Главная / Гуногун / Аз чи сабаб зиёиёни мо нисбати таърихи халки худ бетарафи зохир мекунанд?

Аз чи сабаб зиёиёни мо нисбати таърихи халки худ бетарафи зохир мекунанд?

Зиёиёни мо нафакат нисбати таърихи халки худ, балки нисбати такдири халкашон хам хамин тавр рафтори индифферентиви зохир мекунанд. Чун зиёиёни точик ватани таърихии моро бо пойтахташ – Бухорои Шарифу Самаркандаш ройгон доданд ва имруз наслхои  онхо аз кух фаромада кудрати як калимаи точикиро иброз доштан надоранд, вале чун академики точик Рахим Масов дар ин чода катрахои дурдонаи хакикатро бирехт, дар кучаву бозор уро сарзаниш карда, сиёсатмадори мекарданд ва кудрате надоранд, ки хатто бо як такризаке акидаи академикро шарх бидиханд ё рад кунанд.

Як бор таърих адаби моро дод, вале аз ин мо хулоса набаровардем. Вале агар имруз мо боз сиёсатмадори карда, аз форс буданамон даст бикашем, пас ин маънои онро дорад, ки мо аз таърихи панчхазорсолаи худ, аз таърихи туронию Бохтари Кабир, аз таърихи баромади Ориён, аз таърихи баромади давлати умумичахонии Хахоманиш ва аз империяи бузурги пахлави ва аз таърихи баромади тамоми халкхои Аврупо аз ватани мо ва нобигахои гузаштаи худ хам бояд даст бикашем. Инро наслхои оянда нахоханд бахшид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …