Главная / Маданият ва санъат / Абдулкодирхоча Савдо

Абдулкодирхоча Савдо

Яке аз шоирони хушзавки нимаи дуюми асри Х1Х-1-8 Абдулкодирхоча Савдо дар рушди адабиёти давр сахми сазовор гузоштааст. У асосан шоири газалсаро буда, дар тахаввули навъхои адабии дигар низ хиссагузор аст.

Абдулкодирхочаи Савдо дар Бухоро ба дунё омадааст ва санаи валодати уро миёнаи солхои 1823-1825 мукаррар кардаанд. Тибки шаходати Возех дар «Тухфат-ул-ахбоб…», баромади ичтимоии Савдо ба хонадони олими маъруфи асри XVII – Мавлоно Шариф тааллук доштааст. Кори Рахматуллохи Возех дар хусуси дониши хаматарафаи Абдулкодирхочаи Савдо ва такрибан дар овони 20 – 22 – солаги мадрасаро хатм намудани у хабар медихад, ки хеле мухим ва арзишманд мебошад. Савдо чи дар илмхои табиатшиноси мисли риёзиёт, табииёт, нучум, хандаса ва чи дар илмхои инсоншиноси ба монанди таърих, адабиёт, сарфу нахв, лугат, мантик, хикмат ва гайра бахраи хеле комил дошта, нозукихои улуми мусики ва аз чумла, «Шашмаком»-ро низ азбар намуда, хатто дар навохтани асбоби мусикии танбур сохибтабъ будааст.

Тазкиранигорон-Хашмат ва Садри Зиё афзудаанд, ки Савдо илми хатро хам хуб омухта, ба хаттоти низ машгул будааст. Вале пеш аз хама, Савдо дар таърихи адабиёти точик хамчун шоири лирик-газалсаро шухрат дорад. Савдо хануз аз овони хурдсоли, хангоми тахсил дар мадраса ба эчоди шеър низ шугл варзидааст. Мухим он аст, ки шоир дар эчоди газалиёту мусамматхо тахаллуси «Савдо»-ро ба кор бурда, дар эчоди осори тамоюли хачвидошта тахаллуси «Бепул»-ро кор фармудааст. Зиёда аз ин, Мирзо Абдулазими Соми дар «Миръот-ул-хаёл» хабар медихад, ки Савдо дар ахди Насруллоххон (1826-1860) ба дарбор чалб карда мешавад ва у дар ин чо бо пешаи таррохи (кашидани тархи иморатхо) ва наккоши касби маош мекардааст.

Муаллифи хамин тазкира, яъне дар ахди амир Насруллоххон ба дарбор рох ёфтани Мирзоабдулкодирхоча Савдоро хотиррасон менамояд. Аз чумла, у таъкид менамояд, ки:

Дар айёми султони волочаноб,

Амир Насруллохи баходурхитоб.

Ба таррохию накш маъмур буд,

Зи инъоми алтоф масрур буд.

Музаффархон хеле шахси айёшу камхавсала ва нисбати мулку давлат бепарвотаре будааст ва аз ин ру, ин хислати у ба Савдо чандон писанд наомадааст. Соли 1873 Абдулкодирхочаи Савдо бо як супориши амир Музаффархон рохи Балчувонро пеш мегирад, вале аз руи тасдики устод С.Айни, шоир дар синни 50-солаги дар дарёи Вахш гарк шудааст.

ЭЧОДИЁТИ САВДО

Савдо, асосан дар эчоди газал, рубои, мусаммат табъи баланд доштааст, вале бисёр афсус, ки тангии маиши уро имкон надодааст, ки сари кудрат омадани писари Насруллоххон-амир (1860-1885) Савдо хамчун яке аз надимони хоси фаъолият кардааст. Вале маълум аст, ки амир ашъорашро мураттаб намуда ба табъ бирасонад. Аз тарафи дигар, Абдулкодирхочаи Савдо дар тахаввули насри бадеи низ сахми босазо дорад.

Ашъори гиноии Савдо аз мавзуъхои ишку ошики, шуру исёнхои калбии инсони, хиссиёти нозуку латифи одами, бемехрии махбуба, вафодории ошик, бесабриву ношикебоии маъшука ва бовафоиву шикебоии ошик ва гайра иборат аст. Умуман, лирика ва осори манзуми Савдоро мухаккикон иборат аз ду кисмат донистаанд: лирикаи ошики ва ашъори хачви-мутоибави. Дар рузгори Савдо таъсири Бедил ва чараёни бедилизм дар шеъру адаби Осиёи Миёна махсус буд. Аз ин ру, ин таъсир дар ашъори Савдо низ ба хуби ба мушохида мерасад.

Албатта, ашъоре, ки то андозае охангхои тасаввуфи доранд, у дар таклид ба газалиёти Хофиз эчод кардааст ва чунин муносибати Савдо дар пайравии ашъори Бедил низ ба мушохида мерасанд. Чунончи, газали зерин, ки онро зери нуфузи ашъори абулмаони Мирзо Абдулкодири Бедил гуфтааст, мунтахабан зикр хохем кард:

Гайри ранчурон зи кас ахволи ранчурон мапурс,

Захм донад чист холи чисми логар тегро.

Донишат гар хаст, асбоби тамаллук гу, мабош,

Зевараш лозим набошад, хаст гавхар тегро.

Аз мувосохои[1] софитинатон эмин мабош,

Фитнахо дар табъи хамвор аст музмар тегро.

Фитначуёни замонро тарбият кардан хатост,

Чарх аз мохи нав охир хурд бар сар тегро.

Аз фусуни тарбиятхои замон эмин мабош,

Руй бар санг аст аз дасти фасонгар[2] гегро….

Табъи Савдо пур зи истехсоли дунон тира аст,

Санги нохуш аз фасон[3] созад мукаддар[4] тегро.

Газали мазкур хеле хунармандона эчод шудааст, мундаричаи газал ва мавзуи асосии он ичтимои-шиквои буда, холати кахрамони лирикиро фаро гирифтааст. Азбаски бунёди тематикии он холати ичтимоист, аз ин ру, хусусиятхои шаклии он низ ба мундарича пурра тобеият кардаанд ва ин аст, ки тег асбоби берахмтарин ба сифати радиф карор дода шудааст.

Аз нигохи вазн газали боло хеле чолиб аст ва пеш аз хама, бояд гуфт, ки газал тобиши кавии андарзи-мавъизати, насихати дорад ва аз ин ру, эчоди он дар бахри Рамал карор дода шудааст. Яъне газал дар бахри Рамали мусаммани махзуф ё максур иншо шудааст, ки аркони он чунин аст:

— V — — I – V — — I – V — — I – V – ё: –V-

фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё фоъилон ва гайра.

Бояд гуфт, ки то ба имрузхо чамъоварии абёти парешони Савдо идома дорад ва он чи ки ахли илм то кунун дастрас намудаанд, бо назардошти шумораи аник чунин аст: 5 касида, 56 газал, 2 мусаммати мухаммас, 6 маснави, 9 рубои, 11 фард, 1 марсия, 1 тарчеъбанд, 1 таърих ва хафт хикояти мансур, ки яке аз онхо ба номи «Музхикот»[5] машхур аст.

[1]        Мувосо-созиш, ёри

[2]       Фасонгар-чархчи

[3]         Фасон-кайрок

[4]       Мукаддар – тира, сиёх

[5]       Музхикот-мутоибот

Дар ашъори гиноии у, ки газалиёт кисмати марказии онро фарохам овардааст, ишк ва мавзуъхои ишки, нозу истигнои маъшука, азоби хичрону дарди чудои, умеди висолу дурии фирок, таъчили махбубаву шикебоии ошик ба таври хеле вокеи, мушаххас, дилпазиру хушоханг, гушнавозу чаззоб, матлубу макбул ва бо хунари хеле волои шоирона эчод гардидааст:

Омади, харфи нихони ба ту дорам, бинишин, Дарди хичрон ба ту як-як бишуморам, бинишин. Нафасе сабр намо, ин хама таъчил макун, Пеши ту киссае аз хуни дил орам, бинишин. Хама сармоя ба савдои ту дорам, хайхот, Ним чон мондаву он хам бисупорам, бинишин. Хуштар аз чони чахон донамат, аммо чи кунам, Мадади толеъу икбол надорам, бинишин. Омади бар сару имруз тараххум карди, Руи худ бар кафи пои ту гузорам, бинишин. Аз гами турраи ошуфтаат ошуфта шудам, Чдмъ гардон ба мурувват дили зорам, бинишин. Солхо з-он нигахи масти ту будам махмур, То зи сар дур шавад ранчи хуморам, бинишин. Хаст сармашки дабистони дилам ёди хатат, Рузу шаб нест чуз ин шева шиорам, бинишин. Бармачин домон аз хоки ман, андеша макун, Пок бар боди фано рафт губорам, бинишин. Хар кас андухи дили хеш ба ёраш гуяд, Дар ду олам набувад гайри ту ёрам, бинишин. Дил ба чуз васли ту бо хеч тасалло нашавад, Нест дар хачри ту орому карорам, бинишин.

Яке аз чанбаъхои хунарии газалиёти Абдулкодирхочаи Савдо дарёфту корбасти радиф аст ва хунари у дар истифодаи радиф ба хаддест, ки шояд кам шоире бошад, ки онро хис намояду дар шеъраш дар чунин шакл аз он кор бигирад. Масалан, каблан мо огох шудем, ки чун гараз хасби хол, авзои кавии ичтимои бошад, у аз тег кор гирифта, барои таъкиди маъно онро (тегро) радиф карор медихад. Дар газали зикршуда, ки хадаф хичрон, фирок, дури, сангдилию бемехрии махбуба аст, лахзаи висол, ки даме даст додааст, онро ганимат медонад ва калимаи бинишинро (сабри махбубаро) барои таъкиди маъно ва кави баромадани мундаричаи газал радиф карор медихад. Дар газали зикршуда, ки аз ёздах байт иборат аст, дувоздах маротиба калимаи (феъли амрии) бинишин ба сифати радиф таъкидан оварда мешавад, ки максад хамоно пойдории висол мебошад. Дар ашъори гиноии Савдо, инчунин мавзуъхои дигар аз кабили хачву танкид ва хазлу шухи низ хеле амик реша дорад ва хеле кави садо медихад. У дар ашъори гиноии худ, ба хусус ахли амирону хокимон, золимону мумсикон, фиребгарону калтабонон, рухониёни мутаассибу риёкоронро сахт накухиш менамояд ва дар айни хол, ба химояи адолати ичтимои мехезад. Чунончи, дар ин шеъраш Савдо зохидонро, ки ба зухди риёи ру овардаву асосхои динро дуруст намедонанд, сахт танкид мекунад:

Зохид, чи дихи маро ту пандо? Чун панди ту нест судмандо. Ман нуш гирифтам аз лабонаш, Дигар чи куни хадиси кандо? Ишкидани мо на ихтиёрист, Моро накунед ришхандо. Тарзи дигаре биёр, Савдо, Чун тарзи туро намехарандо.

Албатта, дар танкиди зохидони риёи у ба пояи Камоли Хучанди нарасида бошад хам, пазироии анъанаро идома додааст. Зеро хачву танкиди Савдо чанбаи хазлу шухии кинояомезе дорад, ки ин падида хоси худи ин шоир аст. Ин чихатро Кори Рахматуллохи Возех ва Шамсуддин Шохин низ таквият додаанд. Хамин хиссиёти баланди хазлу шухи хатто дар газалиёти ишкии шоир низ ба мушохида мерасад. Чунончи:

Дил гум шуда ман ба пеши раммол Рафтам, ки барои ман бизан фол. Охид, ки : «Ин матоъ бурдаст, Махбубаки шухи хурдакаксол». Як зарра вафо бурун наомад, Хоки хама бехтам ба гирбол, Сахл аст, ки дар чафо бисабрам, Хосияти сабр хаст исхол. Ай чони балокашида, меох В-ай калби ситамрасида менол. Акнун ту ба дасти ишки уи. Монандаи мурда пеши гассол. Пас дар хама умри худ надидам Ороми тану фарогати бол. Хубон чу ба мо баилтифотанд, Моро чи зарурат аст ин хол? Савдо, сари ишкбозият хаст, Аввал ба каф ор маблагу мол.

Ин шеър аслан ишки буда, оханги бисёр нозуки шухиомезе дорад, ки хоси сабки Савдо аст.

Хадафи шоир баёни арзи холи ошик буда, зимнан хачви раммол низ хеле устодона ба тасвир омадааст, ки танкиди хурофот мебошад. Шоир дар маъниофариву мазмунсози аз санъатхои шеърии игрок, киноя, мачоз, тавсиф, таносуби сухан, нидо, ташбех, истиора ва гайра хеле ухдабароёнаву хунармандона кор гирифтааст.

Аз нигохи хусусиятхои шакли низ газали боло чолибу хонданист. Газал мураддаф нест. Кофияхои газал калимахои раммол, фол, хурдакаксол, гирбол, исхол, менол, гассол, бол, хол, мол аст. Дар ин калимахои кофия чузви «-ол» решаи кофия буда, харфи «о» ридфи муфрад ва харфи «л» равист. Худи кофия кофияи мукайяд мебошад, зеро пас аз рави унсури дигар надорад.

Газал дар бахри Хазачи мусаддаси ахраби макбузи максур (ё махзуф) эчод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

  • – V / V – V – / V – ~
  • – V / V – V – / V – ~

яъне: мафъулу мафоъилун, фаъулон ё ин ки фаъулун.

Вале аз нигохи истифодаи калимахо чанд феъли худсоз (ихтирои худи Савдо) дида мешавад. Он калимахо: охид-ба маънии сабр кардан, меох- ох кашидан ё ох гуфтан мебошад. Албатта, чунин тарзи калимасози хоси сабки Савдо буда, хилофи иштикок аст. Вале барои оханги шухиомез касб кардани газал хизмат мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар лирикаи Савдо андешахои маорифпарвари ва чунбишхои мафкуравию бархурдхои сиёси хануз мушохиданашаванда аст, зеро чунин чунбишхо, бедоршавихо, растохезхои зехни, бардоштхои аклони, рахои аз тафаккури сирфан гуломона то андозае пас аз нашрхои «Наводир-ул-вакоеъ»-и Ахмад Махдуми Дониш, «Савонех-ул- масолик…»-и Кори Рахматуллохи Возех, «Тухафи ахли Бухоро»-и Мирзо Сироч ва гайра ба миён омад ва аз ин ру, яке аз хидматхои хеле шоистаи Савдо дар инъикоси мафкураи аср дар лирика ва насри бадеист. Дар ашъори гиноии у мавзуъхои дигари ичтимои аз кабили: шиква аз камбизоати, аз тангии маиши, норизои аз бекадрии ахли илм, маориф, фарханг, санъат, бекадрии хунар, эчоди бадеъ, танкиди хислатхои разилаи инсони аз кабили: кибру гурур, бузургманишиву худхохи, хавобаландиву такаббур, пастфитрати, мардумфиреби, гаммозиву чоплуси, муфтхуриву ханноти ва гайра хеле хуб ба тасвир омадааст. Аз тарафи дигар, дар ашъори Савдо хислатхои хамидаи инсони васф карда мешавад ва аз чумла, шоир чунин сифатхои инсони, саховатманди, олихиммати, хайрхохи, некукори, илмдусти, хирадманди, раиятнавози, халкдусти, ватанпарвари, мехнати софдилона, фурутани, шикастанафси, хоксори, пуртокати, сабури ва гайраро чонибдори менамояд. Албатта, Савдо дар огози эчодиёти хеш бештар ба шуарои номии таърихи адабиёти точик мисли Хоча Шамсиддин Мухаммад Хофизи Шерози, Мирзо Абдулкодири Бедил барин шоирони сохибмактаб пайрави намуда, ашъори ухдабароёна эчод кардааст. Вале мо хеч гох чунин даъво надорем, ки эчодиёти Савдо ба кулли таклидист. Аз тарафи дигар, агар мантикан андеша карда шавад, пас хар шоире наметавонад ба Хофизу Бедил барин симохои чахонии адабиёти точик сару кор бигирад. Аз ин ру, худи далели ба ашъори Хофизу Бедил ру овардани Савдо башорати истеъдоду махорат ва донишу малакаи эчодии уст, ки тавассути осори махфузмондаи у казоват карда мешавад.

Дигар аз чанбаъхои фурузони ашъори Савдо ва осори мансури у тобиши хеле кавии хачви доштани онхо мебошад. У хам дар назм ва хам дар наср аз хикоёту латифахо, аз таъбироту суханхои вирдизабони хеле нозук кор мегирад ва дар натичаи он хачви малехе руи кор хувайдо мешавад. Инчунин, оханги тасвир тобиши хачвию танкиди касб мекунад. Адабиётшиносон мероси Савдоро, ки чанбаи мутоибави дорад, дорои се бахш донистаанд:

  1. Ашъори мутоибавие, ки ба тарики зарофат-хазломезу шухиомез эчод шудааст;
  2. Ашъоре, ки дар пайравии Абуисхоки Атъимаи Шерози таълиф гардидааст;
  3. Ашъори мутоибавие, ки тавассути он иллатхои чомеъа танкиду мазаммат шудаанд.

Чунин табакабанди, ки зикраш дар боло рафт, хатто ашъори ошиконаи Савдоро низ фаро мегирад. Чанбаи ашъори мазкури Савдоро муосирони у-Шохину Хайрат идома бахшидаанд ва гуфтан мумкин аст, ки хатто муваффакият хам пайдо кардаанд. Албатта, ин мавзуъ дар эчодиёти Савдо нав нест, зеро хачву мутоиба дар адабиёти точик яке аз мавзуъхои човидона мебошад ва голибан яке аз мавзуъхои марказии ашъори шоирони то устод Рудаки будааст. Танхо ба ёд овардани он кифоя аст, ки хатто дар адабиёти шифохи низ он мавкеи махсус дорад ва далели ин казоват як китъаи хачвии мардумони Балх дар хичои Асад ибни Абдуллох аст, ки тибки шаходати «Таърихи Табари», ки соли 725 эчод шудааст ва хачви сиёси аст:

Аз Хуталон омадаих,

Ру ба табох омадаих.

Хушку низор омадаих, Овора боз омадаих.

Албатта, дар ашъори шоирони асри Х ин мавзуъ хеле устувор гардида, хатто ба хамосахои милли ворид шудааст ва далели кавии он эпизодхои хачви-танкиди ва мутоибавии «Шохнома»-и Фирдавсии Туси мебошад. Мо дар ин асар, яъне «Шохнома», хачви сиёсиро мебинем, ки голибан шохон, сиёсатмадорон танкид карда мешаванд, ба хусус Ковусшох, Афросиёб, Заххок, Чамшед, Салм, Тур ва дигарон. Инчунин рухониёни зардушти, ки риё кардаанд, сарлашкарон, пахлавонон ва гайра. Дар асри XII Сузании Самарканди хачвро аз хадди эътидол бароварда ба хачви кабех бадал сохт. Дар эчодиёти Убайди Зокони оханги хеле чидди касб намуд. Анъанаи уро то андозае Абдуррахмони Мушфики кабул карду таквият бахшид ва гайра.

Вале чанбаи малехи онро адабиёти тасаввуфи пазируфт, ки намунахои бехтарини он дар маснавихо ва ашъори лирикии Хаким Абулмачд Мачдуд ибни Одам Саноии Газнави (махсусан, дар «Корномаи Балх») таквият бахшид. Дар осори Фаридуддини Аттор ва махсусан, дар маснавии Чалолуддини Балхи чилои тозаву нодир гирифт ва писанди хамагон шуд. Аз ин нуктаи назар, Савдо анъанаи мазкурро дар давраи тамоман нав, бо тобиши дигар эхё кард. Муосирони у ба ин чанбаи умумибашари бахшиданд ва манзури мо эчодиёти Ахмади Дониш, Кори Рахматуллохи Возех ва Мирзо Сирочи Хаким мебошад. Тозакорихои Савдо хам дар назм ва хам дар наср идома бахшидани мавзуи мазкур мебошад.

Савдо на танхо шоири тавоно, балки дар насри адаби хам табъи баланд доштани худро нишон додааст. Аз у асари насри низ боки мондааст, ки намунаи хеле хуби насри мутоибави мебошад. Ин асари мутоибави тахти унвони «Музхикот» машхур аст. Асари мазкур аз панч кисм иборат буда, муаллиф онхоро тахти унвони «Нагма» ёд кардааст. Жанри «Музхикот» анъанави нест. Масалан, ба асархои машхуртарин нависандаи хачвнигори асри Х1У-Убайди Зокони («Ахлок-ул-ашроф», «Сипанд», «Дах фасл» ё «Таърифот» ва гайра) монанд нест. Яъне аз чихати хусусиятхои жанри асари Савдо навовари дар насри бадеист. Аз ин ру, дар лексикаи забони адабии точик низ таъсири фаровон гузоштааст. Аз жанри дигар, дар насри хачвию мутобавии Савдо унсурхои насри мусаччаъ ба назар мерасад, ки ин унсур яке аз хусусиятхои насри бадеии мутоибавии нависандаро фарохам овардааст: «Аммо мисрае намехонд, ки каломоташ пула нашуда бошад ва аркони авзонаш шула. То халвори гохе лундае халвое дар кори мулло карди ва муллоро аз ин хавлои бедуд хушнуд сохти. Мулло бо дахони ширин ба ширинмаколи ба мадхи зухур-ул-гайбаш низ пардохти.

Баъзе аз бобхои «Музхикот»-и Савдо хеле хотирмону чолибанд Аз чумла, боби «Нагмаи чахорум: Достони Бибипанирии Кайвони ва Она Мачони Ходим». Эпизоде дорад, чунончи:«Рузе дар мачлисе, ки чамъе аз занони акобиру аъён хозир буданд, келинбикаи баландхиккаро зиён гирифт (бемор шуд). Лаб мегазиду дандон мехоид. Бибипанирии Кайвони ба тарзи муомилашиноси ва коидадони ба дастур дар кораш кард, муфид наяфтод. То Она Мачони Ходим пеш омада гуфт:

-Эй, дугона, корро бебаёна (номаълум) бояд кард ва тадбирро мавкеъ бояд шинохт, то ки чарх чун тир бар нишона ояд. Биби Махруй- модаршуи ман, дасте дорад эм ва тачрибае дорад кадим, касе уро биёрад, то аласе фармояд.

Чун уро овардаанд, чубе гирифту латтаву дастмони чарби бар он печида, оташ дардода алиларо (беморро) чодире дар сар андохта, дар чое нишонда, оташро дар гирди сараш чарх гардонда, хондан огоз кард, ки:

Алас, алас, алас,алас!

Кулли балолардан халас,

Чулларга бор, кулларга бор!

Чанд бор бар у дамиду кафи обе бар рухсорааш пошид. Фурсате хануз нарафта, ки келинбикка чашм кушода ба хол омад ва мутаранними ин макол гардид:

Ай очачон, бар нафаси покат офарин,

Бар хиштаки эзори дусад чокат офарин.

Чугизанони шахру мазангони бодия Доранд бар фатонату идрокат офарин. Бо ин хама нахифию58 барчоймондаги Бар дасти чусту бозуи чолокат офарин…»

Хикояти мазкур ба нодонии хусусан занони он рузгор бахшида шудааст, ки чунин рафтори онхо бовари ба дин нею балки бадномкунии дин аст. Инхо тоифаи занону бонувони одди набуда, ашрофзодагонанд. Онхо дар камаклию эътикод ба хурофот хачв карда мешаванд. Аз ин ру, шеъри хачвиро Савдо аз забони хамон «келинчаки беморшуда» меорад, ки ба риёи зани аласкунанда дахл дорад.

Як хусусияти нихоят чолиби дигари эчодиёти мутоибавии манзуму мансури Абдулкодирхочаи Савдо боз дар он аст, ки у таркиби лугавии хеле ачоиб дорад. Истифодаи калимахову иборахои халки-гуфтугуи, эзор, хиштак, даму нафас, алас, дугона, бебаёна, дастмол ва гайра. Инчунин Савдо баъзе калимахоро худ месозад, кашф мекунад, ки онхо ба коидахои сарфу нахв чандон итоат намекунанд. Масалан: сихи хала (чубчае, ки маркабро бо он идора мекунанд), ишкидан (ошик шудан), меох (ох гуфтан), палавидан (ош хурдан), чико (чи кор), тугри (рост), фиребидан (фиреб додан), чалидан (мутобик шудан) ва гайра. Яъне у исмхоро хамчун феъл ба кор бурдааст ва ин тарзи корбурд дар забони адаби нест.

Бояд гуфт, ки дар таърихи адабиёти точик, агар чукуртар андеша шавад, оддитарин адиб хам мавкеъ дорад, зеро анъана дар ин адабиёт, ки нихоят кавист, пас андак адиб хам, дар заминаи он даъвии тозачуи мекунад.

Аз ин нуктаи назар, Савдо низ дар таърихи адабиёт макоми худро дорад. У яке аз он шахсонест, ки сабки бедилиро кадре хам бошад, заминахои вокеи бахшид. Дар рушди адабиёт, истикболи суннат сахм гирифт. Ба адабиёти давр, муосирон ва адабиёти минбаъдаи точик андаке бошад хам таъсир гузошт ва мавкеи худро ёфт.

Савол ва супоришхо:

  1. Овони чавони ва илмомузии АбДулкоДирхочаи СавДо чи гуна гузаштааст?
  2. Аз муосирони СавДо Доир ба рузгору фаъолияти у каДом тазкиранигор бештар маълумот додааст?
  3. СавДо Дар каДом мавриДхо тахаллусхои «СавДо» ва «Бепул»-ро ба кор бурдааст?
  4. Савдо Дар Дарбори кихо хиДмат намуДааст?
  5. Поёни умри Савдо чи гуна гузаштааст?
  6. Мероси аДабии СавДо аз чихо иборат аст?
  7. Ашъори гиноии СавДо каДом мавзуъхоро дарбар мегирд?
  8. СавДо аз шоирони газалсарои гузашта ба кихо пайрави карДааст?
  9. Хусусиятхои фархкунанДаи газалиёти СавДоро шарх ДихеД.
  10. Хусусиятхои хачвии ашъори СавДоро баён кунеД.
  11. Сахми СавДо Дар ташаккулу тахаввули насри баДеи аз чи иборат аст?
  12. Хусусиятхои насри баДеии аДибро шарх ДихеД.
  13. Таъсири эчоДиёти СавДо ба муосирон ва аДабиёти минбаъДаро накл кунед.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …