Моддаи 183-и Кодекси Андоз. Андоз аз арзиши иловашуда, ки хангоми муайян намудани пардохтхо ба бучет дар холати истифодаи меъёри стандарти ба хисоб гирифта мешавад
- Агар дар хамин модда тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, хангоми истифодаи меъёри стандарти маблаги андоз аз арзиши иловашудаи бахисобгирифташаванда маблаги андозе мебошад, ки андозсупоранда тибки хисобнома – фактурахои оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизхои ба вай пешниходшуда, бо дарназардошти талаботи кисми 4 хамин модда ва фаро расидани вакти амалиёти андозбандишавандаи воридоти молхо дар давоми давраи хисоботи тибки моддаи 178 Кодекси мазкур ва амалиётхои андозбандишаванда, ки тахвили молхо, ичрои корхо ё хизматрасонихоро пешбини намуда, тибки моддаи 174 Кодекси мазкур дар давраи хисоботи ичрошуда хисобида мешаванд,бояд пардохт намояд (пардохт кардааст). Хамзамон, бахисобгирии андоз аз арзиши иловашуда танхо дар холате ичозат дода мешавад, ки агар молхо, корхо ё хизматрасонихои дар хамин кисмпешбинишуда барои максадхои фаъолияти сохибкории андозсупоранда истифода шаванд ё бояд истифода гарданд, хатто агар ин молхо, корхо ё хизматрасонихо ба харочоти истехсоли дохил карда нашаванд. Барои ба хисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда оид ба воридоти молхо чунин андоз аз арзиши иловашуда бояд вокеан ба бучет пардохт шавад.
- Маблагхои андоз аз арзиши иловашудаи дар холати истифодабарии меъёри стандарти, ки тибки кисми 1 хамин модда бахисобгирифташаванда дониста шудаанд, инхо мебошанд:
-маблаги андозе, ки бояд ба тахвилкунандагон тибки хисобнома-фактурахои ба номи (номгуи) андозсупоранда пешниходшуда бо чудо кардани андоз аз арзиши иловашуда пардохт шавад;
-маблаги андозе, ки дар эъломияи гумрукии бор мутобики конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон ба расмият даровардашуда нишон дода,мувофики тартиби мукарраршуда ба бучети Чумхурии Точикистон пардохт шудааст ва мутобики шартхои низоми гумруки бояд баргардонида нашавад;
-маблаги андози дар чиптаи рохкиро пешбинишуда, ки дар наклиёти рохи охан ё хавои дода мешавад;
-маблаги андозе, ки дар хуччатхои аз чониби тахвилкунандагони хизматхои коммунали истифодашаванда зикр шудааст ва хисоббаробаркунии онхо тавассути бонкхо анчом дода мешавад.
- Андоз аз арзиши иловашуда мувофики тартиби мукаррарнамудаи кисми 2 хамин моддадар хамон давраи андозбанди, ки молхо (корхо, хизматрасонихо) гирифта шудаанд, ба хисоб гирифта мешавад.
- Дар мавриди андоз аз арзиши иловашудае, ки андозсупоранда тибки хисобнома – фактурахои ба вай пешниходшудаи андоз аз арзиши иловашуда барои воридоти мол ва амалиёти андозбандишаванда, ки кисман барои фаъолияти сохибкории андозсупоранда ва кисман барои дигар максадхо пешбини шудааст, бояд пардохт намояд (пардохт кардааст), ба хисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда дар асоси вазни киёсии истифодабарии онхо дар фаъолияти сохибкори анчом дода мешавад (агар муайян намудани вазни киёсии максадхои истифодабарии молхои (корхои, хизматрасонихои) ба воситаи воридот ва дар доираи дигар амалиёти андозбандишаванда харидашуда бевосита дар давоми давраи андоз, ки онхо гирифта шудаанд, имконпазир бошад).
- Дар холатхои зерин ба хисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашудае, ки пардохт шудааст (бояд пардохт шавад), ичозат дода намешавад:
-автомобилхои сабукрав, ба истиснои фуруш ва ба ичора додани онхо аз чониби шахсе, ки фуруш ва ба ичора додани автомобилхо барои у намуди асосии фаъолияти сохибкори ба хисоб меравад;
-харочоти фарогат ё намояндаги, харочот барои максадхои эхсонкори ва ё ичтимои;
-хисобнома-фактурахо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, ки дар онхо маблаги андоз аз арзиши иловашудаи аз амалиётхои андозбандишавандаи мазкур ситонидашаванда дар ин хисобнома-фактурахо мутобики моддаи 186 Кодекси мазкур ба маблаги алохида чудо карда (нишон дода) нашудааст;
-харочот барои корхои иктишофи геологи ва омодаги ба истихрочи захирахои табии;
-харочот барои харид, истехсол, сохтмон, насб ва васлкуни, инчунин барои баркарор намудани (таъмири) воситахои асосии истехлокшаванда ва дороихои гайримоддии истехлокшаванда, новобаста бамаблаги харочот;
-харочот аз руи молхое (кор, хизматрасоние), ки аз шахсони бинобар беасос пешниход намудани хисобнома-факутурахои андози арзиши иловашуда андозсупорандагони бемасъулият эътирофгардида харидори шудаааст;
-тамоми харочот дар холати истифодаи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои харочоти вобаста ба воридоти андозбандишаванда барои шахсони дар кисми 2 моддаи 181 Кодекси мазкур пешбинигардида.
- Дар холате, ки агар андозсупорандаи истифодабарандаи меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда амалиёти андозбандишаванда ва амалиёти аз андоз аз арзиши иловашуда озод дошта бошад, барои ба хисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда маблаги андоз аз арзиши иловашудае, ки мутобики моддаи 185 Кодекси мазкур муайян шудааст, кабул карда мешавад. Агар андозсупоранда танхо амалиёти озод дошта бошад, ба хисоб гирифтан ичозат дода намешавад. Кисми 4хамин модда кабл аз истифодаи хамин кисмбо дарназардошти мукаррароти моддаи 184 Кодекси мазкур татбик карда мешавад.
- Дар холатхои дар моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинигардида, вакте ки дар холати истифодабарии меъёри стандарти андоз аз арзиши иловашудаи дар хисобнома – фактура ё эъломияи андоз аз арзиши иловашуда зикргардида нисбат ба андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд андозсупоранда пардозад, зиёд бошад, ба андозсупоранда ба хисоб гирифтани маблаги зиёдати дар давраи хисоботи, ки дар он холати дар кисми 1 моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинишуда чой дошт, ичозат дода мешавад (яъне кам кардани ухдадорихои андозсупоранда оид ба андоз ба хачми маблаги зиёдати ичозат дода мешавад).
- Дар холатхо ва бо тартибе, ки моддаи 261 Кодекси мазкур мукаррар кардааст, бахисобгирии маблаги андоз аз фуруши алюминийи аввалия дар сурати пешниходи хуччатхои тасдиккунанда ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)
- Новобаста ба мукаррароти кисми 1 хамин модда ба хисоби пардохти андоз аз арзиши иловашуда маблаги вокеии аз чониби андозсупоранда барои гирифтани хисобнома-фактурахои андоз аз арзиши иловашуда мутобики моддаи 186 Кодекси мазкур пардохтшуда ба хисоб гирифта мешавад (ба истиснои истифодабарандаи меъёри пасткардашуда).