Главная / Чамъият / Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби суди ситонида мешавад

Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби суди ситонида мешавад

Моддаи 99-и Кодекси оила.  Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби суди ситонида мешавад 

  1. Андоза ва тартиби пардохти алимент барои шахсоне, ки дар моддахои 95-98 хамин Кодекс зикр шудаанд, тибки созишномаи тарафхо муайян карда мешаванд.
  2. Дар сурати мавчуд набудани созишномаи тарафхо андозаи алимент, ки барои таъмини аъзои оилаи дар хамин боб зикргардида ба тартиби суди ситонида мешавад, аз тарафи суд  бо назардошти вазъи моддию оилавии пардохткунанда ва гирандаи алимент ва манфиатхои дигари кобили таваччухи тарафхо дар шакли маблаги устувори  хар мох пардохтшаванда мукаррар карда мешавад.
  3. Агар барои таъмини аъзои оила, ки алимент талаб мекунад, хамзамон якчанд нафар ухдадор бошанд, он гох суд бо назардошти вазъи  моддию оилавии онхо андозаи иштироки хар яки онхоро дар ичрои ухдадории алиментдихи муайян менамояд. Бо талаби  чавобгар суд вазифадор аст, ки хамаи шахсонеро ки барои пардохтани алимент ухдадоранд, ба хисоб гирад, сарфи назар аз он ки даъво нисбати хамаи ин шахсон ё факат як нафар ё якчанд нафари онхо пешниход шудааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

perepis

Аз 1-уми октябр дар Точикистон баруйхатгирии ахоли огоз мегардад

Аз 01.10.2020 дар Точикистон фаъолияти баруйхатгири – баруйхатгирии ахоли огоз мегардад. Дар ин бора дар …