Главная / Илм / АРДОНА

АРДОНА

109609_d58b7896АРДОНА (Althaea armenica), гулхайрии дашти, гиёхест бисёрсола. Аз 30 то 200 см кад мекашад. Пояаш рости серпашмак, аргувони. Баргаш думчадори 3 ё 5-парра, хушагулаш майда, гулаш гулоби ё бунафши гулоби, тухмаш гурдашакли дорчин. Мохи июн гул мекунад. Одатан, дар заминхои бекорхобида ва хамчун алафи бегона дар юнучказор, богхо, кад – кади чуйбору дарёхо (дар баландии 500 – 600 м аз с.б.) меруяд.
Решаи А. зохиран ба решаи гули хайри монанд аст, вале хангоми шикастан хеле гоз медихад. А. дар тибби мардуми хамчун растании доруи маъмул аст. Чушоби реша ва появу барги онро хангоми хунпартои, сулфа ва дарди сандуки сина истифода мебаранд. Бо чушоби гул ва барги А. занхо муяшонро мешуянд (муйро мустахкам ва сабзиши онро бехтар мекунад). Дигар хосиятхои шифобахшии А. ба гули хайри монанд аст.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …