Главная / Илм / АНТИДЕПРЕССАНТХО

АНТИДЕПРЕССАНТХО

antidepressantyАНТИДЕПРЕССАНТХО (Antidepressiva; аз анти… ва лот. depressus – андухгин), дорухое, ки барои муоличаи беморони гирифтори афсурдарухи истифода мешаванд. А. ба холати рухии маризон таъсири мусбат расонда, онхоро болидатабъ ва рухбаланд месозанд. Самараи таъсири А. баъди 5 – 14 рузи истифодаи онхо ба мушохида мерасад.
А. асосан барои табобати психозхо ва неврозхо, ки бо аломатхои афсурдарухи (депрессия) чараён меёбанд, кор фармуда мешаванд. Табобат бо А. зери назорати равонпизишк ва психоневролог сурат мегирад. Вояи А.-ро ба таври фарди интихоб мекунанд. Муолича аз вояи ками А. огоз ёфта, вобаста ба зарурат онро тадричан зиёд менамоянд. Даври муолича 1 – 6 мох аст.
А. таъсири номатлуб низ доранд. Мас., амитриптилин, имизин, мапротилин, фторасизин ва г. боиси хушкидани дахон, ихтилоли аккомодатсия, душвории пешоброни мешаванд. Хангоми истифодаи А. сар чарх зада, дил бехузур ва фишори шараён ноустувор мегардад. Баъзе А. (ниаламид, имизин) боиси бехоби, хотирпарешони, бекарори мешаванд; дорухои дигар бошанд, беморро бехад хоболуд ва бехолат месозанд. Дар мавриди бо диг. дорухо истифода бурдани А. бояд эхтиёт шуд, зеро онхо метавонанд оризахои вазнин ба бор оранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …