Главная / Илм / АСТИГМАТИЗМ

АСТИГМАТИЗМ

astigm01АСТИГМАТИЗМ (Astigmatismus; а – хиссачаи инкори ва stigma – нукта), нукси биниши чашмро гуянд, ки дар мавриди он дурбини, наздикбини ва диг. иллатхои чашм дар як вакт зухур меёбад. Мас., дар биниши амуди чашм дурбин, дар биниши уфуки бошад, муътадил ва г. мешавад. Ин, одатан, ба хамидагии хархелаи карния, инчунин то дарачае ба хамидагии нодурусти гавхараки чашм вобаста аст. Хангоми А. чизи тобон дар турпардаи чашм инъикос намешавад. Маънои А. низ хамин аст, яъне он калимаи лотини буда, вучуд надоштани нуктаи аксро ифода мекунад. Дар аснои А. кувваи босираро бо линзаи махсуси силиндри, баъзан факат бо линзахои тамосие, ки онро бевосита ба карния мегузоранд, чуброн кардан мумкин аст (ниг. Айнак). А.-и бачагон вобаста ба сабзиши онхо тагйир меёбад, аз ин ру хар сол баъди тафтиш айнаки мувофик интихоб кардан лозим. А- и калонсолон мудом як хел аст.
Ад.: Неотложная офталмология, М., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …