Главная / Биология / Ахамияти обсабзхо дар табиат ва хочагии халк. Мухофизати онхо

Ахамияти обсабзхо дар табиат ва хочагии халк. Мухофизати онхо

Обсабзхо яке аз организмхои ибтидои ва кадимтарини сайёраамон ба хисоб мераванд. Аз ин чихат факат бактерияхо, хамчун кадимтарин организмхо, ба онхо баробар шуда метавонанд.

Дар даврахои гузаштаи дури геологи обсабзхо дар укёнусхо, бахрхо, дарёхо, кулхо ва дигар обанборхо васеъ пахн шуда буданд. Обсабзхо аввалин организмхои сабзи фотосинтезкунанда мебошанд. То ба вучуд омадани обсабзхо дар атмосфера оксиген кариб мавчуд набуд. Дар раванди фотосинтез обсабзхо энергияи офтоб ва гази карбонати мухитро истифода бурда, тавонистанд таркиби атмосфера ва обро бо оксиген бой гардонаид.

Тавассути намояндагони муайяни обсабзхо олами гуногунхели хайвонот ба вучуд омад ва ривочу инкишоф ёфт. Обсабзхо пешгузаштагони (ачдодони) аввалини растанихои дар мухити оби ва хушки зиндагикунанда мебошанд. Онхо дар даврахои гуногуни геологи кабати гафси чинсхои кухиро ба вучуд овардаанд. Аз руи тахлили чинсхои кухи олимон исбот кардаанд, ки обсабзхои аввалин такрибан се миллиарду дусад миллион сол пеш аз замони мо пайдо шуданд.

ahmiyati-obsabz

Обсабзхо дар хосилшавии иа танхо оксигени атмосфера, инчунин моддахои органики, ки гизои асосии хайвоноту бактерияхо ба шумор мераванд, фаъолона ширкат меварзанд. Обсабзхо дар гардиши моддахо, хусусан, силитсий ва калсий дар табиат макоми махсуси худро доранд. Дар тули солхои дуру дарози таърихи чисмхои нобудшудаи обсабзхо дар каъри бахру укёнусхо гун гардида, такшинхоеро ба вучуд овардаанд, ки онхоро дар сохахои гуногуни хочаги самаранок истифода мебаранд.

Бокимондахои баъзе намояндагони обсабзхо (обсабзхои диатоми)-ро хамчун ашёи хом барои тайёр кардани хиштхои сабуквазн истифода мебаранд. Чунончи, бо тахтасангхое, ки аз бокимондаи обсабзхои диатоми пайдо шудаанд, гунбази калисои Софияи Мукаддас дар Истамбул оро дода шудааст. Инчунин, хангоми тайёр кардани сементи хушсифат ба он бокимондахои обсабзхои диатоми хамрох карда мешавад.

Одамон аз замонхои кадим сар карда, обсабзхоро дар фаъолияти хаётиашон васеъ истифода мебаранд. Хусусан, мардуми мамлакатхои назди бахр (Англия, Франсия, Норвегия, Ирландия, ва гайрахо) обсабзхоро ба сифати хурока ва хамчун хуроки сергизо барои парвариши чорвои хонаги истифода мебаранд. Японхо бошанд, аз обсабзхо таомхои гуногуни милли мепазанд. Махсусан, ламинарияро, ки карами бахри хам меноманд, барои тайёр кардани таомхои гуногун бештар истифода мебаранд. Орди аз обсабз гирифтаро барои тайёр кардани кулчахои кандин истифода мебаранд. Аз обсабзхо моддахои гуногуни органики – спирт, сирко, атсетон ва гайрахоро истехсол мекунанд.

Аз таркиби обсабзхои сурх агар-агар ном моддаеро истехсол мекунанд, ки онро дар саноати канноди, нонпази (агар он ба хамир хамрох карда шавад, нон мулоим истодан мегирад), истехсоли когаз, матоъхои синтетики, пластмасса ва дорусозй васеъ истифода мебаранд. Инчунин, агар-агарро дар корхои илми-тадкикоти хамчун мухити гизоги барои парвариши бактерияхо ва дигар микроорганизмхо истифода мебаранд.

Аз обсабзхои калончуссаи бур моддаи дигари пуркимат – алгин мегиранд, ки кобилияти баланди часпаки дорад. Онро барои истехсоли яхмос, равгани молидании руй, наххои сунъи, когаз ва бехтар кардани сифати нахи матоъ истифода мебаранд.

Аз таркиби хокистари обсабзхои бур ва сурх йод ва бром (элементхои кимиёви) хосил карда мешавад. Азбаски обсабзхои бур ва сурх аз элементи калий бой мебошанд, онхоро ба сифати нурии калийдор барои баланд бардоштани хосилнокии зироатхои кишоварзи истифода мебаранд.

Обсабзхои сабзи якхучайраги ва риштамонанд на факат обро аз оксиген гани мегардонанд, инчунин онхо хамчун гизои хушсифат барои мохихо, паррандагони дар об шинокунанда сарф мешаванд. Орди аз обсабзхо тайёркардаро хамчун гизои пуркимати чорво истифода мебаранд. Дар таркиби як тоннаи чунин орд 180 кг намакхои калийдор, 16 кг моддахои органикии нитрогендор, 10 кг фосфор ва бисёр дигар моддахои зарури ва хеле мухим мавчуданд. Баъзе обсабзхои дар хок зиндагикунанда дар якчояги бо бактерияхо ва дигар омилхои зарури дар раванди пайдошавии хок фаъолона иштирок мекунанд.

Беназорати ва аз хад зиёд афзудани обсабзхо дар обанборхо, иншоотхои обёрикунанда ва хавзхои мохипарвари метавонад ба фаъолияти хочагидории инсон зарар расонад. Барои руй надодани чунин ходисахо назорати катъи бурда, сари хар чанд вакт ин иншоотхо ё обанборхоро аз обсабзхо тоза мекунанд.

Барои сабзиши самарабахшу муътадили обсабзхо шароитхои хуби инкишофи онхоро мухайё кардан лозим аст. Ифлосшавии обанборхо дар натичаи ба он чо дохил шудани партовхои саноати химияёви, чубкори, коркарди метал, пуст ва хар гуна маводхои захролудкунанда боиси нобудшавии обсабзхо ва дигар организмхои хамрох зиндагикунанда мегарданд. Хамин тавр, захролудшавии бахру кулхо ва обанборхо ба фаъолияти хаётии растанихо, хайвонот ва одамон таъсири манфи мерасонад. Бинобар он, мухофизати обсабзхо чихати тоза нигох доштани мухити оби ва таъмин кардани фаъолияти хаётии сокинони оби, дорои ахамияти калон мебошад.

  1. Обсабзхои сабз дар табиат чи ахамият доранд?
  2. Пайдошавии оксиген ва моддахои органики бо обсабзхо чи алокаманди доранд?
  3. Бокимондахои такшиншудаи кадом обсабзро хамчун масолехи бинокори истифода мебаранд?
  4. Обсабзхоро барои истехсоли кадом моддахои химияви истифода мебаранд?
  5. Одамон обсабзхоро ба кадом максадхо истифода мебаранд?
  6. Барои чи обсабзхоро мухо>физат кардан зарур аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …