Главная / Гуногун / АТМОСФЕРА – КИШРИ ОСМОНИИ ЗАМИН

АТМОСФЕРА – КИШРИ ОСМОНИИ ЗАМИН

Мо дар каъри укёнуси хавоие зиндагй мекунем, ки вай атмосфера номида ме­шавад. Атмосфера дар фаъолияти хаётй дар сайёраи мо чй ахамият дорад?

Хаво дар Замин намоён нест. Вале вай кураи Заминро пурра ихота мекунад.

Атмосфераи Замин – Ин либоси он аст.

Хаво сатхи Заминро аз шуъохои гарми офтобй хифз намуда, хамзамон на- мегузорад, ки гармй дар фазо пахн гардад. Таври мисол, азбаски дар гирди Мох атмосфера вучуд надорад, рузона сатхи Мох то ба + 120°С гарм шуда, шабона то ба – 160°С хунук мешавад.

Атмосфера сайёраи моро аз метеоритхо низ мухофизат мекунад. Агар он намебуд, метеоритхо ба Замин хамчун борон меафтиданд. Вакте метеоритхо тавассути атмосфера парвоз мекунанд, онхо ба муковимати хаво ру ба ру, порча-порча шуда, дар атмосфера месузанд. Чунин ходисаро метавон дар осмони шабона мушохида кард. Хамчунин атмосфера Заминро, хайвонотро, растанихоро аз шуъохои хатарноки кайхони мухофизат мекунад. Организмхои зинда бе хаво зиндагй карда наметавонанд. Хама аз хаво нафас мекашанд. Одам метавонад бе хурок якчанд хафта, бе об якчанд руз зиндагй кунад, вале бе хаво хамаги якчанд дакика зиндагй хохад кард.

Пайдо шудани абрхо дар осмон, хавои боришоти аз мавчуд будани бугхо дар атмосфера далолат мекунанд. Таркиби атмосфераи Замин доимй мебошад. Олимон тачриба ва ченкунихои махсус гузаронида, таркиби доимии зерини хаворо муайян карданд:

Азот – 78 %;

Кислород – 21 %;

Гази ангидриди карбон – 0,03 %;

Буги обу омехтагихо – 0,03 %;

Озон ва газхои инертй (гелий, неон, аргон, криптон, ксенон…) – 0,94 %.

Доимияти таркиби гази атмосфера – ин шарти асосии мавчудият ва инкишоф додани хаёт аст.

Кислород дар атмосфера нисбат ба хар чизи бокимонда бештар зарур аст. Вай барои нафаскашии инсон, хайвонот ва растанихо зарур аст. Кислород хамчунин дар фаъолияти рузгордории одам таври васеъ истифода мешавад. Хангоми сухтани сузишвори дар мухаррики автомобилхо, хавопаймохо, дар оташдони истгоххои барки кислород зарур аст.

Автомобиле, ки 100 км рохро тай кардааст, хамон кадар кислородро истифода мебарад, ки як одам дар як сол истифода мебарад. Тасаввур бикунед, дар мачмуъ хамаи автомобилхои дунё чи кадар кислород истифода мебаранд. Дарчанд ин кадар зиёд кислород барои нафаскаши, барафрухтани оташ, рузгордории инсон истифода мешавад

Микдори он дар хаво тагйир намеёбад. Пас маълум мегардад, кичизе вучуд до­рад, ки захираи кислородро дар атмосфера пур мекунад.

Соли 1771 олими кимиёшинос Пристли хангоми омузиши гази ангидриди кар- бон тасодуфан ба зарфи пушида, шамъи фурузонро чойгир кард ва дид, ки пас аз чанд муддат вай хомуш гардид. Ба хамон зарф мушро cap дод, ки пас аз чанд муддат нафаскашии у низ мушкил гардид. Вале растаниеро дар хамон кутти, ки муш дар он нафасгир шуда буд, гузошта, диданд, ки вай ба сабзидан идома дорад. Вакте Пристли мушро дар куттие, ки тайи 7 руз дар он растани нашъунамо дошт, чойгир кард, дид, ки муш Давида, бозй мекунад. Пас маълум мегардад, ки растанй гази ан­гидриди карбонро фуру бурда, кислородро хорич кардааст. Чунин кашфиёт дар бо- раи ахамияти хайратангези растанй бар тамоми чахон маълум гардид. Ин тачрибаро
Шумо худатон метавонед мустакилона гузаронед. Ду бонкаро гирифта, бо гардана- аш поён ба зарфи обдор гузошта ду шамъи якхеларо зери онхо монед. Дар зери яке аз бонкахо растании зиндаро бо баргхояш монед. (расми 72). Ин хама бояд дар чои бо шуъои офтоб хуб рушаншаванда ва ё тавассути лампахои барки рушаншаванда карор бигирад. Мушохида кунед, ки дар зери кадом бонка шамъ тезтар хомуш ме- шавад.

Соли 1782 олими швейсари Сенебйе тахкикот гузаронида, растании баргаш саб- зро ба об хастааст. Дар он тарафи баргхо, ки бо Офтоб рушан шудаанд, хубобчахои кадом як газ пайдо шуданд. Ин гази хоричшавандаро вай дар пробирка чамъ кар­да, дар он пилтаи хомушшавандаро чойгир кард. Пилта аланга гирифта, шуруъ ба сухтан кард. Маълум мегардад, ки баргхо дар об кислород хорич кардаанд. Аз ин Сенебйе ба чунин хулоса омад, ки растанихо гази ангидриди карбонро аз мухити зист фуру бурда, кислород хорич мекунанд.

Гази ангидриди карбон , ки тавассути растанихо фуру бурда шудаанд, ба пай­до шудани моддахои органикй мусоидат мекунанд. Дар баргхои сабз, тавассути сурохихояшон ду раванди ба хамдигар мукобили табодули газхо сурат мегирад: якум хангоми нафаскашй сурат мегирад, дуввум хангоми хамчун гизо истеъмол намуда- ни гази ангидриди карбон (тоблуи 10). Растанихо хангоми гизохури гази ангидриди карбонро чаббида, кислородро хорич мекунанд. Хангоми нафаскашй баръакс, вале кислрод якчанд маротиба нисбат ба ин ки чаббида мешавад, бештар ихроч мегардад.

Растанихо дар рузи офтобй дар худ моддахои органикиро, нисбат ба ин ки хангоми нафаскашй дар шабонарузи зиёд сарф мекунанд, бештар захира мекунанд.

А Майдонхои сабз манбаъи ва тавлидкунандаи асосии кислород дар Замин мебошанд. Онхоро эхтиёт ва афзун намоед!

Тоблуи 10

Раванди гизогирй аз газ и ангидриди карбон. Раванди нафаскашй
Танко дар вакти рузона сурат мегирад. Дар вакти рузона ва шабона сурат мегирад.
Гази ангидриди карбон фуру бурда Кислород фуру бурда мешавад.
мешавад.
Кислород хорич мешавад. Гази ангидриди карбон хорич мешавад.
Гармй фуру бурда мешавад. Гармй хорич мешавад.
Танхо дар кисматхои сабзи растанй пайдо Дар хама кисмхои растанй ба вучуц меояд.
мешавад.
Моддахои органикй чамъ мешаванд. Модцахои органикй пахн мешаванд.

Ду раванди ба хам мукобил- сарфи кислород ва ба вучуд омадани он дар Табиат дар холати мутавозин карор доранд. Вайрон кардани ин тавозун ба организмхои зин- да дар Замин зарари калон ворид месозад.

Дар хаво, гайр аз моддахои доимй, хамчунин омехтагихое вучуд доранд, ки хаворо ифлос мекунанд. Ин хар навъ чангхо мебошанд. Аксарияти чангхо дар кабати наздизаминии хаво чамъ мешаванд. Хатто пас аз борон дар як сантиметри мураббаъи хаво наздик ба 30 хазор гарду чангхои майда мавчуд мебошад. Дар рузхои маъмули бошад, теъдоди онхо боз хам бепггар аст. Сабабхои пайдоиши чангу губор ин вай­рон шудани чинсхои кухй, берун частани вулканхо, сухтан ва афтодани метеоритхои калон, фаъолияти истехсолии корхонахо, наклиёт ва дигар ходисахои сершумор ме­бошанд. Хангоми шамоли сахт шалаппоси бахрхо зуд бухор мешаванд ва дар атмос­фера хиссачахои хурди намакро бокй метузоранд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …