АСЕПТИКА (аз а – хиссачаи инкори ва юн. septikos – мадданок), тадбирхои пешгирии ба чарохат ворид шудани микробхои касалиовар. Букрот, Ибни Сино, Рози ва диг. усулхои безараргардонии чарохатро бо сирко, май, скипидар, равгани чушон, охак, намакхои мис, охани тафсон, мархам ва г. васеъ истифода бурдаанд. Аввалин маротиба А.-ро чаррохи немис Э. Бергман (1836 – 1907) кор карда баромадааст. Дар амалияи хозираи чаррохи безарар намудани захмро асосан бо усулхои физики (бо харорати баланд, автоклавони ва бо нури ултрабунафш) ба чо меоранд. Барои он ки чарохат аз асбобхои чаррохи, хаво ва г. микробнок нашавад, онхоро бо усулхои зикргардида ва дорухои махсус стерилизатсия мекунанд. А. усули мухимтарини пешгирии сироят дар амалиёти чаррохии муосир мебошад. А.-ро хатто дар он мавридхое низ амали мегардонанд, ки сироят ба бофтахо кора карда бошад. Коидахои А. чи дар мавриди чаррохии «фасоди» ва чи дар аснои чаррохии «тоза» бояд катъи риоя карда шаванд. Сарфи назар намудани онхо хатто дар мавриди чаррохии «тоза» низ боиси фасод пайдо кардани чойи чаррохи мегардад.
Бо усули Алфелд чаррох дастонашро бо оби гарму собун ва чутка 5 дакикаги 2 маротиба мешуяд, хушк карда пок мекунад, 5 дакика спирти 96° мемолад, баъд дастпушаки резинии тамйизшударо мепушад. Феълан дар чумхурии мо бештар усули асептикии С.И. Спасокукотский ва Н.Г. Кочергин истифода мешаванд: чаррох дасташро бо дока ё пахтае, ки дар тос ба махлули 0,5-фоизаи аммиак гузошта шудааст, 3 дакикаги 2 маротиба шуста хушк мекунад ва баъд спирт мемолад. Чои чаррохиро бо спирт пок карда, 2 маротиба махлули 5 – 10-фоизаи йод мемоланд. Барои микробнок нашудани хавои хонаи чаррохи ва бандинагузори чаррох ва хамширахои тиббии ёрдамчи дахону биниашонро бо дока мебанданд. Ниг. низ Антисептика.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …