Главная / Илм / АРЗАН

АРЗАН

panicum-miliaceum-in-ahaines-aАРЗАН (Panicum milliaceum) говарс, говарса, растаниест галладона. Пояаш рости шохаронда, то 1,5 м кад мекашад. Баргаш дарози нугтез, пашмакдор. Хушагулаш парешон ё гунча. Донаш хурд, рангаш сафед, зард, норанчи, сурх, хокистарранг ё сиёх. Моххои июн – авг. гул мекунад.
А. аз зироатхои кадимист; онро хануз 4 – 5 хаз. сол пеш аз м. кишт мекарданд. Ватани А.-и мазруъро Хитой ва Мугулистон тахмин мекунанд. А. зироати писандидаи кабилахои скифу сармат ва сугду бохтарихо махсуб мешуд.
А. яке аз мухимтарин зироати галладона мебошад. Дар таркиби сукаш 63% ангиштоб, 12% сафеда, 3 – 4% равган, 1% клетчатка, 2 – 2,5% хокистар, моддахои минерали, витамини В1 ва намакхои калий, натрий, калсий, магний, фосфор ва г. мавчуд аст. Аз орди А. таомхои хушлаззат ва нон тайёр мекунанд. Шавлаи сук сергизо ва зудхазм буда, барои беморони дарди дил, фишори хун, атеросклероз, кабзият ва г. пархезонаи хуб аст.
Табибони халкии украини хангоми зуком буй кашидани дуди А.-ро муфид мешуморанд. Бино ба акидаи табибони точик А. ба меъда таквият мебахшад, халаи рударо бартараф менамояд. Онхо А.-ро гарм карда ба омоси руй ва дар мавриди дарди дандон ба чог мегузоштанд. А.-е, ки дар шир пухта шудааст, хангоми чурра нафъ дорад.
Дар сарчашмахои кадими омада, ки агар суки А.-ро пухта бихуранд, печишхои рохи нафасро мекушояд, ба бемории назла даво мешавад. Истеъмоли нони А. исхолро мебандад, пешобро меронад, бачаро аз шиками зани хомила меафтонад. Суки А.-ро бо шири навчушида пухта бо равганхо бихуранд, галаёни хунро таскин мебахшад. Агар баъди ба сук гардондани А. як сол гузашта бошад, истеъмоли он чоиз нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …