Главная / Илм / АНАЛГИН

АНАЛГИН

analginАНАЛГИН (Analginum), доруест, ки таъсири дардбари, табфарори ва зиддиилтихоби дорад. А.-ро дар мавриди дарди нимсара, беморихои шадиди рохи нафас, зуком, энсефалит, сарсом (менингит), тарбод, зики дил таъйин мекунанд. Хамчун доруи таскинбахш хангоми сардард, дандондард, бугумдард, мушакдард, дардхои хосияташон илтихоби кор фармуда мешавад. Дар холатхои дигар А. мумкин чандон таъсири босамар нарасонад. Вояи истеъмоли А. 0,25 – 1,0 г (рузе ду-се маротиба) пеш аз хурок ё баъди тановули он аст. Онро пеш аз истеъмол хоида майда кардан лозим.
Барои пурзур гаштани таъсир А.-ро ба зери забон мегузоранд (пурра об мешавад). Дар сурати дуру дароз истифода бурдан, А. ба системаи хунгард ва узвхои хунофар таъсири номатлуб мерасонад. Хамчунин имкон дорад, ки дар баъзе ашхос боиси сар задани аллергия шавад. А.-ро дар шакли курс истехсол мекунанд. Дорухои маъмули омехта бо А. пенталгин ва баралгин мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …