Главная / Илм / Ахмияти машкхои чисмони барои мушак ва скелет

Ахмияти машкхои чисмони барои мушак ва скелет

Инкишофи системаи такягох ва харакати одам. Скелети мушакходар бачаги ва навраси инкишоф меёбад. Мушакхо дар синни 14-17-солаги босуръат инкишоф ёфта, дар синни 18-солаги баробари мушакхои калонсолон мешаванд. Ба хадди инкишоф ва ташаккул ёфтани кудак харакатхояш хам торафт мукаммал ва гуногун мешаванд. Дар инкишофи тавонои, чобукию чолоки ва тобоварии одам машкхои чисмони накши халкунанда мебозанд.

Машгулияти тарбияи чисмони, варзиш ва мехнат боиси ташаккулёбии скелет мегардад. Дар он чойе, ки пайи мушакхо мечаспанд нохамвори, барчастаги, киррахои устухони пайдо мешаванд. Устухон дар он самтхое тезтар месабзад, ки бисёртар кашиш ё фишор меёбад. Хамин тарик, мушакхои бадан чи кадаре ки нагз инкишоф ёбанд, скелет хамон кадар мустахкам мешавад. Дар вакти тагйир ёфтани вазни бадан, масалан хангоми аз меъёр зиёд фарбех шудан, вазни бадан зиёд шуда, ба бугумхо бештар фишор меорад.

sutunmuhra

Дар натича ба бемории бугумдард гирифтор шудан мумкин аст.  Ахамияти варзиш барои мушакхо. Муайян шудааст, ки хар як узви бадан нисбат ба холати ороми дар вакти кор кардан бисёртар хун кабул мекунад. Чи кадаре ки мушак бисёр кор кунад, хамон кадар бисёртар моддахои гизои ва оксиген ба он дохил мешаванд. Дар холати ба варзиши бадан машгул шудан наххои мушак инкишоф ёфта, одам пуркувват мешавад. Дар вакти кор кардани мушак фаъолияти бисёрии узвхо, системаи дилу рагхо, узвхои нафаскаши тагйир меёбанд.

Бофтахо бисёртар оксигенро кабул мекунанд, реаксияи биохимияви дар хучайрахо авч мегирад, мубодилаи моддахо дар бофтахо фаъолтар мегузарад. Варзиши бадан ба тамоми организм таъсири мусбат расонида, саломатии одам мустахкам мешавад, одам обутоб меёбад ва ба хар гуна таъсироти номуътадили беруна мутобик мешавад.

Бо мехнату варзишу машку бозихои варзиши пайваста машгул шуда, минбаъд онхоро мунтазам зиёд кардан лозим аст. Бе тайёрии муносиби чисмони бозии дуру дароз, масалан футбол, хоккей, баскетбол, давидан ба масофаи дур метавонад ба организми бекувват таъсири манфи расонад. Якчанд олимони машхур, ба монанди академик И.П.Павлов, нависандаи маъруф Л.Н.Толстой умри дароз дидаанд, барои он ки баъд аз кори фикри бисёртар ба кори чисмони машгул мешуданд.

Пешгири кардани качшавии сутунмухра ва пахнкафии (росткафии) пой. Организми одам тавассути бисёр мушакхо, аз чумла мушакхои тахтапушт дар холати муайян нигох дошта мешавад. Масалан, мушакхои росткунанда одамро «росткомат» мекунанд. Барои дар холати рост нигох доштани бадан мушакхои росткунанда бояд на танхо дар мукобили мушакхои каткунанда, балки инчунин ба мукобили мушакхои кашишхуранда, ки якчоя бо онхо амал мекунанд, истодагари намоянд.

Комати рост, бозуи пуркувват, синаи фаррох, сари баланд – хамаи инхо аломатхои андоми хуб, яъне зебои, саломати ва коршояманд. Шонаи нохамвору хамида, синаи фурурафта кори узвхои даруни, дар навбати аввал кори узвхои нафаскаши, дил ва рагхои магзи сарро душвор месозад.

Комати зебо модарзоди набуда, баъд пайдо мешавад. Вай дар хурдсоли ва навраси ташаккул ёфта, баъд аз 18-солаги бартараф кардани нуксонхояш душвор мешавад. Дар синну соли мактаби вакте, ки бофтахои тагояки хануз пурра ба устухон табдил наёфтаанд, хангоми сари миз ва парта нишастан аз каду комат бохабар шудан хеле мухим аст. Сутунмухраи талабае, ки руз ба руз коматашро нодуруст нигох дошта мешинад ё кор мекунад, мумкин аст, ки кач шавад (расми 36). Качшавии сутунмухра фаъолияти узвхои дохилиро душвор месозад.

Агар наврасон пойафзоли хачмаш хурд ва пошнабаланд пушанд, ин ба нодуруст инкишоф ёфтани кафи пой ва нихоят пахн шудани он, ба пахнкафи оварда мерасонад. Кафи пойи калонсолон хам, ки аз руи касбу корашон дуру дароз рост меистанд ё хамеша рох мегарданд, хамвор мешавад. Ба пошнапахни фарбехи мусоидат мекунад. Кафи пойи одамон вакти рохгарди ва истодан дард мекунад. Дар натичаи машкхои махсуси чисмони Пошнапахниро бартараф кардан мумкин аст.

Саволхо:

  1. Чаро мунтазам ба варзиши бадан машгул шудан ба инкишофи мушаку скелети одам оварда мерасонад?
  2. Барои чи сутунмухра кач мешавад?
  3. Барои кач нашудани сутунмухра чи бояд кард?
  4. Сабаби асосии пошнапахни чист?
  5. Пошнапахниро (плоскоскопия) чи тавр пешгири кардан мумкин аст?
  6. Мехнати чисмони, машгулияти тарбияи чисмони ва варзиш ба организм чи хел таъсир мерасонад?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …