Главная / Гуногун / Аморати Бухоро дар нимаи аввали асри ХIХ

Аморати Бухоро дар нимаи аввали асри ХIХ

Пас аз фавти Шохмурод писараш — амир хайдар (1800– 1826) ба тахти аморат нишаст. Вай аксарияти вактро ба мутолиаи асархои фикх ва мунокашахои бемаънии шарху хошияхо сарф мекард. Шояд аз хамин сабаб бошад,  ки худро «яке аз уламои замон» пиндошта, дар мадрасаи арк, ки бо амри у сохта буданд, ба дарсгуи машгул шуд. Чи навъе ки дар охири асри ХIХ пирмардони бухорои ба А.А.Семёнов хикоят кардаанд, муллобачахоро ба дарси «амири донишманд» ба зарби чуб чамъ менамудаанд, зеро касе бо ихтиёри худ дар пеши у дарс хондан намехостааст.[1] Ин амири такводор химоят ва тарафдории рухониёнро мечуст (ва пайдо хам кард). Амир хайдар Куръонро саропо аз бар карда бошад хам, хеч гох зохиди риёзаткаш набуд –аз сад канизи харамсарои худ якеро интихоб намуда, хар мох хамсарашро иваз мекард, хамчунин аз байни пиразанони кордида касони махсус ба хар гушаву канори мамлакат фиристода мешуданд, то ки духтархои сохибчамолро пайдо карда, ба хидмати амир оваранд.

Дар аввалхои хукмронии амир хайдар ба кушуни Бухоро муяссар гардид, ки ба Хева зарбаи хеле шадид расонад ва аз ин чониб хавфи хучуми душманро ба Бухоро бартараф намояд. Лекин баъдтар, ба сабаби заиф гардидани аморати Бухоро, хонхои Хева боз муттасил хучум намуда, то девори пойтахт расиданд. Мубориза бо Шахрисабз ва давлати хонии Хуканд хеле тулони ва токатфарсо буд. Амир хайдар дар чанги Уротеппа галаба карда, Чиззах ва саргахи Зарафшонро ба каламрави худ дохил намуд.

Амир хайдарро лозим омад, ки ба тарафи хисор хам лашкар кашад. У дар ин чо баъзе муваффакиятхо ба даст овард. хокими хисор, ки акнун хусури амир хайдар гардида буд, унвони атоликро сохиб шуд ва гохо ба амир пешкаш ва куввахои харби мефиристод. Вай амалан дар аксари корхои мулкдори бо ихтиёри худ амал мекард. Г.Мейендорф аз хикоятхои амалдорони Бухоро дар соли 1820 чунин таассуроте хосил намуд, ки хисор мулки басо сарватманд аст.

Шахри хисор – нишемангохи хоким кариб се хазор иморат дошт ва дар водии шукуфони дорои заминхои хосилхез (хусусан мазраахои фаровони шоли) ва чарогоххои сабзу хуррам чой гирифта буд. Гайр аз ин, Дехнав, Каратог ва Регар низ аз калонтарин махалхои ахолинишини ин мулк ба шумор мерафтанд. хокими Обигарм баъзан бо хокими хисор чанг мекард.[2]

Миризатулло дар соли 1813 вазъияти сиёсии хамон кисмати Осиёи Миёнаро, ки бо он шиносои дошт, ба тарики зайл баён менамояд: Мовароуннахр «миёни хокимони чудогона, ки пуриктидортарини онхо подшохи Бухоро Мир хайдар мебошад, таксим гардидааст». Чои дувумро аз чихати маком амири Фаргона -Умархон мегирад. Севуми волии Уротеппа Махмудхон аст. Пас аз онхо Шахрисабз Ниёзали меистад. У исман табааи Бухоро махсуб ёфта, аммо намегузошт, ки ба номи Мир хайдар хутба хонда ва сикка зарб карда шавад. Сипас, Миризатулло хокимони хисор, Кубодиён ва Кургонтеппаро зикр менамояд. Дар сохили чапи дарёи Аму мулки Хоразм вокеъ аст, ки хокими он Мухаммад Рахимхон мебошад. Дар Бадахшон Мирмухаммадшох хукмрони мекунад, Шугнон хам хокими худро дорад. Ва хотирнишон менамояд: «хамаи ин хокимон бо хам намесозанд ва доимо дар чангу чидоланд».[3]

Аксари умаро ва ашроф нисбат ба амир хайдар хисси норизояти мепарвариданд ва бар зидди у ошуб мебардоштанд.[4] Амир хайдар сиёсати падари худро дар бобати марказият додани давлат пеш бурда натавонист. Муковимати феодалони махалли дубора кувват гирифт. Дар натичаи лашкаркашихои сершуморе, ки ба мукобили феодалони исёнкор ва хамсоягони хусуматпарвар ба амал оварда мешуд, инчунин пардохти маоши беш аз хазор амалдор ва муллохои бешумор ва инъомхои пулии харсолаи аъёну ашроф эхтиёчи моддии давлат низ хеле зиёд мегардид. Мухаммадяъкуб, бародари амир хайдар, навиштааст, ки «дар ин вакт харчи амир ду баробар аз дахли у зиёдтар буд». хар сол ахвол торафт хатарноктар мешуд.[5] Ин буд, ки молиёт ва хирочхои бисёр, монанди кушпули, танобпули, алафпули, яксари, чубпули, миробона, кавсан ва г. дубора чори гардида, бори гуруххои истехсолкунандаи мамлакатро вазнинтар намуданд. Ба замми ин, горатгарихое, ки хангоми амалиёти харби ба вукуъ меомад, ба сари мардуми мехнаткаш махрумият ва мусибатхои зиёде оварда, уро боз хам кашшоку бенавотар мегардонд. Дар ибтидои солхои бистум таназзули иктисоди ва харобии саросари кишвар рух дод. Афзудани чабру зулм ва истибдод боиси сар задани ошубхои нави халки гардид. Шуриши хитой-кипчокхо, ки дар водии Миёнкол сар зада, аз соли 1821 то соли 1825 давом намуд, яке аз тазохуроти хамин навъ ошубхои халки буд (рочеъ ба ин шуриш поёнтар, дар кисмати «Муборизаи синфи» батафсил сухан ронда хохад шуд).

Пас аз вафоти амир хайдар писараш — Насрулло (1826–1860) ба тахти аморат сохиб гардид. Тавсифи возеху вокеии ин хукмрон ба калами А.А.Семёнов тааллук дорад. У менависад, ки амир Насрулло аз болои часади ду бародари худ – ворисони конунии салтанат хусайн ва Умар гузашта, ба тахт нишаст ва дар давоми як мохи пас аз чулуси худ рузе 50–100 касро ба катл мерасонид.

«…У бо гаддори ва хунхории фавкулодда фарк мекард ва барои ин вайро бухориён «амири кассоб» номида буданд. Давраи хукмронии дуру дарозаш бо бадкирдори, катлу куштор, хиёнат, бешарафи ва хирсу ози гушношунида ном баровард»[6].

Амир Насрулло бо Шахрисабз, Уротеппа, Куканд ва Хева муттасил чанг мекард. Кушишхои у дар бобати ба хайъати аморати Бухоро баргардонидани вилоятхои он суи дарёи Аму, ки акнун ба тасарруфи амирони афгон даромада буданд, натичае набахшид.

Амир Насрулло бо максади инон задан ба феодалони дохилии мамлакат як катор чорахои нихоят берахмона пешбини намуд. хаким кушбегиро, ки дар ахди салтанати падараш амалан хукмрони аморат махсуб меёфт, аввал аз хокимият дур кард ва сипас ба катл расонид. хукуки кушбеги махдуд карда шуд. Абдусамади форс, ки ба ин вазифа таъин гардид, аз тарафи аъёну ашрофи кабилахои узбек пуштибони намедид ва тамоман ба майлу илтифоти амир вобаста буд. Умаро ва сарони сипох, ки андаке норизояти изхор кунанд ва ё майли чудошави пайдо намоянд, кушта ё худ бадарга намуда, молу мулкашон мусодира карда мешуд. Н.В.Хаников, ки соли 1841 Бухороро дида буд, навиштааст: «Рахмонберди махсуми туркман, ки аз тарафи амир ба мансаби мухими раис, яъне мухофизи расму одат ва дурустии микёси тул ва тарозу таъин шуда буд, дар кори решакан кардани феодализми Бухоро ёвари нахустин гардид. Авомро бо зарби чуб чазо дода, ба дуову ибодат водор мекарданд, сипохиёнро сар мебуриданд ва ё мачбур менамуданд, ки гурехта чон ба саломат баранд; халк ба раис нафрин мехонд; сипохиён хам фахмиданд, ки ба тахт киро нишондаанд, вале дигар илоче набуд».[7]

Дар соли 1837 амир Насрулло ислохоти харби гузаронид. То ин вакт кушун аз ду кисмат иборат буд: яке н у к а р х о, ки бидуни мухлат хизмат мекарданд, дигаре карачирикхо, ки фавчхои гайримуназзами сершумореро ташкил медоданд. Гайр аз нукархо  шогирдпешахо низ  буданд, ки  хизмати кисми тайёрии кушунро адо карда, сипас ба нукари гузаронида мешуданд. Вакте ки нукархо ба юриш мебаромаданд, шогирдпешахо дар гарнизон хизматро давом медоданд. Нукархо хам, дар навбати худ, ба ду кисм: мерганхо ва найзадастон чудо мешуданд. Мерганхо бо туфанг ва ё камон, найзадастон бошанд, бо найза мусаллах буданд. Силохро хукумат медод. Дар калъа захираи борут ва тир мавчуд буд. Кисми махсусро туп ташкил медод, ки ба он тупчибоши фармонфармои мекард. Нукархо ва шогирдпешахо таъминоти худро асосан ба тарики мол (галла ва ришка) мегирифтанд, ки аз китъахои муайяни замин ба андозаи молиёти барои хазина пардохташаванда руёнида мешуд. Кумаки пули хам мегирифтанд, вале хеле номураттаб. Карачирикхо аксар вакт бесилох буданд. Дар яке аз фармонхои амир хайдар рочеъ ба иштироки карачирикхо дар юриш гуфта шуда буд: «Агар силох набошад, бигзор белу каланд ба даст бигиранд». Чи неруи размовари доштани чунин кушун ба шарху тафсил эхтиёче надорад.

Амир Насрулло ба ташкили кисми калони харбии муназзам саъй намуд. Асоси он аз асирони рус, инчунин аз форсхо ва дигарон фарохам омада буд. Баталёни 800-нафараи сарбозон ва кисмати 250-нафараи тупчиён ташкил ёфт. Либоси махсуси низоми чори карда шуд. хамаи сарбозон бо туфангхое, ки аз саросари мамлакат чамъ карда ва хам махсус аз хорича оваронида буданд, мусаллах гардиданд. Туфанги онхо найза дошт. Силохи тупчиён аз таппонча ва шамшери руси иборат буд. Сарбозон дар хоначахои махсус барояшон сохташуда, яъне як навъ «казармахо» зиндаги карда, хамеша омодаи чанг буданд. Дар вактхои осоишта машкхои харби гузаронида мешуданд. Сарбозон ва афсарон мунтазам мавочиб мегирифтанд. Амир аз ин кисми харби, ки кувваи асосии зарбазанандаи кушуни Бухоро махсуб меёфт, дар вакти чанг ба таври васеъ истифода менамуд, вале дар замони осоишта аз он метарсид.[8] Ин мустабиди хунхор хамеша аз хар кас ва аз хар чиз хавф мебурд ва дарвокеъ, худаш хам зуран ба халокат расонда шуд. Аз баъзе ривоятхо маълум мешавад, ки зани бо зур гирифтааш – духтари волии Шахрисабз – Кенагасхоним хангоми хоб ба гушаш симоб рехтааст. Амир аз дарди чонкох бедор шуда, пеш  аз марг фармудааст, ки он зан ва хамаи бачахои вайро кушта, ба чох партоянд.

Пас аз фавти амир Насрулло инони салтанат ба дасти писари ягонаи у — Музаффар (1860–1885) расид. Донандаи маъруфи таърихи Мангития А.А.Семёнов навиштааст: «Писар ва вориси амир Насрулло — Музаффар мехри падарро ягон кадар эхсос намекард ва амир Насрулло хеч намехост, ки Музаффар вориси тахти Бухоро гардад. Бинобар ин падар сидкан дар нияти куштани писараш – ин шахси мисли худи у берахму хунхор буд, вале азбаски дигар писари окилтаре надошт, хоху нохох ин касди худро ба таъхир меандохт».[9]

Дар замони хукмронии амир Музаффар Осиёи Миёна ба Россия хамрох карда шуд.

Давлати хонии Хуканд дар нимаи аввали асри ХIХ

Таърихи хонии Хуканд бо вучуди ба андозаи фаровон мавчуд будани манбаъхои муътамад, мадракхои мустанад ва хотироти сайёхон хануз ба дарачаи кофи тадкик нашудааст.[10]

Дар асри ХVIII Фаргона тавассути мавкеи чугрофии худ назар ба Бухоро, Хева ва Тошканд вазъияти афзалиятноке дошт, зеро бисёр ходисоти харобиовар, аз чумла футухоти Нодиршох то он чо асар накарда буд. Аз ин ру, ахолии Фаргона хеле афзуда, иктидори иктисодии он зиёд мешуд. хамин буд, ки барои таъсиси давлати мустакил замина ва имкониятхои мусоид мухайё гардид. Дар ин рох кадами нахустинро Олимхон (1800–1810)[11] гузошт. У ба максади баромадан аз тобеияти ашрофи харбии феодали дастаи махсуси низоми ташкил намуд, ки комилан аз точикони кухистон – дарвозихо, каротегинихо ва шугнонихо фарохам омада буд. Ин даста вазъияти имтиёзнокро сохиб гардида, дастаи асосии кушуни аз ахолии махаллии узбек ташкилшуда ба шумор мерафт. Олимхон дар бобати марказонидани давлат чидду чахди бисёре ба харч дода, харчанд мухолифати доирахои бонуфузи аъёну ашроф ва рухониёнро бартараф карда натавониста бошад хам, ба хар хол баъзе муваффакиятхоро ноил гардид. У худуди давлати хониро васеътар намуд. Чун тасарруфи Уротеппа барояш муяссар нашуд, кусури онро аз чои дигар баровард, дар охирхои хукмрониаш Тошканд ва кабилахои казоки хамчавори онро ба каламрави худ дохил кард.

хамаи ин икдомоти Олимхонро бародараш — Умархон (1810-– 1822) бо муваффакият идома дод. Махз дар ахди салтанати у сохти маъмурии давлати хони комилан ташаккул ёфт. Умархон бо бахонаи мустахкам кардани иктидори табакаи хукмрони хонии Хуканд тавонист ихтиёроти бузургеро сохиб гардад. Чанги бебарор барои Уротеппа бо аморати Бухоро давом мекард. Умархон ба тарафи шимол лашкар кашида, шахри Туркистон ва масохати пахновари даштхои казокнишинро аз бахри Арал то хафтруд ишгол намуд. Калъахои Окмачит (холо шахри Кизилурда), сипас Авлиёато (Чамбули хозира), баъдтар Пишпек (шахри кунунии Фрунзе) ва гайра сохта шуданд. хамин тарика, як кисми кабилахои киргизу казок хам ба каламрави хонии Хуканд дохил гардид.

Пас аз Умархон писар ва вориси у — Мухаммадали (Мадали) ба тахт нишаста, такрибан бист сол (1822–1842) зимоми умури хонии Хукандро дар дасти худ нигох дошт. У чандин дафъа ба самти чануби шарки лашкар кашида, мулкхои Дарвоз ва Каротегинро зери даст намуд ва муддате чанд хокими Кулоб низ ба итоати вай сар даровард. Мухаммадалихон дар тарафи гарб бо Уротеппа чанг кард, хамчунин ба Кошгар юришхо намуд. Дар ахди у даххо хазор ахолии Кошгар аз зулму ситами хукумати Хитой ба дод омада, ба умеди начот суи Фаргона фирор карданд ва дар хамин чо маскан гирифтанд.

Мухаммадалихон ба мисли хукмрони Бухоро амир Насрулло як марди золим ва бетараххуме буд. У ягон меъёреро риоят накарда, одамони гунахкору бегунохро ба катл мерасонид, чун ишратпарасти фосик умр ба сар мебурд, айшу нуш ва кайфу сафо шугли доимии у ба шумор мерафт. Ба кавли В.П.Наливкин ин «хунхори чавон» сохиби тахту точ гардида, тамоми умр «факат ба фиску фучур ва катлу куштор машгул шуд».[12] У аз пуштибонии аъёну ашроф ба кулли махрум гардид; мардум хамеша дар галаён буданд. Амири Бухоро Насрулло аз ин фурсат истифода бурда, соли 1842 Хукандро забт кард ва Мухаммадалихонро бо хамаи ахли хонадонаш ба катл расонд. Аммо амир Насрулло Хукандро дар даст нигох дошта натавонист. Дере нагузашта Хуканд боз истиклолияти худро сохиб шуд ва Хучанду Тошкандро хам дубора ба даст овард.

хануз дар замони хукмронии Мухаммадалихон, хеч набошад дар нимаи дувуми он, дар хонии Хуканд падидахои бухрони дохили ба зухур меомаданд. хангоми чангхои бешумор ва табаддулоти дарбор тоифахо тамом несту нобуд мешуданд. Низоъхои байни кавмхои мукими ва бодиянишин, ки феодалон ва аъёну ашрофи кабилави бармеангехтанд, истисмори берахмонаи ахолии хам мукими ва хам бодиянишин – ин буд хусусияти хоси ин давраи изтиробомез, ки хонии Хуканд то охирин лахзахои мавчудияти худ аз он рахои ёфта натавонист.

Нобудшавии ахоли ва харобии хочаги дар натичаи чангхои байни давлатхои феодали

Мо хангоми баёни вокеахои таърихии аморати Бухоро ва хонии Куканд борхо чангхои барои Уротеппа сарзадаро ёдовари намудем.[13] Дар нимаи дуввуми асри ХVIII Уротеппа мулки калоне буд, ки ба хайъати он, гайр аз хавзаи Шахристону Уротеппа, Панчакент, Чиззах, Зомин, Нов ва Хучанд низ дохил мешуданд. Ин мулк ба ноустувории худуди худ нигох накарда, аксар вакт сохибихтиёр буд. Дар ин чо хокимони аз тоифаи юзи узбек баромада хукмрони менамуданд.

Аз ибтидои асри ХIХ ба муносибати кувват гирифтани Бухоро ва Хуканд мулки Уротеппа гуё ки дар байни путку сандон вокеъ гардид: аморати Бухоро Чиззах ва давлати хонии Хуканд Хучандро ба тасарруфи худ дароварданд. Чангхои беинтихо барои Уротеппа сар шуданд. Мухаккики таърихи Уротеппа А.М.Мухторов ду сабаби асосии ин чангхоро дуруст муайян кардааст. Сабаби аввал – ахамияти калони стратеги доштани забти Уротеппа, ки хатхои иртиботии ба хам алокамандкунандаи ду давлат тахти ихтиёри он карор гирифта буданд, инчунин роли мухими Уротеппа дар иктисодиёти хавзаи саргахи Зарафшон. Сабаби дувум вобаста ба иктисодиёт аст: мулки сернуфузи Уротеппа барои хазина даромади бисёр дода метавонист, зеро он анбори галла буд ва аз он чо микдори зиёди галла содир мегардид (маълум аст, ки дар соли 1870 аз Уротеппа ба Самарканд 250 000 пуд галла бурда шуд).

То солхои сиюми асри ХIХ давлати хонии Хуканд дар талоши Уротеппа сахми бештаре гузошт. Дар сурате, ки амирони Бухоро ба Уротеппа дах маротиба юриш карданд, хонхои Хуканд беш аз бист маротиба ба ин чониб лашкар кашиданд. Онхо шахрро ишгол намуда, хокими онро катл мекарданд. Аммо пас аз рафтани кушуни асосии онхо ахолии Уротеппа (инчунин Хучанд) сар бардошта, истиклолияти худро дубора ба даст медароварданд. Сипас, боз юриши нави истилогарон сар мешуд. Солхои 1841–1848 Уротеппа дар тахти тасарруфи Бухоро карор гирифта буд. Вале пас аз чанде боз чангу талош, мухосирахои тулони ва танаффусхои кутохмуддати осоишта шуруъ мегардиданд. Дар арафаи ба Россия хамрох карда шудан мулки Уротеппа дар хайъати аморати Бухоро буд.

хамаги дар асри ХIХ, дар зарфи шашуним дахсола ба Уротеппа такрибан панчох бор лашкар кашида шуд, дар он чо бисту панч хоким иваз гардид. Дар хар як-яку ним сол шахр ва атрофи он боз ва боз ба харобазор табдил меёфт. Дар асархои онвакта тасвирхои дилхароши вахшоният ва кушторхо, ки ходисахои мукаррарии хамаруза гардида буданд, бисёр дучор меоянд. Дар вакти яке аз лашкаркашихояш ба Уротеппа Олимхон ба сарбозони худ амр намуд, ки шахрро тороч кунанд. Дар натича, чунон ки сарчашмаи хатти хабар медихад, «ба чуз хоку санг хар он чи, ки ин вилояти пурбаракат дошт, рабуданд». Тамоми ахолии Уротеппа, марду зан бо пои луч ва тани урён, нолаву фигонкунон мисли гадоён ба назди сарбозон омада, холи табохи худро баён мекарданд ва хуроку пушок металабиданд.

Сарчашмаи дигар маълумот медихад, ки истилогарон «мисли муру малах» фуру рехтанд ва дар шахру атрофи он «гайр аз хоку санг чизе боки намонд». Шоираи уротеппаги Дилшод, ки шохиди яке аз мавридхои истилои кушуни Хуканд карор гирифтани Уротеппа будааст, менависад, ки ишголгарон аввал дехахоро горат карданд, богхо, пулхо ва иморатхои беруни шахрро оташ заданд. Пас аз шаш рузи мухосира ва чангхои кучаги госибон ба шахр зада даромаданд. Сарбозон, нукарон ва мукаррабони амир хона ба хона гашта, моли мардумро талаву тороч мекарданд, фосики ва беномуси менамуданд. Дар хар чо дорхо сохта буданд.[14] Аз субх то шом одамонро катл мекарданд. Дехахо тамом валангор гардида, киштзорхо поймол ва сузонда мешуданд. Дар солхои 1806–1807 худи шахр хам аз тарафи сарбозони Хуканд оташ дода шуд. Пас аз хар як хучуми душман дуди оташ, кураи хокистар ва нолаву шеван боки мемонд. Ахоли гуруснаги мекашид ва халок мешуд. Танхо савдогарони корчаллон аксаран аз ходисахои фочиангез хам барои худ нафъ хосил мекарданд. Вакте ки Уротеппа ба дасти амирхои Бухоро медаромад, пулхои хуканди арзиши худро гум менамуд ва савдогарон ин пулхои бекадрро аз ахоли муфт чамъовари карда, ба Хуканд мебурданд ва онхоро бо арзиши пурра барои хариди молхо истифода мекарданд. хар гох ки Уротеппа ба дасти хонхои Хуканд мегузашт, бо пулхои бухорои хам айнан чунин ходиса рух медод. Ин фиребгариву хуккабозихо азобу машаккати мардуми авомро боз хам афзунтар мекард.

Дар байни аморати Бухоро ва Шахрисабз низ муттасил чанг ва задухурдхо ба амал меомаданд. Чунон ки сайёх ва олими рус А.Л.Кун навиштааст, «беки Шахрисабз исман кисми таркибии аморати Бухоро махсуб ёфта, амалан кариб хамеша дар зери хукмронии хокимони аз кабилаи кенагас баромадаи узбек хаёти мустакилона ба сар мебурд».[15] Кабилахои узбеки кенагас, кунгрод ва минг, ки дар вилояти Шахрисабз зиндагони мекарданд, пас аз ба сари хукумат омадани Мангития бештар ба фишор дучор гардида буданд. Аз ин сабаб, онхо хамрохи точикон ва дигар мардумони ин вилоят аз итоати хукумати Бухоро сар тофта, хокимон ва сардорони кабилахои худро пуштибони намуданд.

Чи навъе ки Ахмади Дониш менависад, Насруллохон каблан хамаи онхоеро, ки дар «фитнаи эл ва улус» иштирок доштанд, нобуд сохт ва сипас ба лашкаркашихои горатгаронаи худ, аз чумла ба хучуми Шахрисабз камар баст.[16] Калъаи мустахками шахрро фатх кардан ба кушуни Бухоро муяссар нагардид, бинобар ин сарбозони истилогар дехахои атрофи онро горат ва хароб намуданд. Сайёхи рус менависад: «хар сол бахорон у (амир Насрулло–Б.Г.) барои нобуд кардани киштзорхои галла дастахои савораи худро ба манзарахои Шахрисабз мебаровард». Дар натича гуруснаги сар мезад, нархи галла ва дигар хурокворихо багоят баланд мешуд.[17] Дар соли 1856 пас аз 32 бор хучум овардан, нихоят, амир Насрулло Шахрисабзро ба худ тобеъ намуд. Ин вилоят ба сабаби чангхои пурдавом на камтар аз Уротеппа хароб гардид.

Муборизаи байни гуруххои мухталифи синфи хукмрон бахри ба даст овардани хокимият дар давлати хонии Хуканд, лашкаркашихои горатгаронаи хонхои Хуканд ба мулкхои казокон[18], киргизон[19] ва точикони кухистон[20] низ ба тараккиёти куввахои истехсолкунанда зиёни ислохнопазир расонида, ба сари ахолии мехнаткаш азобу укубатхои фавкулодда оварданд.

[1] Семёнов А.А., 1954 а, с. 3.

[2] «Рочеъ ба вазъияти кунуни», 1826, с. 176–177; 1826, с. 130–131. Чунин хусусияти муносибатхои байни амир {айдар ва хокими {исорро Миризатулло хануз дар соли 1813 rайд карда буд –ниг.: Соколов Ю.А., 1957, с. 211. Дар солхои 1815–1816 амир {айдар метавонист амр кунад, ки тоифахои Uузор ба чарогоххои {исор равон шаванд –ниг.: Абдурахимов М.А., 1961; с. 70–103 (номаи №1 722). Доир ба таърихи {исор –ниг.: Давидович Е.А. ва Мухторов А., 1969, с. 35–37.

[3] Соколов Ю.А., 1957, с. 199–200.

[4] Соми, 1962 в, 63 а-б.

[5] Мухаммадъrуб, дастнавис, в. 157 б.

[6] Семёнов А.А., 1954, а. с. 3-4

[7] Ханыков Н.В., 1843, с. 231.

[8] Муфассалан ниг.: Вяткин В.Л., 1928; Троицкая А.А., 1953. Инчунин ниг.: Галкин М.Н., 1968, с. 210–222. Рочеъ ба rушуни Бухоро маълумоти пурарзише дар баёноти асирони дар rушуни Бухоро хизматкардаи рус, ки пеш аз рафтан аз Бухоро арз доштаанд, мавчуд аст.

[9] Семёнов А.А., 1954, с. 4

[10] Таърихи сиёсии на хамеша даrиr, вале пурратар – ниг.: Наливкин В.П., 1886. Аз мухимтарин тадrиrоти нав – ниг.: Иванов П.П., 1939, 1958; Rаюмов А.А., 1961, 1961 а; Набиев Р.Н., 1961, 1966; Усенбоев К, 1961; Ромодин В.А., 1963; Мухторов А., 1964; Чувонмардиев А., 1965; Чамгарчинов Б., 1966; Плоских В.М., 1968; Троицкая А., 1969.

[11] Ин сана бо маълумоти сарчашмахои огохтар бештар мутобиrат дорад, харчанд аз эхтимол дур нест, ки соли анчоми хукмронии Олимхон 1809 ё 1811 бошад. Вале В.И.Наливкин (1886, с. 76–77) оuози салтанати Умархонро соли 1808 хисоб кардааст, ки тамоман хатост.

[12] Наливкин В.П., 1886, с. 125, 144.

[13] Дар хусуси мулки Уротеппа ва чангхои барои Уротеппа дар байни аморати Бухоро ва хонии Хуrанд баамаломада – ниг.: Мухторов А., 1957, 1964.

[14] Мухторов А., 1964, с. 43–44: 1969, с. 77.

[15] Кун А.Л., 1880, с. 205.

[16] Ахмади Дониш, 1960, с. 31, 1967, с. 38.

[17] Яворский И, Л., 1883, с. 46.

[18] Иванов П.П., 1939.

[19] Усенбоев К., 1961, с. 13–16.

[20] Искандаров Б.И., 1960, с. 49–55.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …