Главная / Илм / БАХМИР

БАХМИР

rodnikБАХМИР, чашмаи минерали дар нох. Мургоб. Такр. 14 км чанубтар аз дехаи Кизилработ дар баландии 4060 м аз с. б. вокеъ аст. Оби чашма аз 10 чой мебарояд. Харор. оби чашмахои гарм +380С, дебиташон 0,4 л/сон. аст. Таркиби химиявии оби онхо аз натрий (829 мг/л), калсий (96,0 мг/л), калий (49,0 мг/л), магний (20,0 мг/л), гидрокарбонатхо (2349 мг/л), кислотахои силикат (3,0 мг/л), метаборат (33,0 мг/л), хамчунин литий, радон (1,5 нКи/л), рубидий мис, никел, фтор, маргимуш иборат аст. Микдори гази карбонат 95,6% ва нитроген 4,4%-ро ташкил медихад. Минералнокии умумиашон – 3,9 г/л. Оби чашмаро метавон чун обзан (ванна) ва барои ошомидан истифода бурд. Аз чихати таркиби химияви ба обхои маъдании Боржоми (Гурчистон) наздик аст. Барои табобати амрози узвхои хозима ва мубодилаи моддахо нафъ дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …