Главная / Илм / АСАЛ ЧИ ФОИДА дар Канзи Шифо (Китоб)

АСАЛ ЧИ ФОИДА дар Канзи Шифо (Китоб)

asal-660x330Мурод аз асал гуфтан махсули ширинтаъми занбури асал дар назар дошта шудааст. Бехтарини он хушбуй, кивомаш гафс, таъм ва шириниаш гуворо ва инчунин сурхранг бошад, ки дар он муми занбур, яъне муми хонааш мутлакан набошад, чун онро бо ангушт бардоранд, тор бандад — ин навъаш барои давои бехтар аст; баъд аз он сафеди наботрангаш бо сифатхои номбурда бошад, маком дорад. Барои лаззат ва гизо асали бахори бехтар аз тирамохи аст, вале зимистониаш бадтарини навъхои он мебошад. Агар таъмаш тунд ё тез гашта бошад, ё кухна шуда, рангаш ба сиёхи печида бувад ва таъми талхи пайдо намуда бошад, зарарнок аст. Агар кухнаи онро бисёр бихуранд, девона мекунад.

Мизочи асали нав дар дарачаи дувум гарм ва дар якум хушк аст; аз шаш мох то як сол мондаи он дар дарачаи дувум хушк мебошад. Баъзеаш, ки кухна ва тундтаъм гашта бошад, мизочаш то дарачаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Асали хомро гарми, поккунандаги ва тезиаш зиёда мебошад дар давои. Асале, ки дар чушонидан бо об, кафкашро гирифта бошанд, гарми, поккунандаги ва тундии он камтар аст барои гизои. Барои ба кивом овардани асал ба он об хамрох карда, бо оташи паст мечушонанду кафкашро дур намуда, баъд аз оташ фуруд меоваранд — ин асали пок хисоб меёбад. Вале эхтиёт намудан шарт аст, ки сахт начушад — агар сахт чушад, асал бинобар нозук будани таркибаш, месузад, талх мегардад. Ва агар об дохил накарда бичушонанд, кафкаш чудо намегардад. Бояд ба ин чихатхои кор риоя кунанд.

Хислатхои шифобахши он: асалро бихуранд, баданро аз моддахои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреххо ва дахани рагхоро мекушояд; балгами часпак ва рутубатхоро нест менамояд ва инчунин онхоро аз чохои чукур ва дури бадан мекашад ва хамчуиин моддахои нодаркорро аз майна хорич мекунад; суст ва нотавон шудани аъзо, истиско (водянка), зардпарвин, иллатхои сипурз, душвории шошидан, бодхои гуногун, иловус (дард ва варами рудахои борик) ва заххои сардмизочро дафъ мегардонад; санги гурда ва хичак (пешобдон)-ро майда карда мерезонад.

Корозмудагони ин асрор кайд намудаанд, ки хар ки иродаи шифо дошта бошад, бояд ки пагохи ба дили нахор асалро бо оби борон даромехта биёшоманд. Хаким Чолинус гуфтааст: «Хеч чиз бехтар аз асал нест, дар нафъ аз барои бадан ва илочи аксари беморихо ва аз барои сириштани давохо». Зеро ки ба сабаби часпандаги ва гафсии кивоми худ боиси суръати омезиш ва хифзи давохо мегардад аз вайроншави. Ва бинобар шириниаш, гуворо будани ниходаш, лазиз буданаш барои нест кардани ногувори бехтар аст, куввати давохоро бо суръат ба узвхои тамоми бадан мерасонад, агар хамрох карда бихуранд ва ин фоидахои бисёрро сохиб аст.

Агар инро бо мустако (мастика) бихуранд, рутубат ва моддахои нодаркори зарарнокро аз майна кашида дур мекунад; фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), кач шудани руй, нотавон ва бемадор гаштани аъзо, карахти ва монанди инхоро, ки сабабаш чамъ шудани моддахои хунукмизоч бошад, шифо мебахшад; меъдаро кувват медихад, иштихоро мекушояд, бодхо ва моддахои часпакро дафъ месозад; кулинч (колит) ва гиреххои баданро мекушояд; меъда, иштихои таом ва бох (пушти камар)-ро кувват мебахшад. Агар инро бо шилми кундур бихуранд, узвхои даруни синаро аз моддахои нодаркор ва зарарнок (аз чумла касабаи шушро низ) пок мегардонад; истиско (водянка), зардпарвин ва беморихои сипурзро шифо мебахшад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, инчунин душвории шошидан, бодхои гуногун, дард ва варами рудахои борик (иловус) ва захрхоро дафъ мекунад. Хусусан бо оби борон даромехта бихуранд, ба узвхои бадан об медавонад, бохи сустгаштаро кувват медихад, пешобро меронад, захми рудахо ва хичакро пок менамояд; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвории шошиданро ислох мекунад, ташнагиро таскин медихад. Ин таркибро хурда кай кунанд, меъдаро аз олоишхо пок месозад. Бо ин таркиб гаргара кунанд, варами мушакхои чониби халкум ва гуддахои бодомшаклро тахлил медихад, чарохатхои ком, забон, халкум ва гадудхои бодомшаклро аз рим ва дигар моддахои бегона пок мекунад.

Асалро бо сирко даромехта, ба сатхи даруни дахан ба такрор ва бардавом бимоланд ё онро дар дахан гардонанд, милки дандонро мустахкам мекунад ва гушти солим бар он меруёнад агар коста бошад; инчунин дандонро дар чояш сахт месозад ва онро аз чирк пок намуда сафед месозад, хусусан, ки бо ангушт сечор мартаба хар мох ба дандонхо бимоланд, ин хислаташ зудтар зохир мегардад. Баъзе одамон асалро бинобар ширин буданаш сусткунанда пиндоштаанд — ин иштибох аст. Дар хакикат ширинихои рутубатнок сусткунанда мебошанд, на ширинихои хушкмизоч. Вале асал дар мизоч гарм ва хушк аст. Пас, сусткунанда намебошад.

Асалро ба танхои ё бо оби пиёз ба чашм бикашанд, чашмро равшан мекунад; хориш, кутур, обрави, гули чашм ва фуромадани оби бегонаро дар гавхарак дафъ менамояд. Агар асалро бо анзарут ва намаксанг даромехта дар гуш чаконанд, бодхои пардахои он ва чаранги гушро бархам медихад, омадани рим аз даруни он ва рутубатхои равони онро катъ мекунад; дардхои аз хунуки баамаломадаи онро таскин медихад, гаронии гушро дафъ месозад.

Агар асалро ба захраи тари гов даромехта ё бо шири гов ё бо шири буз ва ё бо шири занон сиришта, ба такрор дар гуш чаконанд, ё бо сафедаи тухми мург даромехта бичаконанд, беморихои дар боло гуфтаро шифо мебахшад. Асалро бо равгани гули сурх даромехта, лесида бихуранд, сурфаеро, ки сабабаш моддахои хунук бошад, дафъ мекунад. Асалро дар оби барги зуф хал карда, нимгарм бо он ба такрор хукна кунанд, захми рудахо ва варамхои онхоро шифо мебахшад.

Баъди хар як бор хаммом кардан дар вакти гармии бадан асалро гузошта банданд, закарро кави ва калон мегардонад. Агар асалро занхои синну соли хайзноки аз таг бардоранд, иллатхои бачадони онхоро шифо мебахшад. Асалро бо орди гандум хамир сохта гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад, пучак ва чиртакхоро мепазонад; бо сирко ва намак даромехта гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад, догхои кунчидакро дафъ мекунад; бо намак сиришта банданд, догхои зарба ва латхурдаро, ки кабуд шуда бошанд, нест мегардонад; бо орди чав хамир карда гузошта банданд, араки бисёрро ба ислох меоварад; бо анзарут сиришта банданд, захмхоро аз чирк пок месозад ва гушти хароми онхоро хурда нест менамояд; бо саргини мург ё бо чадвор сиришта гузошта банданд, доги сафеди пуст ва песро шифо мебахшад.

Асалро бо шибит чушонида гузошта банданд, доги зарба ва шукуфаи пустро бархам медихад. Онро бо равгани гули сурх даромехта бимоланд, захмхоеро, ки рутубаташон монанди асал аст ва дигар решхое, ки аз бисёрии балгами ширин ба амал омада бошанд, шифо мебахшад ва баданро кави мегардонад. Агар худашро танхо бимоланд, шапуш ва ришкро нест мекунад. Агар инро ба часадхои мурда бимоланд, аз он ки ба зуди вайрон мешуда ва буйи бад мегирифта бошад, нигох медорад; инчунин ба гуштхо ва чарбихо бимоланд, хосияти тару тозагии онхоро нигох медорад.

Асалро бо оби зира даромехта бихуранд, бар зидди захри занбуруг, газидани саги девона даво мебошад; агар бо равгани гули сурх даромехта биёшоманд, захрхои чонваронро аз бадан дафъ мекунад. Ва агар асалро хурда кай кунанд, азияти афюнхурдаро ислох менамояд. Яке аз хислатхои асал чунин аст, ки агар зан онро бо об шарбат сохта ба дили нахор бихурад, агар рудахояш ба дард оянд, хомила аст, вагарна, бебор мебошад.

Хуллас, асал барои одамони сардмизоч ва балгамимизоч дар замон, фасл ва махалхои сард фоида дорад, вале барои одамони гарммизоч ва мизочи хушкдошта ва инчунин дар фаслхои гармо бихуранд, зарар мекунад, гарммизочонро дарди сар медихад. Агар онхо бисёр бихуранд, зуд ба хилти сафро, ки аз чихати мизоч гарм ва хушк аст, табдил меёбад, майнаи гарммизочро ночур месозад, кай меоварад, ба беморихои сафрови ва гарм гирифтор мекунад, ташнагии бисёр меоварад. Давои ин зарархояш оби анори турш, оби лиму, сирко, кашниз ва мевахои турш ошомидан аст.

Микдори як бор хурдан дар як руз аз асал то 68 грамм аст. Огох кунем, ки асале, ки занбураш ба гиёхи талхшувок нишаста бошад, таъмаш талх мешавад ва барои беморихои меъда, чигар, кушодани гиреххо ва агар занбураш ба гиёхи кокути нишаста бошад, онро бардавом бихуранд, барои одамони тармизочон, сардмизочон ва беморихои балгамии сард фоида мебахшад.

Гуфтаанд: он асалро, ки тирамохи бошаду агар бибуянд, атса оварад, бехуши ва арак меоварад, аклро бечо месозад, онро набояд истеъмол кард. Тадбири касе, ки онро хурда бошад, кай фармудан ва баъд аз он мохии намакини шур хурда ба такрор кай кардан аст, то ки меъда аз он асал пок гардад ва баъд аз он себи майхуш ва муруд тановул намоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …