АУДИОМЕТРИЯ (Audiometria; аз лот. audio – мешунавам ва …метрия), акуметрия (аз юн. akuo – мешунавам), чен кардани кувваи сомеа. Азбаски кувваи сомеа аз руи дарки хадди садо муайян карда мешавад, А.-ро барои аник кардани кувваи пасттарини садое, ки одам мешунавад, мувофик месозанд. Усули мукаррарии А. дарк кардани садохои гуногуни одам ё камертон аз масофаи хархела мебошад (20 – 25 м). Дар шароити мукаррари сомеа хамон вакт беиллат хисобида мешавад, ки агар одам садои паст (пичир-пичир)-ро аз масофаи 6 – 7 м шунида тавонад. А.-ро асосан бо ёрии асбобхои махсуси аудиоакустики – аудиометрхо амали месозанд. Натичаи А. дар намуди аудиограмма навишта мешавад. Хадди шиддати овозро бо ёрии чадвал муайян намуда, бо хамин рох дарачаи заъфи сомеаро аник месозанд.
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон
Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …