Главная / Биология / Алокаи мутакобилаи узвхои растани

Алокаи мутакобилаи узвхои растани

Фаъолияти хамаи узвхои растанихои гулдор ба хамдигар зич алокаманд мебошад. Масалан, дар баргхои сабз агар обро решахо чаббида дастраси барги растанихо нагардонанд, фотосинтез гузашта наметавонад. Бе моддахои маъдание, ки онхоро решахо чаббида меги- ранд моддахои органикии мураккаб, хусусан сафедахо наметаво- нанд хосил шаванд. Дар навбати худ решахо хам наметавонанд нагз сабзида, ба хар тараф шоха ронанд, агар аз барг ба бофтахои хосил- кунандаи нуги реша моддахои гизоии органики, яъне махсулоти фотосинтез оварда нашаванд. Хамин тавр, растанихои гулдор организмхои томи серхучайра буда, сохти мураккаб доранд ва хар як узви онхо бо хусусиятхои хосаш вазифаи муайянеро ичро мекунад.

Чи тавре ки аллакай сухан рафт, реша обу намакхои маъдании хокро мечаббад ва растаниро дар замин устувору пойдор нигох ме дорад.

Поя ба боло сабзида баргхои растаниро ба рушной мебарорад ва тавассути вай обу намакхои маъдани ва махлули моддахои органики ба чойхои лозими бурда мешаванд.

Дар рушнои дар хлоропласти барги растанихо моддахои орга- никие, ки барои гизогирии хучайрахои хамаи узвхои растани заруранд, хосил мешаванд. Барг обро бухор мекунад ва бо ин васила бахамалокамандии тамоми узвхо таъмин гардида, кору вази- фахои базиммадоштаи онхо мунтазам амали мегардад.

Гулу мева узвхои афзоиши тухмии растанихо мебошанд. Зеро, хар кадом растании гулдор баъди гардолудшави, ки аз паси он бор- доршави ба амал меояд, инкишоф ёфта, аз як хучайра — зигота ба организми бисёрхучайра мубаддал мешавад. Чанини серхучайра инкишоф меёбад. Дар шароити мусоид аз чанин растании гулдор руста баркамол мешавад. Растани бо хамин рох аз тухм меафзояд.

Хамин тавр, дар давраи муайяни хаёташ хар растании гулдор афзоиш мекунад. Сарфи назар аз он ки, вай аз тухм, ё бо рохи нашви афзудааст, растании ба худ монандро ба вучуд меорад.

Бахамалокамандии узвхои растани боиси вобастагии тарафай- ни инкишофи узвхои руизамини ва зерихоки мешавад. Масалан, пояи буридашуда ё сахт осебдида дар окибати кор нобуд мешавад. Хамии ходиса бо решае, ки пояаш бурида шудааст, низ руй медихад. Чунки дар натичаи осеббини ё бурида шудани узвхо бахам алокамандии онхо вайрон мешавад ва онхо чун растании тому яго- на фаъолият карда наметавонанд. Вале дар баъзе растанихо кобилияти баркароркунии узвхои набуда ё нобудшуда хеле инкишофёфта мебошад, бинобар он ин хел растанихо дар шароити му- соид метавонанд дар пояашон решахои иловаги ё дар решаашон мугчахои иловаги пайдо карда (чи тавре ки дар афзоиши нашви дида мешавад), сабзишу инкишофашонро пурра баркарор кунанд.

Баъзан дар шароитхои муайян хангоми бошиддат сабзишу инкишоф ёфтани узвхои алохидаи растани узвхои дигари он хам тагйир меёбанд. Масалан, баъди ба растани гизои иловагии маъдани (селит- ра) додан, барг калонтар ва рангаш баланд (сабзи кабудчатоб) шуда, дар он моддахои органики бештар хосил мешаванд. Растани бештар гизо мегирад. Ин боиси нашъунамои узвхои дигар мегардад.

  1. Бахамалокамандии узвхои растанихои гулдорро бо мисолхо шарх дихед.
  2. Хусусиятхои хоси узвхои руизамини ва зерихокии растанихои гулдорро номбар кунед.
  3. Бахампайвастии узвхои растанихоро чи тавр маънидод кардан мумкин аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …