархо чилва медихад. Чавонии худашро чун барги лолаву пириашро чун себи пажмурда медонад, ки хамаи ин натичаи мушохидахои дакик аст, аммо ташбеххои зеринро на танхо каси бино, балки марди босаводу аз маъшукаву май лаззатгирифта метавонад бигуяд:

Зулфи туро «чим» ки кард? — Он, ки у

Холи туро нуктаи он «чим» кард!

В-он дахани танги ту, гуйи, касе

Донакаке нор ба ду ним кард!

Порчаи зерин хам метавонад натичаи биниши инсони нихоят дакикназар бошад:

Чун баччаи кабутар минкор сахт кард,

Хамвор кард пару биавганд муйи зард,

Кобукро нахохад, шох орзу кунад,

В-аз шох суйи бом шавад боз гирдгард!

Порчахои овардашуда кури модарзод будани Рудакиро ба кулли рад мекунанд. Аммо кур карда шудани у ва ё кур шуданаш хануз ба тахкики иловаги мухточ аст. Дар холи хозир факат гумон кардан мумкин аст, ки шояд Устод Рудаки дар пиронсоли гирифтори ягон бемории чашм шуда бошад — наздикбин ва ё дурбин. Ба хар хол, худи у хатро хонда наметавонистааст ва аз хамин сабаб дар соли 320/932 бо супориши Балъами «Калилаву Димна»-ро ба вай мехондаанду ба риштаи назм мекашидааст. Ин ходисаро Абулкосими Фирдавси чунин ба калам медихад:

«Калила» ба този шуд аз пахлави,

Бад-ин сон, ки акнун хаме бишнави.

Ба този хамебуд то гохи Наср,

Бад-он гах, ки шуд дар чахон шохи Наср.

Гаронмоя Булфазли дастури уй,

Ки андар сухан буд ганчури уй,

Бифармуд, то форсии дари

Навиштанду кутох шуд довари.

В-аз он пас чу пайваста рой омадаш,

Ба дониш хирад рахнамой омадаш.

Хамехост то ошкору нихон

Аз у ёдгоре бувад дар чахон.

Гузорандаро пеш биншонданд,

Хаме нома бар Рудаки хонданд.

Бипайваст, гуё, парокандаро,

Бисуфт инчунин дурри огандаро.

Вале, бо вучуди кури ва ё тирачашмии даврони пири, Устод Рудаки хамон олуфта, мачлиснишин, базморо, надим ва барои Насри II Ахмади Сомони шахси муътабар будааст. Бинобар ин, риши худро хизоб, яъне сиёх мекард, либосхои ороста мепушид. Хатто, бадхохонаш ин рафтори уро зери таъна мегирифтанд. Хусравони киноятомез мегуяд:

Ачаб ояд маро зи мардуми пир,

Ки хаме муйро хизоб кунанд.

Бо хизоб аз ачал хаме нараханд,

Хештанро чаро азоб кунанд?!

Махз дар таънаи Рудаки гуфта шудани китъаро чавоби Рудаки собит менамояд:

Ман муйи хешро на аз он мекунам сиёх,

То боз навчавон шаваму нав кунам гунох!

Чун чомахо ба вакти мусибат сиях кунанд,

Ман муй аз мусибати пири кунам сиёх!

Вокеан, дар хар дуи ин шеър хам ишорае ба курии Рудаки нест. Мувофики ахбори «Таърихи Систон» (карни XI), соли 321/933  Рудаки бо хохиши Насри II ибни Ахмади Сомони, дар вакти волии Систон будани Чаъфар ибни Мухаммад ибни Хасан ибни Лайс, ки яке аз сарлашкарони Наср ибни Ахмад  —Мокон ибни Кокиро, ки бар зидди Наср исён бардошт, саркуб намуда, асир гирифта буд, касидаи «Модари май»-ро иншо намуд, ки онро дар мачлиси шароби Насри II ва содоти у мехонад ва аз мамдух дах хазор динор инъом мегирад.

Соли 325/936 дусти Рудаки — шоъири тавоно Шахиди Балхи вафот кард. Рудаки дар сугвории рафики шафики худ марсияи чонгудозе гуфт,ки то хол аз сугномахои риккатовари адабиёти форсии точики ба хисоб меравад:

Корвони Шахид рафт аз пеш

В-они мо рафта гиру меандеш.

Аз шумори ду чашм якто кам

В-аз шумори хирад хазорон беш!

Тушаи чони хеш аз у бирабой,

Пеш, к-ояд-т марги пойогеш!

Марсияи Рудаки дар марги дигар шоъири тавоно Абулхасани Муроди, ки аз дустони хамсухбат, ёрони хаммаслак ва шогирдони баруманди устоди панчруди буд, низ такрибан дар хамин солхо (936—940) иншо шудааст. Шоъир дар он акидаи ниёгони шоъирро дар бораи падар будани осмон, модар будани замин, баъди марг ба осмон рафтани чон ва ба замин андарун шудани чисм ва ба чони мутлаки кулл пайвастану човидон гардидани чони афроди некниходро ифода менамояд:

Мурд Муроди, на, хамоно, ки мурд,

Марги чунон Хоча на корест хурд!

Чони гироми ба падар боз дод,

Колбади тира ба модар супурд!

Они малак бар малаки рафт боз,

Зинда  кунун шуд, ки ту гуйи, бимурд!

Кох набуд у, ки ба боде парид,

Об набуд у, ки ба сармо фасурд!

Шона набуд у, ки ба муйе шикаст,

Дона набуд у, ки заминаш фашурд!

Ганчи заре буд дар ин хокдон,

К-у ду чахонро ба чаве мешумурд!

Колаби хоки суви хоки фиканд,

Чони хирад суйи самовот бурд!

Чони дувумро, ки надонанд халк,

Мискалае карду ба чонон супурд!

Харчанд дар марсияхои шоъир мувофики дарбойиси ин навъи адаби оханги андуху чудои аз дустони собик ва ёрони мувофик ба гуш мерасад, Устод дар мисраъи дувуми марсияи Шахиди Балхи ва байти охири марсияи Муроди (Хомуши кун чун нукат, эро малик — Номи ту аз дафтари гуфтан сутурд) ишорахое ба пирии худ хам дорад. Дар касидаи «Модари май»  низ   аз нотавони ва пирии худ хабар медихад:

Мадх расул аст, узри ман бирасонад,

То бишиносонад дуруст мири сухандон

Узри рахии хешу нотавониву пири,

К-у ба тани хеш аз ин наёмад мехмон!

Вале дар абёти бокимондаи хеч яке аз ин осор аз фочиаи шоъир дараке нест. Факат ба хотир бояд овард, ки солхои 937—943 дарбори Насри II тамоман ба майдони дасисаву мочаро, игвову кашокаш, катлу чазо тадбил ёфта, дар натича, соли 326/938 Балъами аз вазорат ронда шуда, соли 330/942 сардори харакати карматияи Бухоро Мухаммади Нахшаби ба катл расид. Марги асрорангези вазирони собик Балъами, Мусъаби, Чайхонии Дувум низ натичаи хамин игвогариву нобасомонихо буд. Шояд касидаи «Шикоят аз пири» низ дар хамин солхо, вале кабл аз кур карда шудани шоъир, эчод гардида бошад. Китъахои зерини Рудаки низ, ки губори хасрате бар чехраи онхо афтодааст, бояд дар хамон рузхои пурмочаро навишта шуда бошанд:

Дардову хасрато, ки маро даври рузгор

Бе олату силох бизад рохи корвон!

Чун давлате намуд маро, махбате фузуд,

Бе карзане, шигифт, набудаст рохи он!

Ва:

Чун барги лола будаму акнун

Чун себи пажмуридае ба овангам!

Байти поён хабар медихад, ки шоъир яку якбора, ба тарзи ногахони гирифтори фочиае шуда будааст:

Ой дарего, ки мурдзори маро

Ногахон бозхурд барфи вагеш!

Аз хамаи  фочиахо,  нобасомонихо ва    бетартибихо Рудаки хулосаи фалсафи бароварда, чахонро чун рамзи бадбахти тасвир мекунад:

Чуз ба модандар намонад ин чахони гурбару,

Бо писандар  кина дорад хамчу бо духтандаро!

И. С. Брагинский   дар китъаи зерин   ба кур карда шудани шоъир ишорае дарёфтааст:

Нигорино, шунидастам, ки гохи михнату рохат

Се перохан салаф будаст Юсуфро ба умр-андар.

Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз тухмат,

Савум -Яъкубро аз буш рушан гашт чашми тар!

Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сони,

Насиби ман шавад дар васл он перохани дигар!

Пас, хулосаи мантики мебарояд, ки баъди соли 325/938 ба чашмони дардманди сарояндаи орзухои халк ва муборизи зидди истибдод Рудаки, бо вучуди пири ва тирабасарии у, чабран мил кашиданд. Дар ин маврид бояд ба гуфтаи Начоти бигаравем, ки соли 709/1309 дар китоби «Басотин-ул-ъукало» гуфта буд: «Ва кад самала фи ахири умрихи» (яъне «дар поёни зиндаги чашмашро мил кашиданд»). 117

Ин фочиаро Устод чун бозии нохуши рузгор тахаммул намуда, бо вучуди шикасти калб. галаёни андуху ранч, тазйики гирдоби машаккат ва гирифтори ба вартаи балову гам сарбаландона пушти сар намуда, туфони хасрату озурдагихоро ба шеъри худ рох надод. У дили уммедпарвар дошт. Ба фикрам, хамин сабаб аст, ки аз осори у нишонаи ошкоре аз фочиаи кур карда шуданаш наметавон пайдо кард.

Е. Э. Бертелс аз байти поён натича мегирад, ки Рудаки барои пайрави шахси воломакоме буданаш кур карда шуда буд ва аз хамин сабаб аз у мадад мепурсад:

Садри чахон, чахон хама торикшаб шудаст,

Аз бахри мо сапедаи содик хамедами?!

Ин хама бахсу баррасихо барои ахли тахкику даъво лозим аст. Аммо мардуми одди дар хамаи давру замонхо Рудакиро бо шеъри поку нобаш мешинохтанду ба лахзахову вакоеъи гуногуни зиндагонии у чандон коре хам надоштанд. Дар байни мардум бештар ашъори ошикона, панду андарз ва байтхои нишотовари у шухрат доштаанду доранд. Тазкирахо бештар хамин гуна ашъори Устодро дарч намудаанд.

Аллома Саъид Нафиси дар асоси ташбехоти ашъори бокимондаи Рудаки ба хулосае меояд, ки мавсуф кури модарзод набуда, танхо дар поёни умраш кур карда шудааст. А. Мирзоев ба С. Нафиси пурра хамфикр будани худро иброз дошта менависад: «Мумкин аст дар вокеъаи аз тарафи Саъид Нафиси ишорашуда, душманон ба тирагии чашми шоъири бузург ва холати вай рахм накарда, уро хам ба кулли нобино гардонда ва аз дарбор ронда бошанд».118

Соли 1958 кабри Устод Рудакиро кушода, часади уро аз он бароварданд. Антропологи машхури шурави профессор М. М. Герасимов устухонхои косахонаи сар (чумчума) ва хамаи бокимондахои часади шоъирро аз чихати анатоми ташрех намуда, абёти дастраси Рудакиро омухт ва ба хулосае омад, ки «Рудаки на факат дар унфувони чавони, балки дар замони камолот хам бино буд».119 Сипас М. М. Герасимов устухонхои часади Рудакиро тадкик намуда, натича мегирад, ки «Рудаки бо хулаи охани гудохта кур карда шудааст».120

С. Нафиси менависад: «Волотарин далел бар ин, ки Рудакиро дар поёни зиндаги кур кардаанд, ин аст, ки дар соли 1336 (баробар ба 1957 — А. А.) дар Точикистон, дар нохияи Рудак, дар рустои Панчрудак, дар шимоли Самарканд, дар гуристони кухане, ки Абусаъди Идриси дар «Таърихи Самарканд» гури Рудакиро дар хамон чо нишон додааст, пас аз ковиш чойгохи кабри вайро ёфтанд ва дар он чо устухонхои вай аз зери хок берун омад. Дар косаи чашми вай, дар чумчумааш асари сухтагиву бархурд бо чисми гудохтае пайдо шуд ва мусаллам шуд, ки вакте чисми гудохтаеро дар чашмони вай фуру бурдаанд ва он чи Начоти гуфта буд, ки чашми вайро мил кашидаанд, собит шуд. Дар сутуни факароти вай низ асари шикастаги падидор буд ва донишмандон гуфтаанд, ки барои кур кардани вай ва наздик кардани чехрааш ба ахгаре, ки сабаби гудохтани оташу устухони чумчумаву косаи чашму курии вай шудааст, сарашро ба руи оташ хам кардаанду муковимат кардааст, устухони пушташ шикаставу шикастагии он ошкор аст ва дар устухони пушт боки мондааст».121

Чунин аст зиндагии пуршебу фароз ва ибратомузи хуршеди осмони адаби форсу точик Абуабдуллох Чаъфар Рудаки! Ин буд огозу анчоми фарзанди бузурги халки точик!

Бетартибихо, беназмихо, бесарихо, парешонихо ва чахолату тирагии синфи хоким, ки ба кадри макоми сутург ва хизматхои бузурги Устод Рудаки нарасида, ба чуз бизан, бикуш, кур кун … чизи дигареро намедонистанд, устоди беназири шеъри форси ва фарзанди шухравари халки точикро чисман аз миён бурданд. Аслан, дар замони Сомониён, ба вижа, дар даврахои аввали хукмронии онхо, пайравони адён ва кешу ойинхои гуногун дар сарзамини Хуросон озодона амал мекарданд. Бинобар шаходати сайёхи араб Мукаддаси, дар ахди Сомониён дар Мовароуннахру Хуросон чараёни хамагонии    дини мавчуд набуд. На факат мазхабу чараёнхои    исломи, хатто адёни гуногун арзи  вучуд мекарданд. Дар мавзеъхои гуногуни зиёде бисёр яхудихо, насрониён, аснофи мачус, аз кабили зардуштиён, монавиён, оташпарастон ва гаравандагони    ойинхои бутпарасти    ва санампарасти, габрхо мезистанд. Истахри ва Ибни Хавкал сарзамини Гурро дорулкуфр меноманд. Оташгоху дайри мугонро кариб дар хар вилояту навохи дидан мумкин буд. Ибодатхонахои яхудиён дар Майманаву  Балх   ва   монастирхои   насрониён  дар  Самарканд,  Ургут, Хоразм амал мекарданд. Мукаддаси хабар медихад, ки дар Хуросону Мовароуннахр нуфузи ханафиён бештар ба назар мерасида, ба истиснои вилоятхои Шош, Элок, Тус, Нисо, Абевард, Тироз, Сигоч, дар музофоти Бухоро, Санч, Дандонакон,    Исфароин, Чувайн шофеъимазхабхо  аксариятро ташкил  медоданд.  Шофеъихо дар Хирот, Систон, Сарахс, Марв, Нишопур низ дида мешуданд. Дар Систон, навохии Хирот, дар Карух   ва Астаробод хоричиён зиёд буданд. Дар Нишопур пайравони муътазила,  карматихо,  шеъихо зист  мекарданд.  Карматихо дар Фаргона, Хуттал, Гузгон, Марвруд   ва Самарканд хонакох доштанд. Сафедчомагон, ки пайрави Муканнаъанд, дар рустохои Хайтал  (Усрушана, Сугд, Бухоро, Исфичоб, Шош ва Фаргона) хаёт ба сар мебурданд. Ба кавли муаллифи «Худуд-ул-олам», дар Вахон, сохилхои руди Марв габрони зиёде зиндаги мекарданд. Дар  Самарканд монавиён оташгохе доштанд,  ки Нагушок мегуфтанд.

Аз руйи маълумоти   Наршахи,   дар наздикии Бухоро Мох ном бозоре вучуд дошт, ки буту санамхои гуногун мефурухтанд. Дар Бухоро маросими Кини Сиёвуш пос дошта мешуд. Дар Эрон хам чараёнхои мазхабии мухталиф ва адёну кешхои гуногун амал мекарданд. Муътадилан ахли ташайюъ, шофеъихо, ханафихо, ханбалихо, моликиён, кодирихо, суфихо ва гайра дар Форс, Шероз, Рай, Хамадон, Исфахон, Кум, Хузистон, Ахвоз ва вилоятхои хамсояи онхо (Ирок, Басра, Куфа, Багдод) озодона хаёт ба сар мебурданд. Зардуштиёни зиёд, насронихо ва калимихо низ кам набуданд, Рухониёни ин чараёнхои мафкурави байни худ мубохисахои гарму чушон барпо менамуданд. Хурофот ва таассуби диниву мазхаби хеле заиф ба назар мерасид. Дар солхои охири салтанати Насри II (914—943) ин мубохисахо ба ихтилофхои шадид табдил мегардиданд. Хусусан, ихтилоф байни суннихо ва ахли ташайюъ руз ба руз авч гирифта, гохе бо задухурдхои хунин анчом мепазируфт. Хуручхои ботиниён, ки онхоро бештар карматиён мегуфтанд, ба бисёр бетартибихо, шуришу исёнхо сабаб мешуд. Хак ба чониби Абдулгани Мирзоев аст, ки гуфта буд: «Карматихо-исмоилихо хамчун ахли муътазила ба мубохисахои илми ва бахсу мунозира, фалсафа ва илмхои акли бештар майл доштанд. Махсусан, ба хикмати Юнони Кадим ахамияти хосе медоданд, зеро дар муборизахои гояви-фикри фалсафа ва хикмат тавонотарин аслихаи онхо хисоб мешуд».122

Баъд аз он ки таассуби дини авч гирифта, лашкариёни турку рухониёни сунниву чамоъат як шуданд, дар охири асри X мелоди (карни 4 хичри) хамаи ашхоси барои синфи хоким номатлуб кармати шумурда, берахмона нест карда мешуданд. Ин раванд аз охирхои замони хукмронии Насри II (914—943) огоз гардида, торафт авч гирифта, дар замони Махмуди Газнави (998—1030) ба авчи аъло расид.

Чунонки зикраш дар сахоифи пеш гузашт, дар сохибистиклол ва мустахкам гардидани Давлати Сомониён сахми Исмоили Сомони  (892—908) хеле бузург аст. «Исмоили Сомони аз муборизаи оммаи халк барои истиклолият    истифода   бурда,    нахустин  бор   пас  аз   истилои   араб сарзамини дар натичаи задухурдхои дохили парешонгардидаро муттахид намуд ва давлати бузурги мустакиле ба вучуд овард. Вай дар баробари бархам додани хукумати Саффориён, хокимияти худро на танхо дар Мовароуннахру Хуросон мустахкам кард, балки ба як катор вилоятхои шарки ва шимолии Эрон сохиб гардида, истиклолити хакикии давлати ташкилкардаи худро нисбат ба хилофати араб таъмин намуд».123

Исмоили Сомони соли 892 пойтахти Сомониёнро аз Самарканд ба Бухоро кучонд, чунки ба кишвар аз тарафи шарк хучуми хоричи тахдид намекард, дар он самт вилоятхо дар амон ва дур аз хавф буданд. Аммо аз гарб бими хучуми кучманчиён, ки хар гох ба мавзеъхои сархади хамла оварда, онхоро горат мекарданд, хеч кам намешуд. Гохо бо хиёнати посбонони сархад — марзбонон горатгарихо басе ташвишовар мешуданд.

Бо вучуди чунин кушишу тадбирхо, давлати шухратманду овозадор солхои охири карни X дар натичаи ихтилофхои шадиди синфи, ба хусус аз синфи хоким норози шуда, аз он ру гардондани оммаи мехнаткаш, мукобилати куввахои марказгурез бо хукумати маркази, ракобати авлодии намояндагони сомони барои ба даст овардани точу тахт, адовати ахли дарбор ва кормандони девонхо, фитнаву хиёнати саркардагони лашкари кирояи турк, бо душманони хоричи хамдаст шудани марзбонхо, ривоч гирифтани таассуби дини ва гайра, ба дарачае нотавон шуд, ки аз шукуху равнаку кудрати пешинаи он осоре намонд. Аз ин чихат, дигар натавонист ба хучуми душманони хоричи мукобилат нишон дихад. Соли 992 бодиянишони турк, ки карохонихо ном доштанд, Бухороро забт карданд. Амири Сомони Нухи II (976—997) бо Махмуди Газнави онхоро аз кишвар дур андохт. Аммо соли 999 дар натичаи хучуми навбати Бухоро тамоман ба дасти карохонихо гузашт. Бо хамин Давлати бузурги Сомониён аз байн рафт.

Аз ибтидои асри XI сар карда, баъди бархам хурдани Давлати Сомониён, дар байни точикон чудои афтод. Сарзамини ягонаи онхо таксим гардида, худашон ба давлатхое тобеъ шуданд, ки хокимонашон ачнабихо буданд. Аммо халки эчодкори точик хеч гох нагузошт, ки маданияташ тамоман ба хок яксон шавад.

Камолоти эчодии Рудаки чун устоду сарвари адибони Бухорову Сомониён дар хамин айём сурат гирифта, на танхо дар дарбор, балки дар байни халку гуруххои рушанфикри шахр шухрати тамом ёфта буд. Ин шухрату нуфузи шоъир дар пиронсоли афзун гардида бошад хам, ранчу захматхои Рудаки дар ин айём бо шухрати шоъириву кулфатхои пири махдуд намешуд. Синфи хукмрон дар таъкибу озори у рохи ифротро пеш гирифт. Ин сабаб дошт, зеро хонадони Сомониён, ки дар аввали хукмрони ба пайравони мазхабхо, фиркахо, хатто динхо бетараф буд, баъдан дар ин чабха сиёсати худро дитаргуна кард. Аз соли 919 сар карда  дар  каламрави  Сомониён  таблиготи кармати чун чунбиши сиёси ва нахзати ичтимои пурзур гардид. Карматихо гурухи пуркуввати сиёсие буданд, ки дар асри IX пайдо шуда, дехконон, бодиянишинон, ахли хунар, бахусус онхоеро, ки аз тартиботи мавчудаи мазхаби расмии ислом норози буданд, муттахид мекарданд. Маънии кармат кутох аст. Сабаби чунин ном гирифтани ин чараён дар он аст, ки асосгузори он Хамдон ибн ал-Ашъас комату пойхои кутохе доштааст. Дар замони Сомонихо карматия хамчун харакати халки мохияти зиддифеодали дошта, бо фаъолияти рохбари карматихои Бухоро Мухаммади Нахшаби аз руйи баъзе хусусиятхои озодихохи-демократияш эътибор пайдо карда буд. Таъсиру нуфузи он то дарачае буд, ки амирону вазирон ва шахсони дигари сохибэътибор майлаш мекарданд. Наср ибни Ахмад хам ба онхо таваччух дошт. Аз тарафи дигар, дар охирхои замони Наср ибни Ахмад таассубу хурофоти мазхаби авч гирифт. Бисёр одамони рушанфикр бо тухмати кармати будан ба мучозот гирифтор мешуданд. Рухониёни ислом ва дарбориёни иртичоъи хамаи мухолифони худро кармати меномиданд, ба бедини айбдорашон мекарданд. Лашкариён бошанд, мекуштанду гораташон мекарданд.

Низомулмулк вокиъаи бо гунохи кармати аз тахт маъзул гардидани Насри II ва ба чойи у амир  баргузида шудани писари Нух ибни   Мансурро муфассал накл карда, таъкид менамояд, ки ин кор аз сабаби аз рохи суннат барафтодан ва мазхаби бад гирифтан, яъне таълимоти карматиро аз Мухаммади Нахшаби пазируфтани Насри II рух додааст. Нух баробари ба тахт нишастани худ ба пойи падараш банд баста, уро махбус мекунад. Пешвоёни харакати кармати  (ботини)-ро низ ба хабс мегирад. «Пас Хасан ва Макот ва Мансури Чагони ва Ашъасро, ки ботини шуда буданд, гардан    бизаданду дар шахрхо афтоданду хар киро, ки аз эшон меёфтанд, мекуштанд… Хафт шабонаруз дар Бухорову навохии у мегаштанду горат мекарданду чунон шуд, ки дар Мовароуннахру Хуросон яке аз эшон намонданд».124 Албатта, ин бахонае буд, ки аглаб бо тухмати кармати будан ба    катл расида, халк горат мешуд. Рудаки аз бетартибихо, амалиёти зиддихалкии куввахои чудоиандози марказгурез ва ривочи хурофоти мазхаби ба танг омада, дар сафи одамони пешкадами ватандусту халкпарвару размандаву    пайкорчу меистод.

Маълум мешавад, ки Рудаки аз бенизоми ва хиёнатхои ахли дарбор амирро борхо огох кардааст (Агар амири чахондор доди ман надихад, — Чахорсола навиди маро ки хаст хиром?). Вале аглаб аз чониби шохи замон тарафдори надида, музтариб  мегардид. Ва, нихоят, хатто аз он пушаймон гардид, ки дар ин дарбор хизмат кардааст:

Басе нишастам ман бо акобиру аъён,

Биёзмудамашон ошкору пинхони.

Нахостам зи таманно, магар дастури,

Наёфтам зи атохо, магар пушаймони!

Синфи хоким ин рафтори бебоконаи шоъирро тахаммул карда натавонист, окибат Рудакиро низ кармати шумурда, молу мулкашро мусодира карда, ба чашмонаш мил кашида, кураш карданд. Мил кашидан аз кабехтарин мучозоти хуккоми феодали буд, ки бо лулачаи филиззии тасфон гавхараки чашми одамонеро, ки аз чихати мафкура хатарнок шумурда мешуданд, дог мекарданд.

Гумон меравад, ки дар хамин вакт аввалин бор осори Рудаки сузонда шуда бояд бошад. Рудакии пири нотавон озор ёфтаву чазо гирифта, аввал ба Самарканду сипас ба дехааш баргашт. Хамаи ёронаш уро ба огуши навозишу гамхори гирифтанд. Баъд аз се соли ба зодгохи худ баргаштан, яъне соли 329/941, Рудаки оламро падруд гуфт. Часади уро дар сахни бустони Панчруд ба хок супурданд.

Моххо гузаштанд. Моххо ба солхо табдил гаштанд. Аз он солхо асрхо ба вучуд омаданд. Соли 1926 Хукумати Точикистон бузургии Устод Рудаки ва ахамияти волои эчодиёти суханвари номиро ба назар гирифта, карори махсус кабул намуд, ки хар сол дар рузи Навруз бо номи «Рузи Рудаки» чашни хос гузаронида шавад. Расо як хазору сад сол сипари шуд. Соли 1958 ба зодрузи Султони шоъирони Ачам Абуабдуллохи Рудаки ёздах аср пур гашт.

Мардуми суханпарвари точик ва чахониёни мутамаддин аз туфони хазорон хаводиси таърих намунахои гуфтори хакимона ва хикоятхои ошиконаи ин устоди бехамтои суханро то ба замони мо оварда расонданд ва дурдонахои назми волои уро овезаи гуши мухлисонаш гардонданд. Доноёни олам дар бузургдошту ситоиши Рудакии човидон китобхо навиштанд, суннатхои асосгузоштаи уро такмилу тарвич доданд. Алхак,

                   Номи уро, ки медоранд имруз,

                   Хаст аз он шеъри анчуманафруз!

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …