Главная / Илм / Авсач

Авсач

avsaj_pechak-660x330Авсач — ин растаниест, ки бар деворхо ва панчарахо хазида баланд мешавад. Баргаш ба барги гулисурх монанд, вале хору пашмак дорад ва васеътар аст аз он. Мевааш монанди самари мармичон ва тути сиёх, вале сурх аст. Инро дар диёрхои мо бисёр парвариш менамоянд. Онро ба забони руси земляника мегуянд.

Мизочи хамаи кисмхои ин растани дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Оби барги тару тозаи онро хафт руз пай дар хам дар чашм чаконанд, гули дар он афтодаро дафъ мекунад.

Чун оби самари пухтагии онро ситонида, соф карда, хушк намуда ва вакти хочат 0,5 грамми онро бо сафедаи тухми мург ё бо шири занон соида, дар чашм чаконанд, хамаи намудхои дарди чашм ва гули ба он афтодаро дафъ мекунад. Инро батанхои ба пешони гузошта банданд, фуромадани моддахои зарарнокро манъ менамояд.

Тутиёро дар оби авсач як шабонаруз тар карда, баъд ба чашм кашанд, барои дарди чашм давои бисёр хубест. Чун барги онро то кувваташ ба об гузаштан бичушонанд, пас, молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида соф кунанд ва то гафс гаштанаш боз бичушонанд, ки ин барои дафъ кардани гули чашм таъсираш бисёр хуб аст.

Баргашро бихоянд, чушиши (пухтани) даруни даханро сихат мекунад. Барги тарашро куфта гузошта банданд, доначахои мурчагазак ва сурхбодро, агар харорати онхо дар камоли шиддат набошад, шифо мебахшад.

Усораи барги тару тозаи он, яъне оби баргашро дар офтоб гафс гардонида, баъд биёшоманд, барои кутури сафрови даво мешавад ва тафси сафровии баданро таскин медихад.

Табиби номи Шариф шаходат додааст, ки табибони Юнон, Форс ва Хинд бо авсач махавро, агар иллат дар холати ибтидо бошад, муолича менамоянд ба ин тарик, ки решаи онро реза карда, хар руз 25 граммашро дар 300 грамм об то сеяки об мондан мечушонанд ва баъд соф намуда менушанд — ин тавр чор-панч мачлис (бегох) меошоманд, ба воситаи дафъ кардани савдои сухта аз бадан, махав шифо меёбад, ба шарте ки ду руз пеш аз ошомидани он шурбои гушти гусфанди фарбехро бихуранд ва дар рузи севум оби ин решаи чушонидашударо бинушанд, инак, то чанд руз бо он мудовамат намоянд, мурод хосил мегардад. Бояд, ки рузи дувум баъд аз нушидани он, ки рузи рохат аст, хаммом кунанд.

Хакими машхур Багдоди ва як катор табибони номи навиштаанд, ки решаи авсачро дар шароби райхони чушонида бинушанд ва дар он рузхо хар руз хаммом кунанд, барои хамин бемори, яъне махав, давост. Табиби номдор Антоки хамин шароберо, ки решаи ин растани чушонида шудааст, бинушанд, барои решхои тар, кутур, хориш ва дафъ кардани догхои пуст бехтар аз чуби чини донистааст. Хол он ки чуби чини барои аксари беморихои бедаво дармони хубтарин хисоб меёбад.

Чун решаи инро реза карда, бо барги мурд якчо бисузонанд ва пошидани он барои реш ва беморихои макъад, манъ намудани реши хабиса ва руёнидани муй зудтар таъсир мекунад. Меваи ин дар хислатхои тибби монанди барги он аст, хунравиро катъ мекунад ва исхолро мебандад.

Микдори як бор хурдан аз авсач дар як руз то 4,5 грамм аст. Вале хурдани авсач ба сипурз зарар дорад, иллати кулинчро, ки дард ва варами рудахои гафс аст, пайдо мекунад. Барои дафъи ин зарархояш катиро бояд хурд. Барг ва усораи онро дуд кунанд, чонварони зарарнок аз он чо мегурезанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …