Главная / Биология / Арча – дархт

Арча – дархт

Арча растании (дарахти) хамешасабз буда, ба синфи сузанбаргон дохил мешавад. Хелхои он асосан дарахт ё бутташакл буда, баъзан хобраванда мешаванд. Шаклхои дарахтии он 10-12 м ва хатто то 20-30 м ба боло кад мекашанд.

archa

Баргхои аксари растанихои чавони арча дар солхои аввали сабзишашон сузанмонанд буда, баъд шакли пулакчаро мегиранд. Дар баъзе намудхои арча баргхо ба таври доими сузаншакл боки мемонад. Баргхои сузанмонанд шакли нештар ё хофро доранд. Баргхои пулакчашакл одатан хурд буда, болои хам ё гирдогирд чойгир шудаанд.

Арча дар микёси чахон бештар дар мамлакатхои сохили Бахри Миёназамин, Осиёи Наздик ва Маркази, инчунин дар минтакахои хушки чануби Америкаи Шимоли меруяд. Дар минтакахои кухии Точикистон 4 намуди арча (хорбурс ё арчаи туркистони, махин- бурс ё арчаи зарафшони, сарварча ё саурарча, патакарча ё арчаи сибири) нашъунамо мекунад. Онхо дар хамаи нохияхои кухии Точикистон дар баландии 1000-1200 то 3400-3700 м аз сатхи бахр пахн гардидаанд.

archa-223

Арча дарахти рушноидуст буда, ба шароити хушки ва хунуки нихоят тобовар мебошад. Решаи пуркуввати он ба каъри замин чукур рафта, инчунин аз хисоби решахои иловагии тирреша багирду атроф васеъ пахн мешавад. Чунин тарзи решарони ба арча имкон медихад, ки об ва моддахои гизоиро аз хокхои нисбатан камгизо чаббида, ба худ гирад. Аз ин чост, ки арча хатто метавонад дар заминхои регзор, охаккух, таркиши шаххои урён, пастхамихои кухсор низ нашъунамо кунад. Арча ба сармои кахратуни кухсор нагз тоб меоварад.

Арча дарахти дарозумр аст. Хатто дар синну соли 800-1000-солаги дар он навдахои чавон пайдо шуда, метавонанд чалгузаи бисёр ва тухми аълосифат хосил кунанд.

Дар минтакахои чангалхои пахнбарг арча дар чойхои холии замин, ки барои сабзиши дигар намудхои дарахтон мувофик нест, анбухи мустакили арчазорро пайдо мекунад. Бо ин рох худро аз ракобати дигар растанихо барканор мегирад.

Кисми руизаминии хамаи намудхои арча нисбати системаи (шабакаи) решагиашон нихоят суст месабзад. Барои 3,5 м кад каши- дани арча зиёда аз 100-120 сол лозим мешавад. Хамин тавр, решаи пуркувват ва шохарондаи арча ба таркиши шаххои лучу урён фуру рафта, кисми руизаминий дар шаххо овезоншудаи онро мустахкам нигох медорад.

Арчазорони Точикистон растанихои хоси кухистон мебошанд. Омили асосии нисбатан махдудкунандаи арча дар минтакахои кухи, харорати паст ва таркиби гизоии хок набуда, балки ба кадри кофи набудани намии хок мебошад. Дар баробари ин арчазорони Точикистон аз арчазорони дигар мамлакатхои чахон бо он фарк ме- кунанд, ки онхо ба харорати нихояг паст (то -30°С) ва хам ба харо- рати нихоят баланд (+40°С) тобовар мебошанд.

Сарв низ ба шуъбаи лучтухмон тааллук дошта, дарахти хамешасабз аст. Вай дар чумхуриамон дар шакли худруй масохати васеъро ишгол намекунад. Факат дар хавзаи дарёи Кофарнихон, дар дараи Сардаи Миёна чакалакзори сарви худруйро вохурдан мум- кин аст.

Одатан дарахти сарв то 15-20 м (баъзан то 30 м) кад мекашад. Пустлохи танааш хокистарранг буда, баргаш ба мисли барги арча сабзи пулакчашакл мебошад. Чалгузааш гирд ё байзашакл аст, баъди пухтан мекафад ва тухмхои дар дохилаш буда ба замин пош меху- ранд. Тухмхои ба берун афтода метавонанд кобилияти сабзишашон- ро то 2-3 сол нигох доранд. Сарв низ чун аксари сузанбаргон тавассути тухмаш афзоиш мекунад. Ба ин максад аввали бахор дар нихолхона (ё парвардахона) тухмашро мекоранд. Дар шароити мусоид такрибан пас аз як мох тухм неш зада, ба сабзиш шуруъ мекунад. Дар давоми 3-4 соли парвариш нихоли
навраси сарв то як метр кад мекашад ва онро чихати кабу- дизор намудани гулгашту хиёбонхои шахру дехоти ватанамон ба чои доимии мувофик мешинонад.

Сарв то ду хазор сол умр мебинад. Вай хамчун дарахти хамешасабзу зебо аз кадимулайём дар худуди Точикистон мавриди парвариш карор до- рад.

Суръати сабзиши санавбар нисбат ба арча хеле зиёд мебошад. Вай ба равшани эхтиёчи нихоят калон дорад. Шохаронии он факат дар кисми нугиаш ба амал меояд ва тарзи чойгиршавии шохахои он имкон медихад, ки рушнои ба тамоми кисмхои растани бахуби дастрас шавад. Тиррешаи санавбаре, ки дар замини сахт меруяд, хуб сабзида, хеле чукур меравад. Дар регзаминхо бошад, дарахти са- навбар ба чуз тирреша, дар кабати болотари замин решахои ило- ваги низ хосил мекунад.Санавбар дарахти сузанбарги хамешасабз мебошад. Пояаш сутунмонанди рост, пустлохаш тираранг, гафсии танаи баъзе фардхои калонсолаш то 1-1,5 м, баландии кадаш то 40 м мешавад ва то 350 — 400 сол умр мебинад.

Санавбар дарахти ба хунуки тобовар мебошад. Дар Точикистон дарахти санавбарро барои кабудизор кардани кучаву хиёбонхои шах- ру дехот, богхои истирохати ва гайрахо васеъ истифода мебаранд.

  1. Барги арча чи гуна сохт дорад?
  2. Дар Точикистон кадом намудхои арча меруянд?
  3. Барои сабзиши муътадили арча чи гуна шароитхо хатман заруранд?
  4. Сарв ба таври худруй дар кадом махалли Точикистон вомехурад?

Аз руи кадом хусусиятхояш санавбар аз арча фарк мекунад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …