Главная / Чамъият / Агенти андоз кист?

Агенти андоз кист?

andoz-agentМоддаи 13-и Кодекси Андоз оид ба “Агенти андоз”

  1. Ташкилот ё сохибкори инфиродие, ки мутобики Кодекси мазкур ба зиммаашон вазифаи хисоб намудани андоз, аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигох доштан ва ба бучети дахлдор гузаронидани он гузошта шудааст, агенти андоз мебошад.
  2. Агенти андоз дорои хамон хукуку ухдадорихое мебошад, ки андозсупоранда дорад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре мукаррар нашуда бошад.
  3. Агенти андоз вазифадор аст:

– андозхои мутобики Кодекси мазкур аз  андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигохдошташавандаро дуруст ва сари вакт хисоб намояд, нигох дорад ва ба бучет гузаронад;

– даромадхои ба андозсупорандагон пардохтшуда, андозхои аз андозсупорандагон (ё аз манбаи пардохт) нигохдошташуда ва ба бучети дахлдор гузаронидашударо ба хисоб гирад, аз чумла оид ба хар як андозсупоранда хисоби чудогона барад;

– ба макомоти андози махалли бахисобгирии худмувофики тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур хисоботи андоз пешниход намояд;

– дигар вазифахоеро, ки конунгузории андоз пешбини намудааст, ичро намояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …