Главная / Чамъият / АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИЧОРАТИ

АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИЧОРАТИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИЧОРАТИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2015, №3, мод. 205)

Конуни мазкур муносибатхоро вобаста ба ташкил ва фаъолияти арбитражи байналмилалии тичорати, инчунин тартиб, шартхои эътироф ва ичрои халномахои арбитражи байналмилалии тичоратиро дар худуди Чумхурии Точикистон ба танзим медарорад.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Доираи амали Конуни мазкур

  1. Конуни мазкур нисбати арбитражи байналмилалии тичоратии доимоамалкунанда, ки тибки мукаррароти боби 2 Конуни мазкур таъсис дода мешавад ва арбитражи байналмилалии тичоратии якборамалкунанда, ки барои баррасии бахси мушаххас дар худуди Чумхурии Точикистон таъсис меёбад, татбик мегардад.
  2. Ба арбитражи байналмилалии тичорати бо созиши тарафхо мумкин аст бахсхои аз муносибатхои шартномави ва дигар муносибатхои хукукии граждани, ки хангоми амалисозии савдои хоричи ва дигар робитахои байналмилалии иктисоди байни субъектони онхо ба миён меоянд, супорида шаванд, агар яке аз ташкилотхои тичоратии тарафхо берун аз каламрави Чумхурии Точикистон вокеъ бошад.
  3. Арбитражи байналмилалии тичорати инчунин метавонад дигар бахсхоеро барраси намояд, ки хусусияти иктисоди дошта, бо созиши тарафхо супоридани халли бахс ба арбитражи байналмилалии тичорати пешбини гардида, ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат надошта бошад.
  4. Амали Конуни мазкур ба судхои хаками пахн намегардад.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

арбитраж – арбитражи байналмилалии тичоратии доимоамалкунанда (минбаъд – арбитражи доимоамалкунанда), арбитражи байналмилалии тичоратии якборамалкунанда, ки барои баррасии бахси мушаххас таъсис ёфтааст (минбаъд – арбитражи якборамалкунанда);

арбитр –шахси вокеие, ки аз чониби тарафхо интихоб гардидааст ё бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур барои халли бахсхо дар арбитраж таъин гардидааст;

баррасии арбитражи –чараёни баррасии бахс дар арбитраж бо баровардани халномаи арбитражи;

Дастури арбитраж –санаде, ки тартиби ташкили фаъолияти арбитражи доимоамалкунандаро муайян намуда, аз чониби муассиси он тахия ва тасдик карда шудааст;

созишномаи арбитражи –созишномаи хаттии тарафхои шартнома оид ба вогузории бахси бавучудомада ё бавучудоянда, ки дар шакли шартнома, тавзехоти арбитражи дар шартнома, ё тавассути мубодилаи мактубхо, баркияхо, факсхо, хуччатхои электрони ё дигар хуччатхои ифодакунандаи иродаи субъектхо ва мазмуни он баста мешавад;

суди босалохият – суди низоми судии Чумхурии Точикистон, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории мурофиавии иктисодии Чумхурии Точикистон салохияти баррасии парвандахоро оид ба бахси тарафхои шартномаи дахлдор дорад;

тартиби оммави дар Чумхурии Точикистон –асосхои сохтори давлати ва чамъияти, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

тавзехоти арбитражи – кисми таркибии шартнома, созишномаи арбитражии тарафхо дар хусуси халли бахсхое, ки аз шартнома бо нишон додани эзохот бармеоянд;

халномаи арбитражи –санаде, ки аз чониби арбитраж дар натичаи мохиятан хал намудани парванда кабул карда шудааст.

 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи арбитражи байналмилалии  тичорати

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи арбитражи байналмилалии тичорати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Принсипхои фаъолияти арбитраж

Фаъолияти арбитраж ба принсипхои зерин асос меёбад:

– баробархукукии тарафхо;

– интихоби озоди хайати арбитраж, хукуки татбикшаванда, расмиёт ва забони мурофиаи арбитражи аз чониби тарафхо;

– тобеияти шартномавии парвандахои баррасишаванда;

– афзалияти принсипхои умумиэътирофгардидаи хукуки байналмилали;

– мустакилияти арбитраж ва арбитрхо;

– махфиёна будани мухокимаи арбитражи;

– мусоидат ба хотимаёбии бахс бо рохи созиши оштии тарафхо;

– катъи будани халномаи арбитражии аз чониби арбитраж кабулгардида.

 

БОБИ 2.

ТАРТИБИ ТАЪСИСИ АРБИТРАЖ ВА МАКОМОТИ ОН

 

Моддаи 5. Вазъи хукукии арбитраж

 

  1. Арбитраж ташкилоти гайритичорати буда, фаъолияташро музднок амали менамояд.
  2. Арбитражи доимоамалкунанда шахси хукуки мебошад.
  3. Хама гуна дахолат ба фаъолияти арбитражи доимоамалкунанда манъ аст.

 

Моддаи 6. Таъсиси арбитражи доимоамалкунанда

 

  1. Арбитражи доимоамалкунанда дар назди Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Точикистон таъсис дода шуда, максади асосии фаъолияти он мусоидат намудан ба рушди савдои хоричи ва дигар робитахои байналмилалии иктисоди бо шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродии хоричи мебошад.
  2. Арбитражи доимоамалкунанда дорои Оинномаи аз чониби муассиси он тасдиккардашуда мебошад ва хамчун шахси хукуки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз кайди давлати мегузарад.

 

Моддаи 7. Сохтори арбитражи доимоамалкунанда

 

Сохтори арбитражи доимоамалкунанда, ваколати макомоти он тибки Оиннома ва Дастури арбитраж мутобик ба мукаррароти Конуни мазкур муайян карда мешавад.

 

Моддаи 8. Макомоти арбитражи доимоамалкунанда

 

  1. Макомоти арбитражи доимоамалкунанда аз раис, муовинони раис ва Раёсат иборат мебошад.
  2. Раёсати арбитражи доимоамалкунанда аз раиси арбитражи мазкур, муовинони у ва дигар аъзои Раёсат иборат мебошад, ки аз хисоби арбитрхо таъин карда мешаванд.
  3. Раиси арбитражи доимоамалкунанда аз чониби муассиси хамин арбитраж таъин карда мешавад. Муовинони раис ва аъзои Раёсат бо пешниходи раиси арбитражи доимоамалкунанда аз чониби муассиси хамин арбитраж таъин карда мешаванд.
  4. Раис, муовинони у ва аъзои Раёсати арбитражи доимоамалкунанда ба мухлати панч сол таъин карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Ваколати макомоти арбитражи доимоамалкунанда

 

  1. Раёсати арбитражи доимоамалкунанда бо пешниходи раиси хамин арбитраж руйхати тавсиявии арбитрхоро тасдик намуда, дигар вазифахоро мутобики Оинномаи арбитражи доимоамалкунанда анчом медихад.
  2. Раиси арбитражи доимоамалкунанда хама гуна амалхоро оид ба идоракунии арбитраж, ба истиснои амалхое, ки тибки Конуни мазкур ё Оинномаи арбитражи доимоамалкунанда ба ваколати истисноии Раёсати арбитражи мазкур мансуб дониста шудаанд, анчом медихад.
  3. Муовинони раиси арбитражи доимоамалкунанда вазифахоеро анчом медиханд, ки аз чониби раиси хамин арбитраж барои амалисозии онхо ваколатдор шудаанд.

 

Моддаи 10. Арбитражи якборамалкунанда

 

Арбитражи якборамалкунанда бо тартиби дар Конуни мазкур пешбинишуда таъсис дода мешавад.

 

БОБИ 3.

СОЗИШНОМАИ АРБИТРАЖИ

 

Моддаи 11. Мазмун ва шакли созишномаи арбитражи

 

Созишномаи арбитражи дар шакли хатти баста мешавад. Созишнома басташуда хисоб мешавад, агар шартхои он дар хуччати байни тарафхо имзошуда, ё тарики мубодила бо мактубхо, хабардор намудан тавассути телетайп, телеграф ё бо истифодаи дигар воситахои алокаи электрони, ки бакайдгирии чунин созишномаро таъмин менамояд ва ё тавассути мубодилаи аризаи даъвоги ва бозхонди даъво, ки дар он яке аз тарафхо мавчудияти созишномаро тасдик намуда, тарафи дигар онро рад накардааст, пешбини шуда бошад. Истинод дар шартнома ба хуччате, ки тавзехоти арбитражиро дорад, ба шарте созишномаи арбитражи ба хисоб меравад, ки шартнома дар шакли хатти баста шуда бошад ва истиноди мазкур тавзехоти номбаршударо кисми таркибии он гардонад.

 

Моддаи 12. Тартиби баррасии бахсхо

 

Агар тарафхо дар созишномаи арбитражи супоридани бахсро барои барраси ба арбитраж пешбини намуда бошанд, дар сурати дар созишнома  набудани тартиби дигари баррасии бахс, тибки Дастури арбитраж баррасии бахс мувофикашуда эътироф карда мешавад.

 

Моддаи 13. Чорахо оид ба таъмини даъво

 

Мурочиати тарафхо бо дархости андешидани чорахо оид ба таъмини даъво то ва ё дар давраи баррасии парванда дар арбитраж ба суди босалохият, инчунин баровардани таъинот аз чониби суди босалохият оид ба андешидани чорахои кабулгардида наметавонад созишномаи арбитражиро бекор кунад.

 

Моддаи 14. Пешниходи даъво оид ба мохияти бахс ба суди босалохият

 

  1. Суди босалохияте, ки ба он вобаста ба масъалаи предмети созишномаи арбитражи даъво пешниход карда шудааст, агар хар яке аз тарафхо дар ин бора на дертар аз пешниходи аризаи аввалаи худ вобаста ба мохияти бахс хохиш карда бошанд, даъворо бе барраси мемонад. Суди босалохият агар ба хулосае ояд, ки созишномаи арбитражи беэътибор аст ё эътибори худро гум намудааст ва ё ичронашаванда аст, конеъ гардонидани чунин хохишро рад мекунад.
  2. Пешниходи даъво ба суди босалохият оид ба масъалае, ки предмети созишномаи арбитражи мебошад, барои баррасии ин парванда ва кабули халномаи арбитражи монеа шуда наметавонад.

 

БОБИ 4.

ХАЙАТИ АРБИТРАЖИ ТИЧОРАТИ ВА ВАКОЛАТИ ОН

 

Моддаи 15. Арбитрхо

 

  1. Ба хайси арбитр шахси вокеие интихоб (таъин) карда мешавад, ки ба синни бисту панч расида, дорои тахсилоти оли мебошад ва нисбати тарафхо мустакил буда, бевосита ё бавосита ба натичаи баррасии парванда манфиатдор намебошад ва барои ичрои ухдадорихои арбитр розиги додааст.
  2. Арбитре, ки бахсро танхо барраси менамояд, бояд тахсилоти олии хукукшиноси ва собикаи кории на камтар аз дусолаи хукукшиноси дошта бошад. Дар холати баррасии дастчамъонаи бахс раиси арбитраж бояд тахсилоти олии хукукшиноси дошта бошад.
  3. Талабот нисбати номзадхо ба арбитр метавонанд аз чониби тарафхо бевосита мувофика карда шаванд ё бо Дастури арбитраж муайян карда шаванд.
  4. Арбитр шахсе шуда наметавонад, ки:

– тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хамчун судяи суди босалохият интихоб ё таъин гардидааст;

– тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби суд гайри кобили амал ё дорои кобилияти амали махдуд эътироф гардида бошад;

– доги судии бардоштанашуда ё бархамнахурда дошта бошад;

– узви Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон бошад;

– хизматчии давлати бошад.

 

Моддаи 16. Интихоби арбитрхо

 

  1. Шумораи хайати арбитраж барои халли бахс бо созиши тарафхо муайян гардида, хангоми набудани чунин созиш се арбитрро дар бар мегирад.
  2. Хеч касро бинобар мансубият ба шахрванди ё табаияташ аз хукуки арбитр шудан махрум кардан мумкин нест, агар тарафхо дар ин хусус ба созиши дигаре наомада бошанд.
  3. Тарафхо метавонанд бо созиши хамдигар тартиби интихоби арбитр ё арбитрхоро бо шарти риояи мукаррароти кисмхои 4 ва 5 хамин модда муайян намоянд.
  4. Хангоми набудани созиш оид ба тартиби интихоби арбитр ё арбитраж:

– агар бо созиши тарафхо ё санадхои хукукии байналмилали тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, дар холати аз се нафар иборат будани хайати арбитраж, даъвогар дар аризаи худ як арбитрро нишон медихад, чавобгар оид ба арбитри дуюм вобаста ба даъво хабар медихад ва ду арбитри ба хамин тартиб интихобшуда арбитри сеюмро (арбитр-раисро) интихоб менамоянд. Агар тарафхо дар мухлати 30 рузи аз чониби чавобгар гирифтани нусхаи аризаи даъвоги арбитрхоро таъин накунанд ё ду арбитр дар мухлати 10 руз арбитри сеюмро интихоб накунанд, хайати арбитражи доимоамалкунанда аз чониби раиси хамин арбитраж таъин карда мешавад;

– агар бо созиши тарафхо ё санадхои хукукии байналмилали тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, дар холати интихоби хайати арбитражи доимоамалкунанда ё арбитражи якборамалкунанда  тарафхо оид ба арбитр дар мухлати 30 руз аз лахзае, ки чавобгар аризаи даъвогиро гирифтааст ё мебоист гирад, ба созиш наоянд, арбитри арбитражи доимоамалкунанда ё арбитражи якборамалкунанда аз чониби раиси хамин арбитраж интихоб карда мешавад.

  1. Агар бо созиши тарафхо ё шартномаи байналмилали тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, дар сурати мавчудияти тартиби мувофикашудаи интихоби арбитр аз чониби тарафхо (мутобики     кисми 1 хамин модда), агар яке аз тарафхо чунин тартибро риоя накунад ва ё тарафхо ё ду арбитр ба созиш наоянд, ё ин ки шахси сеюм ягон амалеро дар доираи тартиби интихоби арбитр риоя накунад, аз чониби раиси хамин арбитраж нисбати хайати арбитраж барои баррасии бахси мушаххас чорахои зарури андешида мешавад.
  2. Хангоми интихоб ва таъин намудани арбитр раиси арбитражи доимоамалкунанда талаботеро ба инобат мегирад, ки зимни риояи онхо таъини арбитри баландихтисос, мустакил ва бегараз таъмин мешавад.
  3. Карорхое, ки мутобики кисмхои 2, 3 ва 4 хамин модда кабул гардидаанд, мавриди шикоят карор дода намешаванд.

 

Моддаи 17. Асосхои рад намудани арбитр, эксперт (коршинос), тарчумон

 

  1. Рад намудани арбитр танхо дар холатхое чой дошта метавонад, ки нисбати бегарази ё мустакилияти у шубхаи асоснок мавчуд бошад, аз руи шарти созишномаи тарафхо сохибихтисос набошад. Тараф метавонад ба арбитре, ки таъин (интихоб) намудааст ва ё дар таъини (интихоби) он иштирок кардааст, танхо вобаста ба холатхое, ки ба у баъди таъини (интихоби)  арбитр маълум гаштааст, раддия изхор намояд.
  2. Шахсе, ки аз эхтимоли арбитр таъин (интихоб) шуданаш огох гаштааст, ухдадор аст вобаста ба холатхое, ки метавонанд боиси шубхаи асоснок оид ба бегарази, мустакилият ё салохиятнокии у гарданд, иттилоъ дихад. Агар арбитр аз чунин холат то таъин (интихоб) шуданаш огох накунад, вай ухдадор аст харчи зудтар ба тарафхо оид ба хамаи холатхо дар чараёни баррасии парванда иттилоъ расонад.
  3. Арбитр метавонад худрадкуни изхор намояд.
  4. Эксперт (коршинос) ва тарчумон низ вобаста ба асосхое, ки дар кисми 1 хамин модда муайян гардидаанд, метавонанд мавриди радкуни карор гиранд.

 

Моддаи 18. Тартиби рад намудани арбитр, эксперт (коршинос), тарчумон

 

  1. Тарафхо метавонанд бо созиши худ тартиби рад кардани арбитр, эксперт (коршинос) ва тарчумонро муайян намоянд.
  2. Хангоми мавчуд набудани созиш оид ба тартиби рад кардани арбитр тарафи манфиатдор хукук дорад хангоми мавчуд будани асосхо дар мухлати 15 руз ба хайати арбитраж дар бораи рад намудани арбитр аризаи хатти пешниход намояд. Ин мухлат аз рузи хабардор шудани тарафи манфиатдор дар бораи таъин намудани арбитри дахлдор хисоб карда мешавад. Агар арбитре, ки нисбати у раддия изхор шудааст, дар бораи худрадкуни хабар надихад, инчунин агар дигар тараф бо худрадкуни рози набошад, масъала аз чониби ду арбитри хайати арбитраж то огози тахкики парванда хал карда мешавад. Агар онхо то огози тахкики парванда ба созиш наоянд ё агар раддия нисбати ду ва зиёда арбитр ё нисбати арбитри танхо изхор шуда бошад, масъаларо дар бораи рад кардани арбитри (арбитрхои) арбитражи доимоамалкунанда ё арбитри (арбитрхои) арбитражи якборамалкунанда чихати баррасии бахси мушаххас раиси арбитражи мазкур хал менамояд.
  3. Масъалаи рад кардани эксперт (коршинос) ё тарчумон аз чониби хайати пурраи арбитраж хал карда мешавад. Хангоми баррасии масъала дар бораи рад кардани арбитр (арбитрхо), эксперт (коршинос) ва тарчумон аз чониби арбитраж тахкики парванда мавкуф гузошта мешавад.
  4. Аз руи карори раиси арбитраж дар бораи рад кардани арбитр (арбитрхо), эксперт (коршинос) ва тарчумон шикоят оварда намешавад.

 

Моддаи 19. Катъ гардидани ваколати арбитр

 

  1. Агар арбитр имконияти вокеии анчом додани вазифахои дахлдорро надошта бошад ё бо сабабхои дигар истехсолоти парвандаро кашол дихад, бояд аз кабули ваколатхо ё амали намудани вазифахои дахлдор даст кашад. Ваколати арбитр инчунин бо созиши тарафхо катъ мегардад. Агар тарафхо ба созиш наомада бошанд, хар яке аз тарафхои бахси арбитражи доимоамалкунанда метавонад ба раиси арбитражи мазкур, тарафи бахси арбитражи якборамалкунанда бошад, метавонад бо дархост оид ба кабули карор дар бораи катъи ваколатхои арбитр ба раиси арбитраж мурочиат намояд. Аз болои карори мазкур шикоят оварда намешавад.
  2. Дигар холатхои катъ гардидани ваколатхои арбитри арбитражро Дастури арбитраж муайян менамояд.
  3. Ваколати арбитрхо ва арбитри танхо дар холати раддия ё худрадкуни низ катъ мегардад.

 

Моддаи 20. Иваз кардани арбитр

 

Агар ваколатхои арбитр бо асосхо ва тартиби пешбининамудаи моддахои 16-19 Конуни мазкур катъ гарданд, арбитри дигар мутобики тартибе, ки ба таъин намудани арбитри ивазшаванда татбик шуда буд, таъин карда мешавад.

 

Моддаи 21. Хукуки арбитраж чихати баровардани карор дар бораи ваколати худ

 

  1. Арбитраж метавонад дар бораи ваколати худ, аз чумла аз руи изхори норозиги нисбати мавчудият ё хакики будани созишномаи арбитражи карор кабул намояд. Барои ин максадхо тавзехоти арбитражи бояд хамчун созише, ки ба шартхои дигари шартнома вобастаги надорад, маънидод карда шавад. Халномаи арбитражи дар бораи беэътибор донистани шартнома боиси беэътибории тавзехоти арбитражи аз руи конун намегардад. Аризаи тараф дар бораи ваколат надоштани хайати арбитраж пеш аз изхор намудани норозиги аз руи даъво пешниход шуда метавонад. Аз чониби тараф таъин намудани арбитр ё иштироки у дар таъин намудани арбитр тарафро аз хукуки пешниходи чунин ариза махрум намесозад.
  2. Ариза дар хусуси ба суиистифодаи ваколатхо рох додани хайати арбитраж бояд фавран пас аз он дода шавад, ки масъалаи ба акидаи тараф, аз доираи ваколати арбитраж бароянда дар рафти баррасии парванда ба миён гузошта мешавад. Хайати арбитраж метавонад дар хамаи ин холатхо аризаи дертар пешниходшударо кабул намояд, агар вай сабаби дер монданро узрнок эътироф намояд.
  3. Аз руи аризахои дар кисмхои 1 ва 2 хамин модда пешбинигардида хайати арбитраж то баровардани халнома аз руи мохияти бахс таъинот кабул менамояд.
  4. Агар хайати арбитраж худро салохиятнок шуморад, хар кадоме аз тарафхо дар мухлати 15 рузи баъди гирифтани огохинома метавонад аз Раёсати хамин арбитраж кабул намудани карори катъиро оид ба ваколат хохиш намояд.
  5. То халли масъалаи вобаста ба ваколати арбитраж баррасии парванда боздошта мешавад.

 

Моддаи 22. Ваколатхои арбитраж оид ба тадбирхои таъминоти

 

  1. Агар бо созиши тарафхо тартиби дигар пешбини нашуда бошад, хайати арбитраж метавонад бо хохиши хар кадоме аз тарафхо дар бораи кабул намудани тадбири таъминоти аз чониби ягон тараф оид ба предмети бахсе, ки онро зарур мешуморад, таъинот барорад. Хайати арбитраж метавонад аз хар кадоми тарафхо пешниход намудани таъминоти заруриро вобаста ба ин тадбирхо талаб намояд.
  2. Хайати арбитраж ё тараф бо розигии он метавонад ба суди босалохият ё суди дахлдори давлати хоричи бо дархости таъмини даъво ё далелхо мурочиат намояд.
  3. Суди босалохият дар доираи салохияти худ ва мутобики тартиби мукарраркардаи конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон чунин дархостро барраси менамояд.

 

БОБИ 5.

ХАРОЧОТИ БАРРАСИИ БАХСХО ДАР АРБИТРАЖ

 

Моддаи 23. Таркиби харочоти баррасии арбитражи

 

  1. Таркиби харочоти баррасии арбитражи аз инхо иборат мебошад:

– хакки (гонорари) хизмати арбитр (арбитрхо);

– харочоти арбитрхо бинобар иштирокашон дар баррасии арбитражи, аз чумла харочоти рохкиро то махалли баррасии бахс, истикомат ва гизо;

– маблаге, ки ба экспертон (коршиносон), мутахассисон ва тарчумонхо пардохт мешавад;

– харочоти арбитр вобаста ба азназаргузарони ва тахкики далелхои хатти ва шайъи дар махалли вокеъ гардидани онхо;

– харочоти шохидон;

– харочоти пардохти хакки хизмати намояндаи тарафе, ки халномаи арбитражи ба манфиати у кабул шудааст;

– харочот барои таъминоти ташкили ва моддии баррасии арбитражи.

  1. Дар арбитражи андозаи хакки хизмати арбитр мутобики чадвали киёсии хакки хизмати арбитр, ки Дастури арбитраж пешбини кардааст, муайян карда мешавад.
  2. Хангоми дар Дастури арбитраж мавчуд набудани нишондод оид ба андозаи хакки хизмати арбитр, арбитраж метавонад андозаи хакки хизмати арбитрро дар хар кадом холати мушаххаси баррасии бахс бо назардошти арзиши даъво, мураккабии бахс, вакти барои баррасии арбитражи сарфкардаи арбитр ва дигар холатхои дахлдори парванда муайян намояд.

 

Моддаи 24. Таксими харочоти халли бахс дар арбитраж

 

  1. Агар тартиби дигаре бо созиши тарафхо пешбини нашуда бошад, харочоти халли бахс дар арбитраж  мутаносибан ба талаботи конеъкардашуда ё радкардашуда, аз чониби арбитраж таксим карда мешавад.
  2. Агар талабот оид ба руёнидани харочоти сарфшуда дар чараёни баррасии арбитражи изхор ва аз чониби арбитраж конеъ гардонда шуда бошад, харочот барои пардохти хакки хизматрасонии намояндаи тарафе, ки халномаи арбитражи ба манфиати  вай кабул гардидааст, инчунин дигар харочоти бо баррасии арбитражи алокаманд бо халномаи арбитражи ба зиммаи тарафи дигар вогузошта мешавад.
  3. Таксими харочоти баррасии бахс дар карор ё халномаи арбитраж дарч мегардад.

 

БОБИ 6.

БАРРАСИИ ПАРВАНДА ДАР АРБИТРАЖ

 

Моддаи 25. Баробархукукии тарафхо

 

Хайати арбитраж принсипи баробархукукии тарафхоро ба рохбари гирифта, хангоми баррасии бахс бояд ба хар як тараф хамаи имкониятхоро барои изхори мавкеъ ва хифзи хукукхояшон пешниход намояд.

 

Моддаи 26. Муайян намудани коидахои баррасии арбитражи

 

  1. Хангоми риояи мукаррароти Конуни мазкур тарафхо метавонанд бо салохдиди худ оид ба тартиби баррасии парванда аз чониби хайати арбитраж ба созиш оянд.
  2. Дар сурати набудани чунин созиш хайати арбитраж баррасии парвандаро бо тартибе анчом медихад, ки онро барои баровардани карори конуни ва асоснок зарур мешуморад. Дар баробари ин хайати арбитражи якборамалкунанда ухдадор аст, ки  мукаррароти Конуни мазкурро риоя намуда, фикру мулохизахои тарафхоро ба инобат гирад, хайати арбитражи доимоамалкунанда бошад, мукаррароти Дастури арбитражро риоя намояд.

 

Моддаи 27. Махалли баргузории баррасии арбитражи

 

  1. Тарафхо метавонанд бо салохдиди худ оид ба махалли баргузории мухокимаи арбитражи ба созиш оянд. Хангоми набудани чунин созиш махалли баргузории баррасии арбитражи аз чониби хайати арбитраж бо назардошти холатхои парванда ва акидаи тарафхо муайян карда мешавад.
  2. Агар тарафхо ба созиши дигаре нарасида бошанд, мухокимаи арбитражи метавонад дар чойе баргузор шавад, ки хайати арбитраж барои гузаронидани машварати арбитрхо, шунидани шохидон, экспертон (коршиносон) ё тарафхо, инчунин барои азназаргузаронии молхо, дигар молу мулк ва ё хуччатхо зарур мешуморад.

 

Моддаи 28. Забони баррасии арбитражи

 

  1. Тарафхо метавонанд бо салохдиди худ оид ба забон ё забонхое, ки дар чараёни баррасии арбитражи истифода мешаванд, ба созиш оянд. Дар холати набудани чунин созиш забон ё забонхое, ки хангоми барраси бояд истифода шаванд, аз тарафи арбитраж муайян карда мешаванд. Чунин намуди созиш ё муайянкуни, агар дар онхо тартиби дигаре мукаррар нашуда бошад, нисбати хама гуна мурочиати хаттии тарафхо, хама гуна баррасии парванда ва халномаи арбитражи, карор ва ё дигар хабари арбитраж дахл дорад.
  2. Арбитраж метавонад амр кунад, ки хама гуна далелхои хуччати бо тарчума ба забон ё забонхое, ки тарафхо вобаста ба онхо ба мувофика расидаанд ё аз чониби арбитраж муайян гардидаанд, пешниход карда шаванд.

 

Моддаи 29. Огози баррасии арбитражи

 

  1. Агар тарафхо ба мувофикаи дигар нарасида бошанд, истехсолот оид ба парванда дар арбитраж барои баррасии бахси мушаххас аз хамон рузе огоз мегардад, ки чавобгар аризаи даъвогиро гирифтааст.
  2. Истехсолот оид ба парванда дар арбитражи доимоамалкунанда бо тартибе, ки дар Дастури арбитраж муайян гардидааст, огоз меёбад.

 

Моддаи 30. Шакл ва мазмуни аризаи даъвоги

 

  1. Даъвогар талаботи худро дар аризаи даъвоги дар шакли хатти баён намуда, онро ба арбитраж месупорад. Нусхаи аризаи даъвоги аз чониби арбитраж ба чавобгар супорида мешавад.
  2. Дар аризаи даъвоги бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:

– номи арбитраже, ки ба он ариза пешниход карда мешавад;

– санаи додани аризаи даъвоги;

– насаб, ном, номи падари даъвогар, махалли истикомат ё махалли чойгиршавии он, инчунин насаб, ном, номи падари намоянда ва сурогаи он, агар аризаро намоянда пешниход карда бошад;

– насаб, ном, номи падари чавобгар, махалли истикомат ё махалли чойгиршавии он;

– номи ташкилот, сурогаи почта ва маълумоти (реквизитхои) бонки (агар тарафхо шахси хукуки бошанд);

– мохияти вайрон кардани хукук, озоди ва манфиатхои конунии даъвогар ва талаботи у;

– холатхое, ки даъвогар талаботи худро асоснок месозад ва далелхое, ки ин холатхоро тасдик мекунанд;

– нархи даъво, агар даъво боиси арзёби бошад, инчунин хисоби маблагхои ситонидашаванда ё бахснок.

  1. Дар аризаи даъвоги раками телефонхо, факсхо, почтаи электронии даъвогар, намояндаи у, чавобгар, дигар маълумотро, ки барои барраси ва халли парванда ахамият доранд, зикр кардан мумкин аст.
  2. Аризаи даъвогиро даъвогар ё намояндаи у, ки барои имзои ариза ва пешниходи он ба арбитраж ваколатдор мебошад, имзо мекунад.  Агар даъвогар шахси хукуки бошад, имзо бо мухри шахси хукуки тасдик карда мешавад.
  3. Мувофики Дастури арбитраж вобаста ба мазмуни аризаи даъвоги талаботи иловаги пешбини кардан мумкин аст.

 

Моддаи 31. Хуччатхое, ки ба аризаи даъвоги замима карда мешаванд

 

Ба аризаи даъвоги хуччатхои зерин замима мегарданд:

– нусхаи аризаи даъвоги мутаносибан ба теъдоди чавобгарон;

– ваколатнома ё дигар хуччати тасдиккунандаи ваколати намояндаи даъвогар;

– хисоби маблагхои ситонидашаванда ё бахсноке, ки аз чониби даъвогар, намояндаи у имзо шудаанд, бо нусхахо мутаносибан ба теъдоди чавобгарон.

 

Моддаи 32. Изхори назар ба аризаи даъвоги

 

  1. Чавобгар хукук дорад ба даъвогар ва арбитраж изхори назар ба аризаи даъвоги пешниход намуда, дар он норозигии худро ба даъво баён намояд. Изхори назар ба аризаи даъвоги ба даъвогар ва арбитраж бо тартиб ва мухлатхои мукаррарнамудаи Дастури арбитраж пешниход карда мешавад. Агар мухлати пешниходи изхори назар ба аризаи даъвоги бо Дастури арбитраж муайян нашуда бошад, он гох изхори назар дар мухлати  то 10 руз баъди гирифтани  нусхаи аризаи даъвоги  пешниход карда мешавад.
  2. Дар чараёни баррасии  парванда тараф хукук дорад талаботи даъво ё норозигиашро нисбати даъво тагйир дихад ё ба он илова намояд ва ё аз даъво ё норозиги даст кашад.

 

Моддаи 33. Баргардонидани аризаи даъвоги

 

  1. Арбитраж аризаи даъвогиро дар холатхои зерин бармегардонад:

– байни тарафхо созишномаи арбитражи мавчуд набошад;

– даъво ба арбитраже пешниход шуда бошад, ки он дар созишномаи арбитражи пешбини нашудааст;

– предмети даъво аз доираи созишномаи арбитражи баромада бошад;

– аризаи даъвоги аз чониби шахсе ба имзо расида бошад, ки барои имзо кардани он ваколат надорад;

– даъвогар оид ба баргардонидани аризаи даъвоги ариза пешниход карда бошад;

– дар истехсолоти хамин арбитраж ё арбитражи дигар парвандае мавчуд бошад, ки байни хамин тарафхо вобаста ба хамин предмет ва асосхо бахс меравад.

  1. Хангоми баргардонидани аризаи даъвоги арбитраж таъинот мебарорад.
  2. Баргардонидани аризаи даъвоги барои мурочиати такрории даъвогар ба арбитраж бо аризаи даъвоги ба хамин чавобгар оид ба хамин предмет ва асосхо монеъ шуда наметавонад, агар аризадиханда норасоихои чойдоштаро, ки дар таъиноти арбитраж оиди баргардонидани аризаи даъвоги зикр шудаанд, бартараф намуда бошад.

 

Моддаи 34. Аризаи даъвоги ва изхори норозиги ба он

 

  1. Талабот ба аризаи даъвоги аз чониби тарафхо мувофика карда мешавад ё аз чониби арбитражи якборамалкунанда ва дар арбитражи доимоамалкунанда бошад, бо Дастури арбитраж муайян карда мешавад.
  2. Хангоми набудани созиши дигар, дар чараёни баррасии парванда хар яке аз тарафхо метавонад талаботи даъво ё норозиги ба даъворо тагйир дихад ё ба он илова намоянд.

 

Моддаи 35. Гирифтани иттилооти хатти

 

  1. Иттилооти хатти он вакт гирифташуда ба хисоб меравад, ки ба шахси (вокеи ё хукукии) кабулкунанда  шахсан ё ба махалли зисти доимии у ё ба чойи вокеъ гардидани корхонаи у ва ё сурогаи почтавиаш дастрас шуда бошад, агар бо созиши тарафхо тартиби дигар мукаррар нашуда бошад. Хангоме ки муайян кардани чойи расонидани иттилооти хатти дар хакикат гайриимкон бошад, он гох иттилооти хатти дар сурате гирифташуда ба хисоб меравад, ки ба махалли муайяни зисти охирин ё ба чойи вокеъ гардидани корхона ё сурогаи почтавии у тавассути мактуби фармоиши ирсол шуда бошад.
  2. Иттилоот дар рузи расонидани он ё кушиши расонидан (додан) ба кабулкунандаи он мутобики кисми 1 хамин модда гирифташуда ба хисоб меравад.

 

Моддаи 36. Даст кашидан аз хукук ба норозиги

 

Агар тараф донад, ки ягон мукаррароти Конуни мазкур, ки аз он тарафхо метавонанд даст кашанд ё ягон талаботи бо созишномаи арбитражи пешбинигардида риоя нагардидааст, вале бо вучуди он дар тахкики парванда иштироки худро бе изхори норозиги оид ба риоя нагаштани чунин норозиги бо деркунии беасос ё дар мухлати дар Конуни мазкур ё Дастури арбитраж пешбинишуда идома дихад, он гох бо гузаштани ин  мухлат у аз хукук ба норозиги дасткашида хисобида мешавад.

 

Моддаи 37. Барраси ва тахкики парванда тибки хуччатхо

 

  1. Бо шарти риояи созиши тарафхо арбитраж дар хусуси  гузаронидани баррасии шифохии парванда барои пешниходи далелхо ё музокироти шифохи ва ё дар бораи амали намудани баррасии парванда танхо дар асоси хуччатхо ва дигар мавод карор кабул мекунад. Аммо дар холатхое, ки тарафхо барои гузаронидани музокироти шифохи ба созиш наомаданд, арбитраж бояд чунин баррасиро дар хар як мархилаи баррасии арбитражи, агар дар ин бора яке аз тарафхо хохиш намояд, гузаронад.
  2. Огохинома оид ба хамагуна барраси ё мухокимаи арбитражи, ки бо максади азназаргузаронии молхо, дигар молу мулк ва ё ин ки хуччатхо гузаронида мешаванд, бояд ба тарафхо тавре равона карда шавад, ки онхо барои хозиршави ба барраси ё мухокимаи дахлдор вакти кофи дошта бошанд.
  3. Хамаи аризахо, хуччатхо ва дигар иттилооте, ки аз чониби яке аз тарафхо ба арбитраж пешниход мешаванд, бояд ба тарафи дигар супорида шаванд. Ба тарафхо хама гуна хулосахои экспертон (коршиносон) ё дигар хуччатхо, ки ахамияти далелро доранд ва арбитраж хангоми кабули халномаи арбитражи ба онхо такя менамояд, бояд супорида шаванд.

 

Моддаи 38. Пешниход накардани норозиги оид ба даъво, дигар хуччатхо ё хозир нашудани

                       тарафхо

 

  1. Хангоме, ки чавобгар норозигии худро нисбати даъво бе нишон додани сабабхои узрнок ва набудани мувофикаи байни тарафхо пешниход накунад, хайати арбитраж баррасии парвандаро идома дода, пешниход нашудани норозигиро ба даъво, хамчун эътирофи талаботи даъвогар хисоб намекунад.
  2. Дар холате, ки тарафи ба арбитраж даъватгардида бо сабабхои аз чониби арбитраж узрнок эътирофнашуда ба барраси хозир нашавад, ё далелхои хуччатиро пешниход нанамояд, хайати арбитраж хукук дорад баррасии парвандаро идома дода, халномаи арбитражиро дар асоси далелхои мавчудбуда кабул намояд.

 

Моддаи 39. Хукуки тарафхои баррасии арбитражи

 

Тарафхое, ки дар баррасии арбитражи иштирок менамоянд, хукук доранд:

– бо маводи парванда шинос шаванд ва онхоро нусхабардори намоянд;

– далелхо пешниход намоянд;

– ба арбитрхо дархост ва раддия изхор намоянд;

– ба иштирокчиёни мухокимаи арбитражи саволхо дода, баёноти шифохи ва хатти диханд;

– далелхои худро оид ба хамаи масъалахое, ки дар чараёни мухокима ба вучуд меоянд, пешниход намоянд;

– нисбати дархост ва далелхои тарафи дигар норозиги изхор намоянд;

– мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба суди босалохият оид ба ичрои мачбурии халномаи арбитраж дархост  намоянд;

– бо тартиби дар Конуни мазкур мукарраргардида аз болои санадхои арбитражи шикоят намоянд.

 

Моддаи 40. Аз чониби арбитраж таъйин шудани эксперт (коршинос)

 

  1. Агар тарафхое, ки дар баррасии арбитражи иштирок менамоянд, ба созиши дигаре наомада бошанд, арбитраж метавонад:

– як ё якчанд экспертро (коршиносро) барои пешниходи хулоса ба он оид ба масъалаи мушаххасе, ки аз чониби арбитраж муайян карда мешавад, таъин намояд;

– аз тараф талаб намояд, ки ба эксперт (коршинос) иттилооти дилхохи ба парванда дахлдорро пешниход кунад ё чихати пешниход намудан барои азназаргузарони ё азназаргузаронии хуччатхо, молхо ва ё дигар молу мулк, ки ба парванда дахл доранд, имконият фарохам оварад.

  1. Хангоми набудани мувофикаи дигари тарафхо, агар тараф дар ин хусус дархост намояд ё арбитраж инро зарур шуморад, эксперт (коршинос) бояд пас аз пешниходи хулосаи хатти ё шифохии худ дар баррасии парвандае иштирок намояд, ки дар он ба тарафхо имконият дода мешавад ба у савол диханд ва пешниходи мутахассисро барои додани нишондод оид ба масъалахои бахснок мутахассисонро даъват намоянд.

 

Моддаи 41. Мусоидати суди босалохият дар пешниходи чорахои таъминоти ва гирифтани

                       далелхо

 

  1. Тарафхои баррасии арбитражи хукук доранд ба суди босалохият оид ба андешидани чорахо чихати таъмини даъво бо ариза мурочиат намоянд.
  2. Ариза оид ба таъмини даъворо, ки дар арбитраж барраси мешавад, тараф ба суди босалохияти махалли баррасии арбитражи ё чойгиршавии молу мулке, ки нисбати он чорахои таъминоти кабул мешаванд, пешниход мекунад.
  3. Ариза оид ба таъмини даъвое, ки дар арбитраж барраси мешавад, аз чониби суди босалохият бо баровардани таъинот оид ба таъмини даъво ё рад намудани таъмини он бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории мурофиавии иктисодии Чумхурии Точикистон барраси мекунад.
  4. Таъинот оид ба таъмини даъво, ки дар арбитраж барраси мешавад, мумкин аст аз чониби суди босалохият, ки ин таъинотро баровардааст, аз руи аризаи яке аз тарафхо бекор карда шавад.
  5. Арбитраж ё тараф бо розигии арбитраж метавонад ба суди босалохият дар хусуси мусоидат намудан барои гирифтани далелхо мурочиат намояд. Суди босалохият ин мурочиатро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барраси менамояд.

 

Моддаи 42. Мусоидат барои гирифтани далелхо

 

  1. Хайати арбитраж ё тараф бо розигии он метавонад ба суди босалохият ё суди давлати хоричи дар хусуси мусоидат намудан ба гирифтани далелхо оид ба масъалаи дар арбитраж баррасишаванда мурочиат намояд.
  2. Суди босалохият дар доираи салохияти  худ ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон чунин дархостро барраси менамояд.

 

БОБИ 7.

БАРОВАРДАНИ  ХАЛНОМАИ АРБИТРАЖИ ВА КАТЪ КАРДАНИ БАРРАСИИ  ПАРВАНДА

 

Моддаи 43. Меъёрхое, ки оид ба мохияти бахс татбик мешаванд

 

  1. Арбитраж бахсро мувофики меъёрхое барраси менамояд, ки тарафхо ба сифати хукуки татбикшаванда нисбати мохияти бахс интихоб намудаанд. Хама гуна нишондод ба хукук ё низоми хукукии ягон давлат бояд на хавола ба меъёрхои коллизионии он, балки  бевосита хамчун хавола ба хукуки моддии хамон давлат маънидод карда шавад.
  2. Хангоми набудани ягон нишондоди тарафхо арбитраж хукукеро татбик менамояд, ки мутобики меъёрхои коллизиони муайян шудааст ва онро татбикшаванда мехисобад.
  3. Дар хамаи холатхо арбитраж мутобики шартхои шартнома ва бо назардошти одатхои тичоратие, ки нисбати хамин ахд татбик мешаванд, халнома кабул менамояд.

 

Моддаи 44. Мукаррар кардани мазмуни меъёрхои хукуки хоричи

 

  1. Хангоми татбики хукуки хоричи хайати арбитраж мазмуни меъёрхои онро тибки тафсири расмии он, амалияи татбик ва доктринаи давлати дахлдори хоричи мукаррар менамояд.
  2. Тарафхо ухдадоранд далелхоеро пешниход намоянд, ки мазмуни меъёрхои хукуки хоричиро тасдик менамоянд ва ба онхо барои асосноккунии талаботи худ ё норозигиашон истинод меоранд ва ба тарзи дигар барои мукаррар кардани мазмуни ин меъёрхо ба хайати арбитраж мусоидат намоянд.
  3. Хайати арбитраж метавонад бо максади мукаррар кардани мазмуни меъёрхои хукуки хоричи бо тартиби мукарраргардида барои мусоидат намудан ва шархдихи ба Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, дигар макомоти ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон, аз чумла ба намояндагии расмии Чумхурии Точикистон дар хоричи кишвар, мурочиат намояд ё экспертонро (коршиносонро) чалб намояд.

 

Моддаи 45. Халномаи арбитражи дар хайати дастчамъона

 

Хайати дастчамъонаи арбитраж халномаи арбитражиро бо аксарияти овозхо кабул менамояд. Масъалахои мурофиавиро арбитр-раис, агар вай аз чониби тарафхо ва дигар арбитрхо ваколатдор шуда бошад, хал карда метавонад.

 

Моддаи 46. Созиши ошти

 

  1. Агар дар чараёни тахкики парванда тарафхо созиши ошти баста бошанд, хайати арбитраж баррасиро  катъ намуда, созиши оштии бадастомадаро дар намуди халномаи арбитражи бо шартхои мувофиканамудаи тарафхо сабт менамояд.
  2. Халномаи арбитражи дар асоси шартхои мувофиканамудаи тарафхо тибки мукаррароти моддаи 43 Конуни мазкур кабул карда мешавад ва бояд нишондодеро дошта бошад, ки он аз чониби арбитраж кабул гардидааст.
  3. Халномаи арбитражи дар асоси шартхои мувофиканамудаи тарафхо ба монанди дигар халномахои хайати арбитраж оид ба мохияти бахс эътибори баробар дошта, бояд ичро карда шавад.

 

Моддаи 47. Халномаи арбитражи

 

  1. Хангоми мохиятан барраси намудани бахс арбитраж халнома кабул менамояд.
  2. Халномаи арбитраж катъи буда, аз лахзаи кабул карданаш эътибори конуни пайдо мекунад ва танхо дар холатхои пешбининамудаи моддаи 51 Конуни мазкур аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 48. Шакл ва мазмуни халномаи арбитражи

 

  1. Халномаи арбитражи бояд дар шакли хатти кабул карда шавад ва аз чониби арбитр ё хайати дастчамъонаи арбитраж имзо гардад. Хангоми аз чониби хайати дастчамъонаи арбитраж кабул шудани халнома дар он имзои аксарияти арбитрхо кифоя  аст, ба шарте ки сабаби набудани имзои арбитрхои дигар нишон дода шаванд.
  2. Агар тарафхо ба созиши дигаре наомада бошанд, инчунин агар аз талаботи моддаи 46 Конуни мазкур мукаррароти дигаре барнаояд, дар халномаи арбитраж бояд сабабхое нишон дода шаванд, ки дар асоси он халнома кабул шудааст.
  3. Дар халномаи арбитражи бояд санаи кабул ва махалли баргузории мухокимаи арбитражи нишон дода шавад. Халномаи арбитражи дар махалли баргузории мухокимаи арбитражи кабулшуда хисобида мешавад.
  4. Баъди кабули халнома ба хар як тараф нусхаи он, ки мувофики кисми 1 хамин модда аз чониби арбитрхо ба имзо расидааст, супорида мешавад.

 

Моддаи 49. Катъ гардидани баррасии бахс дар арбитраж

 

  1. Оид ба катъ гардидани парванда арбитраж таъинот кабул мекунад.
  2. Хайати арбитраж дар холатхои зерин оид ба катъи парванда таъинот мебарорад, агар:

– даъвогар аз талаби худ даст кашад ва чавобгар нисбати катъи баррасии парванда норозигиашро баён накунад, хайати арбитраж конуни будани манфиатдории чавобгарро оид ба гирифтани халнома дар бораи бахс эътироф накунад;

– тарафхо оид ба катъ намудани тахкики парванда ба созиш омада бошанд;

– арбитраж ба хулоса ояд, ки давом додани баррасии парванда вобаста ба сабабхои дигар гайриимкон мебошад.

  1. Таъиноти арбитраж катъи буда, аз лахзаи кабул гардиданаш эътибори конуни пайдо мекунад ва танхо дар холатхои пешбининамудаи моддаи 51 Конуни мазкур аз болои он шикоят кардан мумкин аст.
  2. Ваколатхои хайати арбитраж дар як вакт бо анчоми баррасии парванда, ба истиснои ваколатхое, ки дар моддаи 44 ва кисми 3   моддаи 46 Конуни мазкур пешбини гардидаанд, катъ мегардад.

 

Моддаи 50. Ислох ва тафсири халномаи арбитражи. Халномаи арбитражии иловаги

 

  1. Хар як тараф дар мухлати 30 руз пас аз гирифтани халнома, агар тибки Дастури арбитраж ё бо созиши тарафхо тартиби дигаре мукаррар нагардида бошад, тарафи дигарро огох намуда, метавонад аз хайати арбитраж хохиш намояд, ки хатои хисоби, сахву галати нашри ва ё дигар хатохои ба инхо монандро ислох намоянд, инчунин банд ё кисми мушаххаси халномаи арбитражро тафсир кунад.

 

  1. Агар хайати арбитраж хохишро асоснок шуморад, бояд дар  мухлати 30 руз пас аз гирифтани хохиш, агар тибки Дастури арбитраж мукаррароти дигаре пешбини нашуда бошад, ба халномаи арбитражи ислохоти заруриро ворид созад ё онро тафсир дихад. Ин гуна ислох ё тафсир кисми таркибии халномаи арбитражи хисобида мешавад.
  2. Хайати арбитраж дар  мухлати 30 руз аз рузи кабул гардидани халномаи арбитражи, агар Дастури арбитраж тартиби дигаре мукаррар накарда бошад, метавонад бо ташаббуси худ хатохоеро, ки дар кисми 1 хамин модда пешбини гардидаанд, ислох намояд ва ба тарафхо огохиномаро оид ба ин ислох ирсол намояд.
  3. Агар тарафхо ба созиши дигар наомада бошанд ва Дастури арбитраж мукаррароти дигаре пешбини накарда бошад, хар як тараф тарафи дигарро метавонад дар  мухлати 30 руз аз рузи гирифтани халномаи арбитражи огох намуда, аз хайати арбитраж хохиш намояд, ки нисбат ба талаботе, ки дар рафти  тахкики парванда изхор шудаанду дар халномаи арбитражи ифода наёфтаанд, халномаи арбитражии иловаги кабул намояд.  Агар тибки Дастури арбитраж тартиби  дигаре пешбини нашуда бошад ва хайати арбитраж ин хохишро асоснок шуморад, он бояд дар  мухлати 60 руз халномаи арбитражии иловаги барорад.
  4. Хайати арбитраж дар холатхои зарури метавонад барои ислохи хатохо, пешниходи тафсир ва кабули халномаи арбитражии иловаги мухлати дар кисмхои 1 – 4 хамин модда пешбинишударо дароз намояд.
  5. Мукаррароти моддаи 45 Конуни мазкур нисбати ислоххо ва тафсири халномаи арбитраж, инчунин нисбати халномаи арбитражии иловаги татбик мегардад.

 

БОБИ 8.

МАВРИДИ БАХС КАРОР ДОДАНИ ХАЛНОМАИ АРБИТРАЖИ

 

Моддаи 51. Дархост оид ба бекор кардани халномаи арбитражи

 

  1. Дархост хамчун воситаи истисноии мавриди бахс карор додани халномаи арбитражи мебошад. Дархост ба Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар хусуси бекор кардани халномаи арбитражи бо асосхои пешбининамудаи кисмхои 2 ва 3 хамин модда пешниход карда мешавад.
  2. Халномаи арбитражи мумкин аст аз чониби Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар холатхое бекор карда шавад, ки тарафхои дархосткунанда чунин далелхое пешниход намоянд, ки:

– яке аз тарафхо хангоми бастани созишномаи арбитражи пурра ё кисман гайри кобили амал бошад, ё созишнома мутобики хукуке, ки тарафхо ин созишномаро ба он тобеъ кардаанд ва дар холати набудани чунин нишондод аз руи хукуки Чумхурии Точикистон беэътибор бошад;

– тараф ба таври дахлдор оид ба таъини арбитр ё баррасии парванда огохонида нашуда бошад, ё бо дигар сабабхои узрнок натавонистааст баёноти худро пешниход намояд;

– халномаи арбитражи оиди бахсе бароварда шудааст, ки тахти шартхои он карор нагирифтааст ё ин ки мукарраротеро дар бар мегирад, ки масъалахои он аз доираи созишномаи арбитражи берун мебарояд. Дар баробари ин, агар чудо намудани баъзе мукаррарот аз масъалахое, ки бо созишнома фаро гирифта нашудаанд, мумкин бошад, он гох танхо хамон кисми халномаи арбитражи бекор карда мешавад, ки ба масъалахои фаронагирифтаи созишномаи арбитражи дахл дорад;

– хайати арбитраж ё тартиби баррасии парванда ба созиши тарафхо мувофикат накунад, агар чунин созиш ба Конуни мазкур мухолиф набошад.

  1. Халномаи арбитражи, инчунин мумкин аст аз чониби Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар холатхое бекор карда шавад, ки предмети бахс тибки конунгузории Чумхурии Точикистон наметавонад предмети баррасии арбитражи гардад ё халномаи арбитражи ба тартиби оммави дар Чумхурии Точикистон мухолиф бошад.
  2. Дархост оид ба бекор кардани халномаи арбитражи дар мухлати як мох аз рузе, ки тарафи изхоркунандаи дархост халномаи арбитражиро гирифтааст, пешниход карда мешавад.
  3. Хангоми пешниходи дархост ба Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон оид ба бекор намудани халномаи арбитражи, суди мазкур бо дархости яке аз тарафхо баррасии дархостро оид ба бекор кардани халномаи арбитражи метавонад ба мухлати мукаррарнамудаи худ, аммо на зиёда аз як мох, мавкуф гузорад, то ин ки ба арбитраж имконияти огози баррасии парванда ё андешидани дигар амалхоро дихад, ки ба акидаи арбитраж метавонанд асосхои бекор намудани халномаи арбитражиро бартараф намоянд.

 

БОБИ 9.

ИЧРОИ ХАЛНОМАИ АРБИТРАЖИ

 

Моддаи 52. Ичрои халномаи арбитражи

 

Халномаи арбитражи, ки дар худуди Чумхурии Точикистон амал мекунад, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории мурофиавии иктисодии Чумхурии Точикистон ба ичро расонида мешавад.

 

Моддаи 53. Эътироф ва мавриди ичро карор додани халномахои арбитражи хоричи

 

Халномахои арбитражи хоричи сарфи назар аз он, ки дар кадом давлати хоричи кабул шудаанд, мутобики конунгузории мурофиавии иктисодии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, мавриди ичро карор дода мешаванд.

 

Моддаи 54. Асосхои рад кардани эътироф ё мавриди ичро карор додани халномаи

                       арбитражи

 

  1. Халномаи арбитражи сарфи назар аз он, ки дар кадом давлат кабул карда шудааст, танхо дар холатхои зерин метавонад мавриди эътироф ё ичро карор нагирад:

1) бо хохиши тарафе, ки халнома мукобили он равона гардидааст, агар ин тараф ба суди босалохият, ки дар он эътироф ё мавриди ичро карор додани халномаи арбитражи барраси мешавад, далелхои зеринро пешниход намояд, ки дар он:

– яке аз тарафхо дар созишномаи арбитражи гайри кобили амал бошад;

– созишномаи мазкур, ки ба он тарафхо тобеъ мебошанд, мутобики конун беэътибор бошад ва хангоми чой надоштани чунин холат – мувофики конуни давлате, ки дар он халнома бароварда шудааст;

– тарафе, ки ба мукобили вай халномаи арбитражи бароварда шудааст, бо таври дахлдор оид ба таъини арбитр ё баррасии арбитражи огохонида нашудааст ё вобаста ба дигар сабабхо натавонистааст баёнот дихад;

– халномаи арбитражи нисбати бахсе бароварда шудааст, ки он бо созишномаи арбитражи пешбини нагардидааст ё тахти талаботи он карор дода нашудааст ва ё мукарраротеро оид ба масъалахое дорад, ки аз доираи созишномаи арбитражи берун мебарояд, ба шарте ки мукаррароти мазкур масъалахоеро, ки созишнома фаро гирифтааст, имкони чудо кардан аз он кисми халномаи арбитражи надошта бошад, ки дар он мукаррароти созишномаи арбитражи оид ба мохияти бахси баррасишаванда метавонад эътироф ва ичро шавад;

– хайати арбитраж ё мухокимаи арбитражи ба созиши тарафхо мувофикат накунад ё ин ки хангоми набудани ин мувофика ба конуни давлате, ки дар он арбитраж баргузор гардидааст, мувофикат накунад;

– халномаи арбитражи барои тарафхо хатми нагаштааст ё бекор гардидааст ё ин ки ичрои он аз чониби суди кишваре, ки тибки конуни он халномаи арбитражи боздошта шуда бошад;

2) агар суд муайян намояд, ки:

– объекти бахс наметавонад мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон предмети баррасии арбитражи бошад;

– эътироф ва ба ичро расонидани ин халномаи арбитражи ба тартиботи оммавии Чумхурии Точикистон мухолифат менамояд.

  1. Агар дар суде, ки дар сархати панчуми банди 1 кисми 1 хамин модда пешбини гардидааст, дархост оид ба бекор кардан ё боздоштани ичрои халномаи арбитражи изхор гардида бошад, суде, ки дар он эътироф ё ичрои халномаи арбитражи пурсида мешавад, дар сурати зарур шуморидани он метавонад кабул кардани халномаи худро мавкуф гузорад ва инчунин метавонад бо дархости хамон тарафе, ки оид ба эътироф ва ба ичро расонидани он хохиш намудааст, тарафи дигарро ухдадор намояд, ки таъминоти дахлдорро пешниход намояд.

 

Моддаи 55. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                              Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 18 марти соли 2015,

№ 1183

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …