Главная / Маданият ва санъат / Андешахои панду ахлокии Сайидои насафи

Андешахои панду ахлокии Сайидои насафи

Аслан панду ахлок ва тарбияву таълим максади адабиёти бадеи аст. Эчодкоре, ки ба эчоди бадеи ру меорад, хатман муносибати худро ба ин масъала баён мекунад. Газалиёти Сайидо дар баробари фаро гирифтани мавзуъхои дигар, акидахои тарбияви-ахлокии шоирро низ дарбар гирифтаанд. Аз тарафи дигар, ба ин восита таълимоти фалсафаи амалии СайидоСайидо

Масалан, Сайидочонибдори саъю кушиш, чахду чадал, амалу харкат аст. Барои дарёфти кути лоямут инсон бояд мисли санги осиё пайваста дар чадал бошад, яъне ризки худро халол кунад, тавассути мехнат ба даст биёрад. У ба ин маъни таъкид мекунад, ки:

Рузи насиби кас ба нишастан намешавад,

Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт.

Ба акидаи шоир, инсон набояд гафлат варзад, балки бояд максади муайян дошта бошад. У кушишу харакат, чахду талош, саъю чадалро талаб меномад ва мегуяд:

Бе талаб, ай Сайидо, максад намеояд ба даст,

Ч,о ба мачлис мекунад най аз фигони хештан.

Мехнату кор, машгулияту фаъолият, обру ва эътибори инсон аст ва мардумоне, ки ин сифатхоро доро хастанд, сохибхунаранд ва дар зиндаги хеч гох хору залил нахоханд шуд:

Ру намеорад ба хони хеч кас сохибхунар,

Богбон ризки худ аз пушти гулистон мехурад.

Ё худ:

Шир мегардад бурун аз кух бахри Кухкан, Ризки худ сохибхунар аз санг пайдо мекунад.

Сайидо барои инсони мехнаткаш на танхо сахрову дашт, балки хама чоро мехнаткада медонад ва бояд дар хама холату дар хама чо кас фориг аз саъю кушиш набошад:

Мурги кабоб рузии сохибтараддуд аст,

Дар хона анкабут шикори магас кунад.

Ё ин ки:

Устухони хушк беташвиш кай ояд ба даст

Аз паи рузи магу табъи хумо осуда аст.

Шоир, ки худ бо мехнати халол зистааст, муфтхуронро чашми дидан надорад. Хатто дасту пои инсон, ки агар вазифаи худро ба чо наоранд, онхоро бояд баст, мегуяд:

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист, Дасте, ки масдари эчод нест, бастанист.

Ба назари шоири мехнатдусту покизакор, хисоли хамидаи инсони аз кабили вафодори, сидку сафо, ростгуи, росткавли, некиву некукори, рахму шафкат, инсондустиву мардумнавози, илмомузиву донишманди, сабру токат, бурдбориву пуртокати ва гайраро таргиб намуда, оммави гардидани онхоро чонибдор аст: У мегуяд:

Ростиро набувад хеч заволе ба чахон,

Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.

Ё худ:

Рафик аз каф мадех, душман агар хохи забун гардад, Туро сузан ба даст афтод, хор аз по бурун афтад.

Барои доро гардидани инсонхо бо хислатхои хамида хатман тарбият зарур аст. Аз ин ру, ба андешаи шоир, инсон хатман бояд аз мактаби тарбия мегузарад.

Дар газалиёти Сайидо ба чуз мавзуъхои маъмулии жанри мазкур, мавзуъхои сиёси-ичтимои, тарбияви-ахлоки, танкиди-хачви, шархихоли- хонаводаги ва г. хеле баланд садо додаанд, ки нигохи тоза ба мазмуну мухтавои газалсарои мебошад. Ин хамин маъниро дорад, ки Сайидо ба ин восита адабиётро ба хаёти чамъият, ба рузгори халк, ба зиндагии табакахои ичтимои хеле наздик намуда, нияту максад ва орзуву омоли мардумонро асосан инъикос намудааст.

Аз тарафи дигар, тозакории Сайидо дар газалсарои ба хусусиятхои шаклии жанр тааллук надорад, яъне у дар кофияву радиф, вазн ва сохтори дигари шаклии газал гардиши чидди ворид накардааст.

Тозакорихову навоварихои шоир дар мундаричаи газалсарои, мохияти тематики газал дахл дорад, ки газали у оинаи рузгори асри шоир гардидааст. Газалхои Сайидо саршор аз тазодхову зиддиятхои хаёту зиндаги, низоъхои сиёси-таърихи, хаёти-ичтимои, тоифавию табакави ва гайра аст. Инхо низоъхо ва тазодхои рузгори хамарузаи чомеъа мебошад, пас газалиёти Сайидо инъикосгари хаёти инсонхост. У ин чанбаъро низ бо хунари хоси шоирона ва бо сабку шеваи фарди- индивидуалии худ эчод кардааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …