Главная / Гуногун / Алами Зор

Алами Зор

Вактхои охир муаллими фанни таърих Исматов одати ачоибе пайдо кардааст. Хини хар сухбат бамавриду бемаврид аз вокеаи фавкулоддаи ба сараш омада кисса мекунад.

– Медонед, мо дах кас дар махалла хафтае як бор оши харифона мехурем. Ин анъанаи чандинсола. Ёру чурахои карин хастем… Бо навбат хар кас хамаро дар хонааш мехмон мекунад. Табиист, ки раксу суруд, нону намак, канду мева, обу арак… Бе ин намешавад. Не, не, хар кас хадди худашро мешиносад. Хуллас, як дафъа, фасли бахор навбати оши харифона ба ман расид. Занам, ки хеле бадасту по аст, руи дастархон нону намак рост кард. Хар кас ба худаш муносиб обру дорад. Маслихат кардему гуфтем, ки аз дигарон зиёд шаваду кам не. Аз ин хотир, ба магоза рафтаму ба чои дах арак понздах шиша гирифтам. Ки медонад, ху яке сухбат метафсад. Баъд мабодо шарманда нашавем.

duxtar

Дурандеши хислати нагз-дия! Шафтолуи гап хамин, ки бар падараш лаънат, фурушанда, ба чои бакияи пул дах дона билети лотарея дод. Мани содда, хафтафахм набошам, калаам сарамро хурад, ба оши гаштак як навигари дорам гуфта, хамон дах лотареяро ба ахли махфил якто-якто таксим кардам. Пешонии сахти ман, э вой гаранг набошам мехмонпазири гумон карда…

Кисса кутох, ходисаи зиндагия бинед, ки Аъзам таракторчи, одами як бурда нонашро дуруст хурда наметавонистаги ба шарофати лотореяи ман тухфа карда, тасаввур мекунед, сохиби мошини нави «Жигули» мешавад. Оши харифона нахурда мурам, намешавад магар? Акл, ки нест… Бовар кунед, пас аз шуниданам се руз хобу хурам харом шуд, ба худ наомадам. Болои мурда сад чуб гуфтаги барин дар рузномахо навиштаанд, ки «бахти тракторчии колхози фалон Аъзам Фалончиев омад карду ба ивази лотареяи як сумааш мошин бурид». Шабхо хамрохи занам мисли шамъ аз гаму алам сухта об мешудем. О ношуд набоши, мурги саодати худаш ба кафи дастат нишастаро мархамат гуён ба бегона ато мекуни… Ба назарам, лоторея кирм метофту аъзои баданамро аз дарун мехурд. Токат накарда як бегох хестаму ба хонаи Аъзам-тракторчи рафтам.

– Ошно, катори дигарон туро хам ба оши гаштак ба хонаам даъват кардам?

Гуфт зор:

– Ха.

Пурсидам:

– Нону намакамро чашиди?

– Ха.

Пурсидам:

– Лотореяро яктоги таксим кардам?

Гуфт:

– Ха.

Боз пурсидам:

– Ба хамон лоторея мошин баромад?

Гуфт:

– Ха.

Пурсидам:

– Шарм намедори? О аз руи инсоф гирем, ту бояд, бурди лотареяро, ё аклан ними пулашро ба ман медоди…

Вай гуфт:

– Ман аз кучо хабар доштаму ту аз кучо медонисти, ки лотореяи тухфа кардаат бурднок аст. Мо дах кас будем. Насиби ман будааст. Чи акнун ман худамро овезам?..

Кадре пасту баланд рафтем, вале дилам ба чояш наафтод. Ду-се муйсафеди махалларо миёнрав карда, мачбур наздаш фиристодам. Не, ношукр, тан надод (зор).

Ба суди халки мурочиат кардам. Хакки халоли маро руёнда дихед, гуфтам.  Адолат помол мешавад гуфтам. Раиси суд киссаи талхи маро шуниду дар охир насихат кард:

– Аввал, ба худододагон хасад мабар, ки ба онхо худо додааст. Дуюм, тухфаро хеч кас пас намегирад. Аз ин ру…

Одамизод  шири хомхурдаву бехабар аз он аст, ки зиндаги ин хел номардихо хам дорад…

Муаллим Исматов киссаи шикоятии худро доимо бо хамин суханхо анчом медихад. Харчанд аз оши гаштаку лоторея нихоят кимоб бошад хам, он ходисаи барояш аламоварро тез-тез хикоя мекунаду дилашро тасалло мебахшад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …