Моддаи 205-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Аз чониби суд хал кардани масъалаи аз нав баркарор кардани пешбурд аз руи парванда
- Пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи прокурор доир ба зарурати аз нав огоз кардани пешбурд аз руи парванда бинобар холатхои нав ошкоршуда бо тартиби зайл барраси мегардад:
– дар бораи карори суди нохия (шахр) – аз чониби Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва шахри Душанбе;
– дар бораи карори суди нохия (шахр)-хои тобеи чумхури, карори Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе ва карори судхои харбии гарнизонхо – аз чониби коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон;
– дар бораи карори коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон – аз чониби Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон.
- Баррасии каблии парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба тарики кассатсиони ё назорати ба баррасии он дар хамон мархилаи суди чихати аз нав огоз кардани пешбурд бинобар холатхои нав ошкоршуда монеъ намегардад.
- Пешниходи Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон ё хулосаи прокурор дар бораи аз нав огоз кардани пешбурд аз руи парванда бинобар холатхои нав ошкоршуда дар мачлиси суд мувофики коидахои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур барраси карда мешавад.