Главная / Гуногун / Антагонизм

Антагонизм

Онхо,  яке марди газгушти сиёхчурда ва дигаре кадпасти кулула , ки риши кутох кайчизадааш мисли ангишт сиёх буд, дар чойхонаи лаби руд нишаста, чой менушиданд. Марди газгушт, ки Ёкуб Рахмон ном дошт, чандин сол дар мактаби деха муаллии карда, хамин карибихо ба нафака баромада буд. Хамнишасти у – Хочи Халил то дируз ба ном дар кадом корхонаи нохия кор мекард, аммо рузаш ба савдогари мегузашт. Чанд сол пеш барои ин амали гайриконуниаш якуним сол дар махбас низ нишаста буд. Аммо хозир вай одами обруманди деха буд. Бо кумаки ду писари точираш ду маротиба ба зиёрати хонаи худо мушарраф гардид. Акнун пиру чавони деха уро бо эхтиром Хочи Халил ва ё Бобои Хочи ном мебурданд. Аммо баъзан дар гайбаш Халил-макарон низ мегуянд. Таърихи чунин лакаб гирифтани у бисёр ачиб аст. Онро на танхо дар Сангоб, балки сокинони дехоти атроф низ нагз медонанд.

Чанд сол кабл, Халил, хангоми ба савдогари машгул буданаш, боре ба Душанбе рафта, дар Фурушгохи маркази барои харидани як навъ матои серхаридор дар навбат меистад. Аммо дар ноомади кор холо навбати у нарасида, фурушанда эълон мекунад, ки дигар бехуда навбат напоянд, матоъ тамом шуд. Халил хамрохи чанд нафар бахтбаргаштагон маъюс мешавад ва пас аз пароканда шудани харидорони дигар аз фурушанда илтичо мекунад, ки бо нархи баланд бошад хам, аз хамон матоъ як туб пайдо кунад. Аммо фурушанда чавоби рад медихад. Хамин вакт як марди хушлибоси зиёинамо Халилро ба гушае бурда мегуяд: Мебинам, ки аз рох дур омадаеду ноумед шудед. Агар хамин навъ матоъ бисёр зарур бошад, метавонам ба шумо ёри расонам. Хулоса гапашон мепазад ва Халил дусад суми дар чайбаш бударо ба он мард медихад. Мард бошад, дипломати дар дасташ бударо ба ихтиёри Халил гузошта, таъкид мекунад, ки эхтиёт кунад, дар даруни он хуччатхои мухим дорад. Ва мард ба дари даромади хизматчиёни фурушгох даромада меравад.

Халил кариб як соат дар дами дар рохи марди хочатбарорро мепояд. Аммо аз у дараке намешавад. Окибат токати Халил ток шуда, ба як милиса арз мекунад. Милиса ба у мефахмонад, ки ин дар ба хавлии фурушгох мебарояд ва хавли ду-се дарвозаи баромад дораду у, Халил, ба доми каллобе афтодааст. Баъд Халил дар хузури милиса дипломатро мекушояд, ки он пур аз макарони арзон.

Хамин тарик лакаби «Макарон» ба гуши Халил халка шуд.

Дар чойхонаи хурдакак хамаги чор кати чубин гузошта шуда буд. Онхо яке аз он катхоро сохиби карда, дар ду кунчи он руи курпача менишастанд. Дар байнашон як чойник чой ва дар лаълича як каф канди печак гузошта шуда буд. Харду ба фурча чой менушиданду аз хар дар сухбат мекарданд.

Хамин вакт каме дуртар аз чойхона мошини милисионери деха омада истод. Милиса хамрохи ду зан аз мошин фуромад ва сипас сандуки кафои мошинро боз карда, як сумка ва ду халтаи пурборро берун оварда, ба замин гузошт.

– Бизнесменхо омаданд, – гуфт Хочи Халил, пиёлаи дасташро болои дастархон гузошта. – Чи оварда бошанд? Акнун занону духтарони деха ду-се руз хобу хурро гум мекунанд, кисаи чанд камбагал холи мешавад, – табассуми фарох кард вай.

– Намедонам чи хел замин ин ду каллобро мебардорад, – гуфт Ёкуб Рахмон.

– Беминнат лозимиатонро ба дари хонаатон оварда диханд, боз каллоб мегуед, – изхори тааччуб кард Хочи Халил.

– Чи гуям? Фаришта! Чи хел каллоб нагуям, ки ба духтарам ду метр куртавориро моли хоричи, моли нагз гуфта, аз нархи аслиаш якуним баробар гарон фурухтаанд.

– Шумо нархи аслии онро аз кучо медонед?

– Пареруз ба маркази нохия рафта будам, дар як дукон тасодуфан чашмам афтид. Нархаша пурсида, хангам канд. Аз маркази нохия то дехаи мо хамаги панчох километр. Наход… Фоидаи медидагиашон насиб накунад, ин инсофашона гург хурдагихора!

– Онхо хамон либосвориро ба сари духтари шумо мачбур бор накардагистанд?

– Албатта бор накардааст ва бор карда хам наметавонад. Аммо инсон бояд лафзи халол дошта бошад, адлу инсофро донад. Духтарам хамон куртаро як об гирифта буд, ки рангаш парида, мисли латтаи кухна шуд… Боз шуморо кахратон меояд, ки чаро каллоб мегуи!

– Коидаи бозор хамин – бардорат зам кун, набардорат кам кун, гуфтаанд.

– Инсоф чи?! Дасти мардуми бечораро кутох дида, талаву тороч кардан даркор набудагист.

– Э маълим, – даст афшонд Хочи Халил, – шумо аз зин фуромада бошед хам, аз узангу нафаромадаед. О вай фоида набинад, девона шудааст, ки ба чор тарафи дунё давида, савдогари мекунад. Агар ба ману шумо молро ба нархи худаш оварда дихад, харочоти рохро аз кисаи ки пушонад?

– Болонархи монад, аммо бо эбаш.

– Росташро гуям, шумо ба сарфахми ин корхо намеравед. Бехуда оташин шуда, сари худатон ва сари дигаронро гаранг накунед.

– Шумо сарфахм меравед, ришханд зад Ёкуб Рахмон.

– Ман сарфахм меравам, албатта.

Занхо ба милиса чизе гуфтанд, ки вай аз тахти дил баланд хандид ва сипас хушхолона ба мошинаш нишаста, онро ба самти мукобил гардонд ва чанги заминро ба хаво хезонда, бо суръати тез чониби идораи колхоз ронд.

– Ачаб замонхое шуд, а! – гуфт Хочи Халил, аз кафои мошин чашм наканда. – Милисахо дар хизмати савдогарон. Аммо ман… якуним сол умри чавонамро дар он чо хазон кардам. Барои чи!

– Гунахкор будед, конуну коидаи давлата вайрон карда будед, – гуфт Ёкуб Рахмон, лабонаш моил ба табассум.

– Хеч гунох надоштам. Мисли ана ин ду заиф савдогари мекардам. Хам хочати мардумро мебаровардаму хам ризку рузии бачахоямро меёфтам. Магар хамин кор гунох аст?!

– Моли давлата аз магазинаш харида, бо нархи гарон ба халк мефурухтед. Он вакт ин чиноят хисоб мешуд, мардумфиреби буд.

– Хм… мардумфиреби… О хамун мардум дар орзуи моли нагз мемурданду дар магазини давлат пайдо карда наметавонистанд-ку! Ман бошам, шахр ба шахр гашта, ёру ошнохоямро ба кор андохта, ба фурушандахо болонархи дода,онхоро ёфта меомадам. Бар зами ин рохкиро медодам. Душанбеву Маскав паси куча нест, ки пиёда рафта биёи. Мардум, ки мухточ буданд, ба гарониаш нигох накарда мехариданд. Онхо хурсанд, ман – рози. Ин кор чи чои гандаги дорад!

– Ун давлат конуну коидахои одилона дошт. Агар касе онхоро вайрон кунад, бечазо намемонд.

– Хозир чазо намедиханд-ку! Худи давлат ба воситаи радиову телевизораш мегуяд, ки ба савдогари машгул шавед, аз кадом кунчи дунё бошад, мол оварда фурушед. Мешудааст-ку!

– Хозир замони каллобу муштзурхо… хар кас худаш медонаду дави аспаш. Барои онхо ба гайр аз пул дигар ягон чизи мукаддас вучуд надорад. Хулоса, корди каллобу шуъбадабоз болои равган. Аммо ун давлат дигар буд, зур буд вай!

– Э гур хам набуд! Хамаро тайёрхур карда буд. Намемонд, ки одами чашмикордон озод нафас кашад.

– Яке аз чашмикордон шумо будед?

– Ха, ман будам! Ягон гап дори?! Хуб шуд, ки хамун давлат дафъи муминон шуд! – якбора даргирифт Хочи Халил.

– Харомгулухоро чашми дидан надошт ун давлат, – гуфт Ёкуб Рахмон оромона, – нони дахонатро халол мехнат карда ёб, мегуфт.

– Чи, хозир магар одамон халол мехнат намекунанд?

– Мекунанд. Аммо рузашон базур мегузарад. Лекин давлати каллобу фиребгарон руз аз руз зиёда мегардад.

– Э бас кунед! Шуморо ки маълумоти олидор мегуяд.

– Сухани хак сахт мерасад, а!

– Ба ки? Ба ман!

– …

– Гапатро дониста зан, чулхунди! Хурматат кардам наёз, аз худ нарав, – ба «ту-ту» гузашт Хочи Халил.

Ин муомила ба Ёкуб Рахмон сахт расида бошад хам, галаёни дилашро ошкор насохта, ба хамон оханг суханашро идома дод.

– Масалан, шумо мисли ман нафакахур… Аз кучо пул ёфта, ду бор ба хач рафта омадед?

– Аввало ин ки, ту хамсанги ман нести, худатро бо ман ба тарозу наандоз. Сониян, шукри худо, ман ду гулписар дорам, ки кухро зананд талкон мешавад. Мисли писари ту рузи дароз муши когазхур барин дар мактаб пилмида намегарданду аз паи зиндагиянд, тичорат мекунанд, дар бозор инро ба он зада пул меёбанд. Ту палагдамагзи маълумоти олидор медонистагисти, ки тичорат кардан гунох нест. Хатто пайгамбарамон Мухаммади Мустафо ба тичорат машгул буданд ва мардуми точирро дуст медоштанд. Кару кур набуди, нагз медони, ки ман аз пули бачахоям ба хач рафтам.

– Дуруст, пайгамбарамон дархакикат точирони баинсоф ва баимонро дуст медоштанд. Лекин шумо боре боре аз худ пурсидед, ки пули бачахои точиратон меёфтаги харом аст, ё халол? Одам аз хамун пул ба хач равад, зиёраташ кабул мешавад, ё не?

– Хой, ту бедин харому халолро чи медони?! Магар ту набуди, ки чанд сол пеш дар мактаб бачахоро ту пинхони намоз мехони, руза мегири гуфта, истинток мекарди. Ё аллакай аз ёдат рафт! Ту фаромуш карда боши хам, халк фаромуш намекунад.

– Ман чи хел муаллим будам, халк нагз медонад. Шумо аз номи халк гап назанед. Лекин одамон дар бораи шумову писаронатон чи мегуянд донед, зарар надорад.

– Чи мегуянд?! – аз чой нимхез шуд Хочи Халил.

– Медонед, ки писари калониатон дусад килло анори Салим-богбонро, ки ба нияти сари писарашро чуфт кардан бо як азоб то чиллаи зимистон нигох дошта, фурухтани шудааст, бо такал дуюним сомони харида, дар бозори Душанбе кутара хар киллояшро панч сомони ба савдо задаст. Ку, мархамат карда гуед, магар як бечораро фиребида, молашро муфт гирифта, сипас ба болояш як ракат нарх монда фурухтан, каллоби нест магар! Ин гапи кучо, ки савдогар баробари богбону дехкон даромад бинад.

Ёкуб Рахмон, ки ин гапхоро бо хаячону газаб ба забон овард, нафасгир шуд. У чанд лахза гуё таъсири сухани худро санчидан мехоста бошад, хап ба руи Хочи Халил дида духт.

– Медонистам, ки ману писаронамро бад мебини, аммо то ба ин дарача буданашро чашмдор набудам, – Хочи Халил лахзае хомуш монд ва баъд якбора шурид. – Мур, сухта-сухта мур, хасудхур!

– Ту мур, беимон! – паст наомад Ёкуб Рахмон. – Ман ба боигарии ту коил нестам ва касам ба хама мукаддасоти олам хасад бурдан ба гушаи хаёлам хам наомадааст. Ин гапхоро барои он гуфтам, ки ту беномус хаддатро шиноси, бо нуки биниат осмонро нахароши. Вакте дар маъракахои мардум бе пушт-пушт ба пешгахи давра мегузари, як бор андеша куни, ки оё он чои туст?

– Алам кард! – аз гояти газаб нимхез шуд Хочи Халил. – Як замон ту бологузар буди, мо ягон гап мегуфтем? Акнун ту хам токат кун. Медонам, душвор аст, алам мекунад, аммо мардонавор токат кун. Осиё ба навбат, – бехуда нагуфтааст халк.

– Агар ту арзанда боши, ки токат кунам. Лекин вакте мис даъвои тилло будан мекунад, токатам ток мешавад, эй бенрмус!

– Ман беномусам ё ту? – захрханда кард Хочи Халил.

– Ту, албатта. Беномус набоши, як поят дар лаби гуру ришат то хол сафед намешавад?

– Э ту худат кисти, ки бо ман туву ман мекуни! – беихтиёр домани яктахашро афшонда, аз чой хест Хочи Халил. – Ахмак набошам, вакти ганимати худро бехуда сарф карда, сафсатахои ту бемагзро гуш карда мешинам. Садкаи гап шави ту, гадо.

Вакте Хочи Халил аз зинахо мефуромад, бо Искандар-кассоб дучор омад.

– Искандарбой! – гуфт вай бо овози баланд мад кашида. – Дина таъин кардам, наомади?

– Дар хона набудам, Хочи-бобо, – гуфт Искандар-кассоб, бо у дудаста вохурди карда, – тинчи буд?

– Хамон гусфанди парвоиро кушта медоди.

– Дина писаратон як пои гов гушт харида буд, аллакай тамом шуд?

– О ту медони-ку, ман гушти гов намехурам… Забхи гусфандро низ то ба чашмонам набинам, гушташро намехурам.

– Кассобхо гушти фуруширо низ бо дасташон мекушанд, –  хандид кассоб.

– Оббо, гапа бисёр накарда, биё! – норозиёна гуфт Хочи Халил. – Мошин фирист гуи, шукри худо дар хавли се мошин хаст, бифиристам.

– Меоям, Хочибобо, – гуфт кассоб даст пеши бар. – Мошин лозим нест.

– Ха, биё, бачам, дуо мекунам, – гуфт Хочи Халил ва коматашро рост гирифта, рохашро идома дод.

– Э руи ту барин халолхур сиёх, – гуфт Ёкуб Рахмон, бо нафрат ба замин туф карда ва баъд аз чанд дакика у низ аз чойхона баромада, сараш хам чониби хонааш рафт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …