Главная / Илм / АНТИСЕПТИКХО

АНТИСЕПТИКХО

anticeptikАНТИСЕПТИКХО (аз анти… ва septikos – фасодовар), моддахое, ки таъсири зиддимикроби доранд. Таъсири А. нисбати микроорганизмхо интихоби нест. Вояи ками А. инкишофи бактерияхоро бозмедорад; аз вояи зиёди онхо бактерияхо махв мегарданд.
А.-ро барои табобати захмхое, ки сироят ёфтааст, иллатхои бактериявии пуст ва луобпардахо, безарар гардондани об, хуроквори ва дасти духтурон пеш аз чаррохи, гандзудоии асбобу анчоми тибби ва г. кор мефармоянд.
А. гайр аз таъсири зиддимикроби хамчунин шомили таъсироти дигар хам мебошанд. Мас., А.-и хлордор барои дезодоратсия низ истифода мегарданд; перманганати калий ва пероксиди гидроген низ чунин хусусият дорад. Баъзе навъхои А.-ро детергентхо меноманд. Хангоми дар об омехта карда истифода бурдан, онхо пуст ва асбобхои тиббиро аз равган ва микроорганизмхо тоза менамоянд (таъсири шустагари доранд). Якчоя бо собун кор фармудани детергентхо чоиз нест. Таъсири онхо дар аснои бо моддахои органики якчоя кардан низ суст мешавад.
Фенол аз чумлаи А.-и фаъол буда, ба намудхои нашвии микроорганизмхо таъсир мерасонад. Махлули фенолро барои безарар гардондани пуст ва луобпардахо кор намефармоянд, зеро он боиси захролудии силсилаи марказии асаб мешавад (чарх задани сар, нафастанги, ташаннуч ва г.).
Ба А.-и нисбатан асоси мансубанд: махлули аммиаки 10%, кислотаи борат, махлули сабзи брилианти (зелёнка), винилин, гидроперит, ихтиол, махлули спиртии йод, йодинол, йодоформ, линименти балзамии Вишневский, сулфати мис, махлули кабуди метилени, собуни сабз, перманганати калий, махлули пероксиди гидроген, формалдегид, дихлориди симоб, кислотаи салитсилат, тетраборати натрий, фенол, фуратсилин, хлоргексидин, сулфати рух, спирти этил ва г.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …