Главная / Илм / АШКОЛИ ДОРУ

АШКОЛИ ДОРУ

220px-datos_pegados_ff93АШКОЛИ ДОРУ (Formae medicamentorum), шаклу холати дорухост, ки барои истифодаи босамари онхо мусоидат мекунанд. А. д.-ро дар дорухонахо ва ё муассисахои фармасевти месозанд. А. д. моеъ, мулоим, сахт, инчунин махлули тазрики мешаванд. Хар дору метавонад чанд шакл (хока, курс, махлул, мархам ва г.) дошта бошад.
А. д.-хои моеъ (обаки, соил, ракик) чунинанд: махлул, накеъ, табих (матбих), таъфин, киём (экстракт), микстура, луоб, эмулсия, суспензия.
Махлул дар натичаи дар ягон моддаи халкунанда хал шудани доруи сахт ё моеъ хосил мешавад. Барои тайёр кардани махлул бештар оби тактири, баъзан этанол, глитсерин, равгани моеъ (равгани вазелини, зайтун, равгани шафтолу, офтобпараст)-ро истифода мебаранд. Шаффоф будани махлул шарт аст; дар он заррахои муаллак ё тахшон набояд бошанд. Махлулро менушанд, тарбанди ва гаргара мекунанд, ба гуш, чашм, бини мечаконанд. Меъёри махлул бо кошук (хурд, миёна, калон) ва манзурка (истакончаи ченакдор) муайян карда мешавад. Баъзе махлулхоро, ки дар таркибашон моддахои захрнок доранд ё таъсирашон пурзур аст, катра-катра истеъмол менамоянд. Махлули дорухои барои табобати иллати бини, чашм ва гуш пешбиншударо низ катра-катра истифода мебаранд.
Накуъ (накеъ) ва табих (доруи дар об чушонида)-ро бо рохи дар об тар карда мондан ё чушонидани барг, реша ва диг. узвхои растанихои доруи (то 1000С расидани харорати об 5 – 15 дак. мечушонанд) тайёр мекунанд. Дар таркиби накуъ ва табих гайр аз унсури таъсирбахш хамчунин моддахои ахамияти давои надошта (канд, танин, пигмент ва г.), вале безарар низ хастанд. Накуъ ва табих тез вайрон мешавад, аз хамин сабаб духтур онхоро факат барои дар муддати 3 – 4 руз истеъмол намудан тавсия медихад; дар дорухона бошад, онхоро як-ду соат кабл аз гирифтан тайёр мекунанд. Дар хона накеъ ва табихро дар чои салкин бояд нигох дошт. Ин навъи доруро асосан менушанд, баъзан барои тарбанди ё чайкондану гаргара кардани дахон, гулу ва г. истифода мебаранд.
Таъфин (усора, сибга) моеъи шаффофест, ки таввасути спирт (спирту об ё спирту эфир) аз ашёи хушки растанихои шифобахш дар корхонахои дорусози (бидуни чушонидан) тайёр мекунанд. Одатан, таъфинро катра-катра истеъмол мекунанд. Нисбат ба накеъу табих таъми дору устувор аст ва дер мепояд. Таъфинро дар чои торики хона, ки харораташ муътадил аст, дар шишачаи дахонаш махкам нигох медоранд.
Киём (чавохирдору) хам монанди таъфин давоест, ки аз ашёи хушки набототи шифобахш тахия мекунанд. Фарки киём аз таъфин дар он аст, ки дарачаи гилзаташ хар хел (обаки, гализ ё хушк) мешавад. Истеъмоли киём ба дарачаи гализии он вобаста аст: агар киём обаки бошад, катра-катра менушанд, гализу сахт бошад, аз он дар дорухона ё фабрикаи дорусози хаб ё курс (таблетка) месозанд.
Таъфин ва киёмро адвиёти чолинуси низ меноманд. Чолинус аввалин шуда киёми растаниро барои табобат истифода бурдааст.
Доруи луоби (луоб) моеъи гализу часпонест, ки дар натичаи дар об хал шудан ё варамидани моддахои луобии мухталиф (мас., зифти араби, шилми дарахти зардолу, тухми загир, бехи саълаб) хосил карда мешаванд. Луоб пуст ва ё луобпардахоро рупуш намуда, онхоро аз ангезиши омилхои мухталиф, аз чумла таъсири баъзе пайвастхои химияви эмин медорад. Одатан, луобро хамчун чузъи таркибии дорухои моеъ истифода мебаранд.
Эмулсия (мустахлаб) доруи моеъ буда, дар он заррахои дар об халшавандаи ягон моеъи дигар (равган, баласон, яъне балзам) дар холати муаллак карор доранд. Эмулсия моеъи якхелаи ширмонанд аст. Одатан, ба таркиби эмулсия дорухоеро дохил мекунанд, ки онхо таъми ногувор доранд ё пардахои луобиро меангезанд. Азбаски эмулсия тез вайрон мешавад, онро зиёда аз 3 – 4 руз истифода бурдан мумкин нест. Зарфи доруро дар чои салкин нигох дошта, онро пеш аз истифода метаконанд.
Суспензия навъе аз дору буда, дар он заррахои майдаи даво (моддаи сахт) дар ягон моеъ (об, равгани наботи, глитсерин) муаллак мебошанд. Суспензияро дар сурате тайёр мекунанд, ки агар моддаи доруи дар махлул тамоман хал нашавад. Пеш аз истифода суспензияро хуб такон медиханд.
Микстура (доруи омехта) доруи обаки буда, онро аз омехтани чанд моддахои доруии гуногун тахия месозанд. Ба таркиби микстура накуъ, матбих, таъфин, киём, эмулсия ва доруи хока (новобаста ба хал шудан ё нашуданаш дар об)-ро дохил кардан мумкин аст. Микстура бештар барои нушидан тавсия мешавад. Зарфи микстурадорро пеш аз истеъмоли дору таконидан лозим аст. Агар микстура дар таркибаш накуъ, матбих ё эмулсия дошта бошад, онро дар чои салкин нигох медоранд.
Мархам – хамираи нарму махин мебошад. Аз дору ва асос, яъне равгани растани, хайвонот, моддахои равганмонанд, махсули коркарди нефт ва моддахои синтези иборат аст. Мархамро факат барои молидан ба пуст ва пардахои луоби таъин мекунанд. Баъзан маводи доруиро низ, ки тавассути пуст ва луобпардахо ба хун чаббида мешаванд, хамчун мархам истифода мебаранд. Дар ин маврид мархамхоро бо максади таъсир расонидан ба иллате, ки дар узвхои дарун пайдо шудааст, кор мефармоянд. Мархамро дар шишаи дахонаш махкам ё саночак дар чои салкин нигох доштан лозим аст.
Мархами моеъ (линимитхо) аз мархами мукаррари бо намуди худ фарк мекунад. Он моеъи гафс буда, дар харорати бадан об мешавад. Факат барои ба пуст молидан кор мефармоянд.
Хамира гуфта мархамеро меноманд, ки таркибаш аз 25% моддаи хока иборат аст (дарачаи гилзати он ба хамир монанд мебошад). Хамира дар сатхи пуст нисбат ба мархам дер мепояд ва моеъотро чаббида мегирад. Бинобар ин, онро асосан барои табобати амрози пуст таъмин мекунанд.
Шамъак (суппозитория) бо хосияти худ аз дигар А. д. фарк дорад. Вай дар харорати хона тагйир намеёбад, вале дар гармии бадан об мешавад. Шамъак макъади ва махбали мешавад. Шамъаки макъадиро ба рудаи рост ва шамъаки махбалиро ба махбал ворид месозанд. Шамъакхои макъади ангуштшакл буда, нуги онхо нимдоира аст. Онхоро нафакат барои табобати амрози рудаи рост, балки барои муоличаи дигар узвхои дохили низ кор мефармоянд (моддахои давоии он тавассути луобпардаи рудаи рост чаббида мешавад).
Шамъакхои махбали лунда, байзашакл ё пахнаки нугашон нимдоира мебошанд. Асосан барои табобати беморихои узвхои чинсии занона истифода мегарданд. Дар таркиби баъзеи онхо доруи зидди бордори мавчуд аст, ки барои пешгирии хамл кор мефармоянд. Давои таркиби шамъакхо зуд ба хун чаббида мешавад, бинобар ин онхоро бо маслихати духтур ва аз руи вояи таъинкардаи у истифода бурдан лозим аст. Шамъакхоро дар когази мумандуд, селлофан ё фолга печонда, дар чои салкин ва хушк нигох медоранд.
Ба А. д.-хои сахт хока, гуруша, курс, драже ва хаб мансубанд.
Хока барои пошидан ва истеъмол кардан пешбини шудааст. Ба вояхо (доза) чудо карда намешавад. Хокахоеро, ки барои истеъмол пешбини шудаанд, бо шир, об ё оби маъдани (1/4 – 1/2 истакон) менушанд; баъзеи онхоро ба вояхо низ чудо мекунанд. Хокахое, ки бо вояхо чудо карда нашудаанд, чандон захрнок нестанд. Духтур истеъмоли онхоро бо кошукча ё кошук таъин мекунад. Хокахои ба воя чудокардаро дар дорухонахо дар халтачахои когазии сафед, баъзан (агар зарур бошад) дар халтачахои пергаменти ё мумандуд ба фуруш мебароранд. Доруи хока дар гилофа (капсула)-хо низ ба фуруш бароварда мешавад.
Гилофа чилди махсусест барои дорухои хока, хамира ё моеъ, ки вояи аник дошта, барои нушидан пешбини шудаанд. Дар шакли гилофа асосан дорухоеро истехсол мекунанд, ки таъми нохуш доранд ё луобпардаи меъдаю рудахоро озор медиханд. Ду шакли гилофахо мавчуд аст: желатинави ва охари (крахмали). Баъзе гилофахо аз меъда гузашта, факат дар руда зери таъсири мухити ишкории он хал мешаванд. Гилофаро нахоида фуру мебаранд. Кушода истифода бурдани он тавсия намешавад.
Гуруша (гранула) доначахои шаклан гуногун мебошад. Барои истеъмол пешбини шудааст. Тарзи истифодаи он мисли доруи хока аст. Дар баъзе мавридхо онро пеш аз истеъмол мувофики нишондоди духтур ё навиштачоти худи дору дар об хал кардан лозим меояд.
Курс (таблетка) шакли кулчаро дорад; баъзан дарозруя низ мешавад. Дар корхонахои дорусози тайёр менамоянд. Барои истифода хеле мувофик буда, дуру дароз меистад, таъми ногувори дору низ чандон хис намешавад. Баъзе курсхоро кабат-кабат истехсол мекунанд (дар рохи хозима аз руи тартиби муайян чаббида мешаванд).
Вобаста аз хосияти дору ва шакли бемори тарзи истифодаи курсхо гуногун аст. Бисёр вакт онхоро барои ошомидан таъин мекунанд. Бинобар ин, дар бештарин мавридхо курсро нахоида фуру бурдан лозим аст (хоса агар он чилди махсус дошта бошад). Курсхое низ мавчуданд, ки онхор хоида истеъмол кардан тавсия мешавад. Баъзе курсхоро то пурра хал шуданашон дар зери забон нигох медоранд (мас., нитроглитсерин, изадрин, метилтестостерон ва г.). Дар кадом холате, ки набошад, мавриди истифодаи курс таъиноти духтурро риоя кардан лозим аст.
Драже доруи сахт буда, таъми ширин дорад. Чунин дорухо лунда ва якранг мешаванд. Дражеро нахоида фуру мебаранд.
Хаб (пилюла) шакли лундаро дошта, барои нушидан пешбини шудааст. Хабро одатан дар дорухонахо тайёр мекунанд. Аз маводи доруи ва хамираи махсус иборат аст.
Ба А. д. хамчунин давохои наботи (растанихои доруи) дохил мешаванд. Онхоро дар оби чуш тар карда, сипас бо латта мепечонанд ва ба пуст мегузоранд. Баъзан хушкохушк гарм мекунанд ва ба халтача гирифта ба чои дардманд мениханд. Аз растанихои доруи чой ва чушоб низ тайёр карда мешавад. Дар халтачахои когазин, куттича ё шишачахо ба фуруш мебароранд. Онхоро дар чои хушк нигох доштан лозим аст.
Ба А. д.-хои тазрики (инъексия) махлулхои оби ва равгани, суспензияхо, эмулсияхо, хамчунин хокаю курсхо мансубанд. Онхо кабл аз истифода дар махлул хал карда мешаванд. Талаботи асоси барои онхо тамйиз буданашон аст, зеро асосан барои тазрик истифода мегарданд (ба зери пуст, мушак, ба варид, шараён, чавфи бадан). Дар ин мавридхо вояи аники дору ба назар гирифта мешавад (самари табобат низ зудтар фаро мерасад). Барои тазрики дору махорату дониши махсус лозим аст, бинобар ин онро хатто дар шароити хона низ бояд корманди тиб (хамшираи шафкат, фелдшер) ичро кунад.
Оид ба тарзи нигох доштани дору дар шароти хона ниг. Дорукутти.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …