Главная / Илм / АНВАРОВА Шакархон Саидоромовна

АНВАРОВА Шакархон Саидоромовна

endokrinologАНВАРОВА Шакархон Саидоромовна (тав. 03. 10. 1943, ш. Душанбе), эндокринолог, доктори илмхои тиб (1993), проф. (1994), Аълочии тандурустии ЧТ (1996), Корманди шоистаи илм ва техникаи Чумхурии Точикистон (2004). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ (1966). Духтури Беморхонаи чумхуриявии эндокринологи (1966 – 67), ординатор (1967 – 69), аспирант (1969 – 72), ассистенти кафедраи беморихои даруни №2 (1972 – 87). Аз с. 1987 мудири кафедраи эндокринологияи ДДТТ. Доир ба масъалахои мухимми эндокринологияи клиники, диабети канд ва беморихои гадуди сипаршакл дар Точикистон тадкикот бурдааст. Дар мавзуи «Мукоисаи натичаи табобат бо меркозолил ва перхлорати калий, истифодаи якчояи онхо дар беморони гирифтори чогари мунташири захрогин» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Густариш ва хусусияти тиббию биохимиявии диабети канд дар байни ахолии манотики гуногуни Точикистон» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи 197 асару маколахои илми, аз чумла 1 монография, 5 дастури таълими ва 8 дастури амалию методи оид ба масъалахои мухимми эндокринологияи клиники, 2 пешниходи навоварона. Тахти рохбарии у 1 наф. рисолаи доктори ва 5 наф. рисолаи номзади дифоъ намудаанд. А. яке аз ташаббускорони ташкил намудани «Барномаи миллии мубориза бар зидди беморихои норасоии йод ва диабети канд дар Чумхурии Точикистон» мебошад. Сарэндокринологи Вазорати тандурустии ЧТ, раиси Ассотсиатсияи диабетшиносон ва эндокринологхои чумхури.
Ос.: Дастури мухтасари таълими оид ба эндокринологияи клиники, Д., 1998; Очерки по актуальным вопросам заболеваний щитовидной железы и сахарного диабета, Д., 2001; Заболевания щитовидной железы, Д., 2004; Заболевания органов внутренней секреции, Д., 2004; Актуальные вопросы клинической эндокринологии, Д., 2007; Современное представление о метаболическом синдроме, Д., 2008; Ошкорсозии бармахали чузъхои алоими мубодилави – кафолати пешгирии диабети канди навъи 2-юм, Д., 2009.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …