Главная / Илм / АНАТОМИЯ

АНАТОМИЯ

anatomiyaАНАТОМИЯ (Anatomia; аз юн. anatome – чок кардан), анатомияи одам, илмест оид ба шакл, сохт ва инкишофи организми одам вобаста ба кори системаю узвхои алохида ва таъсири мутакобили мухит. А. аз чумлаи фанхои асосии тибби назари ва амалист.
Маълумоти нахустин рочеъ ба А.-и одам дар асархои олимони кадим Арасту, Букрот, Закариёи Рози, Абуалии Сино, Ибни Рушд ва диг. мавчуданд. Равнаки А. дар Шарк бештар ба фаъолияти эчодии Абуалии Сино вобаста аст. Асархои безаволи у оид ба А.-и одам солхои зиёд сарчашмаи асосии маълумоти ин соха буданд. Дар «Конуни тиб»-и Шайхурраис дар робита ба А.-и одам мавзуъхои чолиб чой дода шудаанд.
Омузиши анатомияи организми одам аз тавсифи муттасилу дакики намуди беруни ва сохти дарунии узвхо иборат аст. Барои осон шудани омузиши сохти бадан узвхоро мувофики сохт, амал ва инкишоф муттахид намуда, дар бораи онхо маълумот медиханд (А.-таснифи).
А. ба чунин фаслхо таксим мешавад: остеология – таълимот оид ба устухонхо; артросиндесмология – таълимот оид ба банди устухонхо (аз он чумла оид ба бугумхо ва пайвандхо); миология – таълимот оид ба мушакхо; спланхнология – таълимот оид ба узвхои даруни (нафаскаши, хозима, ихроч, таносул); ангиология – таълимот оид ба системаи рагхои хун ва лимфа; неврология – таълимот оид ба системаи асабхои маркази ва канори; эндокринология – таълимот оид ба гадудхои тарашшухи дохили; эстезиология – таълимот оид ба узвхои эхсос. Он боби А.-ро, ки тагйироти шакл ва сохти узвхоро рочеъ ба хар гуна даврахои хаёти одам меомузад, А.-и синну сол меноманд (ба ин фасл А.-и кудак хам дохил мешавад). А.-и пластики (таълимот оид ба сохти берунии бадан ва таносубхои он) ахамияти бевосита калон дорад. Зеро донистани ин фасли А. нафакат ба рассомон ва хайкалтарошон, балки ба ихтироъкорони либосу пойафзор низ лозим аст. Инчунин А.-и топогрофи (таълимот оид ба чойгирии мутакобили узвхо, бофтахо, рагхо ва асабхо дар ин ё он кисми бадан) барои тибби амали, хусусан барои чаррохи, ахамияти калон дорад. Омухтани сохт ва шакли организм вобаста ба кори системаю узвхои алохида вазифаи А.-и функсионали мебошад. Таълимот оид ба сохти хурдтарини узвхою бофтахоро гистология дарбар мегирад. Анатомияи патологи (таълимот оид ба шакл ва сохти узвхою бофтахои иллатнок) аз А. чун илми мустакил чудо шудааст. А. усулхои гуногуни тадкикот (аз ташрех бо ёрии нештар то усулхои микроскопияи электрони, рентгенография ва г.)-ро истифода мебарад.
Дар Точикистон А. бо таъсиси кафедраи анатомияи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1939) ташаккул ёфт. Феълан оид ба сохахои мухталифи А. дар кафедрахои А.-и ДДТТ, ДМТ, ДДОТ, ДДХ, Донишкадаи тарбияи чисмонии Точикистон ва г. пажухиш анчом медиханд. Олимони соха дар чумхури ба халли проблемахои таъсири омилхои гуногуни мухит ба сохт ва шакли бофтаю узвхои бадан хини беморихои аъзои хозима, чигар, дилу рагхо, лимфа ва г. дар шароити кухистон, хусусиятхои мачрои хуну лимфа дар мавриди чаррохии тухмдон, бачадон, меъда, масона (пешобдон), пуст, чигар, гузаи чашм, шуш, шикампарда ва г. машгул мебошанд. Дар ривочи А. дар Точикистон сахми олимон Рахимов Я.А., Этинген А.Е., Абдурахмонов Ф.А., Усмонов М.У., Курбонов С.С., Мухаммадкулова М.М., Каримов М.К. ва диг. калон аст.
Ад.: Абдурахмонов Ф., Анатомияи одам, ч. 1 – 2, Д., 1995 – 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …